ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Китоби дарсии «Тибби оилавӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин китобе мебошад, ки ба соҳаи нави равнақёбандаи тиб, яъне тибби оилавӣ бахшида ва ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Дар китоби мазкур асос ва принсипҳои тибби оилавӣ тибби умумӣ, таърихи он, вазифа ва фаъолияти табиби оилавӣ дар муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ - санитарӣ оварда шудааст.
Инчунин ин китоб ба хусусиятҳои фаъолияти табобатии табиби оилавӣ дар шароити амбулаторӣ - ташхис ва ташхиси тафриқии симптом ва синдромҳое, ки дар кори табиби оилавӣ бештар во мехўранд, ба табобат, пешгирӣ ва назорати диспансерии бемориҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва кори санитарӣ - равшаннамоӣ дар байни аҳолӣ, экспертизаи корношоямӣ, эҳёи қобилияти меҳнатии беморон дар шароити дармонгоҳ, бахшида шудааст. Китоби мазкур мутобиқи барномаи таълимии фанни тибби оилавӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тасдиқ шудааст, таҳия шуда, барои донишҷӯёни курсҳои болоии Донишгоҳи тиббӣ, устодон ва табибони оилавӣ, инчунин мутахассисони соҳаҳои дигари тиб тавсия карда мешавад.
Муаллиф - доктори илми тиб, профессор Ⱪодирова Д.А. дар ин китоб маълумот ва хулосаҳои таҳқиқотҳо ва дастовардҳои илми тибби муосири ватанӣ ва хориҷиро оид ба тибби оилавӣ дар замони ҳозираро мутолиа ва баррасӣ намуда, ҳамчунин дар заминаи ҷамъбаст намудани таҷрибаи 30-солаи кории худ дар муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ- санитарӣ, таҷрибаи педагогӣ ва табобатӣ аз солҳои аввали равнақёбии тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти фаровон овардааст.
МУҚАДДИМА
Тибби оилавӣ – яке аз шаклҳои ташкили ёрии аввалияи тиббӣ буда, ҳангоми босифат тайёр кардани табибони оилавӣ имконпазир аст.
Табиби оилавӣ ихтисоси тиббиест, ки ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ (ЁАТС) барои ҳамаи аҳолӣ, ёрии мукаммал, ҳаматарафа, босифат, давомнок, дастрас ва сарфакорона равона шудааст.
Тибби оилавӣ аз қисмҳои алоҳидаи соҳаҳои гуногуни тиб - терапия, педиятрия, ҷарроҳӣ ва ғ. иборат набуда, балки соҳаи алоҳидаи илми тиб аст. Аз ҳамин сабаб, соҳаҳои номбаршудаи тиб, дар алоҳидагӣ ва якҷоя тибби оилавиро иваз карда наметавонанд, чунки тибби оилавӣ дорои асос, принсипҳо, фалсафа ва таърих, хусусиятҳои ба худ хос (пешгирии беморӣ, нигоҳубини дарозмуддати диспансерӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва кори санитарӣ-равшаннамоӣ дар байни аҳолӣ, экспертизаи корношоямӣ, эҳёи қобилияти меҳнатии беморон дар шароити дармонгоҳ ва ғ.) аст.
Тибби оилавӣ як соҳаи муҳими илми тиб аст, вай пайваста рушд мекунад ва сохторҳои илмӣ – таҳқиқотии худ (институтҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, кафедраҳо, факултетҳо, маҷаллаҳои илмӣ, конфронсҳои илмӣ ва ғ.)-ро дорад.
Тибби оилавӣ метавонад, ки дар чорчўбаи системаҳои гуногуни нигоҳдории тандурустӣ фаъолият кунад. Новобаста аз хусусиятҳои фарқкунандаи банақшагирӣ, ташкил ва идоракунии ин системаҳо, баъзе хусусиятҳои тибби оилавӣ барои ҳамаи кишварҳо муштарак аст. Тибби оилавӣ ба проблемаҳои алоҳида ва интихобшудаи саломатӣ машғул намешавад, балки барои тамоми аҳолӣ тааллуқ дорад; вай барои ҳама ва ҳар як нафар, новобаста аз синну сол, ҷинс, мансубияти иҷтимоиву синфӣ, нажод ва ё проблемаҳои ба саломатӣ дахлдор, таъйин шудааст.
Вай бояд ба осонӣ дастрас бошад, бе таъхир расонида мешавад: дастрас будани онро бояд ҳадду ҳудудҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, идоравӣ ва ё молиявӣ маҳдуд насозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, пас аз пароканда шудани ИҶШС давлати соҳибистиқлол эълон шуд ва дар рўзҳои аввали соҳибихтиёрии худ ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, ки оқибатҳои хеле бад, аз ҷумла коҳиши иқтисодиётро ба бор овард ва онро ба яке аз кишварҳои камбағали олам табдил дод, масъалаи камбизоатии аҳолӣ боз ҳам амиқтар шуд.
Системаи нигоҳдории тандурустии кишвар дар чунин шароит, ки асосан аз тахассусҳои маҳдуди тиб ташкил ёфта буд, масрафи зиёд ва нолозиму нобаробарро тақозо мекард, самаранокияш нокифоя буд ва табиист, ки наметавонист ба талаботи рўзафзуни аҳолӣ ҷавобгў бошад.
Ин вазифаи хеле муҳим, вазифаи ҷустҷў намудани роҳҳои камхарҷу самаранок ва наздик ба моделҳои амалияи пешқадами байналмилалиро ба миён овард, ки тавассути ба нақша гирифтан ва бозсозӣ карданро имконпазир кард.
Аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сектор аввалин қадамҳои бозсозӣ дар соли 1993 гузошта шуданд, ки дар ин давра шароитҳои зарурии сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вуҷуд надоштанд. Аммо ин қадамҳо маҷбурӣ буданд ва дар навбати аввал ба сарфа намудани захираҳои ночизи дар ихтиёри нигоҳдории тандурустӣ қарордошта нигаронида шуда буданд. Ин кор ба воситаи гузаронидани реструктизатсияи захираи барзиёди катҳо ва баъзе сохторҳои аз ҳад зиёд «варамидаи» идоракунӣ амалӣ карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин қарори Вазорати Тандурустӣ дар бораи рушди ЁАТС аз рўи модели тибби оилавӣ дар марҳилаи банақшагирии сектор, яъне соли 1998 (фармони № 236 23 –юми июни соли 1998 «Дар бораи марҳила ба марҳила гузаштан ба ташкил намудани ЁАТС аз рўи принсипи табиби оилавӣ дар давраи солҳои 1998-2000») баромад. Ин қарори Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- зарурати ба номенклатураи (номгўйи ихтисосҳо ва вазифаҳои табибӣ мувофиқи тахассусҳо ва вазифаҳо «табиби умумӣ (табиби оилавӣ»-ро эътироф кард);
- барои оғоз намудани таёркунии мақсадноки табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар сатҳи баъдидипломӣ ва таёрии ибтидоии тайёр кардани кадрҳои тиббӣ иҷозат дод;
- таҳия ва тадбиқ намудани барномаҳо ва нақшаҳои таълимии намунавии таёр кардани табибони амалии тиббӣ, табели намунавии таҷҳизотонидани ҳуҷраи кори табиби оилавӣ ва феҳристи воситаҳои тиббии барои ташкилнамудани ҷомадони табиби оилавӣ заруриро ба роҳ монд;
Барои мутахассисони зикршуда оиннома ва тавсифи квалификатсионӣ, нақшаи тайёр крдани табибони оилавӣ таҳия карда шуд;
- ноҳияҳои (таҷрибавӣ) пилотӣ оид ба татбиқ намудани тибби оилавӣ ва ғайра муқаррар карда шуд.
Бозсозии ЁАТС аз рўи модели тибби оилавӣ инчунин дар Санади Стратегияи коҳиш додани камбизоатӣ, ки бо қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2002) тасдиқ шудааст, эълон шуда буд. Ҳамин тавр, дар сатҳи олии сиёсати кишвар бозсозии ЁАТС аз рўи модели тибби оилавӣ стратегияи асосии имтиёзноки бозсозии сектори нигаҳдории тандурустӣ эътироф шуда буд, ки соли 2000 –ум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашт. Раванди бозомўзӣ ва таълими ин ихтисос солҳои 1998-1999 дар кафедраҳои тибби оилавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯвлӣ ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳои тиббии Тоҷикистон ва коллеҷҳои тиббӣ сар шуд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино ба мақсади таёр кардани табибони оилавӣ, алакай дар соли 1996 ду факултет (муолиҷавӣ ва педиатрӣ) -ро ба як факултет, факултети умумитиббӣ табдил дод. Дар соли 1999 аввалин кафедраи тибби оилавии № 1 дар ДДТТ ба номи
Абӯалӣ ибни Сино кушода шуд ва соли 2004 бошад, кафедраи тибби оилавии № 2 барои минбаъд таълим додани табибони оилавӣ таъсис ёфт.
Ташкил шудани факултаи тиббӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зинаи авали таёр кардани мутахассисони ин соҳа ба ҳисоб меравад.
Табиби оилавӣ мутахассиси дорои ихтисоси васеъ аст. Табиби оилавӣ ҳангоми бемориҳои паҳншудаи инсонҳо ба аҳолӣ новобаста аз ҷинс ва синну сол аввалин ёрии тиббии тахассусиро мерасонад. Вай ёриҳои тиббии мукаммали терапевтӣ ва педиатрӣ (ташхис, табобат, муоина ва пешгирӣ) мерасонад, ҳангоми бемориҳои дигар бошад,
(бемориҳои ҷарроҳишаванда, неврологӣ, психиатрӣ, акушериву гинекологӣ ва ғайра) аз тарафи вай ёрии тиббии сатҳи ёрии аввалияи тиббӣ дар шароити амбулаторӣ расонида мешавад.
Табиби оилавӣ ба шахсон ва оилаҳои алоҳида ёрии аввалияи тиббиро ба таври инфиродӣ ва бетаваққуф мерасонад. Вай метавонад, ки ба аёдати патсиентҳо (ҳам шахсони бемор ва шахсони солим) ба хонаи онҳо равад, онҳоро дар шароити амбулаторӣ қабул кунад. Вай масъулияти қарори қабулкардаи ба ҳамаи проблемаҳои ба саломатии онҳо дахлдорро, ки вобаста ба ин патсиент ба ў муроҷиат кардааст, ба ўҳдаи худ мегирад, ҳангоми зарур будан бо мутахассисон машварат мекунад.
Ҳаҷми хизматрасонии табиби оилавӣ васеъ аст. Ягон категория ё ягон соҳае нест, ки тибби оилавиро истисно кунад. Табиби оилавии хуб таълимгирифта метавонад, ки тамоми проблеммаҳоро баррасӣ намояд, дар натиҷа метавонад, ки 85%-ҳамаи ҳолатҳоро муолиҷа намояд: фоизи ба машварати мутахассиси соҳаи мушаххас фиристодани беморони вай 15%-ро ташкил медиҳад.
Барои ҳар як ҳолат дар ҳаҷми хизматрасониаш табиби оилавӣ ҳамаи стандартҳои табобатро мавриди истифода қарор медиҳад, ки мутахассиси соҳаи маҳдуд низ истифода мекунад. Агар табиби оилавӣ ин ё он ҳолатро дар сатҳи табиби соҳаи маҳдуд табобат карда натавонад, вай ин ҳолатро ташхис намуда, барои машварат ба назди мутахассиси дахлдор мефиристад.
Табиби оилавӣ ба чунин хусусиятҳо дорост, ки дигар мутахассиси тиб онҳоро надорад. Ин дар ҳифзи ҳамарӯзаи саломатии шахсони солим ва бемор будан, пешгирии бемориҳо, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва кори санитарӣ-равшаннамоӣ дар байни аҳолӣ ва ғайра мебошад.
Барои чунин мутахассиси васеъихтисос будан, табиби оилавӣ бояд дониши мукаммал дошта бошад, маҳорати худро ҳаматарафа инкишоф ва сайқал диҳад, нисбат ба худ серталаб бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё