ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Протеинурия ҳангоми нефропатияи диабетӣ
Протеинурия аломати барвақти нефропатияи диабети аст, бинобар ин беморони гирифтори диабети қандро мунтазам ҷиҳати сафеда пешобащон муоина кардан лозим меояд. дар айни замон усули ба қадри кофи ҳискунандаи экспресс- метод таҳия шудааст, вале ба ҳар ҳол истифодаи усули радиоиммунӣ беҳтар ва мувофиқи мақсад дониста мешавад. Қисми 4.
Бемориҳои шадид ва музмуне, ки дар таҷрибаи табиби оилавӣ бештар дучор мешаванд.
Дар қисми 3-и китоби дарсӣ ташхис ва ташхиси тафриқии симптом-аломатҳо ва синдромҳои бемориҳое, ки дар кори табиби оилавӣ бештар во мехўранд, гуфта гузаштем. Дар ин қисми китоб дар бораи баъзе аз бемориҳои номбаршуда маълумоти боз ҳам васеътар дода, аз хусусияти табобат, пешгирии беморӣ, нигоҳубини дарозмуддати диспансерӣ, экспертизаи корношоямӣ, эҳёи меҳнатӣ ва иҷтимоии бемор, сухан меронем.
4.1. Бемориҳои шадид ва музмуни роҳҳои нафас
Сабабгори воқеаҳои корношоямии инсон бештар вобаста бо бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва зуқом мебошад, ки зарари иқтисодии онҳо хеле зиёд аст.
Вирусҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ва зуком бо роҳи ҳавои, бо қатраҳои хурди луоби бемор, як шахс ба шахси дигар гузашта, дар муддатти кӯтоҳ метовонанд шумораи зиёди одамонро гирифтори ингуна бемориҳо кунанд. Дар замони ҳозира имконияти пешгирии аввалини ин гунна бемориҳо гузаронидани моякӯбй зидди зуқом мебошад.
Аммо хавфи бо мақомоти "эпидемия" паҳншавии серотипи нави зуқом то ҳол маҳдуд нагашгааст. Вазифаи асосии табиби оилавӣ аз он иборат аст, ки баҳри камтар шудани ин беморӣ ва кам намудани мӯҳлатҳои корношоямии муваққтй аз ин он чорабиниҳои зарӯрй бинанд. Иҷрои ин масъалаҳо бо, барвақттар муайян намудани ташхис, мӯътадил гузаронидани табобат ва назорати бемор, инчунин гузаронидани чорабиниҳои санитарй, тарғиботй ва зидди эпидемӣ дар байни аҳолӣ, вобаста мебошад.
Зоҳиршавии аломатҳои клиникии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас аз суръат ва ҳаҷми паҳншавии иллат дар роҳҳои нафас, ҳолати ибтидоии бемор то касалшавӣ ва мавҷудияти бемориҳои дигари дар тани бемор буда, вобаста мебошад. Одатан вирусҳои (бактерияҳо) ин хел бемориҳо аз худ заҳр ҷудо намекунанд ва нишонаҳои умумии ин касалй, ки беморро заиф менамоянд, аз ҳазмшавии момаҳое, ки аз ҳуҷайраҳои ҳалокгардидаи бемор
(пардаҳои луобии роҳҳои нафас) ҷудо мешаванд, вобаста мебошад.
Маълум аст, ки якчанд гурӯҳи вирусҳои ин амроз як хел иллатнокй пайдо карда метавонанд. Барои ҳамин, ташхиси аниқи сабабии бемориҳоро фақат баъд аз гузаронидани ташхисҳои "серологӣ" гузоштан лозим меояд.
Дар амал, фақат баъд аз истиснои амрози зуқом ва бемориҳои зуқоммонанд, ташхиси касалиҳои шадиди рохҳои нафасро мегузоранд. Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас чанд намуд мешаванд.
Тимоқ. Ин беморӣ хеле паҳншуда мебошад. Дар аввали беморӣ шахси беморшуда дар биниаш хушкӣ пайдо мешавад, атса мезанад ва худро нохуб ҳис мекунад. Баъд бо тезӣ пардаҳои луобии биниаш варам карда, нафас гирифтан бо бинӣ вазнин мешавад, ё бинӣ маҳкам мешавад ва ё оби он меравад. Дарди сар, хусусан дарди пешонӣ пайдо мешавад, гӯшҳояш гоҳ-гоҳ маҳкам мешаванд, ки нишонаи гузаштани газак ба бағалҳои иловагии бинӣ аз он сабабе, ки найчаҳои нафас бо гӯшҳо пайвастагӣ доранд,пайдо мешавад. Мумкин аст, ки газак ба воситаи найчаҳои бинию чашмро пайвасткунанда, ба чашмҳо гузашта, онҳоро ҳам иллатнок намояд. Дар ин сурат оби чашм рехта меистад, кунҷҳои чашм дардманд мешаванд.
Ҳарорати бадан одатан баланд намешавад ва ё каме зиёд (37,0- 37,5 дараҷаи сельсия) мешавад. Беморӣ одатан ҳамагӣ 5-6 рӯз давом мекунад.
Дарди гулӯ. Бештар аломатҳои илтиҳоби биннӣ ба гулӯ мегузарад ва гулӯ дард мекунад ва мехорад, овози хир- хир пайдо мешавад, ҳатто мумкин аст, ки овози шахси беморшуда тамоман нест шавад. Ҳарорати бадан андак баланд мсшавад, гулӯ сурх мешавад, пардаҳои луобии гулӯ, бодомакҳо, забонча варам мекунанд, мумкин асг гадудҳои зериҷоғӣ ва гардан калон шаванд. Бисёр вақт варамии пилкҳои чашм ҳамроҳ мешавад.
Давомнокии беморӣ, агар ягон ориза рӯй надиҳад, як ҳафта зиёд идома намеёбад.
Ин касалиро аз амрози мононуклеоз (ҳарорати бадан ишороти илтиҳоби гадудҳои лимфавӣ дар ҳамаи бадан, варам кардани ҷигар, дар хун зиёдшавии микдори лимфоситҳо, моноситҳо, дарди гулӯи стрептококкӣ, гулӯзиндонак (аз гулӯ барои ташхис молишак гирифтан лозим)) фарқ кардан лозим аст.
Илтиҳоби хирноӣ (трахеит) бо нишонаҳои сулфаи хушки озордиҳанда сар шуда, сандуки дил дард мекунад, лекин ин нишонаҳо одатан фақат 2 - 3 рӯзи аввал дида мешаванд. Баъд аз 3 —4 рӯз сулфа сабуктар шуда, балғами мулоим ҷудо мешавад ва дар муддати 7 — 10 рӯз бемор шифо меёбад. Аммо аксарияти беморон боз 2 — 3 ҳафтаи дигар, хусусан дар вақти ба берун, ба ҳавои хунук баромодан, аз давом кардани сулфаи хушк шикоят мекунанд.
Бронхити шадид - илтиҳоби шадиди пардаҳои луобии бронхҳо, бисёртар бо вируси зуқом ё зуқоммонанд, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас вобаста мебошад. Ҳарорати бадани бемор баланд мегардад, сулфаи хушки озордиҳанда, махсусан шабона пайдо мешавад. Дар вақти иллатёбии боонхҳои миёна ва майда нафаскашии бемор вазнинтар мешавад. Дар рӯзҳои 2-3-ми касалӣ духтур бо фонендоскоп хир-хирҳои хушк ва нами аз ҳаҷман гукогунро гӯш карда метавонад. Дар сурати тезтар ва чуқуртари нафасгирӣ ҳолати маҳкамшавӣ ва норасогии найчаҳои бронхҳо маълум мешавад. Балғами луобии часпак пайдо мешавад.
Давомкокии умумии касалӣ ва зуҳуроти нишонаҳои асосии бронхит аз дараҷаи иллатнокшавии бронхҳо, ҳамроҳшавии сирояти бактерӣ вобастагӣ дорад. Одатан касалӣ 3-4 ҳафта давом мекунад, баъд бемор пурра сиҳат мешавад.
Агар сирояти бактерӣ илова шавад балғам фасоднок шуда, рангашро, ҳаҷмашро иваз менамояд (бронхити фасоднок) ва беморӣ 5-6 ҳафта давом мекунад.
Баъди гузаронидани беморӣ, дар шахс, дар муддати якчанд ҳафта баъзе нишонаҳои беморӣ боқӣ монданаш мумкин аст. Масалан, ҳиссиёти вазнини нафаскашӣ, хир-хир, ё гоҳ-гоҳ сулфаи хушк дар вақти тезтар роҳ гаштан, дар ҳавои хунук, ё агар бемор аз хонаи гарм якбора ба берун барояд, ё баръакс, пайдо мешавад. Дар вақти гузаронидани ташхис ва табобати сари вақтӣ ҳамаи ин нишонаҳо, нест шуда мераванд.
Зуком саршавии бошиддат дорад, ҳарорати бадан тез ва боларза баланд мешавад. Устухонҳо ва мушакҳои бадан дард мекунанд, дарди сар пайдо мешавад ва оби чашм меравад. Аломаҳои иллатнокшавии узвҳои нафас аз рӯзҳои аввал маълум мешавад.
Чӣ кадаре, ки ҳарорати бадан баланд ва тӯлонӣ бошад, ҳамон қадар ҳолати бемор вазнинтар мегардад. Ҳарорати баланд аз 2 то 7 рӯз давом мекунад. Гоҳ-гоҳ ҳарорати баланди беҳолкунанда пайдо мешавад.
Баъд аз гузаштани 5-7 рӯзи беморӣ ҳарорати бадан мӯътадил мешавад ва аломатҳои дардмандӣ (дарди сар ва банди устухон, мушакҳо, кураи чашм) оҳиста қатъ мешаванд. Аммо аломатҳои иллатнокии роҳҳои нафас боз чанд рӯз боқӣ мемонанд.
Аз оризаҳои зуком — дарди мушакҳо, асабҳои канорӣ, илтиҳоби мағзи сар, мушакҳои дил, илтиҳоби ҷигар, илтиҳоби шуш, хоя ва дигарҳоро ҷудо кардан лозим аст.
Аз баски оризаҳои зуком зиёд дучор мешаванд, табиби оилавӣ бемори гирифтори зуком шударо дар таҳти назорат гирад ва дар ҳолати вазнин шудани беморӣ, шахсро ба бемористон сафарбар намояд.
Ташхиси беморони роҳҳои нафас - ҳатман иҷро кардани ташхиси хун, пешоб, балғам ва флюрография. Аз рӯи нишондодҳо: молишак аз гулӯ, ташхиси пурраи балғам, рентген, ЭКГ. Агар бемор ба амрози дил (АИД, тарбод) гирифтор бошад, ташхиси ЭКГ шарт аст, онро ҳатто, такроран гузаронидан лозим аст. Табобат: ба бемор то мӯътадил шудани ҳарорати бадан (мақомоти оромиш) дар хона, ҳолати бистарӣ таъин карда мешавад. Бемор ва ҳар як аъзои оила бояд бандаки докагии бисёрқабатаи муҳофизатӣ бандад, ҷойгаҳ ва зарфҳои хӯрокии онҳо бояд алоҳида бошанд. Асбобҳои гигиении шахсӣ ва зарфҳои хӯрокии бмор бояд ҷӯшонида шаванд.
Бемор бояд кам-кам, вале дар як рӯз 4-5 маротиба хӯрок хӯрад, ғизоҳояш тезҳазмшаванда (ғизоҳои ширӣ, тухми нимпухта бештар сабзавот ва мева) бошанд. Аз хӯрокҳои тез ҳазмешудагӣ бисёртар мастоба, шӯрбо, шавла ва ҳоказоро истеъмол кунад ғизоҳои бемор бояд аз витаминҳо, хусусан аз туршии аскорбин бой бошанд чой ва ҳаргуна нӯшокиҳои шарбатдорро бисёртар истемол намояд. Дар вақти баланд набудани ҳарорати бадан, бемор метавонад пеш аз хоб пойяшро 15-20 дақиқа ба тағораи оби гармдор гузорад, ба сандуқи дил ва тахтапушт ӯ халдаркоғаз (15 дақиқа) гузошта гузошта шавад, даҳонашро рӯзи 2-3 маротиба бо чӯткаи дандоншӯяк ва мисвоқ шӯяд. Бо оби намакоб чайқонидани гулӯ ва биннӣ, барои тезтар шифо ёфтани бемор хеле аҳамиятнок мебошад. Кори рӯдаҳо бояд мунтазам бошанд.
Табобати доругӣ. Пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии вирусии роҳҳои нафас аз доруҳои интерферон ва гурӯҳи доруҳои ба ӯ мансуб буда
(анаферон, арбидол ва ғайра) сар намудан лозим аст. Доруҳои номбаршуда афзоиши вирусро аз аввали касалӣ боз медоранд ва таъсири мавзункунии масунияти баданро дорад.
Барои пешгирии зуқом қабули интерферонро баробари пайдошавии хавфи сттроятшавӣ сар карда, то қатъи давраи сироятнокӣ давом додан лозим аст. Қабули дору ҳар чӣ барвақтгар сар карда шавад, ҳамон қадар таъсираш зиёдтар мебошад. Тарви қабул барои шахсони калонсол: 0,25 мл доруро ба сӯрохиҳои бинй мечаконанд ё мепошанд; барои табобат дар як шабонаоӯз то 5 маротиба, барои пешгирӣ — 2 маротиба.
Нафаскашии интерферон бо бинй ё аз даҳон боз ҳам беҳтар аст, Барои як бор нафаскашӣ 3 ампулаашро дар 10 мл ҳал карда, дар давоми 3 рӯз, рӯзе 2 маротиба истифода мебаранд.
Ремантадин — барои пешгирӣ ва табобати зуқоми вируси А тавсия мешавад. Қабули ин доруҳо ҳам чӣ қадар барвақт, аз аввали касалӣ сар карда шавад, ҳамон қадир хусусияти шифогиаш хубтар мебошад. Рӯзи аввал, барои шахсони калонсол ба миқдори 300 мг, рӯзҳои 2 ва 3-юм —
200 мг, рӯзи 4-ӯм 100 мг ҳама вақт баъд аз истеъмоли хӯрок истифода бурдан лозим аст. Барои пешгирии беморӣ дар муддати 7—10 рӯз, рӯзе ба миқдори 50 мг истифода мебаранд. Оксолин — 0.25-0.5 фоизаи мулоимшакли ин доруро ба пардаҳои луобии бинии бемори ба тимоқ гирифтор шуда, рӯзе 2 маротиба мемоланд.
Табобати аломатҳои бемориҳои роҳҳои нафас. Рӯзҳҳои 1-3-ӯми беморӣ ба биннӣ маҳлули 0.25% оксолин, то 3 бор молидан зарур аст.
Дар вақти тимоқ шудан ва зиёд шудани оби биннӣ, ва варами пардҳои луобии он маҳлули галазолин, нафтизин ва ё саноринро 1—3 чакрагӣ, ҳаррӯз 2-3 маротиба ба бинӣ мечаконанд.
Дар вақти баланд шудани ҳарорати бадан ба бемор доруҳое, ки ҳарорати баданро паст мекунанд, ба монанди аспирин, парасетамол дода мешаванд. Масалан аспирин ба калонсолон ба миқдори 0.5 г бо фосилаи
4—6 соат дода мешавад.
Барои кам кардани дарди гулӯ, чайқонидани он бо маҳлули 5 % сода ва истеъмоли (макидани) ҳаббаҳое, ки дар таркиби худ доруи зидди бактериявӣ ва дардпасткунанда доранд, ба монанди кулӯлачаҳои Септолете (1 кулӯлача бо фосилаи 3—4 соат) бисьёр муфид аст. Инчунин ба бемор дар вақти дарди гулӯ кам кардани сухангӯӣ тавсия карда мешавад.
Доруҳои зидди сулфа барои шахсони калонсол: маҳлулҳои зидди сулфа, ки дар таркиби худ глауцин, эфедрин ва ғайра доранд, ба миқдори як қошуқи дисертӣ 4-5 маротиба дар як рӯз, ҳабби кулчадоруи фалиминт
— 0.25 мг, дар як рӯз 6 — 8 маротиба, дар вақти пайдо шудани ҳаббаи эуфиллин 0.15 г 3—4 бор дар як рӯз, истифода бурда мешаванд. Агар нафастангӣ идома ёбад ба бемор спреи нафастангӣ беклометазон ба миқдори 2—3 ҳаҷми муайян гашта, дар вақти нафас гирифтани кӯтоҳ 2 маротиба таъин намудан мумкин аст.
Дар вақти пайдо шудани балғам ва барои тез ҷудо шудани он аз роҳҳои нафас маҳлулҳои термопсис, маҳлули 3 % йодиди калий, ҳаббаҳои мукалтин истифода бурда мешавад. Истифодаи равғанҳои ментол, эвкалипт ва ғайра ба таври нафаскашӣ муфид аст.
Дар ҳолатҳое, ки бемор ба сироятҳои бактериявии шадиди роҳҳои нафас, ҳамчун ориза гирифтор мешавад (илтиҳоби бактериявии бағалҳои бинӣ, трахеобронхит, газаки шуш), аз доруҳои зидди бактериявӣ бояд истифода бурда шавад. Ба доруҳои зидди бактериявӣ гурӯҳи пенисиллин, тетрасиклин, эритромисин, сепоринхо дохил мешаванд. Доруи гурӯҳи пинисиллин – амписиллин дар дармонгоҳ, бо ҳаббаҳои 0.25-0.5 дар як шабонарӯз 4 маротиба,истеъмол карда мешавад. Давомнокии истеъмол барои як бахши муолиҷа 5-7 рӯз мебошад.
Доруҳои зидди бактериявӣ дар табобати бемориҳои шадди роҳҳои нафас вобаста аз синну соли бемор, вазнинии беморӣ ва намуди сирояти бактериявӣ, ки дар лаборатория аз балғам ва ё луоби ихроҷкунандаи бемор, аз биннӣ ва ё гулӯ муййян карда мешавад, таъин карда мешаванд.
Аз сабаби зиёд будани намудҳои доруҳои зидди бактериявӣ табиби оилавӣ бояд дар ҳар як мавриди таъин намудани онҳо ба беморон ва махсусан ба кудакон, ҳамаи тарафҳои мусбӣ ва манфии табобати онҳоро бисанҷад.
Дар вақти пайдо шудани оризаҳои беморӣ, табиби оилавӣ бо маслиҳати мутахассис – табиби гулӯю гӯшу бмннӣ, беморонро табобат менамояд. Табобати кӯдакони беморро бо ҳамкории табиби бачагон мебарад. Вазнин шудани ҳолати бемор ва пайдо шудани оризаҳо табиби оилавиро водор месозад, ки беморро зуд ба беморхона бистарӣ намояд.
Экпертизаи (тадқиқоти) меҳнатӣ (корношоямии бемор). Ҳама беморони гирифтори амрози шадиди роҳҳои нафас мувакқатан, аз кор дар давраи беморӣ ва аломатҳои беморӣ, аз 5 то 10 рӯз (зуқоми беориза) озод карда мешаванд.
Агар ягон оризаи касалӣ пайдо шавад (бронхити шадид, варами шуш), корношоямӣ то сиҳатшавии пурра, тақрибан то 3-4 ҳафта давом мекунад.
Беморони гирифтори трахеит ва бронхитро аз сар гузафонида, аз меҳнатҳои фаъол, дар ҳавои хунук, иичунин аз машқҳои варзишй, боз дар давоми 2-4 ҳафта озод карда мешаванд.
Назорати дарозмуддат (диспансерӣ) ва пешгирии беморӣ. Барои пешгирии зуқом тибқи нишондодҳо моякӯбӣ (ҳифзи сиҳатии аввалин) гузаронида мешавад. Моякӯбй пеш аз ҳама ба беморони ҳавфи пайдошавии оризаи зуқом —тарбод дошта, дигар амрози бофтаҳои пайвандй, беморони гирифтори ишемияи дил, аддисон инчунин ба шахсони синнашоч аз 65 зиёд, ва кӯдакону наврасон гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё