ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
3.2. Нафастангӣ
Нафастангӣ – халалдор шудани басомад, ритм ва амиқии нафас, ки маъмулан ҳамроҳ бо ҳиссёти норасоии ҳаво ҷараён мегирад. Вай мумкин аст, ки ба вайрон шудани ягон звенои амали нафас, ки дар он қишри майна, маркази нафасгирӣ, асабгоҳои пушт, мушакҳои қафаси сина, диафрагма, шуш, системаи дилу рагҳо, ҳамчунин хун ва газҳои интиқолшаванда иштирок мекнанд, алоқаманд бошад. Агар танзими асабии нафас вайрон нашуда бошад, нафастангӣ ҷиҳати компенсаторӣ дорад, яъне вай камбудии оксигенро ҷуброн карда, барзиёдатии гази карбонро (углекислотаро) хориҷ менамояд.
Нафастанги ин эҳсосоти норасоии ҳаво ё эҳсосоти нисбатан ба ҳолати маъмулӣ қувваи зиёд сарф кардан ҳангоми ҳар як нафасгирӣ ё нафасбарорӣ мебошад. Дар ҳамон ҳолатҳо аз нафастангӣ шикоят кардани беморонро ба тағзияи ҳаёт ва хусусиятҳои шахсияти бемор нисбат бояд дод. Дар ин маврид синну сол, машқ кардан ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол будан хеле муҳми аст.
Мувофиқи таснифоти асосиатсияи кардиалҳои Ню-Йорк чунин дараҷаҳои нафастангӣ ҷудо карда мешаванд:
Дараҷаи I Дараҷаи II. Дараҷаи III. Дараҷаи IV Нафастангие, ки аз корҳои зиёди (ё сарбории зиёд) ҷисмонӣ пайдо мешавад.
Нафастангӣ ҳангоми сарбории мўътадили ҷисмонӣ
Нафастангӣ ҳангоми сарбории ночизи ҷисмонӣ
Нафастангӣ дар ҳолати оромӣ.
Ортопноэ – нафастангие, ки дар ҳолати дароз кашидан пайдо ва дар ҳолати нишастан кам мешавад.
Хурўҷҳои шабонаи астмаи дил–хуруҷҳои вазнини нафастангӣ, ки аз онҳо бемор шабона бедор мешавад (ҳангоми норасоии дил).
Тахипноэ – тез-тез нафас кашидан
Гиперпноэ зиёд шудани якдақиқагии нафасгирӣ новобаста аз фишорӣ парсиалии гази ангидриди карбон дар хуни шарёнӣ
Гепервентилятсия – зиёд шудани ҳаҷми якдақиқагии нафасгири ҳангоми паст будани фишори парсиалии гази ангидриди карбон дар хуни шарёнӣ аз меъёр паст. Сабабҳои пайдоиши нафастангӣ
Дар ҳар ҳолат шарҳ додан ё фаҳмонидани сабаби нафастангӣ зарур аст.
Сабабҳои асосии нафастангӣ – бемориҳои шушҳо, бемориҳои системаи дилу рагҳо, чарбсорӣ, синдроми гипервентилятсионӣ.
Ҳангоми бемориҳои шуш нафастангӣ асосан дар натиҷаи инсидоди (маҳкам шудани) роҳҳои нафас ба амал меояд ва ин бештар хоси астмаи бронхиалӣ ва бемориҳои инсидодии музмини шуш мебошад. Сабабҳои дигари нафастнагӣ ин пневмосклероз, ателектази шуш ва тарашшўҳоти плевра мебошанд.
Инсидоди роҳҳои нафас бо нафасгирии хуштакдор ва хир- хирҳо зоҳир мешавад.
Нафаси садодор аломати патогономонии астмаи бронхиалӣ шуда наметавонад.
Нафастанги симптоми патогономонии саратони шуш дида мешавад.
Нафастангӣ ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо ва бемориҳои узвҳои нафаскшӣ
Ҷиҳатҳои фарқкунандаи нафастангӣ ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо ва бемориҳои узвҳои нафаскашӣ дар ҷадвали 2 оварда шудаанд.
Барои ташхиси тафриқӣ анамнез ёрӣ расонида метавонад: нафастангӣ дар ҳолатҳои оромӣ хоси беморони гирифтори астмаи бронхиалӣ, нафастангӣ ҳангоми сарбории ҷисмони хоси бемориҳои дилу рагҳо ва бемориҳои инсидодии музмин шуш мебошанд.
Нафастангӣ ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо ва бемориҳои узвҳои нафас
Бемориҳои дилу рагҳо Бемориҳои узвҳои нафастангӣ
Дар анамнез гипертонияи шарёнӣ
ИБС ё (сактаи дил) зуд зиёд шудани нафастангӣ ҳангоми сарбории ҷисмонӣ пайдо мешавад.
Сулфа кам хушк аст
Сирояти роҳҳои нафас ба возеҳияти нафастангӣ таъсир намерасонад
Дар анамнез – бемориҳои узвҳои нафаскашӣ
Оҳиста зиёд шудани нафаставнғӣ дар ҳолати оромӣ пайдо мешавад
Сулфаи маҳсулнок
Ҳангоми сирояти роҳҳои нафас шиддат меёбад. Астмаи дил ва бронхиалӣ
Асосҳои дил нафастангии вазнини ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо пайдошударо меноманд. Нафастангӣ ҳангоми астмаи дил дар ҳолати дароз кашидагӣ шиддат ёфта, вақти нишастан кам мешавад. Аломатҳои фарқунандаи астмаи дил ва бронхиалӣ дар ҷадвали зерин оварда мешавад.
Аломатҳои фарқкунандаи астмаи дил ва бронхиалӣ
Астмаи дил Астмаи бронхиалӣ
Нафастангӣ
Сулфа
Балғам
Нафастангиро сабук мекунад
Аускултатсияи шушҳо
Бештар инспираторӣ
Бештар ба нафастангӣ ҳамроҳ мешавад
Гулобӣ, кафкдор
Аз ҷой хестан ба таври дохиливаридӣ ворид кардани диуретикҳо ва морфин
Хир-хирҳои намноки ҳубобчадор
Бештар экспираторӣ
Дар охири хуруҷ пайдо мешавад
Шишамонанд
Хориҷ шудани балғам бронходилататорҳо
Хир-хирҳои хушк (ҳангоми хуруҷ).
Сабабҳои бештар дучоршавандаи нафастангӣ – бемориҳои шуш (астмаи бронхиалӣ, бронхи инсидодии музмини шуш, сироятҳо), бемориҳои дилу рагҳо (порасозии дил), чарбсорӣ, камхунӣ ва синдроми гипервентилятсионӣ.
Ҳангоми нафастангӣ норасоии шадиди дил, тромбоэмболияи шарёнҳои шуш, аневризми ҷудошавандаи аорта миокардит ва кардиомиопатияро истисно бояд кард. Дар ёд доштан лозим аст, ки норасоии дил метавонад, кия гона аломати инфаркти миокард (махсусан дар беморони диабети қанд) ва миокардити шадиди вирусӣ бошад. Баъзе беморони гирифтори ИБС нафастангиро дарди фишордиҳандаи паси туш меноманд.
На ҳамеша тромбоэмболияи шарёни шушро, аз ҷумла такрории онро шинохтан мумкин аст. Бо дигар сабабҳои нафастангӣ ташхиси тафриқӣ гузаронида, омилҳои хатарноки тромбоэмболияи шарёни шуш
– тромбози варидҳои амиқи пойҳо, ки дар анамнез ҳастанд, вуҷуд доштани омосҳои навташкили бадсифат, ҳомилагӣ, истеъмоли контрасептҳои пероралиро ба ҳисоб гирифтан зарур аст.
Нафастангӣ метавонад, ки аломати сироятҳои вазнини – пневманияи ҳисачаҳо сил, миокардит бошанд. Дар кўдакон сабаби нафастангӣ Эпиглоттити шадид, хурўсак (хуноқ), пневмония ва бронхит шавад.
Агар нафастангӣ тадриҷан зиёд шавад, вуҷуд доштани омосҳои аввалия ва метазтазӣ ва минёндевор, мезителиомаи плеврит истисно карда мешаванд. Ҳангоми ин омосҳо аксар вақт ҳамчунин тарашшуҳоти плевра низ дида мешавад, ки худ ба худ нафастангиро ба вуҷуд оварда метавонад.
Мушкилот, асосан, ҳангоми ташхис кардани бемориҳои интерститсиалӣи шуш, масалан, алвеолити экзогении аллергӣ пайдо мешавад. Сабаби ба хатоиҳо роҳ додан набудан ва ё хеле суст будани зоҳиршавии тағйиротҳо ҳангоми таҳқиқотҳои физикалӣ ва рентгенологӣ мебошад. Ташхиси саркоидоз каме осонтар аст: дар он аксар вақт дар шуш тағйиротҳои инфилтративӣ дида мешавад. Барои ташхис таҳқиқоти қобилияти диффузионии шуш ёрии калон мерасонад.
Ташхиси тампонади дил хеле душвор аст, агар вай фавран, баъди садама бардоштан пайдо нашуда бошад. Барои тампонади дил набзи парадоксалӣ, гепотонияи шарёнӣ ва баланд шудани фишори марказии варидӣ хос аст. Дар ёд доштан зарур аст, ки тампонади дил метавонад, ки ҳангоми дар перикард сабзида баромадани омоси бадсифат низ пайдо шавад.
Тақрибан тамоми бемориҳои сохтакор масалан, депрессия (афсурдахотирӣ), камхунӣ, тиреотоксикоз ва диабети қанд (кетоатсидози диабетӣ) нафастангӣ доранд. Аксари дорувориҳо–ситостатикҳо (блеометсин, сиклофосфамид, метотрексалӣ), амиодорон, сулфалазин, пенитсиллин, гуруҳи нитрофуранҳо, доруҳои тилло ва баъзе маводи дорувории зидди зуком пневмосклерозро ба вуҷуд меоранд. Дар ин маврид, бар иловаи нафастангӣ сулфа ва табларза дида мешавад.
Салитсилатҳо, метанол, этиленгликол ва дозаҳои зиёди теофиллин боиси пайдо шудани гиперпноэ мешаванд.
Нафастангӣ аснои камхунӣ дар ҳолате ба назар мерасад, ки агар сатҳи гемоглобин аз 8% паст бошад. Агар нафаскашӣ ҳангоми сатҳи баланди гемоглобин дида шавад, сабаби дигарро, масалан ИБС-ро ҷустуҷу бояд кард.
Нафастангӣ ҳангоми бемориҳои психикӣ (рўҳӣ) зиёд ба назар мерасад. Аммо сабабҳои функсионалии онро танҳо пас аз анҷом додани истисно кардани сабабҳои органикӣ, дар навбати аввал астмаи бронхиалӣ, ки оқибати истеъмоли доруворӣ ва тиреотоксикоз ба шумор меравад, муқаррар кардан мумкин аст.
Хусусиятҳои шикоятҳоро хеле муфассал шарҳу эзоҳ додан зарур аст: баъзе одамон нафастангиро ҳама эҳсосоти ногувор дар сина пайдошуда мефаҳманд. Сабаби пайдо шудани нафастангӣ метавонад, ки синдроми гипервентилятсионӣ бошад, вайро ҳангоми депрессия ва таҳлукаҳо дидан мумкин аст. Синдроми гипервентилятсионӣ ҳангоми бемориҳои рўҳӣ якҷо бо диазанӣ, дилбеҳузуршавӣ, хамёзакашӣ, парестезияҳои дасту пойҳо, нафаси чуқур гирифта натавонистан, эҳсосоти хафшавӣ (буғишавӣ) ба амал меояд. ҳангоми муоина кардани чунин беморон нафаси ноҳамвор ва нафасгириҳои шавшувдор диққатро ҷалб мекунандю аснои нафастангии психогенӣ рентгенограммаи қафаси сина ва функсияи нафасгирии берунӣ мўътадил намудани (проба) гипервентилятсияи босуръат бошад, маъмулан, мусбат аст. Дар ёд доштан лозим аст, ки намунаи гипервентилятсияи босуръат мешаванд, ки ҳангоми марҳилаҳои авали астмаи бронхиалӣ низ мусбат бошад.
Ташхиси тафриқӣ ҳангоми нафастангӣ
Аз ҳама сабаби асосӣ
Астмаи бронхиалӣ
Норасоии дил
Бемориҳои музмини инсидодии шушҳо
Чарбсорӣ
Бемориҳои нисбатан хатарнок
Бемориҳои дилу рагҳо:
норасоии шадиди дил (ҳангоми инфаркти миокард);
тромбоэмболияи шарёнҳои шуш;
аневризмаи ҷудошавандаи абҳар (аорта);
миокардит, кардиомиопатия; тампонади дил.
Омосҳои бадсифат саратони шуш
Сироятҳо пневмания эпиглоттити шадид (дар кўдакон)
Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ инсидоди (маҳкамшавии) роҳҳои болоии нафас, масалан бо ҷисми бегона пневмоторакс ателектази шуш
Бемориҳои асаб синдроми Гийен – Борр полиомиелит
Таҳқиқотҳо
Анамнез
Дар навбати аввал муайян мекунанд, ки бемор гирифтори нафастангӣ ҳаст ё норасоии ҳаво. Баъди ин аниқ мекунанд, ки чӣ боиси нафастангӣ мешавад, симптомҳояш кадомҳоянд. Дар аксари мавридҳо, аллакай ин имконият медиҳад, ки ташхиси тахминӣ гузошта шавад.
Нафаси хуштакдор хоси инсидоди роҳҳои нафас (астмаи бронхиалӣ, бронхити музми), нафастангӣи сулфадор бошад, хоси бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ҳастанд.
Аломати муҳими ташхис – суръати зиёд шудани нафастангӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё