Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Ман ҳам намегӯям, ки худатон нависед, балки мехоҳам, ки шумо инро аз граф де Салвё илтимос кунед. Барои он ки фурсати гаронбаҳо абас наравад, ба ман номае лозим аст, ки бо он ман ба ҳар гуна расмиятҳои вобаста ба бор ёфтан андармон нашуда, рост ба боргоҳи шоҳ ҳозир шуда тавонам.
– Хӯш вазири адлия чӣ? Охир вай ҳуқуқи ба Туилри ворид шудан дорад ва ба воситаи ӯ шумо ҳар вақт ба ҳузури шоҳ даромада метавонед.
– Бадеҳист. Лекин чӣ зарур аст, ки ахбори муҳимми ба шоҳ расонданиямро бо каси дигаре бо ҳам бинам. Мефаҳмед шумо? Вазири адлия, табиист, ки маро ба мавқеи дуюм тела дода, тамоми хизматҳои маро ба номи худаш сабт мекунад. Ман як чизро ба шумо гуфтаниям, маркиз: агар ман якум шуда ба Туилри ҳозир шавам, мақому манзилати ман таъмин хоҳад буд, зеро ман барои шоҳ хидмате мекунам, ки вай онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
– Ин тавр бошад, дӯстам, биравед, тараддуди сафарро бинед; ман Салвёро даъват мекунам ва ӯ мактубе менависад, ки барои шумо вурудномае хоҳад гардид.
– Хуб шудааст, вале фурсатро аз даст надиҳед; баъди як рубъи соат ман бояд ба каретаи чопорӣ савор шавам.
– Фармоед дар пеши хонаи ман тавақкуф кунад.
– Шумо, албатта, дар пеши маркизаю мадемуазел де Сен–Меран ба ҷои ман узрхоҳӣ мекардагистед, ки дар чунин рӯзе бо таассуфи билониҳоя ишонро падруд хоҳам гуфт.
– Онҳо шуморо дар хонаи кори ман нигарон мешаванд ва шумо бо худашон хайру маъзур хоҳед кард.
– Ҳазор раҳмат. Хӯш номаро омода кунед. Маркиз занг зад.
Нукар даромад.
– Граф де Салвёро ин ҷо даъват кунед... Шумо рафтан гиред, – гуфт маркиз ба Вилфор рӯ оварда.
– Ман худи ҳозир гашта меоям.
Ва шитобкорона аз дар баромад Вилфор; аммо дар таги дар ба хулосае омад, ки қиёфаи ба ким–куҷо ба таъҷил рафта истодаи ёвари додситони подшоҳӣ метавонад осоиши як шаҳри тамомро аз эътидол барорад; бинобар ин вай ба равиши одатиаш солору бовиқор қадам партофта рафтан гирифт.
Ба назди хонааш расида, ӯ дар торикӣ суроби сафедпӯшеро дид, ки аз ҷой наҷунбида чашм дар роҳи ӯ истода буд.
Ин Мерседес буд, ки аз Эдмон дараке наёфта, ба қароре омада буд, худаш рафта бифаҳмад, ки чаро шавҳаршавандаашро ҳабс кардаанд.
Ӯ Вилфорро дида, аз девор ҷудо шуду сари роҳашро гирифт. Дантес арӯс доштанашро ба Вилфор гуфта буд ва худашро муаррифӣ кардани Мерседес ҳоҷат надошт; Вилфор бе ин ҳам шинохта буд ӯро. Ҳусну ҷамол ва қадду басти дилҷӯи духтарак моту мабҳут кард ӯро ва даме ки вай аз ҳоли шавҳаршавандааш ҷӯё шуда суол кард, ба назари додситон чунин расид, ки айбдоршаванда – худи ӯсту духтарак – довар аст.
– Он ки шумо аз ҳолаш ҷӯё шуданиед, сахт ҷинояткор аст, – ҷавоб гардонд Вилфор, – ва ман ба муроди ӯ коре карда наметавонам.
Мерседес ба гиря даромад; Вилфор хост гузаро шавад, вале духтарак боздошташ.
– Ақалан бигӯед, ки вай дар куҷост, – ба забон овард ӯ, – то ки ман зинда ё мурда буданашро фаҳмида тавонам?
– Намедонам. Вай дигар дар ихтиёри ман нест, – ҷавоб гардонд Вилфор.
Нигоҳи ба мағзи ҷон асаркунандаю ваҷоҳати илтиҷоомези духтарак ӯро ба сутӯҳ овард; ӯ варо тела дода, ба хона даромад ва зуд дарро аз пасаш баст, мисли ин ки аз мусибати ин духтарак панаҳ меҷуста бошад.
Аммо аз мусибат канора ҷустан корест на чандон саҳл. Оне ки захми мусибат ба ӯ расидааст, чун тири кушанда бо худ мебарад онро, чунон ки Вергилий гуфтааст. Вилфор дарро баст, ба меҳмонхона даромад, вале мадори пойҳояш хушк шуд; аз сандуқи синааш оҳе берун ҷаст, ки ба навҳа шабоҳат дошт ва ӯ рӯи курсии нарм фурӯ афтод.
Ана ҳамин дам дар қалби дардмандаш нахустин падидаҳои иллати ҷонкоҳ ба зуҳур омад. Оне, ки вай қурбони мансабталошиаш карда буд, навҷавони тамоман бегуноҳе, ки аз касофати ҷурми падараш гирифтори бало шуда буд, рангпаридаву бадхашм, даст ба дасти арӯси худаш барин рангпарида, дар мадди назараш пайдо шуда, виҷдонашро ором намегузошт, азобаш медод, – на он азобе, ки дардманд аз он ба мисоли таоқуби сарнавишти азал қад–қад мепарад, балки он азоби ниҳон аз назару гурс–гурси қадамҳои фарорасандааш пураламе, ки сари чанд гоҳ бо ёди кирдори рафта қалбро озор медиҳаду то нафаси вопасин виҷдони касро то рафт чуқуртар рахна мекунад.
Вилфор боз як – охирин – дақиқаи шакку тардидро ба сар бурд. Пеш аз ин чандин карат, ба ҷуз изтироби мубориза, дигар эҳсосоте ба дил роҳ надода, барои айбдорони зери мурофиа ҳукми қатл талаб мекард; ва ин маҳкумон, ки ба туфайли гумбуроси раъдосои суханпардозиҳои ӯ, ки савгандиёну доваронро волаву шайдо мекарданд, амри воқеъ гашта, як сари мӯ чин ба ҷабинаш намеафканданд, зеро ин афроди зери мурофиа гунаҳкор буданд, ё ҳеҷ набошад Вилфор чунин пин медошт онҳоро.
Аммо ин дафъа ҳол ранги дигар дошт: ба ҳабси якумрӣ ӯ шахси бегуноҳеро маҳкум карда буд – каси бегуноҳе, ки саодат варо дар пеш буд: вай аз ӯ нафақат озодиашро, инчунин саодаташро кашида гирифт; ин дафъа вай дигар довар нест, балки ҷаллод аст.
Ва, бо чунин андешаҳо, вай ҳамон зарбаҳои ниҳон аз назарро эҳсос мекард, ки то ба ин дам аз он хабар надошт; ин зарбаҳо дар сандуқи дилаш аксандоз мешуданд ва қалбашро аз биму ҳароси лобаён мамлӯ медоштанд. Ба қиёсе, ки дарди тоқатфарсо маҷрӯҳро пешакӣ огоҳ медорад, ва ӯ ҳаргиз бе тапиши дил даст ба ҷароҳати саркушодаву хуншор намерасонад, то даме ки он ҷароҳат ба ҳам наояд.
Аммо ҷароҳати Вилфор аз он ҷароҳатҳое буд, ки ба ҳам намеоянд ё барои он ба ҳам меоянд, ки боз кушода шаванду соҳибашро аз аввала ҳам бештар азоб диҳанд.
Агар дар ҳамин дақиқа овози гӯшнавози Рене ба гӯш мерасиду аз вай авф таманно мекард, агар Мерседеси дилрабо аз дар даромада ба вай мегуфт, ки: «Ба ҳаққи худованде, ки нозиру қозии мост, илтиҷо мекунам, шавҳаршавандаамро ба ман бидиҳед», – Вилфори ин дам ба зарурат моил шуда, комилан сар мефуровард ба вай ва бо дасти карахтшудааш, аз ҳар чи ки ба ӯ таҳдид меовард, қатъи назар карда, аҷаб не ба фармони озодии Дантес имзо мегузошт; аммо дар ин муҳити сокит овози касе садо надод ва дар фақат ба рӯи маҳрамаш боз гардид, ки омода буд ба Вилфор хабар диҳад, ки аспони чопорӣ ба фойтуни сафарӣ қӯш карда шуданд.
Вилфор бархост ё, аниқтараш, ҳамчун каси дар набарди ботинӣ ғолиб омадае, парида хест, сӯи мизаш тохта, тамоми зари дар яке аз қуттиҳои он бударо ба кисааш андохт, чанде дар рӯи хона давр зад, саросемавор даст ба пешонааш молиду норавшан калимае чанд ғурунгос зад; ниҳоят, бо дасти маҳрам ба китфаш андохта шудани борониро ҳис карда, ба кӯча баромад, худашро ба даруни карета гирифта ва ҳиш– ҳишкунон фармуд ба кӯчаи Гран–Кур, ба назди маркиз де Сен–Меран ҳай кунад.
Дантеси сарсахт бебозгашт маҳкум шуда буд.
Чунон ки маркиз де Сен–Меран ваъда дода буд, Вилфор зану духтари ӯро дар кабинеташ ёфт. Ҷавонмард бо дидани Рене як қад парид: вай тарсид, ки арӯсаш боз ба шафоати Дантес сухан мегӯяд. Вале, ҳайҳот! Ба маломати худпарастии абнои даҳр бояд эътироф кунем, ки дар майнаи ҷавондухтар фақат андешаи як чиз давр мегашт: андешаи сафари шавҳаршавандаи худаш.
Ӯ Вилфорро дӯст медошт; Вилфор дар арафаи ҷашни арӯсиашон сафар мекард; худи Вилфор аниқ намедонист, ки кай гашта меояд ва Рене ба ҷои он, ки раҳми Дантесро хӯрад, онеро нафрин мекард, ки ҷинояташ боиси фироқи ваю шавҳаршавандааш гардидааст.
Тасаввур кунед, ки ҳоли Мерседес чӣ гуна аст!
Дар гардиши кӯчаи де–ла–Лож ӯро Фернан интизорӣ мекашид, ки аз паси ӯ ба роҳ афтода буд: Мерседес ба Каталонҳо баргашту нимҷон, дар ҳоли навмедӣ худро ба бистар андохт. Дар пеши ҳамин бистар Фернан ба зону афтоду дасти сардеро, ки Мерседес бознакашид, дошта, гарм– гарм бӯсидан гирифт, вале Мерседес ин бӯсиданро ҳатто ҳис намекард.
Ҳамин тавр шаб поён ёфт. Даме ки равған сӯхта тамом шуд, чироғ хомӯш гардид, вале Мерседес торикиро пайхас накард, чунон ки рӯшноиро пайхас намекард; ва ҳангоме ки чашми рӯз кафид, вай инро ҳам пайхас накард.
Мусибат пардавор пеши чашмашро баста буд ва ӯ фақат Эдмонро медид.
– Ту ин ҷоӣ! – гуфт оқибат ӯ, ҷониби Фернан баргашта.
– Аз дина ин ҷониб ман аз пешат дур нашудаам, – ҷавоб гардонд Фернан пуралам оҳ кашида.
Моррел худашро мағлубшуда ҳисоб намекард. Вай медонист, ки баъди бозпурсӣ Дантесро ба маҳбас бурдагистанд; он гоҳ вай тамоми ёру ошнояшро давр зада баромад, аз ҳар касе, ки таъсире дошт, хабар гирифт, вале дар ҳама ҷо овозае паҳн шуда буд, ки Дантес ҳамчун гумоштаи бонопартӣ ҳабс шудааст ва азбаски дар ин замон ҳатто ҷасуртарин кас ҳар як кӯшиши ба тахташ соҳиб шудани Наполеонро беақлӣ меҳисобид, Моррел фақат ба сардӣ, тарс ё ҷавоби рад дучор меомад. Вай дар ҳолати навмедӣ ба хона баргашта, ботинан дарк кард, ки кор хеле бад аст ва ҳеҷ кас қудрати ба вай ёрӣ кардан надорад.
Кадрус низ аз ҷониби худаш хеле нороҳат буд. Ба ҷои он, ки мисли Моррел саросари шаҳрро зери қадам орад ва кӯшиш намояд бо ягон васила ба Дантес ёрие бикунад, ки, воқиан, натиҷае намедод, вай ду шиша шаробро оварда дар хона бинишаст ва саъй дошт изтиробашро бо май фурӯ нишонад. Аммо, барои карахт кардани майнаи изтиробии ӯ ду шиша кам буд. Аз ин ҷост, ки вай оринҷашро ба мизи шалавқпоя такя дода, миёни ду шишаи холӣ сокит нишастан гирифт, на қудрате дошт, ки аз хона баромада май орад, на воқиаи рӯйдодаро фаромӯш кунад, бинобар ин, чӣ тавр дар рӯшноии шамъи дуд карда истода дар пешаш давр задану ба рақс омадани он ҳама шабаҳотро назора мекард, ки Гофман бо гарди тахайюлоти тирае дар саҳифаҳои аз пунш тари осораш пароканда мекард.
Танҳо Данглар парво надошт ва азият намекашид. Данглар ҳатто хурсанд буд; вай аз душман интиқом гирифт ва мансабашро, ки хатари аз он маҳрум шудан дошт, дар «Фиръавн» барои худаш таъмин гардонд. Данглар яке аз он шахсони манфиатҷӯе буд, ки парқалам паси гӯшу давот ба ҷои дил дар қафаси сина аз модар ба дунё меоянд; ҳар он чи дар олам ҳаст, барояш аз тарҳу зарб иборат ва арқом барои ӯ нисбат ба одам хеле бақадр буд, агар ин рақамҳо ҳосили ҷамъро афзун мекард, ҳосилеро, ки бо вуҷуди ин одам эҳтимоли тарҳ шудан дошт.
Бинобар ин Данглар дар соати одатиаш чашм ба ҳам баста ва осуда бихобид.
Вилфор, аз граф де Салвё тавсияномаро гирифт, аз ҳар ду рухсораи Рене бӯса кард, лаб ба дасти маркиза де Сен–Меран расонда, дасти маркизро фишурду ба каретаи чопорӣ даромада ба самти роҳи Экс бо суръати тамом ба пеш ронд.
Пирамард Дантес зери бори ғаму андӯҳ сабру қарорро аз даст дод. Аммо ҳоли Эдмон ба чӣ расид, мо огоҳем аз он.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё