Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XI. ОДАМХОРИ КОРСИКОӢ

Лудовики XVIII чеҳраи навмедонаи вазири политсияро дида, мизе, ки дар сари он нишаста буд, бо шаст тела дод.

– Ба шумо чӣ шуд, барон? – хитоб кард ӯ. – Чаро шумо чунин ошуфтаед? Наход инро боис гумони герсог Блакас бошад, ки ҷаноби де Вилфор онро тасдиқ мекунанд?

Герсог низ зуд назди барон рафт, вале тарси марди дарборӣ бар шамотати арбоби давлат ғолиб омад: дар воқеъ, вазъият чунин буд, ки дар қиёси он беҳтар буд худи кас эътиборашро аз даст диҳад, назар ба он, ки беобрӯ шудани вазири политсияро бинад.

– Аълоҳазрат... – забонхоӣ кард барон.

– Гап занед! – гуфт шоҳ.

Он гоҳ вазири политсия эҳсоси навмедиро фурӯ гузошта, дар пеши Лудовики XVIII, ки худашро ақиб кашидаву чин ба абрӯ андохта буд, ба зону афтид.

– Гап мезанед ё не? – пурсид ӯ.

– Оҳ, аълоҳазратам! Чӣ бадбахтие! Чӣ кор кунам ман? Тасалло намеёбам ман!

– Ҷаноби бокарам! – гуфт Лудовики XVIII, – ман ба шумо амр мекунам, ки гап занед.

– Аълоҳазрат, ғосиб ҷазираи Элбаро бисту ҳаштуми феврал тарк карда, якуми март ба соҳил расидааст.

– Дар куҷо? – зуд пурсид шоҳ.

– Дар Фаронса, аълоҳазратам, дар як лангаргоҳи хурдакаки қариби Антиб, дар халиҷи Жуан.

– Якуми март ғосиб дар Фаронса қариби Антиб, дар халиҷи Жуан, дар масофаи дусад лё аз Париж фуруд омадааст, шумо бошед инро фақат ин дам, сеюми март фаҳмидед!.. Не, ҷаноби бокарам, ин аз имкон берун аст; ё шуморо фиреб додаанд ё шумо девона шудаед.

– Афсӯс, аълоҳазрат, ки ин комилан дуруст аст!

Лудовики XVIII аз тарсу ғазаб ларзид ва бо шиддат барҷаст, мисли ин ки зарбаи ногаҳоние рост ба дилаш фуруд омада бошад.

– Дар Фаронса! – дод зад ӯ. – Ғосиб дар Фаронса! Аз ин мебарояд, ки аз паси ин шахс назора намекардаанд–дия? Ё, кӣ медонад, бо вай ҳамдаст будаанд?

– Сир, – нидо зад герсог Блакас, – барон Дандре барин шахсро ба хиёнат айбдор кардан ҳоҷат надорад! Аълоҳазрат, ҳамаи мо кӯр будем ва вазири политсия ҳам ба кӯрии ҳама шарик шудааст, ҳамин вассалом!

– Лекин... – сар кард Вилфор ва якбора хап шуд, – олиҳимматона маъзур доред, аълоҳазрат, – гуфт ӯ бо таъзим. Ҷаҳди ман саргарм дошт маро; аз аълоҳазрат бахшиш мепурсам.

– Гап занед, тақсир, баҷуръат гап задан гиред, – гуфт шоҳ. – Фақат шумо аз мус ибат пешакӣ огоҳ кардед маро; ба мо ёрӣ диҳед василаи ислоҳашро ёбем.

– Аълоҳазратам, ғосибро дар ҷануб бад мебинанд; гумон мекунам, ки агар вай ба роҳи ҷануб омаданӣ шавад, ба осонӣ Провансу Лангедокро ба муқобилаш хезондан мумкин аст.

– Дуруст, – гуфт вазир, – лекин вай ба роҳи Гап ва Систерон омада истодааст.

– Омада истодааст! – қатъ кард шоҳ. – Аз ин мебарояд, ки ба сӯи Париж омада истодааст?

Вазири политсия ҷавобе нагардонд, ки ин баробар ба эътироф овардан буд.

– Дофине чӣ? – пурсид шоҳ, ба Вилфор рӯ оварда. – Ба фикри шумо оё ин музофотро ҳам, мисли Прованс бархезондан мумкин бошад?

– Ба ман гуфтани ҳақиқати талх ба аълоҳазрат нохуш аст, аммо руҳияи мардум дар Дофин нисбат ба Провансу Лангедок хеле бад аст. Кӯҳистониён – бонопартиянд, аълоҳазрат.

– Ин хуб огоҳ будааст, – зери лаб гуфт шоҳ. – Лекин лашкари вай чӣ миқдор бошад?

– Намедонам, аълоҳазрат, – ҷавоб гардонд вазири политсия.

– Чӣ хел намедонед? Шумо пурсидани инро фаромӯш кардед? Ҳа– дия, ин он қадар муҳим нест, – илова кард шоҳ бо табассуми ҷонгудоз.

– Аълоҳазратам, ман инро пурсида натавонистам; номаи таъҷилӣ фақат фуруд омадану роҳеро хабар додааст, ки ғосиб бо он пеш меояд.

– Хӯш номаи таъҷилиро ба чӣ тариқ гирифтед шумо? – пурсид шоҳ. Вазир сарашро хам карду харчанг барин суп–суп шуд.

– Ба воситаи телеграф, аълоҳазратам.

Лудовики XVIII як қадам пеш рафту мисли Наполеон дастонашро рӯи сина ломалиф гузошт.

– Ҳамин тавр, – гуфт ӯ, аз ғазаб хун аз рӯяш гурехта, – ҳафт артиши муттафиқ ин шахсро вожгун сохт; ба як тарзи мӯъҷизаосо ман баъди бадарғаи биступанҷсола ба тахти аҷдодии худам баргаштам; дар тӯли ин биступанҷ сол мардум ва кору бори он Фаронсаеро, ки ба ман ваъда шуда буд, омӯхтам, дар сараш андеша рондам, пай бурдам – ҳамаи ин барои чӣ? Барои он, ки дар чунин лаҳзае, ки ман ба муроди дил расидам, қудрате, ки дар кафам буд, чун раъд биғураду димор аз ман барорад!

– Аълоҳазратам, ин қисмат, – забонхоӣ кард вазир, эҳсос намуда, ки чунин бори дар пеши қисмат нокироӣ кофист, ки касро маҷақ кунад.

– Аз ин мебарояд, ки он чи дар бораи мо душманони шумо мегуфтанд, аз рӯи адолат будааст: мо ҳеҷ чизро ёд нагирифтаем, ҳеҷ чизро фаромӯш накардаем! Агар ба ман хиёнат мекарданд, чунон ки ба вай карданд, дар он сурат ман худамро тасалло дода метавонистам. Аммо дар байни касоне буда, ки аз ман эҳсони фаровоне дидаанд, касоне, ки мебоист маро зиёдтар аз худашон эҳтиёт кунанд, зеро хушбахтии ман – хушбахтии онҳост: то ман онҳо ҳеҷ буданд, баъд аз ман боз ҳеҷ хоҳанд шуд – ва нобуд шудан аз аҷзи онҳову бехирадии онҳо! Оре, ҷаноби бокарам, шумо ҳақ ҳастед, ин – қисмат!

Вазир ёрои сар боло кардан наёфта, ба ин маломати таҳдидомез гӯш дода меистод. Блакас арақи рӯяшро пок кард; Вилфор, баланд шудани қадрашро ҳис карда, ботинан табассум дошт.

– Вожгун шавӣ, – давом дод Лудовики XVIII, ки ба як назар умқи вартаи дар сари роҳи ҳокимияти мутлақааш даҳон боз кардаро муқаррар карда буд, – вожгун шавию хабари вожгун шуданатро ба василаи телеграф фаҳмӣ! Ба ман, чун бародарам, Лудовики XVI, ба сари дор баршудан осонтар аст аз он, ки зери тозиёнаи ришхандҳо аз поғундаҳои Туилри поён равам... Шумо ҷаноби бокарам, намедонед, ки дар Фаронса хандахариш гардидан чӣ маъное дорад, ҳол он ки боист медонистед инро.

– Аълоҳазратам, – забон мехоид вазир, – тараҳхум кунед!..

– Пештар оед, ҷаноби де Вилфор, – давом дод шоҳ суханашро, ба ҷавонмарде, ки андак дуртар ноҷунбон рост истода ба гуфтори дахлдор ба тақдири як давлати тамом гӯш медод, – пештар оеду ба ин кас гӯед, ки пешакӣ мумкин буд донист ҳамаи он чиро, ки ин кас намедонист.

– Аълоҳазрат, андешаҳое, ки дар замири ғосиб асту онро аз ҳама пинҳон медошт, пешакӣ пай бурдани фарде аз имкон берун буд.

– Пай бурдани фарде аз имкон берун буд! Чӣ далели қавие! Мутаассифона далелҳои қавӣ ҳам одамони қавӣ барин, ман қадри онҳоро пай бурда истодаам. Ба вазире, ки дар ихтиёраш як дунё идороту департаментҳо, гумошта, ҳуфия, ҷосусон ва ба миқдори якуним миллион франк маблағи махфист, фаҳмидани он, ки дар масофаи шаст мил аз соҳилҳои Фаронса чӣ воқеае рӯй дода истодааст, аз имкон берун будааст? Мана ҷавонмарде, ки ба ягонтои ин воситаҳо доро нест, ва ӯ амалдори оддии маҳкама аст, аз ҳамаи политсияи шумо бештар чизе фаҳмидааст ва ин тахту тоҷи маро наҷот медод, агар мисли шумо ҳуқуқи фармонфармоӣ ба телеграф медошт.

Нигоҳи вазири политсия бо ваҷоҳати сахт аламнок будан ба Вилфор равона гардид, ки бо фурӯтании марди ғолиб сар хам карда буд.

– Ин суханон ба шумо дахл надоранд, Блакас, – давом дод шоҳ, – агар шумо ҳеҷ чизро ошкор накарда бошед ҳам, ақалан ба дараҷае хушфаҳм будед, ки дар гумони худ пофишорӣ кардед; каси дигар мебуд, шояд, ба ахбори ҷаноби де Вилфор чун ба як гапи беҳуда муносибат мекард ё гумон мебурд, ки онро тамаъкории мансабпарастонае боис шудааст.

Ин киноя ба он суханоне буд, ки вазири политсия бо боварии том як соат пеш ба забон оварда буд.

Вилфор найранги шоҳро дарёфт. Каси дигар мешуд, шояд, сармасти комёбӣ шуда, аз ин таърифҳо болида медош таъбашро; вале ӯ тарсид дар шахси вазир душмани ҷонӣ пайдо кунад, агар чи ҳис карда буд, ки вай бе бозгашт фано ёфтааст. Аммо вазир, ки наметавонист замири Наполеонро камоянбағӣ пай барад, метавонист дар ҳолати назъ ба макнуни рози Вилфор роҳ ёбад: барои ин Дантесро бозпурсӣ кардан кифоят буд. Бинобар ин ва ба ҷои ин ки вазирро болои мурда сад чӯб кунад, ба ёриаш шитофт.

– Аълоҳазрат, – гуфт Вилфор, – суръати рӯйдодҳо собит мегардонад, ки фақат худованд тӯфон барангехта онҳоро боздошта метавонист. Он чи аълоҳазрат ба фаросату борикбинии ман ҳамл кардаанд, самараи тасодуф асту бас; ман ҳамчун хидматгори содиқ аз ҳамин тасодуф баҳра бардоштам вассалом. Маро аз он чи мустаҳиқ ҳастам, баландтар баҳо надиҳед, сир, то ки баъд аз таассуроти аввалатон пушаймон нашавед.

Вазири политсия бо нигоҳи маънидор ба Вилфор миннатдорӣ баён кард, Вилфор бошад, дарёфт, ки ба мақсади худ ноил гардид ва миннатдории шоҳро аз даст надода, дӯсте ба даст овард, ки дар ҳоли зарурат ба он умед баста метавонад.

– Бигзор чунин бошад, – гуфт шоҳ. – Вале акнун, ҷанобон, – давом дод ӯ, ба Блакасу вазири политсия рӯ оварда, – шумо дигар ба ман лозим нестед, метавонед биравед... Он чи акнун мебоист кард, дар ӯҳдаи вазири ҳарб аст.

– Хушбахтона, – гуфт герсог, – мо ба артиш умед баста метавонем: ба аълоҳазрат равшан аст, ки ҳамаи маълумотҳо бозгӯи садоқати лашкар ба тоҷу тахти шоҳанд.

– Ҳадиси маълумотномаҳоро ба забон наёваред; акнун ман медонам, ки то чӣ дараҷа ба маълумотномаҳо бовар метавон кард. Ҳа, воқиан, аз хусуси маълумотномаҳо, барон: дар бораи кӯчаи Сен–Жак чӣ хабари тоза доред?

– Дар бораи кӯчаи Сен–Жак! – гайри ихтиёр нидо зад Вилфор, вале якбора хатояшро дарёфт: – Бубахшед, сир, вафодорӣ ба аълоҳазрат гоҳо ба фаромӯшӣ водор мекунад маро, – фаромӯш кардани эҳтиром ба шумо не, ин эҳтитром дар қалби ман сахт ҷойгир шудааст, – балки фаромӯш кардани русуми одоби муошират.

– Мебахшоям шуморо, – гашта гуфт шоҳ, – имрӯз ҳуқуқи суол кардан ба даст овардед шумо.

– Сир, – ба гап сар кард вазири политсия, – маҳз ҳамин рӯз ман мехостам маълумоти тозаи дар хусуси ин кор паҳн шударо ба арзи аълоҳазрат расонам, аммо диққати аълоҳазрат ба воқиаҳои пурхатари халиҷи Жуан банд буд; акнун ин маълумот барои аълоҳазрати шумо дигар арзише нахоҳад дошт.

– Баръакс, – ҷавоб гардонд шоҳ, – ин кор, ба хаёлам, ба оне робитаи мустақим дорад, ки ин дам моро машғул медорад, ва марги генерал Кенел, шояд, ба изи суиқасди азими дохилие раҳнамун созад.

Номи Кенелро шунида, Вилфор як қад парид.

– Дар воқеъ, аълоҳазрат, – давом дод вазири политсия, – аз қароин, ин худкушӣ набудааст, ки дар ибтидо гумон доштанд, балки куштор аст. Генерал Кенел, аз афташ, баробари хориҷ шудан аз бошгоҳи бонопартиҳо ғайб задааст. Кадом–як шахси маҷҳуле ҳамон саҳар ба манзили ӯ омада, дар кӯчаи Сан–Жак мулоқот таъйин карда будааст. Мутаассифона, маҳраме, ки вақти ба хона даровардани марди ношинос мӯи сари генералро шона мекардааст, дар кӯчаи Сен–Жак мулоқот таъйин карданро шунидаасту рақами хонаро ба ёд нагирифтааст.

Ҳине ки вазири политсия ин маълумотро ба шоҳ хабар медод, Вилфор, ки ҳар як калимаро ба гӯши ҳуш месупурд, гоҳ сурх мешуду гоҳ сафед.

Шоҳ ҷониби ӯ баргашт:

– Ба фикри шумо, ҷаноби де Вилфор, генерал Кенел, ки ҳавохоҳи ғосибаш мепиндоштанд, ҳол он ки бо тану ҷон ба ман содиқ буд, оё метавонист аз дасти бонопартиён ҳалок гардад?

– Ин аз эҳтимол дур нест, аълоҳазрат; аммо наход, ки дигар ҳеҷ чиз маълум набошад?

– Алакай изи касеро, ки мулоқот таъйин кардааст, муқаррар кардаанд. – Изашро муқаррар кардаанд? – такрор кард Вилфор.

– Оре маҳрам нишонаҳояшро хабар додааст: ин як шахси панҷоҳ– панҷоҳудусола, сиёҳмӯ, сияҳчашм, пурраабрӯ, мӯйлабдор буда, дар тан камзӯли кабуди тугмаҳояш таг то боло гузарондагӣ доштааст; дар сӯрохи тугмааш – тасмачаи Легиони фахрӣ. Дирӯз ба изи шахсе афтодаанд, ки айнан ҳамин хел нишонаҳо доштааст, вале ӯ дар кунҷи кӯчаи ла–Жусйену Кок–Эрон аз назар ғоиб шудааст.

Вилфор бо шунидани нахустин суханони вазир такя бар муттакои курсӣ дода, мадори пойҳояш хушк шуд, вале бо шунидани он, ки шахси ношинос аз дасти политсия халос хӯрдааст, оҳи сабуке кашид.

– Ин шахсро ёветон, – гуфт шоҳ ба вазири политсия, – зеро, агар генерал Кенел, ки ҳозир ин қадар ба мо зарур мешуд, аз дасти қотиле кушта шуда бошаду он қотил хоҳ бонопартӣ аст, хоҳ каси дигар, ман мехоҳам, ки кушандаи ӯ бераҳмона ҷазо бинад.

Ба Вилфор ин қадар хунсардие боистӣ, то он даҳшате, ки аз суханони охирини шоҳ бар вай афтода буд, зоҳир накунад.

– Аҷаб коре! – давом дод шоҳ бо алам. – Политсия гумон мекунад, бо ин ки куштор ба амал омад, ҳама чораҳо дида шуд гуфтану барафзудан, ки: ба изи гунаҳкорон афтодаанд, – кор тамом бошад.

– Дар ин ҳодиса, умед дорам, аълоҳазрат қаноатманд мешаванд.

– Хуб шудааст, мебинем; шуморо маҳтал намекунам, барон. Ҷаноби де Вилфор, шумо баъд аз роҳи дуру дароз хаста шудагистед, рафта дам гиред. Шумо, муқаррар, дар хонаи падаратон таваққуф кардагистед?

Чашмони Вилфор сиёҳӣ заданд.

– Не, аълоҳазрат, ман дар кӯчаи Турнон, дар меҳмонсарои «Мадрид» таваққуф кардам.

– Вале шумо ӯро дидагистед?

– Аълоҳазрат, ман якрост назди герсог Блакас рафтам.

– Лекин шумо ӯро медидагистед?

– Гумон надорам, аълоҳазрат!

– Оре, рост мегӯяед, – гуфт шоҳ ва аз табассуми ӯ ошкор буд, ки ин ҳама суолҳо қасдан дода шудаанд. – Ман фаромӯш кардаам, ки шумо бо ҷаноби Нуартйе дӯстӣ надоред ва инчунин ин ҳам қурбониест ба хотири тоҷу тахти ман, ки дар ивазаш ман бояд шуморо ба мукофот расонам.

– Лутфу марҳамати аълоҳазрат нисбат ба ман – мукофотест чандон фузунтар аз орзую омоли ман, ки дигар ҳоҷати аз шоҳ чизе таваққуъ доштан надорад.

– Бо вуҷуди ин, мо шуморо фаромӯш намекунем, хотирҷамъ бошед; лекин ҳоло ҳозир (шоҳ аз сари синааш салиби Легиони фахриро, ки ҳамеша дар фраки кабудаш, дар паҳлуи салиби ҳазрати Лудовик, болотар аз ситораи Модархудои кармилӣ ва ҳазрати Лазар овехта мегашт, канду ба Вилфор дод), ҳоло ҳозир гиред ин салибро.

– Аълоҳазрат иштибоҳ мекунанд, – гуфт Вилфор, – ин салиби афсарист.

– Аҳамият надорад, бигиред инро; ман барои дигарашро талаб кардан фурсат надорам. Блакас, ғамхорӣ кунед, то ба ҷаноби де Вилфор санади тасвиб дода шавад.

Дар чашмони Вилфор ашки шодии боғурур ҷило дод; ӯ салибро гирифту бӯса дод ба он.

– Аълоҳазрат боз чӣ гуна фармоишоте доранд ба ман? – пурсид Вилфор.

– Истироҳат кунед, лекин баъд аз ёд набароред, ки агар дар Париж қудрати ба ман хизмат кардан надошта бошед, дар Марсел метавонед ба ман хеле хидмат бикунед.

– Аълоҳазрат, – ҷавоб гардонд Вилфор ба таъзим хам шуда, – баъди як соат ман Парижро тарк мекунам.

– Биравед, – гуфт шоҳ, – ва агар ман шуморо фаромӯш кунам (шоҳонро қувваи ҳофиза суст аст), ибо накарда ёдоварӣ кунед худатонро... Барон, бифармоед вазири ҳарбро назди ман хонанд. Блакас, бимонед шумо.

– Оре, тақсир, – гуфт вазири политсия ба Вилфор, ҳангоми баромадан аз Туилри. – Шумо дарро хато накардед ва мансабатон таъмин гардид.

– Чӣ қадар давом мекарда бошад? – зери лаб ба забон овард Вилфор, таъзими вазирро ба ҷо оварда, ки мансабаш поён ёфта буд ва чашм давонда карета мекофт.

пешина
аз 99
навбатӣ