Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XIII. САД РӮЗ
Нуартйе ғайбдони хуб баромад, ҳама кор тарзе сурат баст, ки вай пешгӯӣ карда буд. Ба ҳама маълум баргаштани аз ҷазираи Элба, баргаштани ғалатӣ, бисёр хуб, дар гузашта бе адилу эҳтимол, минбаъд такрорнаёбандае.
Лудовики XVIII фақат андак кӯшише кард зарбаи шадидро баргардонад; вай ки ба одамон бовар надошт, ба рӯйдодҳо низ бовар намекард. Ҳокимияти шоҳӣ ё, аниқтараш, ҳокимияти мутлақаи навакак барқарор кардаи ӯ рӯи пояҳои ҳанӯз қувват нагирифтааш такон хӯрд ва бо ишорати император кулли бинояш – бинои омехта ба мавҳумоти номураттаби кӯҳнаву ғояҳои нав – фурӯ рафт. Бинобар ин мукофоте ки Вилфор аз шоҳи худ гирифт, нафақат бефоида, балки хатарнок ҳам буд ва ӯ нишони Легиони фахрии худашро ба ҳеҷ кас нишон надод, агарчи герсог Блакас, тибқи хоҳиши шоҳ, ғамхорӣ карда буд санад фиристанд.
Наполеон ҳатман аз баҳри Вилфор мебаромад, агар пуштибонии Нуартйе намебуд, ки вай дар дарбори император чун мукофоти азобу машаққати аз сар гузарондааш ва хизматҳои ба ӯ кардааш иқтидлор пайдо карда буд. Жерондисти соли 1793 ва сенатори соли 1806 ба қавлаш устувор монд ва мадад ба он касе кард, ки андак пеш дасти ёрӣ ба вай дароз карда буд.
Ҳини барқарор шудани Империя, ки суқути дуюмбораатро, воқиан, пешбинӣ кардан душор набуд, Вилфор тамоми қудраташро ба махфӣ доштани он асроре равона кард, ки қариб буд Дантес ошкор гардонад.
Додситони подшоҳӣ бошад, бо шубҳаи на чандон содиқ буданаш ба бонопартия аз кор ронда шуда буд.
Нав ҳокимияти император барқарор шуда буд, яъне нав Наполеон ба қасри Туилрӣ, ки Лудовики XVIII онро тарк карда буд, кӯчиду фармонҳои срешумору мухталифашро аз ҳамон дафтари коре равон кардан гирифт, ки мо хонандагонро аз паси Вилфор ба он ҷо дароварда будем ва император дар рӯи мизи чуби чормағзиаш тамокудони ҳанӯз даҳонаш бозу қариб лаболаб пури Лудовики XVIII–ро ёфта буд, – дар Марсел, сарфи назар аз саъйу кӯшиши сардорони маҳаллӣ, таъқиботи байнихудӣ авҷ гирифт, ки дар Ҷануб доимо сар зада меистод; эҳтимоли он дошт, ки кор бо нидоҳое, ки ба сари роялистони дар хонаҳо ҷо шуда нишаста фурӯ мебориданду онҳояшонро, ки ҷуръат карда ба кӯча мебаромаданд ва дар пеши назари мардум мавриди таҳқир у дашном қарор меёфтанд, маҳдуд нагардад.
Дар натиҷаи тағйири шароит соҳибкори арҷманд, ки ба табақаи поёнии аҳолӣ мансуб буд, агар муқтадир нашуда бошад ҳам, – зеро ҷаноби Моррел шахси эҳтиёткор ва чун ҳамаи онҳое, ки роҳи батааннӣ ва душвори мансаби бозаргониро тай кардаанд, каме беҷуръат буд, – ба ҳар ҳол, гарчанд бонопартиҳои чолоктар, барои баэътидол буданаш ӯро маломат карда, аз вай пеш гузашта бошанд ҳам, он қадар эътибор пайдо карда буд, ки битавонист овоз барораду ибрози шикоят кунад. Ин шикоят чунон ки пай бурдандаш душвор нест, аз ваҷҳи Дантес буд.
Вилфор, қатъи назар аз заволи сардораш, дар мақоми худ қоим монд. Арӯсии вай гарчанде вайрон нашуда бошад ҳам, то фурсати андак мусоидтаре мавқуф гузошта шуд. Агар император дар сари тахт бештар дошт медод, ки он гоҳ ба Жерар лозим меомад, ки завҷаи дигаре ҷӯяд ва Нуартйе барои вай арӯс пайдо мекард; агар Лудовики XVIII бори дигар гашта меомад, дар он сурат нуфузи маркиз де Сен–Меран як бар ду меафзуд, чунон ки нуфузи худи Вилфор ҳам, – ва ин завҷият махсусан муносиб воқеъ мешуд.
Ба ҳамин тариқ, ёвари додситони подшоҳӣ дар олами маҳкамаи Марсел мавқеи аввалро ишғол карда буд, ки як пагоҳ омадани ҷаноби Моррелро ба арзи ӯ расонданд.
Каси дигар мебуд, ба истиқболи соҳибкор шитофта ва бо ҳамин камҷуръатии худашро нишон медод; вале Вилфор шахси оқил буд ва агар соҳибтаҷриба набошад ҳам, идроки баланде дошт. Ӯ Моррелро водор кард, ки дар даҳлез нигарон истад, чунон ки дар аҳди Реставратсия мекард; на аз он, ки ба коре банд буд, балки ҳамту аз он, ки таомул шудааст, то ёвари додситон водор кунад дар даҳлез интизораш бишаванд. Пас аз як рубъи соат чанд рӯзномаи мухталифравияро аз назар гузаронда, фармуд ҷаноби Моррелро даъват кунанд.
Моррел гумон дошт, ки Вилфорро маҳзун мебинад, вале ӯро айнан ҳамон тавре ёфт, ки якуним моҳ пеш аз ин буд, яъне ором, устувор ва комилан боназокати хунсард, ин бошад, дар байни монеаҳо бартарафношуданитарин монеаест, ки шахси оддиро аз шахси соҳибмавқеъ барканор медорад. Моррел тарафи кабинети Вилфор бо итминоне мерафт, ки вай меларзидагист, вале баръакс, ёвари додситонро, ки сари мизи таҳрир ӯро интизор нишаста буд, дида, худаш даступо хӯрд ва ба ларза афтод.
Моррел дами дар таваққуф кард. Вилфор ба ӯ чашм дӯхт, мисле ки намешинохта бошадаш. Ниҳоят, баъд аз лаҳзае хомӯш истодан, ки дар ин муддат соҳибкори номвар кулоҳро дар дасташ давр мезанонд, ӯ даҳон ба сухан кушод:
– Ҷаноби Моррел, агар иштибоҳ накунам?
– Оре, тақсир, ин манам, – ҷавоб гардонд соҳибкор.
– Марҳамат, дароед, – гуфт Вилфор бо ишорату ваҷоҳати ҳимоятгарона, – ва бигӯед, ба туфайли чӣ ба ин боздид шарафёб шудам ман?
– Магар худатон пай намебаред? – пурсид Моррел.
– Не, ҳаргиз пай набурда истодаам; вале бо вуҷуди ҳамин ман ҳозир астам ба муроди шумо коре бикунам, агар ин дар ихтиёри ман бошад.
– Ин кор пурра дар ихтиёри шумост, – гуфт Моррел.
– Хӯш, гап занед, чӣ коре будааст?
– Тақсир, – сар кард Моррел, илтимоси худашро одилонаву вазъияташро сареҳ ёфта ва батадриҷ хотирҷамъ шуда, – шумо дар ёд доштагистед, чанд рӯз пеш аз он, ки хабари баргаштани аълоҳазрати император гӯшзади хосу ом гардид, ман наздатон ба шафоатхоҳии як ҷавонмарди маллоҳ, ёвари нохудои киштии худам омада будам; ӯро, агар дар ёд дошта бошед, ба гумони иртибот доштан бо ҷазираи Элба гунаҳкор карда буданд; чунин робитаҳо, ки он вақт ҷиноят ба ҳисоб мерафт, ин дам ба мукофот ёфтан ҳуқуқ медиҳад. Он гоҳ шумо дар хидмати Лудовики XVIII будед ва ба айбдор амон надодед; ин вазифаи шумо буд. Акнун шумо ба Наполеон хидмат карда истодаед ва бояд каси бегуноҳро ҳимоят кунед; ин ҳам вазифаи шумост. Бинобар ҳамин ман омадам аз шумо пурсам, ки ҳоли вай чӣ шуд?
Вилфор хеле зӯр зада фикр кард.
– Чӣ ном дорад? – пурсид ӯ. – Марҳамат карда номашро бигӯед. – Эдмон Дантес.
Гумон мерафт, дар дуэли масофаи биступанҷқадама ба Вилфор пешонаашро ҳадафи тири рақиб қарор додан хуштар буд, нисбат ба шунидани ин ном, ки шарти ба рӯяш гуфта буданд; ҳол он ки аз шунидани ин ном ҳатто мижааш хам нахӯрд.
«Ҳеҷ кас маро ба он гунаҳкор кардан наметавонад, ки ин ҷавонмардро ба мулоҳизаҳои шахсӣ ҳабс кардаам», – ба дил гуфт Вилфор.
– Дантес? – такрор кард ӯ. – Шумо Эдмон Дантес мегӯед?
– Бале тақсир.
Вилфор дафтари калони қайдҳоеро, ки дар ҷевони шафаташ истода буд, кушод, баъд назди мизи дигаре рафта аз миз ҷудо шуда назди рафҳои пур аз ҷузъгир рафт ва ҷониби соҳибкор баргашта, бо овози ниҳоят табиӣ пурсид:
– Мабодо иштибоҳ накардаед–ку, ҷаноби бокарам?
Агар Моррел андаке рамузфаҳм мебуд ва аз вазъияти ин кор беҳтар хабар медошт, он гоҳ рафтори додситонро тааҷҷубовар меёфт, тааҷҷубовар аз он, ки вай доир ба кори ҳаргиз ба худаш дахл надоштае ба вай ҷавоб дода истоданро ба худаш эб дида буд; он гоҳ Моррел ба худаш суол медод: чаро Вилфор ӯро ба рӯйхати маҳбусон, ба назди сардорони ҳабсхонаҳо, ба назди сардори департамент нафиристод? Вале Моррел, ки баръабас нишонаҳои ваҳму ҳаросро меҷуст, дар рафтори ӯ фақат хайрхоҳиро медид. Вилфор дуруст ба ҳисоб гирифта буд.
– Не, – ҷавоб гардонд Моррел, – ман иштибоҳ накардаам; ман ин бечораро даҳ сол боз мешиносам, чор сол боз дар дастам хизмат мекунад. Якуним моҳ пеш аз ин – ёд доред? – ман аз шумо илтимос карда будам олиҳиммат бошед, чунон ки ин дам одил буданро илтимос мекунам; шумо боз маро ниҳоят номеҳрубон пазироӣ карда будеду ба пурсишҳоям берағбат ҷавоб гардонда будед. Он вақт роялистҳо нисбат ба бонопартиҳо номеҳрубон буданд!
– Ҷаноби бокарам, – ҷавоб гардонд Вилфор, зарбаро бо хунсардию чолокии ба шахси худаш хос рад карда истода, – ман роялист будам, даме гумон доштам, ки Бурбониён на фақат вориси қонунии тоҷу тахтанд, инчунин баргузидаи халқанд; аммо бозгашти ҳайратангез, ки мо шоҳидаш будем, ба ман исбот намуд, ки иштибоҳ карда будаам. Даҳои Наполеон пирӯз гардид: фақат императори ба дилҳо қарин – императори қонунист.
– Ба саломат, – хитоб кард Моррел, ба кушодагӯии андаке дурушт. – Шунидан хуш аст, вақте чунин сухан меронед шумо ва ман аз ин барои Эдмони бечора фоли нек мегирам.
– Сабр кунед, – гуфт Вилфор, дигар дафтари қайдеро варақ гардонда истодааст, – ба ёдам омада истодаас, маллоҳ, ҳамин тавр нест? Вай боз дар тараддуди хонадор шудан ба каталонидухтаре буд? Бале, бале, акнун ба ёдам омад; ин бисёр кори ҷиддие буд.
– Наход?
– Охир шумо медонед, ки аз ҳузури ман рост ба ҳабсхонаи назди маҳкама бурда буданд ӯро.
– Оре, баъд чӣ?
– Баъд ман ба Париж маълумотнома фиристодам ва коғазҳоеро, ки аз вай ёфта буданд, ба он илҳок кардам. Ман вазифадор будам ин корро кунам... Баъди як ҳафта маҳбусро гирифта бурданд.
– Гирифта бурданд? – нидо зад Моррел. – Лекин чӣ кор карданд бачаи бечораро?
– Натарсед! Ӯро, эҳтимол, ба Фенестрел, ба Пинйерол ё ба ҷазираҳои Маргаритаи пок фиристода бошанд, ки инро – бадарға кардан меноманд; ва як пагоҳии хушу хуррам наздатон гашта меояду дар киштии худаш фармонфармо мешавад.
– Бигзор ҳар вақт ки хоҳад гашта ояд: Ҷой аз они вай аст. Лекин то ин дам чаро гашта наомадааст? Мисли ин ки адлияи наполеонӣ дар навбати аввал боист онҳоеро озод мекард, ки адлияи роялистӣ ба маҳбас андохтааст.
– Ба айбдор кардан шитоб накунед, ҷаноби Моррел, – ҷавоб гардонд Вилфор, – дар ҳар кор риояти қонун зарур аст. Фармоиши ба маҳбас андохтан аз сардорони боло расида буд. Фармони озодиро ҳам аз сардорони боло бояд гирифт. Наполеон ҳамагӣ ду ҳафта пеш гашта омад. Фармоишоти озод кардани маҳбусон ҳоло фақат дар садади навиштан аст.
– Лекин ин расмиятбозиҳоро, – пурсид Моррел, – магар тезонидан мумкин нест? Охир мо ғалаба кардем–ку. Ман дӯстоне дорам, ёру ошнои бонуфуз дорам; ман ба бекор кардани ҳукм муваффақ мешавам.
– Ҳукм содир нашудааст.
– Хайр қарори ҳабс кардан.
– Дар корҳои сиёсӣ рӯйхати маҳбусон вуҷуд надорад; баъзан ҳукумат ба он манфиатдор аст, ки одам бе ному нишон ғоиб гардад; мавҷудияти рӯйхатҳо ба пеш гирифта шудани ҷустуҷӯ имкон медод.
– Хайр шояд дар аҳди Бурбониён ҳол чунин бошад, вале акнун...
– Дар ҳама гуна аҳд ҳол ҳамин аст, азизам ҷаноби Моррел; ҳукуматҳо якдигарро бадал мекунанд ва ба якдигар шабеҳанд; дастгоҳи ҷазое, ки дар аҳди Лудовики Чаҳордаҳум ба кор андохта шуда буд, имрӯз ҳам дар амал аст; фақат Бастилия вуҷуд надорад. Император дар риоя кардани дастури ҳабсхона ҳамеша аз Лудовики Чаҳордаҳум сахтгиртар буд ва миқдори маҳбусони ба рӯйхат надаромада бешумор аст.
Чунин ошкорбаёнии бо ҳусни таваҷҷӯҳ ҳар гуна каси мутмаинро бесилоҳ мегардонд, ҳол он ки Моррел ҳатто шубҳае надошт.
– Лекин бигӯед, ҷаноби де Вилфор, чӣ кор карданро маслиҳат медиҳед ба ман, то ки баргардондани Дантеси бечора тезонда шавад?
– Як чизро маслиҳат дода метавонам: ба номи вазири адлия ариза фиристед.
– Оҳ, ҷаноби де Вилфор! Чӣ будани аризаро мо медонем–ку: вазир ҳар рӯз аз ин аризаҳо дусадтоӣ мегирад ва ҳатто чортоашро ҳам хонда наметавонад.
– Оре, – гуфт Вилфор, – лекин аризаеро, ки дар ҳошияаш тазаккуре аз ҷониби ман шудаасту бе восита аз номи ман равон мешавад, мехонад.
– Ва шумо ирсоли ин аризаро ба ӯҳда мегиред?
– Бо камоли рағбат. Дантес пештар гунаҳкор буда метавонист, лекин ин дам вай гунаҳкор нест; ва ман вазифадор ҳастам озодии аз даст рафтаашро баргардонам ба вай, чунон ки ба маҳбас андохтанаш ҳам вазифаи ман буд.
Вилфор ба ҳамин тариқ тафтиши барои худаш хатарнокро пешгирӣ кард, тафтиши дур аз эҳтимол, вале ба ҳар ҳол имконпазирро, – тафтише, ки ба як бор ҳолашро табоҳ мекард.
– Ба вазир чӣ гуна ариза навиштан лозим аст?
– Ин ҷо шинед, ҷаноби Моррел, – гуфт Вилфор ҷои худашро ба вай пешниҳод карда. – Ман ба шумо имло мекунам.
– Шумо чунин хайрхоҳие доред ба ман?
– Тараҳҳум кунед! Биёед фурсатро аз даст надиҳем, бе ин ҳам хеле барбод рафт.
– Бале, бале! Фаромӯш накунед, ки бечора интизор аст, азоб мекашад, шояд ба навмедӣ афтода бошад.
Вилфор дар сари андешаи қисмати ҷавони зиндонӣ, ки дар сукунату зулмати зиндон ба вай лаънат мефиристад, як қад парид; вале ӯ ба дараҷае аз ҳаддаш гузашта буд, ки акнун пас гаштан имкон надошт: санги оси шӯҳратпарастии Вилфор бояд Дантесро маҷақ мекард.
– Ман омодаам, – гуфт Моррел, дар курсии нарми Вилфор нишаставу парқаламро ба даст гирифта.
Вилфор матни аризаеро имло кард, ки дар он, бешубҳа ба беҳтарин нияте, ватанпарастии Дантес ва хидмате, ки дар кори бонопартиён ӯ карда буд, бо муболиғат баён ёфт. Дар ариза Дантес ба сифати яке аз шарикони асосии баргардондани Наполеон муаррифӣ шуда буд. Яқинан, вазир, чунин номаро хонда, ҳамонзамонӣ бояд адолатро барқарор мекард, агар ин кор то ба ҳол ба субут нарасида бошад.
Даме ки ариза навишта шуд, Вилфор онро ба овози баланд хонд. – Нағз, – гуфт ӯ, – акнун ба ман умед бандед.
– Хӯш кай равон мекунед шумо инро?
– Худи ҳамин рӯз.
– Бо тазаккури худатон?
– Беҳтарин тазаккур он мешавад, агар ман шаҳодат диҳам, ки ҳар он чӣ дар ариза гуфта шудааст, ҳақ асту рост.
Вилфор дар курсии нарм нишасту дар як гӯшаи коғаз он чи лозим буд, сабт кард.
– Акнун маро чӣ мебояд кард? – пурсид Моррел.
– Интизор будан, – ҷавоб дод Вилфор. – Ман ҳамаашро худам ба ӯҳда мегирам.
Чунин бо итминон сухан рондан ба дили Моррел умеди тоза бахшид; ӯ бо димоғи чоқ аз назди ёвари додситони подшоҳӣ баромаду рафт ба пирамард Дантес хабар диҳад, ки ба қарибӣ вай ба дидори писараш мерасад.
Дар ин миён Вилфор ба ҷои он, ки аризаро ба Париж равон кунад, барои эҳтиёт дар дасти худаш нигоҳ дошт онро; ин аризаи дар ҳоли ҳозир барои Дантес наҷотбахш дар оянда ба нобуд гардидани худи Вилфор боис шуда метавонист, агар он чи аз рӯи вазъияти корҳо дар Аврупо чашмдор буданаш мумкин буду он гардише, ки воқиаҳо ҷараён гирифта метавонистанд, ба миён меомад, – яъне агар реставратсияи дуюмбора арзи вуҷуд мекард.
Ба ҳамин тариқ, Дантес зиндонӣ мондан гирифт; вайи дар зулмати зеризаминии худаш бенишону фаромӯшгардида, раъдосо вожгун шудани Лудовики XVIII ва он тундари аз ин ҳам муҳибтареро, ки аз фурӯ афтидани Империя бархоста буд, нашунид.
Лекин Вилфори ҳозиру нозир ҳеҷ чизро аз мадди назар дур намекард, ба ҳама чиз гӯш фаро медошт. Дар муддати бозгашти андаки Наполеон, ки Сад рӯзаш номидаанд, ду дафъа Моррел ҳамлаашро такрор карда ба озод гардондани Дантес исрор намуд ва ҳар ду дафъа ҳам Вилфор бо ваъдаву умед ӯро осуда кард. Ниҳоят Ватерлоо пеш омад. Моррел дигар дар назди Вилфор пайдо нашуд: ӯ барои дӯсти ҷавони худ ҳар чӣ дар қудрати инсон буд, ба ҷо овард; саъйу кӯшиши наве, дар замони реставратсияи дуюмбора, ӯро фақат беҳуда бадном мекарду бас.
Лудовики XVIII ба тахти худ баргашт. Вилфор, ки Моррели виҷдонашро беқароркунанда аз ёдаш берун намерафт, ба мансаби додситони подшоҳии Тулуза расид; пас аз ду рӯзи ба ин шаҳр кӯчидан ӯ ба маркиза Рене де Сен–Меран, ки падараш ин дам дар дарбори шоҳ ба лутфу марҳамати хоссае сазовор гардида буд, хонадор шуд.
Ана барои чӣ Дантес дар замони Сад рӯз ва баъди Ватерлоо, агар аз ёди мардум набошад ҳам, аз ёди худо рафта, дар зиндон мондан гирифт. Данглар, вақте ки ба Фаронса баргаштани Наполеонро дарёфт, донист, ки чӣ зарбае задааст ба Дантес; тири гузориши махфии ӯ ба нишон расида буд, ва чун ҳама касони дар ҷинояткорӣ соҳиби истеъдоди назаррасу дар зиндагии рӯзмарра қобилияти одмиёна дошта, вай ин тасодуфи булъаҷабро «гардиши фалак» номид.
Аммо даме ки Наполеон вориди Париж гардид ва боз садои таҳаккуму қудраташ ба гӯшҳо расид, Данглар ба таҳлука афтод. Ҳар дақиқа вай нигарони пайдо шудани Дантес буд, Дантесе, ки аз ҳама чиз бохабар буд, Дантеси қоҳиру ба ҳар интиқоме қодир. Он гоҳ вай майли тарки хидмати баҳрнавардӣ карданашро ба ҷаноби Моррел изҳор дошт ва хоҳиш кард ӯро ба як бозаргони кӯтарасавдои испонӣ тавсия диҳад ва охири март, яъне баъди даҳ ё дувоздаҳ рӯзи ба Туилрӣ баргаштани Наполеон, ба хидмати дафтардории ҳамон тоҷир дарома; вай ба Мадрид кӯчид ва дигар аз ҳолаш касе хабар наёфт.
Фернан – вай ҳеҷ чизро нафаҳмид. Дантес вуҷуд надошт, – ба вай ҳамин лозим буд вассалом. Ҳоли Дантес ба чӣ расид? Ӯ инро кӯшиши фаҳмидан ҳам накард. Тамоми саъйу кӯшиши вай ба он равона шуда буд, ки Мерседесро бо сабабҳои бофтаю хаёлии барнагаштани шавҳаршавандааш фиреб диҳад, ё ки ба тарҳи нақшаи ба чӣ тариқ аз ин ҷо рафтану ҳамроҳаш бурдани Мерседес машғул гардад; баъзан вай сари димоғаи Фаро, ки аз он ҷо ҳам Марсел менамуду ҳам Каталонҳо намудор буд, баромада менишасту бо табъи хира, чун мурғи соҳибчанголе нигоҳашро аз ҳар ду роҳ барнамеканд, мабодо маллоҳи дилрабо, ки ҳамроҳи худаш боист интиқоми беамон меовард, наомада истода бошад. Фернан ба қарори қатъие омада буд, ки Дантесро паронад, сипас худашро бикушад, то кушторро ҳақ барорад. Вале ӯ худашро фиреб медод; вай ҳаргиз даст ба худкушӣ намезад, зеро ҳоло ҳам умед дошт.
Дар ин миён, дар гирудори ин ҳама изтироботи аламовар император бо нидои раъдосояш охирин гурӯҳи сарбозон ва ҳамаи онҳоеро, ки қудрати силоҳ ба даст гирифтан доштанд, ба он даъват кард, ки туфанг ба даст гирифта, аз ҳудуди Фаронса берун раванд.
Дар қатори соири мардум Фернан ҳам, кулбаи худашу Мерседесро тарк карда, бо дили абгор, ки дар ғайбати ӯ, эҳтимол, рақибаш баргардаду ба оне хонадор шавад, ки вай дӯст медорад, – ба юриш рафт.
Агар Фернан ба худкушӣ қодир мебуд, дар лаҳзаи фироқи бо Мерседес тире ба худ мезад.
Дилсӯзии ӯ нисбат ба Мерседес, ҳамдардии сохтакоронааш ба мусибати ӯ, ҷаҳдаш, ки андаке хоҳиши ӯро пешакӣ ба ҷо меовард, таъсире расонданд, ки одатан садоқат ба дили мардуми соҳибҳиммат асар мекунад. Мерседес нисбат ба Фернан ҳамеша чун ба дӯсте меҳр дошт; эҳсосоти миннатдорӣ ин дӯстиро қавитар кард.
Додарам, – гуфт ӯ, кӯлворро ба китфи Фернан гузаронда истода, – дӯсти ягонаам, худатро эҳтиёт кун, маро дар ин дунё танҳо нагузор, дар дунёе, ки ашк мерезаму ғайр аз ту касе надорам.
Ин суханон, ки дар лаҳзаи видоъ ба забон омада буданд, умеди Фернанро ҷони тоза бахшид. Агар Дантес барнагардад, шояд, рӯзе фаро расад, ки Мерседес зани ӯ шавад.
Мерседес дар сари шахи урёни бегиёҳ ки дар назараш то ба ин дам ҳаргиз чунин бесамар нанамуда буд, дар баробари паҳнои беканори баҳр якаву танҳо монд. Бо оби дидаи шашқатор, чун он духтараки ақлбохтае, ки қиссааш дар ин диёр дар даҳони мардум аст, вай беист дар атрофи Каталонҳо такопӯ дошт; баъзан дар зери офтоби сӯзони ҷануб, беҳаракату лол чун муҷассамае рост меистоду ба Марсел менигарист: гоҳо дар лаби соҳил менишасту ба нолаи чун ғуссаи худаш мудоми баҳр гӯш меандохту аз худаш пурсон мешуд: оё беҳтар нест, ки ба пеш хам шаваду биафтад, ба гирдоби баҳр фурӯ равад, нисбат ба он, ки интизории баръабаси шадидро таҳаммул бикунад? На биму ҳарос боздошт варо аз худкушӣ, – вай дар ибодат тасалло ёфт ва ҳамин шуғл наҷоташ дод.
Кадруссро низ, чун Фернан, ба хизмат даъват карданд, лекин вай ҳашт сол аз ҷавонмарди каталонӣ калонтар буд, илова бар ин зан дошт, бинобар ин ӯро ба гурӯҳи сеюм дохил карда, ба муҳофизати қадди соҳил гузоштанд.
Пирамард Дантес, ки танҳо ба умед зинда буд, бо суқути император охирин талеаи умедаш хомӯш гардид.
Расо баъди панҷ моҳи фироқи писараш тақрибан дар ҳамон соате, ки Эдмон ҳабс гардида буд, вай дар дасти Мерседес ҷон дод.
Моррел тадоруки гуру чӯбро ба ӯҳда гирифт ва каму туб қарзеро, ки пирамард дами бемориаш ба он дучор омада буд, пардохт.
Ин рафтори на ин ки башардӯстона, балки ҷасуронае буд. Саросари Ҷанубро сӯхтори низои байнихудӣ фаро гирифта буд ва мадад кардан ба падари Дантес барин бонопартисти хавфнок, ҳатто дар сакароти аҷал, ҷинояте буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё