Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Падари ман баномус ва агар мӯҳтоҷӣ кашад ҳам, ба ҷуз аз худованд, дар олам аз ҳеҷ касе ёрӣ таваққуъ нахоҳад дошт.
– Хӯш, аз ҳоли падар хабар гирифта, умед дорам, ба назди мо меомадагистед?
– Бори дигар маъзарат мехоҳам, ҷаноби Моррел, вале ман вазифаи дигаре низ дорам, ки барои ман ҳамчунон пурарзиш аст.
– Оре! Ман фаромӯш кардаам, ки дар Каталанҳо, мисли падаратон, як каси дигаре бетоқатона интизор аст шуморо, – Мерседеси нозанин аст ӯ.
Дантес табассум кард.
– Ана гап дар куҷо будааст! – давом дод соҳибкор. – Акнун ман дарёфтам, барои чӣ вай се дафъа омада пурсон шуд, ки чӣ вақт дармерасад «Фиръавн». Ҷин занад, Эдмон, шумо хуштолеъ будаед, ошноятон кирои таъриф!
– Вай ошноям не, – бо лаҳни ҷиддӣ гуфт маллоҳ, – вай арӯсшавандаи ман.
– Баъзан ин ҳар ду як чиз, – ханда кард соҳибкор.
– На барои мо, – ҷавоб гардонд Дантес.
– Хуб шудааст, Эдмон, ман шуморо маътал намекунам. Шумо ин қадар хуб корҳои маро ба сомон расондед, ки ман бояд фурсат диҳам, аз они худатонро сомон диҳед. Оё пул лозим аст ба шумо?
– Не, лозим не. Тамоми ротибаи дар мӯҳлати шино гирифтаам, яъне маоши семоҳаам, пеши ман боқист.
– Шумо одами сариштакор, Эдмон.
– Фаромӯш накунед, ҷаноби Моррел, ки падари ман бенавост.
– Бале, бале, ман медонам, ки шумо писари хубед. Биравед ба назди падар. Ман ҳам писаре дорам ва хафа мешудам аз он касе, ки баъди фурқати семоҳа ба мулоқот карданаш бо ман монеъ мешуд.
– Пас шумо иҷозат медиҳед? – гуфт ҷавонмард таъзим карда.
– Биравед, агар ба ман дигар ҳеҷ гапе надошта бошед.
– Дигар ҳеҷ гапе.
– Нохудо Леклер дар сари сакарот барои ман ба шумо номае надодааст?
– Ӯ маҷоли навиштан надошт, вале суоли шумо ба ёдам овард, ки ман бояд аз шумо дуҳафтаина рухсат пурсам. – Барои арӯсӣ?
– Ҳам барои арӯсӣ, ҳам барои Париж рафта омадан.
– Бемалол. Мо ягон шаш ҳафта бор муфурорем ва на барвақттар аз се моҳ ба баҳр хоҳем баромад. Аммо баъди се моҳ бояд ин ҷо бошед, – давом дод соҳибкор, ба китфи ҷавонмард тап–тап зада. – «Фиръавн» бе нохудои худаш ба шино рафтан наметавонад!
– Бе нохудои худаш! – нидо зад Дантес ва чашмонаш аз шодӣ шарарбор шуданд. – Эҳтиёт карда гап занед, ҷаноби Моррел, зеро шумо ин дам ба умеде, ки дар ниҳонхонаи дили ман маскан гирифта буд, посух гуфтед. Шумо мехоҳед, ки маро нохудои «Фиръавн» таъйин кунед?
– Агар ман танҳо мебудам, азизам, ман ба шумо даст дароз мекардаму мегуфтам: «Масъала ҳал шуд! Лекин ман шарик дорам, шумо бошед, мақоли итолёвиро медонед: «Chi ha kompagno ha padrone»1 Аммо нисфи кор ба сомон расид, зеро аз ду раъй якеш ин дам ба шумо тааллуқ дорад ва барои шумо рӯёндани дуюмашро ба ман вогузоред.
– Оҳ ҷаноби Моррел! – нидо зад навҷавон дар чашмонаш ашк давр зада ва дасти ӯро фишурда, – аз номи падарам ва Мерседес ташаккур мегӯям ба шумо.
– Шуд, шуд, Эдмон, – барои мардуми поквиҷдон дар осмон худое ҳаст, ҷин занад! Падарро бинед, Мерседесро бӯсед, баъд ба назди ман оед.
– Оё шумо намехоҳед, ки ман шуморо ба соҳил барам?
– Не, ташаккур. Ман ин ҷо мемонаму ҳисобу китобро ҳамроҳи Данглар аз назар мегузаронам. Ҳангоми шино оё шумо аз вай розӣ будед?
– Ҳам розӣ, ҳам не. Ҳамчун рафиқ – не. Ӯ маро, аз он даме бад дид, ки як дафъа, гапамон гурехта, ман беақлӣ кардаму ба вай гуфтам, ки як– даҳ дақиқа дар ҷазираи Монте-Кристо таваққуф кунем, то баҳсамон яксара шавад; албатта, ман набояд инро мегуфтам, ва ӯ коре ақлонае кард, ки розӣ нашуд. Чун муҳосиб дар ҳаққи ӯ ягон гапи баде гуфтан раво нест ва шумо, ба гумонам, аз вай розӣ хоҳед шуд.
– Лекин бигӯед, Дантес, – суол кард соҳибкор, – агар шумо нохудои «Фиръавн» мебудед, бо амри дил Дангларро ҳамроҳатон нигоҳ медоштед?
– Ман хоҳ нохудо бошам, хоҳ ёвари нохудо, ҷаноби Моррел, ҳамеша ба шахсоне эҳтиромкорона рафтор хоҳам кард, ки ба боварии хоҷагони ман ноил гардидаанд.
– Кори дуруст мекунед, Дантес. Шумо аз ҳар ҷиҳат бачаи хубе ҳастед. Акнун биравед; мебинам, ки тоқататон тоқ шуда истодааст.
– Пас ман дар рухсатиям?
– Гуфтам–ку, биравед.
– Ба ман иҷозат медиҳед, ки заврақи шуморо гирам? – Бигиред.
– То боздид, ҷаноби Моррел. Ҳазор раҳмат ба шумо. – То боздид, Эдмон. Барори кор!
Маллоҳи ҷавон ҷаста ба заврақ фуромад, ба сари суккон нишасту фармуд ба самти кӯчаи Каннебйер бел зананд. Ду маллоҳ болои белҳо хам шаданду заврақ бо суръате пеш тохт, ки аз миёни дигар заврақҳои сершумор пеш рафтан имкон дошт, заврақҳое, ки гузаргоҳи танги байни ду қатори киштиҳои вурудгоҳи ба бандари соҳили Орлеанро гирифта буданд.
Соҳибкор табассум дар лаб то ба соҳил расидани ӯ аз пасаш назора карда, чӣ тавр хез зада ба роҳ баромадану дар миёни издиҳом ғоиб шуданашро дид, издиҳоми ҳар ранг либос дар бар кардае, ки аз соати панҷи субҳ то нӯҳи шом кӯчаи овозадори Каннебйерро пур мекарданд, кӯчае, ки фокейиҳои инзамонӣ аз мавҷудияташ ин қадар ифтихор доштанд; ифтихорашон то он дараҷае буд, ки ба тарзи комилан ҷиддӣ, бо лаҳни ба худашон хос мегуфтанд: «Агар Париж кӯчаи Каннебйер медошт, Париж Марсели хурдакаке мебуд?»
Баргашта назар карду соҳибкор дар пушти худаш Дангларро дид, ки ба назар гӯё фармоиши ӯро нигарон буд, вале дар асл, мисли ӯ, маллоҳи ҷавонро бо нигоҳаш гусел мекард. Вале дар ифодаи ин ду нигаристан, ки ҳар ду айни як шахсро назора мекарданд, фарқ аз замин то осмон буд.
II. ПАДАР ВА ПИСАР
Ҳоло ки Данглар аз эҳсоси адоват рӯҳбаланд гардида, саъй дорад рафиқи худро дар назари соҳибкор бадном кунад, мо аз паси Дантес равон мешавем. Ӯ кӯчаи Каннебйерро тай карда, аз кӯчаи Ноайл гузашт, ба хонаи на чандон калони воқеъ дар тарафи чапи гулгашти Мел даромад, бо зинапояи торик зуд ба ошёнаи панҷум баромаду бо як дасташ аз панҷараи сари зинапоя дошта, бо дасти дигар дили сахт–сахт зада истодаашро пахш карда, дар пеши дари нимроғ, ки аз он даруни кулбаро дидан мумкин буд, бозистод.
Дар ин як дар хонаи танг падари ӯ зиндагӣ мекард.
Хабари омадани «Фиръавн» ҳанӯз ба гӯши пирамард нарасида буд; вай болои курсӣ баромада, бо дастони ларзон настарану чиноракҳоеро, ки тирезаашро фаро гирифта буданд, ба тартиб меовард. Нохост касе аз ақибаш оғӯш кард ӯро ва овози шиносе ба гӯшаш расид:
– Дада!
Пирамард нидое заду баргашта назар кард. Писарро дида худашро ба оғӯши вай андохт, ранг аз рӯяш парида буду танаш меларзид.
– Ба ту чӣ шуд, дада? – пурсид навҷавон бесаришта шуда. – Ту нотоб астӣ?
– Не, не, Эдмони ширин, писарам, фарзандам, не! Вале ман туро интизор набудам... Ту маро дар ғафлат ёфтӣ... ин аз шодӣ. Худоё. Ба хаёлам, ки мемирам ман!
– Осуда бош, дада, ин манам охир. Ҳама мегӯянд, ки шодӣ зарар надорад ба кас, бинобар ин ман якрост ба наздат даромада омадам. Чеҳраатро кушо, ин хел ҳангу манг назар накун ҷонибам. Ман ба хона гашта омадам, акнун ҳама корҳо хуб мешавад.
– Боз беҳтар, фарзандам, – мегуфт дар ҷавоби ӯ пирамард, – лекин ба чӣ тариқ ҳама корҳо хуб мешавад? Магар дигар аз ҳам ҷудо намешавем? Ҳикоят кун ба ман аз хушбахтият!
– Кош бубахшояд маро худованд, ки аз бахти бар мусибати як хонадони тамом барпо шудаам шодӣ дорам, аммо худо ҳозир, ман хоҳони инчунин бахт набудам. Ин бахт ба пои худ омад ва ман қудрати ғам хӯрдан надорам. Нохудо Леклер даргузашт ва ҳеҷ аз эҳтимол дур нест, ки туфайли сарпарастии Моррел ҷои ӯ ба ман насиб гардад. Оё мефаҳмед, дада? Дар бистсолагӣ нохудо мешавам ман! Сад луидор маошу саҳме аз маблағи суд! Магар мани як маллоҳи бенаво чашмдор будам инро?
– Оре, писарам, гапат рост, – гуфт пирамард, – ин бахти бузург аст.
– Ва ман мехоҳам, ки бо нахустин пул шумо соҳиби ҳавлии боғчадоре гардед барои чинораку настарану мушолҳоятон.. Лекин чӣ шуд ба ту, дада? Тобат нашуда истодааст?
– Хавотир нашав, ҳеҷ гап не... Ҳозир мегузарад! Пирамард бефараҳ шуду ақибрӯ калавид.
– Ҳозир, дада! Як истакон май нӯш, ин ба ту қувват мебахшад. Майат дар куҷост?
– Не, ташаккур, наков, лозим не, – гуфт пирамард, ба боздоштани писараш саъй карда.
– Чӣ хел лозим набудааст!.. Бигӯед, дар куҷост май? Вай ҷевонро кову чов кардан гирифт.
– Наков... – гуфт пирамард. – Май нест...
– Чӣ хел нест? – нидо зад Дантес. Ӯ бо ҳарос гоҳ ба рухсораҳои чӯкидаи рангаш паридаи пирамард менигаристу гоҳ ба рафҳои холӣ.
– Чӣ хел май набудааст? Пулатон магар кифоя накард, дада?
– Ҳама чизам фаровон, модом ки ту бо ман астӣ, – ҷавоб дод пирамард.
– Охир, – зери лаб гуфт, Дантес, арақи рӯяшро пок карда, – дусад франк монда будам се моҳ пеш, ҳангоми ба сафар рафтанам.
– Ҳа, ҳа, Эдмон, вале ту, ба сафар рафта, баргардондани андак қарзи ҳамсояи мо Кадруссро аз ёдат баровардаӣ; вай онро ба ёди ман оварду гуфт, ки агар ман, ба ҷои ту напардозам онро, вай ба назди ҷаноби Моррел меравад. Ман тарсидам, ки ин ба ту зиён мерасонад.
– Хайр баъд чӣ?
– Ва ман пардохтам.
– Лекин ман охир аз Кадрусс як саду чил франк қарздор будам–ку?
– дод зад Дантес.
– Ҳа, – ғурунгид пирамард.
– Ва шумо ин маблағро аз дусад франки додаи ман пардохтед?
Пирамард калла зад.
– Ва се моҳи озод ба шаст франк зиндагӣ кардед?
– Чӣ лозим аз ин зиёдаш ба ман, – ҷавоб дод пирамард.
– Худоё! – нолиш кард Эдмон, дар пеши падар ба зону афтода.
– Чӣ шуд ба ту?
– Ҳаргиз намебахшам инро ба худам.
– Мон, – гуфт пирамард табассум дар лаб, – ту омадӣ ва ҳамааш фаромӯш шуд. Охир акнун ҳама ба хубист.
– Оре, ман омадам, – гуфт навҷавон, – бо беҳтарин умеду орзу гашта омадам ва бо як миқдор пул... Мана, дада, гиред, гиреду худи ҳозир кас фиристед ягон чиз харад.
Ва ӯ рӯи миз дувоздаҳ сиккаи тилло, панҷ–шаш тангаи панҷфранкӣ ва чанд пули майдаро фурӯ рехт.
– Инҳо аз они кист? – пурсид ӯ.
– Аз они худам... аз они ту... аз они мо! Бигир, озуқа хар, пулро дареғ надор, фардо боз меорам.
– Сабр кун, сабр кун, – гуфт пирамард бо табассум. – Бо иҷозаи ту ман батааннӣ сарф мекунам, агар ман якбора хариди зиёде кунам, мабодо мардум гумон набаранд, ки барои ин кор гашта омадани туро мунтазир шуданам зарур будааст.
– Ҳар чӣ дилат хоҳад, бикун, вале пеш аз ҳама хидматгорзане киро кун. Ман намехоҳам, ки ту танҳо умр ба сар барӣ. Дар таҳхонаи киштӣ қаҳваю тамокуи қочоқие дорам; худи пагоҳ, онҳоро мегирӣ. Хомӯш! Касе меояд.
– Ин бояд Кадрусс бошад. Расидани туро фаҳмида омадагист, ки бо саодат баргаштанатро муборакбод кунад.
– Ана касе, ки дар забон як гапу дар дил дигар андеша дорад, – гуфт зери лаб Эдмон. – Лекин ҳамту бошад ҳам, вай ҳамсояи мост ва як замоне хидмате карда буд ба мо! Бо навозиш пешвоз мегиремаш.
Эдмон суханашро ба анҷом нарасонда буд, ки дами дар сари бо риши сиёҳи Кадрусс пайдо шуд. Ин як шахси бист–биступанҷсолае буд; дар дасташ як порча моҳутро дошта меистод, ки ӯ, ба тақозои пешаи хайётиаш, ният дошт онро ба пӯшоке табдил диҳад.
– Ҳа! Омадӣ, Эдмон! – гуфт ӯ бо лаҳни сахт ба аҳли Марсел хосаш бо табассуми фарохе, ки тамоми дандонҳояш намудор шуда меистоданд, дандонҳои оҷ барин сап–сафедаш.
– Чунон ки мебинед, ҳамсояам Кадрусс, ба хизмат омодаам, агар эҳтиёҷе ҳаст, – ҷавоб гардонд Дантес, дар зери оҳанги илтифоткорона дилсардиашро базӯр ниҳон дошта.
– Банда миннатдорам. Хушбахтона, ба ман ҳеҷ чи лозим нест ва ҳатто баъзан дигарҳо ба ман эҳтиёҷманд мешаванд. (Дантес як қад парид). Ман туро дар назар надорам, Эдмон. Ман ба ту пул қарз дода будам, гардонда додӣ, ин таомули ҳамсояҳои нек аст ва ҳисоби мо баробар шуд.
– Бо оне, ки ба мо мадад кардааст, ҳаргиз ҳисоби кас баробар намешавад, – гуфт Дантес. – Ҳар гоҳ пули қарз баргардонда шавад ҳам, қарзи миннат боқӣ мемонад.
– Инро ба миён овардан чӣ ҳоҷат? Он чӣ буд, гузашту рафт. Беҳтараш аз босаодат омадани ту гап занем. Ман ба ҷустуҷӯи моҳути дорчинӣ бандар рафта будам ва бо ошнои ту Данглар вохӯрдам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё