Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Шаб Дантес табақчаро дар сари роҳи аз дар то миз, рӯи фарш гузошт; зиндонбон ҳангоми даромадан ба хона по ба рӯи он гузошт ва табақча шикаст.
Ин дафъ Дантесро коҳиш кардан ҳоҷат надошт; вай беҳуда табақчаро рӯи фарш гузошта буд, ин дуруст аст, лекин айб аз зиндонбон буд, чун ки ба пеши пояш назар накард.
Зиндонбон ғур–ғур карду халос, баъд чашм давонд, ки шӯрборо ба чӣ андозад, вале зуруфи Дантес буду шуд аз ҳамин табақча иборат буду бас.
– Дегчаро монед, – гуфт Дантес, – пагоҳ мегиред, даме ки ба ман субҳона овардед.
Ин маслиҳат ба зиндонбон хуш омад; ин ӯро аз дахмасаи боло баромадан, гашта фуромадан ва бори дигар баромадан халос мекард.
Ӯ дегчаро фурӯ гузошт.
Дантес аз шодӣ ба ҳаяҷон омад.
Ӯ шӯрбою гӯшти говро, ки аз рӯи таомули ҳабсхонаҳо, даруни шӯрбо андохта меоварданд, зуд хӯрд. Баъд як соати тамом нигоҳ карда истод, то итминон ҳосил кунад, мабодо зиндонбон аз нияташ нагашта бошад, вай катро тела дод, дегчаро гирифт, сари дастаи оҳанинашро ба роғе даровард, ки баъди кандани андова байни тобасангу сангҳои ҳамшафаташ пайдо шуда буд ва чун бо чангак амал кардан гирифт. Андак– андак ларзидани девор ба Дантес чунин вонамуд кард, ки кор пеш мерафтагӣ барин.
Ва дарвоқеъ, баъди як соат санг хест, дар девор чуқурие пайдо шуд тақрибан яку ним фути мураббаъ.
Дантес пораҳои оҳакро эҳтиёткорона як ҷо ҷамъ кард, ба кунҷи хона бурд, бо сафолпораи кӯза замини тираро кофту бо он оҳакро пӯшонд.
Баъд барои он ки ягон дақиқаи ин шаб баръабас наравад, шабе, ки ба туфайли мавриди қулай ё, аниқтараш, чораҷӯии худаш, вай метавонист аз олати бебаҳо истифода барад, бо хашм корро давом додан гирифт.
Ҳамин ки субҳ дамид, вай гашта сангро ба ҷояш гузошт, катро ҷониби девор тела доду дароз кашида хоб рафт.
Субҳона аз як тикка нон иборат буд. Зиндонбон даромаду тиккаи нонро рӯи миз гузошт.
– Шумо табақчаи дигар наовардаед ба ман? – пурсид Дантес.
– Не, наовардаам, – ҷавоб гардонд зиндонбон, – шумо ҳама чизро мешиканед; шумо кӯзаро шикастед; ба айби шумо ман табақчаатонро шикастам; агар ҳамаи маҳбусон ин миқдор мешикастанд, ҳукумат онҳоро таъмин карда наметавонист. Дегчаро ба шумо мемонанд ва шӯрборо ба он меандозанд; шояд баъди ҳамин шикастани зарфҳоро бас кунед шумо.
Дантес чашмонашро сӯи осмон карду дастонашро ба тарзе, ки ибодат мекунанд, дар зери кӯрпа рӯи ҳам гузошт.
Ин пораи оҳан, ки ба дасти вай афтода буд, дар дилаш чунон миннатдорие ангехт, ки пеш аз он ҳаргиз иттифоқ наафтода буд, ҳатто дар саодатмандтарин дақиқаҳои умраш.
Фақат як чиз кайфашро паронд. Вай пайхас кард, ки аз дами ба кор шурӯъ карданаш аз он каси дигар садое намебарояд.
Вале ин ҳаргиз чунин маъно надошт, ки вай аз нияташ гаштанӣ бошад; агар ҳамсоя ба наздаш наояд, худи ин ба назди ҳамсоя меравад.
Рӯзи дароз вай дам нагирифта кор кард; то бегоҳ аз баракати олати нав аз девор зиёда аз даҳ ҳавуч регу оҳак баровард.
Даме ки соати наҳор фаро расид, дастаи қатшударо то он ҷое, ки имкон дошт, рост карду дегчаро дар ҷояш гузошт. Зиндонбон вояи муқаррарии шӯрборо бо пораи гӯшти гов ё, аниқтараш, гӯшти моҳӣ ба он рехт, зеро рӯз рӯзи бегӯшт буд, вале маҳбусонро ҳафтае се рӯз водор мекарданд, ки хӯроки бегӯгушт хуранд. Ин ҳам метавонист барои Дантес ба сифати тақвим хизмат кунад, агар кайҳо вай аз баҳри ҳисоб кардани рӯзҳо намебаромад.
Зиндонбон шӯрборо ба дегча андохту баромад.
Ин дафъа Дантес қарор дод аниқ кунад, ки оё корро бас кардани ҳамсояаш рост бошад ё не.
Вай ба гӯш андохтан даромад.
Ҳама ҷо хомӯш буд, чун он се рӯзе, ки кор ба таътил афтода буд. Дантес оҳ кашид; муқаррар, ки ҳамсоя аз вай ҳаросидааст.
Лекин вай руҳашро бой надод ва ҳамчунин кор мекард; вале, ягон се соат кор карда, ба монеае рӯбарӯ зад.
Дастаи оҳанини дегча дигар наметарошид, балки дар сатҳи ҳамворе мелағзид.
Дантес деворро даст–даст карда дид ва дарёфт, ки ба шоҳтир бархӯрдааст.
Шоҳтир тамоми сӯрохии кандаи ӯро масдуд мекард.
Акнун аз шоҳтир болотар ё поёнтар кофтан лозим аст.
Ҷавони сарсахт аз пеш омадани чунин монеа гумон ҳам надошт.
– Эй худоҷон, э худоҷон! – нидо зад ӯ. – Ман ин қадар зорӣ доштам ба ту, умедвор будам, ки илтиҷоямро мешунавӣ! Парвардигоро, ту фароғати умрамро гирифтӣ, осоиши маргамро гирифтӣ, сӯи ҳастиям хондӣ, пас раҳм кун бар ман, парвардигоро, намон ки дар навмедӣ бимирам!
– Кист ки бо чунин ҷӯшу хурӯше аз худову аз навмедӣ ҳарф мезанад? – ба забон омад овозе, ки гӯё аз зери замин ба гӯш мерасид; овоз, ки девори ғафс пахшаш карда буд, дар гӯши маҳбус, чун нидо аз гӯр садо дод.
Эдмон ҳис кард, ки мӯйҳои сараш рост хеста истодаанд; аз сари зону барнахоста, вай аз пеши девор ақибноки рафтан гирифт.
– Ман овози одамиро мешунавам! – зери лаб гуфт ӯ.
Дар тӯли чор–панҷ сол Эдмон фақат овози зиндонбонро мешунид, вале барои зиндонӣ зиндонбон – на одам аст; ин дари зинда аст бар болои дари булутӣ, ин сихи зинда аст бар болои сихҳои оҳанӣ.
– Аз барои худо, – дод зад Дантес, – гап занед, боз гап занед, агар чи овозатон ба даҳшат овард маро. Кистед шумо?
– Худи шумо кӣ ҳастед? – пурсид овоз.
– Зиндонии сарсахт – андеша накарда ҷавоб гардонд Дантес.
– Чӣ миллате?
– Фаронсавӣ.
– Номат чист?
– Эдмон Дантес.
– Чӣ рутба доред?
– Маллоҳ.
– Кай боз дар ин ҷоед?
– Аз бисту ҳаштуми феврали соли як ҳазору ҳашт саду понздаҳум.
– Бо чӣ гуноҳе?
– Ман гуноҳ надорам.
– Лекин ба чӣ айбдор куардаанд?
– Ба иштирок доштан дар суиқасде бо мақсади гардонда овардани император.
– Чӣ тавр? Гардонда овардани император? Магар император дигар соҳиби тахту тоҷ нест?
– Ӯ соли як ҳазору ҳашт саду чордаҳум дар Фонтенбло аз тахту тоҷ даст кашид ва ба ҷазираи Элба фиристода шуда буд. Лекин худи шумо – кай боз дар ин ҷоед, ки инро намедонед?
– Аз соли як ҳазору ҳашт саду ёздаҳум.
Дантес оҳ кашид. Ин шахс нисбат ба вай чор сол пештар ба ҳабс афтода будааст.
– Хайр майлаш, кофтанро бас кунед, – шитобкорона ба гап даромад овоз. – Лекин фақат гӯед ба ман, сӯрохе, ки шумо кофтаед, дар чӣ баландист?
– Бо замин баробар.
– Чӣ чиз онро панаҳ медорад.
– Кати ман.
– Дар муддате, ки шумо дар маҳбасед, оё кататонро аз ҷояш беҷо кардаанд?
– Ҳаргиз не.
– Роҳи баромади хонаи шумо сар ба куҷо дорад?
– Ба роҳрав.
– Роҳрав чӣ?
– Ба рӯи ҳавлӣ мебарояд.
– Чӣ бадбахтие? – ба забон овард овоз.
– Э худоҷон! Чӣ шудааст? – пурсид дантес.
– Ман иштибоҳ кардаам; номукаммалии нақшаам ба роҳгумӣ бурдааст маро; набудани паргор ҳоламро табоҳ кард; иштибоҳи як хат дар нақша дар воқеият понздаҳ футро ташкил додааст; ман девори шуморо девори беруни қалъа гумон бурдаам.
– Лекин охир нақби шумо то ба баҳр мебурд–ку?
– Ман ҳаминро мехостам.
– Агар ин ба шумо муяссар мешуд...
– Ман ба шино медаромадам, то яке аз ҷазираҳои атрофи қалъаи Ифшино карда мерафтам, то ҷазираи Дом, ё то Тибулен, ё то соҳил ва наҷот меёфтам.
– Магар чунин масофаеро ба шино тай карда метавонистед шумо?
– Парвардигор қувват мебахшид ба ман. Акнун ҳамааш барбод рафт.
– Ҳамааш?
– Ҳамааш. Ҳар чи мумкин аст бо эҳтиёт сӯрохатонро маҳкам кунед, дигар наковед, ҳеҷ кор накунед ва хабар додани маро мунтазир шавед.
– Охир кистед шумо?.. Ақаллан бигӯед ба ман, кистед шумо? – Ман... ман – рақами бисту ҳафтум.
– Шумо ба ман бовар надоред? – пурсид Дантес.
Заҳрханде ба гӯши ӯ расид.
– Ман як насронии некдилам! – нидо зад ӯ, ба савқи табиӣ ҳис карда, ки мус оҳиби аз назар ниҳонаш ӯро тарк карданист. – Ва қасам ба номи худованд, ки ман ғолибан худамро ба куштан медиҳам, назар ба он ки як сари мӯ ҳақиқатро ба ҷаллодони шумову худам ошкор бикунам; ё, савганд ба номатон, сарамро ба девор зада маҷақ мекунам, зеро қуввату тавонам поён меёбад, ва хунам дар гардани шумо хоҳад буд.
– Чандсолаед шумо? Аз рӯи овозатон ҷавон менамоед.
– Ман намедонам, ки чандсолаам, зеро ман дар ин ҷо ҳисоби вақтро гум кардаам. Фақат медонам, ки ҳангоми маро ҳабс карданашон, бисту ҳаштуми феврали соли як ҳазору ҳашт саду понздаҳум нуздаҳро пур накарда будам.
– Пас шумо ҳанӯз ба бистушаш надаромадаед, – гуфт овоз. – Дар ин син ҳанӯз хоин будан мумкин нест.
– Не! Не! Савганд ба номатон! – такрор кард Дантес. – Ман пеш аз ин гуфтам ба шумо, бори дигар мегӯям, ки ғолибан маро пора–пора мекунанд, назар ба он ки хиёнате кунам ба шумо.
– Шумо хуб кардед, ки бо ман ҳамгап шудед, хуб кардед, ки аз ман илтимос намудед, набошад ман алакай дар тараддуди он будам, ки нақшаи дигаре тартиб диҳам ва хостам аз шумо канора ҷӯям. Лекин синни шумо хотирҷамъ мекунад маро, наздатон меоям ман, интизорам бошед.
– Кай?
– Инро ҳисоб карда баромадан лозим; ман бо ишорате хабар медиҳам ба шумо.
– Лекин шумо тарк намекардагистед маро, шумо маро танҳо намегузоштагистед, шумо назди ман меомадагистед ё мемондагистед ман наздатон равам? Мо ҳамроҳ мегурезем, лекин агар гурехтан мумкин нашавад, ҳамроҳ гап мезанем – шумо дар бораи онҳое, ки дӯсташон медоштед, – ман – дар бораи онҳое, ки дӯсташон медоштам. Шумо ягон касро дӯст медоштагистед–ку?
– Ман дар рӯи олам як худам.
– Хӯш ба ман дил мебандед: агар шумо ҷавон бошед, ман рафиқатон мешавам; агар пирмард бошед, ман писаратон мешавам. Ман падар дорам, ки ин дам ҳафтодсола аст, агар зинда бошад; ман фақат ӯро дӯст медораму духтараке, ки Мерседес ном дорад. Падарам маро фаромӯш накардагист, бовар дорам ман ба ин; вале духтарак... чӣ донад кас, ба ёд меоварда бошад маро ё не! Ман шуморо дӯст хоҳам дошт, чунон ки падарамро дӯст медоштам.
– Хуб шудааст, – гуфт марди зиндонӣ, – то фардо.
Ин суханон тарзе садо доданд, ки зуд бовар кард Дантес; дигар ҳеҷ чиз лозим набуд ба вай; ӯ бархост, чун ҳарвақта, хокрӯбаи аз девор берун овардаашро панаҳ карду катро тарафи девор тела дод.
Сипас билкул ба оғӯши саодат супурд худашро. Аз ин пас ӯ, эҳтимол, танҳо нахоҳад буд; шояд гурехтан ҳам муяссар шавад. Агар дар ҳабсхона монад ҳам, ба ҳар ҳол рафиқе хоҳад дошт; бо ҳам дидани маҳбас – ин дигар нисфи маҳбас аст. Шиквае, ки бо шарике ба забон меояд, – қариб ки ибодат аст; ибодате, ки дукаса ба забон меоваранд, – қариб ки хайру баракат аст.
Рӯзи дароз Дантес дар зиндони худаш пасу пеш қадам мезад. Шодӣ бӯғияш мекард. Баъзан рӯи бистар нишаста даст ба сина пахш мекард. Баробари андак садои аз роҳрав бароянда ҷониби дар метохт.Гоҳе воҳима мегирифташ, мабодо ки аз ин шахс ҷудо накунандаш, шахсе, ки вай намешинохт ӯро, вале чун дӯсте дил баста буд ба вай. Ва ӯ тасмим гирифт: агар зиндонбон катро тела диҳаду сар хам кунад, ки ба сӯрох нигарад, ӯ бо санге, ки кӯзаи об болояш истодааст, зада сарашро маҷақ мекунад.
Ӯро ба марг маҳкум мекунанд, вай медонист инро; лекин магар вай аз ғусаву ноумедӣ дар он дақиқае намурда истода буд, ки ҳамин гурс– гурс афсунгарона ба гӯшаш расида, ӯро ба олами зиндагӣ баргардонда буд?
Бегоҳӣ зиндонбон омад. Дантес рӯи кат мехобид; ба назараш чунин расид, ки ба ин тариқ сурохи нимкораро беҳтар муҳофизат мекунад. Аз афташ вай ба аёдатгари шилқин ба чашми ҳайратбор нигариста буд, ки вай ба Дантес гуфт:
– Чӣ? Боз девона шуда истодаед магар?
Дантес ҷавоб нагардонд. Ӯ метарсид, ки овози ларзонаш фош мекунадаш. Зиндонбон сарашро ҷунбонда–ҷунбонда аз дар баромад. Ҳангоме ки шаб фаро расид, Дантес умед баст, ки ҳамсояаш аз барои идома додани сӯҳбати нотамомашон аз хомӯшӣ ва торикӣ истифода мебурдагист; лекин вай иштибоҳ карда буд: шаб гузашту умедвории саросемавори ӯро бо ягон ҳарфе тасалло надод. Аммо пагоҳӣ баъди омада рафтани зиндонбон вай катро аз девор дуртар ғеҷонда, се зарбаи муназзамро шунид; вай ба зону афтод.
– Ин шумоед? – пурсид ӯ. – Ман дар ин ҷо.
– Зиндонбон рафт? – пурсид овоз.
– Рафт, – ҷавоб гардонд Дантес, – ва танҳо бегоҳ меояд; дар ихтиёри мо дувоздаҳ соат аст.
– Хӯш амал кардан мумкин аст? – пурсид овоз.
– Бале, бале, зудтар, худи ҳамин дақиқа, зорӣ мекунам ба шумо!
Ҳамон дам замине, ки Дантес ҳар ду дасташро ба он такя дода истода буд, дар зери пояш ба ҷунбиш омад; вай якбора худро ақиб кашид ва дар ҳамон лаҳза тӯдаи хоку санг ба чоҳе фурӯ рехт, ки дар зери сӯрохи кофтаи ӯ боз шуда буд. Он гоҳ аз чоҳи торик, ки умқашро вай натавонист ба нигаристан муқаррар кунад, сар. китф ва ниҳоят тамоми ҷуссаи касе намудор гардид, ки тарзи аз рахна баромаданаш аз чолокӣ холӣ набуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё