Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дантес ба андеша рафт.

– Мана он, ҳарф ба ҳарф:

«Як нафар мухлиси тахту дин ҷаноби додситони подшоҳиро аз он огоҳ мегардонад, ки ёвари нохудои киштии «Фиръавн» Эдмон Дантес имрӯз аз Смирна расид, ки сари роҳ ба Неапол ва Порто–Феррайо даромада буд, аз Мурат ба номи ғосиб номае дошт, вале аз ғосиб номае ба унвони кумитаи бонопартиён дар Париж.

Агар вай дастгир шавад, номаи ӯро фошкунанда аз ҷайбаш ёфт мешавад, ё аз дасти падараш ва ё аз каютааш дар «Фиръавн».

Аббат китф дар ҳам кашид.

– Рӯз барин равшан, – гуфт ӯ, – ҷудо ҳам содадил будаед, ки зуд пай набурдаед.

– Хӯш шумо гумон доред, ки... – нидо зад Дантес. – Чӣ разолат! – Ҳусни хати Данглар чӣ хел буд?

– Бисёр зебо ва хоно, андак моил ба тарафи рост.

– Лекин хати маълумотнома чӣ хел буд?

– Моил ба тарафи чап.

Аббат табассум кард.

– Тағйир додааст!

– Ҳусни хат чунон устувор буд, ки гумон аст тағйир дода бошад. – Сабр кунед, – гуфт аббат.

Ӯ қаламро, ё аниқтараш, он чиро, ки қалам меномид, ба ранг тар карду ба рӯи катони ба ҷои коғаз аввалин сатрҳои маълумоти махфиро навишт.

Дантес якбора худро ақиб кашиду ба аббат назар кард.

– Аз ақл дур! – хитоб кард ӯ. – То чӣ дараҷа монанд ин хат ба он!

– Гузориш ба дасти чап навишта шудааст. Ман бошам мушоҳидаи аҷибе кардаам, – давом дод аббат.

– Чӣ гуна мушоҳида?

– Ҳама хатҳои бо дасти рост навишта мешудагӣ аз якдигар фарқ доранд, лекин ҳусни хати дасти чапи ҳама ба якдигар монанд.

– Ҳамаро омӯхтаед–а!.. Ҳамаро медонед!

– Давом медиҳем.

– Оё ба ягон кас лозим буд, ки шумо ба Мерседес хонадор нашавед? – Оре, ба як ҷавонмарде, ки ӯро дӯст медошт.

– Номи ӯ?

– Фернан.

– Номи испанӣ.

– Вай каталонист.

– Оё гумон мекунед, ки вай хабаркашӣ мекарда бошад?

– Не, вай корд мезад ба ман, тамом вассалом.

– Оре, ин ба руҳияи испаниҳо мувофиқ аст: куштор, вале, на разолат.

– Охир вай тафсилоти дар гузориш баён шударо ҳатто намедонист.

Шумо тафсилоти онро ба ҳеҷ кас нагуфта будед? – Ба ҳеҷ кас.

– Ҳатто ба арӯсатон ҳам?

– Ҳатто ба вай ҳам.

– Пас ин Данглар.

– Акнун ба ин бовар дорам.

– Сабр кунед... Оё Данглар Фернанро мешинохт?

– Не... Оре... Ба ёдам расид!

– Чӣ?

– Як рӯз пеш аз арӯсии ман онҳо сари як миз дар майкадаи пирамард Памфил нишаста буданд. Данглар меҳрубон буду вақтчоқ, вале Фернан рангпарида буду хиҷил.

– Онҳо фақат ду кас буданд?

– Не ҳамроҳашон каси сеюм нишаста буд, як шиноси нағзи ман: ана ҳамон, ростӣ, ки шинос кардааст онҳоро... дарзӣ Кадрусс. Лекин вай алакай маст буд... Истед... истед... Чи тавр барвақттар ба хотирам наёмадааст! Дар рӯи мизе, ки онҳо май менӯшиданд, давот истода буд, коғаз, қалам. (Дантес даст ба пешона кашид). Оҳ! Разилон, разилоне!

– Мехоҳед боз ягон чиз донед? – пурсид аббат бо табассум.

– Бале, бале, шумо ин қадар сарфаҳм меравед ҳамаашро, ин қадар ба сароҳат мебинед ҳамаашро. Ман мехоҳам бидонам, ки барои чӣ маро фақат як бор бозпурсӣ карданд, чаро бе мурофиа гунаҳкор карданд?

– Инаш андак мураккабтар, – гуфт аббат. – Тариқати адлия торик асту сарбаста, ба он сарфаҳм рафтан душвор.Кирдори ҳар ду душманони шуморо аз назар гузарондан – мисли бозии бачагон буд, акнун бошад, аниқтарин баёноте доданатон лозим меояд ба ман.

– Марҳамат, бипурсед. Шумо ба ростӣ зиндагии маро аз худам беҳтар медонистаед.

– Кӣ шуморо истинтоқ карда буд? Додситони подшоҳӣ, ё ки ёвари ӯ ва ё муфаттиш?

– Ёвари додситон.

– Ҷавон буд ё пир?

– Ҷавон, ягон бистуҳафтсола.

– Ҳӯш, ҳанӯз ахлоқан солим, вале алакай шӯҳратпараст, – гуфт аббат. – Муомилааш бо шумо чӣ хел буд?

– Ғолибан навозишкор, на ин ки сахтгир.

– Шумо ҳамаашро ба вай ҳикоят кардед?

– Ҳамаашро.

– Муомилааш ҳангоми бозпурсӣ тағйир ёфта буд ё не?

– Як лаҳзае, вақте ки номаро хонда фуровард, ҳамон номае, ки далели муқобили ман буд, ӯ, мисле, ки аз бадбахтии ман ба изтироб омад.

– Аз бадбахтии шумо?

– Бале.

– Ва шумо итминон доред, ки вай маҳз аз бадбахтии шумо ғусса хӯрда буд?

– Ба ҳар ҳол вай дилсӯзиашро баръало собит кард ба ман.

– Дилсӯзиаш аз чӣ иборат буд?

– Ӯ ягона далелеро, ки ба ман зиён оварданаш мумкин буд, сӯзонд. – Кадом далел? Гузориши махфиро?

– Не, номаро.

– Шумо итминон доред ба ин?

– Ин дар пеши чашмам ба амал омад.

– Ин ҷо ягон гап ҳаст. Ба назарам, ки ин ёвари додситон зиёда аз гумони кас разили пасте будааст.

– Ҳурмати виҷдон, ларза мегирад маро, – гуфт Дантес, – наход ки олам пур аз бабру тимсоҳ бошад?

– Оре; фақат бабрҳои дупою тимсоҳҳои хавфноктар аз ҳамаи дигар тимсоҳҳо.

– Хуб, давом медиҳем!

– Майлаш. Шумо мегӯед, ки вай номаро сӯзонд?

– Бале, боз илова кард: «Дидед, ба муқобили шумо фақат як далел ҳаст ва ман онро нобуд мекунам».

– Ин рафтори ниҳоят наҷибона ва аз ҳамин ҷиҳат ғайри табиист.

– Шумо гумон доред?

– Ман бовар дорам. Мактуб ба номи кӣ буд?

– Ба номи ҷаноби Нуартйе, Париж, кӯчаи Кок–Эрон, рақами сездаҳ. – Оё фикр намекунед, ки ёвари додситон ба он манфиатдор будааст, ки ин нома ғоиб шавад?

– Шояд; ӯ чанд дафъа маро маҷбур кард ваъда диҳам – гӯё ки барои манфиати ман бошад, – дар бораи ин нома ба касе лаб накушоям ва маро қасам дод, ки ҳаргиз номи дар лифофа сабт ёфтаро ба забон нагирам.

– Нуартйе! – такрор кард аббат. – Нуартйе! Ман як Нуартйеро медонистам дар дарбори собиқ шаҳбонуи Этрурия; як Нуартйеро мешинохтам – жерондист дар аҳди инқилоб. Лекин ёвари додситони шумо чӣ ном дошт?

– Де Вилфор.

Аббат қоҳ–қоҳ зада хандид.

Дантес бо ҳайрат ба вай назар кард.

– Ба шумо чӣ шуд? – гуфт ӯ.

– Ин шуои офтобро мебинед? – пурсид аббат.

– Мебинам.

– Хӯш, ин тавр бошад, гӯш кунед; акнун кори шумо барои ман аз ин шуъо равшантар аст. бачаи бечора! Ва ӯ навозишкор буд бо шумо? – Оре.

– Ин марди шоиста, номаро сӯзонд, нобуд кард?

– Оре.

– Паймонкори бошарафи ҷаллод шуморо қасам дод, ки ҳаргиз номи Нуартйеро ба забон наёред? – Оре.

– Лекин Нуартйе, эй кӯри сарсахт, оё медонед, ки чӣ кас аст ин Нуартйе? Ин Нуартйе – падари вай!

Агар дар пеши пои Дантес барқ фуруд омадаву чоҳи мӯҳлике ба вуҷуд меовард, ки дар таҳташ вай сақарро медид, ба ин ногаҳонӣ зарбае бар вай расидаву аз он моту мабҳут намешуд, ки аз суханони аббат шуда буд. Ӯ ҷаста хесту бо ҳар ду даст сарашро дошт.

– Падараш! Падари вай! – фиғон кард Дантес.

– Оре, падари вай, ки Нуартйе де Вилфор ном дорад, – ҷавоб гардонд аббат.

Ва онгоҳ нури чашмхиракунандае андешаҳои Дантесро равшан кард; ҳар он чи пештар ба назараш торик менамуд, ба як бор зери нури баланд ба ҷилва омад. Рафтори мутағайири Вилфор ҳангоми бозпурсӣ, нобуд кардани нома, қасам талаб кардан, лаҳни илтимосомези довар, ки таҳдид надошт, балки мисле ки илтиҷо мекард, – ҳамааш варо ба ёд омад. Ӯ фиғон кард, чун маст калавидан гирифт; баъд сӯи нақб тохт, ки аз камераи аббат ба зиндони худаш мебурд.

– Ба ман танҳо мондан лозим! – хитоб кард ӯ. – Ман бояд ҳамаи инро фикр кунам!

Ва, ба камераи худаш расида, ба рӯи бистар афтод. Бегоҳ, вақте ки зиндонбон омад, Дантес бо нигоҳи карахту тарҳи рӯи вайрон, беҳаракату бесадо чун ҳайкал менишаст.

Дар соатҳои тӯлонии фикру андеша, ки чун сонияе чанд зуд гузашта буданд, вай савганди беамоне ёд кардаву ба қарори мудҳише омада буд. Дантесро овози одамие аз олами андешаҳо берун овард, ин овоз овози аббат Фариа буд, ки баъди рафтани зиндонбон омада буд, Дантесро даъват кунад, бо вай хӯроки шом хӯрад. Унвони девонагӣ, гузашта аз ин, девонаи ғалатие, баъзе имтиёзҳо дода буд ба ӯ, – аз он ҷумла: ҳуқуқ ба нони андаке сафедтар ва як машрабача май дар рӯзҳои якшанбе. Имрӯз якшанбе буд ва аббат омад рафиқи ҷавонашро даъват кунад, нону майро ҳамроҳи вай бо ҳам бинад.

Дантес аз паси аббат равон шуд. Чеҳраи ӯ кушода шудаву ба ваҷоҳати пештарааш баргашта буд, вале дар чашмонаш сангдилӣ буду қатъият ва ин далели он буд, ки дар замири ҷавон ким–чӣ хел қароре пайдо шудааст. Аббат бо диққат ба рӯяш назар кард.

– Ман афсӯс мехӯрам, ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ба шумо ёрӣ кардам ва аз суханони гуфтаам пушаймонам.

– Барои чӣ? – пурсид Дантес.

– Барои он, ки дар дили шумо эҳсосе ҷо кардам, ки набуд дар он, – эҳсоси интиқом.

Дантес табассум кард.

Аббат бори дигар ба вай нигаристу калла ҷунбонд. Вале ба илтимоси Дантес сар фуроварда, аз дигар хусус гап сар кард. Сӯҳбати аббат чун сӯҳбати ҳар як мусоҳиби бисёр воқиаҳоро аз сар гузарондаву кулфати зиёде дида ибратомӯз ва ғайри гумон шавқангез буд, вале дар он худхоҳие набуд, ин марди кулфатдида ҳаргиз аз азобҳои кашидааш сухан ба миён намеовард.

пешина
аз 99
навбатӣ