Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
XVIII. ГАНҶИ АББАТ ФАРИА
Саҳар Дантес ба камераи рафиқи зиндоншарикаш фаромада, аббатро рӯи бистар нишаста ёфт. Чеҳраи вай ором буд; шӯълаи офтобе, ки аз равзани камбар медаромад, ба рӯи қоғазе афтода буд, ки вай онро дар дасти чапаш нигоҳ медошт, – дасти росташ, чунон ки хонанда дар ёд доштагист, аз кор монда буд; варақи қоғаз дар шакли лӯлапеч дуру дароз нигаҳдорӣ шуда будааст ва, эҳтимол, аз ҳамин сабаб, нағз кушода намешуд.
Аббат хомӯш қоғазро ба Дантес нишон дод.
– Ин чист? – пурсид дантес.
– Дурустар нигоҳ кунед – ҷавоб гардонд аббат бо табассум.
Ман чашмамро чор карда нигоҳ карда истодаам, – ҷавоб гардонд Дантес, – ва танҳо қоғази нимсӯхтаеро мебинам, ки дар он бо ким–чӣ хел рангҳои аҷоиб ҳарфҳои готӣ сабт ёфтаанд.
– Ин қоғаз, дӯстам, – гуфт Фариа, – акнун ман ҳамаашро ба шумо ошкор карда метавонам, зеро ки имтиҳон кардам шуморо, – ин қоғаз – ганҷи ман, ки нисфаш, аз ҳамин дақиқаҳо эътиборан, ба шумо тааллуқ дорад.
Дар ҷабини Дантес арақи сард пайдо шуд. То ҳамин рӯз вай кӯшиш карда буд бо аббат дар боби ин ганҷ сухан напайвандад, ганҷе ки аз пушти он пирамарди бечора ба девонагӣ шӯҳрат ёфта буд; аз баракати одоби модарзодӣ Дантес нахоста буд ба ин ҷои нозуки вай дахл кунад, худи Фариа низ хомӯш буд; ин хомӯширо Эдмон беҳбудӣ ёфтани ӯ пин дошта буд. Инак ҳозир ин суханон, ки аз даҳони пирамард баъди тоса берун омад, мисле, ки аз хуруҷи нави дарди руҳиаш шаҳодат медод.
– Ганҷи шумо? – зери лаб гуфт Дантес. Фариа табассум кард.
– Оре, – ҷавоб гардонд ӯ – дили аҷибе доред шумо, Эдмон ва ман аз рӯи изтиробу ранги паридаатон пай мебарам, ки дар ботини шумо чӣ андешае хутур кардааст. Осуда бошед, ман девона наям. Ин ганҷ вуҷуд дорад, Эдмон, ва агар ба даст овардани он ба ман насиб нашуда бошад, дар он сурат шумо – шумо соҳиб мешавед онро. Ҳеҷ кас нахост ба гапам гӯш диҳад, ба суханам бовар кунад, зеро ҳама маро девона пин дошта буданд; лекин шумо солимақл будани маро медонед–ку; хӯш то охир гӯш диҳед, баъд бовар мекунед ё не, ихтиёр доред.
«Афсӯс! – аз дил гузаронд Дантес, – ин боз девона шудааст; ҳамин мусибат намерасид!»
Баъд шунаво давом дод:
– Дӯстам, тоса хаста кардааст шуморо: беҳтар нест, ки истироҳат кунед? Фардо, агар майл дошта бошед, ман ҳикояти шуморо гӯш мекунам, имрӯз бошад, мехоҳам ба тааҳҳуди шумо машғул шавам; ғайр аз ин, – илова кард ӯ табассумкунон, – барои ману шумо он қадар кори таъҷилие нест ин ганҷ!
– Хеле кори таъҷилӣ, Эдмон! – ҷавоб гардонд пирамард. – Кӣ медонад, шояд фардо ё пасфардо тосаи сеюм ҳодис шавад. Охир он вақт ҳамааш тамом мешавад! Ростӣ, ман аксар вақт дар бораи ин сарват, ки асбоби саодати даҳ хонадоне буда метавонист, бо шодии аламовар фикр мекардам; ин дороӣ барои онҳое, ки дар таъқиби ман буданд, аз даст рафт. Андешаи ин чиз интиқоми ман буд ва дар зулмати зиндон лаззат мебурдам аз он. Вале акнун, ки аз баракати меҳри шумо ман мардумонро маоф кардаам ва даме дар симои шумо ҷавонию ояндаро мебинам, даме фикр мекунам, ки рози ман ба шумо чӣ саодате оварда метавонад, метарсам аз шумо барин соҳиби арзандае, ки ин сарвати ниҳонро ба даст оварда метавонад, маҳрум нагардам.
Эдмон оҳ кашида рӯяшро ба дигар сӯ гардонд.
– Шумо ҳоло ҳам бовар надоред, Эдмон, – давом дод Фариа, – суханони ман итминон набахшиданд ба шумо. Мебинам, ки ба шумо далел лозим аст. Марҳамат. Ин сатрҳоро бихонед, ки ман ҳеҷ гоҳ ба касе нишон надодаам.
– Фардо, дӯстам, – ҷавоб гардонд Эдмон, ба тағофул кардан аз девонагии пирамард зӯраш нарасида. – Охир мо аҳд кардем, ки дар ин хусус фардо гуфтугӯ кунем.
– Гуфтугӯро фардо мекунем, лекин руқъаро имрӯз мехонем. «Қаҳрашро овардан лозим не», – ба дил гуфт Дантес.
Ӯ порчаи қоғази нимсӯхтаро гирифту бихонд:
Ду чоҳ кофта шудааст дар он ғор гӯшаи чоҳи дуюм гӯр карда мекунам ва чун ягона меросхӯрам мо гардонам.
– Хайр читу? – пурсид Фариа, даме ки Дантес бихонд.
– Охир ин ҷо фақат аввали сатрҳо–ку, – ҷавоб гардонд Дантес.
– Барои шумо, зеро бори авал хонда истодаед, вале на барои ман, ки дар сари ин порча шабҳои зиёде шишта баромадаам, ҳар фиқраро, ҳар маъниро берун овардаам.
– Ва шумо гумон доред, ки маънии аз байн рафтаро барқарор кардаед?
– Итминон дорам ба ин; худатон қазоват кунед; вале қаблан таърихи ин ҳуҷҷатро бишнавед.
– Хомӯш! – нидо зад Дантес. – Шарфаи по!..
Ман рафтам!.. Хуш бошед!
Дантес хурсанд, ки аз ҳикояту аз тафсири он раҳо меёбад, ҳикояту тафсире, ки девонагии дӯсташро тасдиқ мекунаду бас; вай мор барин ба роҳи зеризаминӣ хазид, вале Фариа қуввате ки дошт, муҷтамеъ сохта, тахтасангро бо пояш тела доду онро бо чипта пӯшонд, то роғҳои канорашро, ки вай фурсати хок рехтан наёфт, пайхас накунанд.
Қутвол даромад; хабари бемории аббатро аз посбон шунида, хост худаш рафта ӯро бинад.
Фариа аз ҳар гуна ҳаракати беҷо худдорӣ карда, дар ҷои нишастааш истиқбол кард ӯро, ҳамин тариқ ба вай муяссар шуд, ки фалаҷ гардидани тарафи рости танашро аз қутвол пинҳон дорад. Ӯ хавф бурд, ки қутвол аз раҳмхӯрӣ мефармояд ӯро ба камераи дигари беҳтаре гузаронанд ва ба ҳамин васила аз рафиқи ҷавонаш дур кунад. Аммо хушбахтона, ин тавр нашуд, ва қутвол бо итминони комил китоби девонаи бечора (вай дар қаъри дилаш нисбат ба ӯ андаке дилбастагие дошт) фақат каме гурехтааст, баромада рафт.
Дар ин миён Дантес, рӯи бистар сарашро ба ҳар ду дасташ такя дода нишаста буду кӯшиш дошт афкорашро муҷтамеъ созад. Дар муддати шиносоиаш бо аббат вай ин қадар далоилу ақли расо, муҳокимарониҳои амиқу таносуби мантиқие дида буд, ки ҳеҷ ба фаҳмаш намеғунҷид ба чӣ тариқ хиради олӣ метавонад дар ҳама бобат зоҳир шаваду фақат дар нисбати як чиз ҷояшро ба девонагӣ вогузорад. Кӣ иштибоҳ мекарда бошад; Фариае, ки аз боби ганҷаш сухан меронад, ё дигарон, ки Фариаро девона мепиндоранд.
Дантес рӯзи дароз дар маъвои худаш нишаста ҷуръат накард ба назди дӯсташ баргардад. Ӯ саъй мекард он дақиқаи мудҳишеро, ки ба девонагии Фариа итминон ҳосил хоҳад кард, аз худаш дур дорад.
Бегоҳ баъди омада рафтани одатии зиндонбон, Фариа расидани Эдмонро нигарон нашуда худаш саъй кард фосилаи фурқаташонро тай кунад. Эдмон садои хиширосро шунида, бо азоб зӯр зада хазидани пирамарди мафлуҷро тасаввур карда, як қад парид. Эдмон ба ҷуз кашола карда баровардани ӯ чорае надошт, зеро пирамард ҳаргиз наметавонист аз сӯрохи танги даромад ба камераи Дантес гузарад.
– Дидед, бо чӣ инодкорие пайгирӣ мекунам ман шуморо, – гуфт Фариа, бо навозиш табассуме карда, – шумо гумон доред, ки аз саховати ман саркашӣ хоҳед кард, ин ба шумо муяссар намешавад.Инак гӯш кунед.
Эдмон дид, ки илоҷи дигар надорад, пирамардро рӯи каташ шинонд, худаш бошад, дар рӯбарӯи ӯ болои чорпояча ҷо гирифт.
– Оё шумо медонед, – гуфт аббат, – ки ман мирзо ва дӯсти мӯътамади кардинал Спада, охирин намояндаи сулолаи қадима будам.Барои ҳар як хушие, ки дар зиндагӣ пеш омадааст бар ман, миннат аз ҳамин аъёни шарафманд дорам ман. Ӯ сарватманд набуд, агарчи ба сарвати авлодиаш масал мезаданд ва таъбири «Сарватманд чун Спада»-ро шунидан борҳо рост омадааст ба ман. Ҳам номашу ҳам шӯҳрати номаш ба туфайли ҳамин сарвати овозадор буд. Қасри ӯ биҳиште буд барои ман. Ман бародарзодаҳояшро таълим медодам, ки баъдтар вафот карданд ва даме ки худаш дар оилааш якаву танҳо монд, ман ҳар чиро, ки дар тӯли даҳ сол бароям карда буд, бо садоқати бедареғ ҷуброн кардам.
Дар хонадони кардинал барои ман рози пӯшидае набуд; борҳо дида будам, ки вай бо ҳавсалаи тамом китобҳои қадимаро варақ мезад ва ҳарисона ба чанги осори дастнависи меросӣ ғӯтавар мешуд. Даме ки як дафъа барои шабҳои бедорхобии баръабас, ки баъди он вай ба маъюсии аламоваре меафтод, ман ба вай эрод гирифтам, вай бо заҳрханде тарафам нигоҳ карду таърихи шаҳри Римро дар пешам кушод. Дар он китоб, дар фасли бистум, ки тарҷумаи ҳоли папа Александри Шашум буд, ман сатрҳои зеринро хондам, ки як умр дар лавҳи хотирам нақш бастааст.
Лашкаркашиҳо дар Романтйе поён ёфт; Сезар Борҷиа, ки футуҳоташро анҷом дода буд, ба пул эҳтиёҷманд шуд, то кулли Итолёро бихарад. Папа низ ба пул эҳтиёҷ дошт, то кори шоҳи Фаронса Лудовики Дувоздаҳумро тамом кунад; ӯ сарфи назар аз мағлубиятҳояш, ҳанӯз таҳдид дошт. Ягон кори манфиатнокро пеш гирифтан зарур буд, ки дар Итолиёи муфлисгардида ин амр мушкилие дошт.
Ба сари ҳазрати қудсимаоб як фикри саодатасаре омад. Ӯ қарор дод ду кардинали наве таъйин кунад.
Интихоб кардани ду нафар аъён аз римиён, ки дар айни замон сарватманд бошанд, ба падари қудсӣ манфиатҳои зеринро пеш меовард: аввалан, вай метавонист ҷойҳои даромадноку мансабҳои олиеро, ки ҳар ду кардинали оянда ишғол карда буданд, бифурӯшад; сониян, барои ду кулоҳи кардиналӣ ба уҷрати олиҳимматонае умед баста метавонист.
Ҷанбаи сеюми кор боқӣ монда буд, ки онро анқариб мо хоҳем фаҳмид.
Папа ва Сезар Барҷиа ду кардиналро таги чашм карданд: Ҷовани Роспилозии чор мансаби аз ҳама муҳимми дарбори ҳазрати қудсимаобро ишғол карда ва Чезаре Спада, яке аз асилзодатарин ва саодатмандтарин аъёни Рим. Ҳар ду ба лутфу марҳамати папа гарон баҳо доданд. Ҳар ду шӯҳратталаб буданд. Сипас Сезар Борҷиа барои мансаби онҳо харидороне пайдо кард.
Ба ҳамин тариқ Роспилозӣ ва Спада аҷри рутбаи кардиналиро пардохтанд, ҳашт нафари дигар бошад, барои мансабҳое, ки собиқан ду кардинали навтаъйин ишғол мекарданд, аҷр доданд. Сандуқи корчалонҳои чирадаст ба маблағи ҳаштсад ҳазор скудо афзуда шуд.
Ба қисми сеюми муомила мегузарем. Роспилози ва Спадаро навозиш карда, нишонаҳои рутбаи кардиналиро ба онҳо нисор намуда ва барои пардохти аҷри ҳангуфти чунин миннат ва барои доиман кӯчида ба Рим омадан дороии худро ба пули нақд табдил додани онҳоро дониста, папа, бо ҳамдастии Сезар Борҷиа, ҳар ду кардиналро ба наҳор хӯрдан даъват кард.
Дар ин масъала миёни падару писар баҳс рафт. Сезар чунин мешумурд, ки яке аз он воситаҳоеро, ки вай барои дӯстони наздики худаш ҳамеша омода медошт, ба кор бурдан кофист, он восита бошад, маҳз ин аст: калиди овозадоре, ки гоҳ ину гоҳ он касро илтимос мекард бо он ҷевонеро кушоянд. Калид пихи майдаҳаки оҳание дошт, яъне ки ин аз бедиққатии челонгар мондааст. Ҳар ки барои тоб додани калид дар қуфли сахткушо зӯр мезад, пих ба ангушташ мехалиду рӯзи дигар мемурд. Боз хотами нигинаш сари шердор буд, ин Сезар дасти ин ё он касро фишурданӣ бошад, ба ангушташ мекард. Шер пӯсти ин дастҳои баргузидаро мегазиду баъди як шабонарӯз соҳиби даст ба марг мерасид.
Бинобар он Сезар ба падараш пешниҳод кард ҳар ду кардиналро ба кушодани қуфли ҷевон фиристад ё дасти ҳардуяшонро дӯстона бифишурад. Аммо Александри Шашум дар ҷавоби гапи ӯ гуфт:
«Ба зиёфат оростан баҳри кардиналҳои шоиста Спадаю Роспилозӣ хасисӣ намекунем. Ба хаёлам мо хароҷотамонро бармегардонем. Ғайр аз ин, ту, Сезар, фаромӯш мекунӣ, ки таъсири ҳазм карда натавонистани меъда ҳамонзамонӣ зоҳир мешавад, халидан ё газидан бошад, фақат баъди як–ду рӯз таъсир мекунад».
Сезар ба ин гуна муҳокимаронӣ розӣ шуд. Ана барои чӣ ҳар ду кардиналро ба наҳор хонданд.
Дар токзори қариби Сан–Пйетро–ин–Винколии папа, дар гӯшаи хушманзарае, ки кардиналҳо таърифашро шунида буданд, дастархон густурданд.
Роспилозӣ, аз рутбаи нав кайфаш чоқ ва аз зиёфат пешакӣ лаззат бурда, бо шукуфонтарин чеҳрае ҳозир шуд. Спада, ки марди эҳтиёткоре буд ва додарзодааш, афсари ҷавони ниҳоят умедбахшро хеле дӯст медошт, як варақ коғазу қалам гирифт ва васиятномаашро навишт. Баъд кас фиристод ба додарзодааш гӯянд, ки ӯро дар назди токзор нигарон шавад; аммо фиристода, аз афташ, ӯро дар хона наёфтааст.
Спада медонист, ки ба наҳор даъват шудан чӣ маъное дорад. Аз он даме ки насроният – қувваи ниҳоят тамаддунбахш – дар Рим тантана карда буд, дигар сардори дастаи ҳарбиён омада аз номи мустабид эълом намекард; «Хоҳиши Сезар ин аст, ки ту бимирӣ», балки вакили илтифоткор бо лаби пуртабассум аз номи папа мегуфт: «Ҳазрати тақаддусмаоб мехоҳанд, ки шумо ҳамроҳашон наҳор бихӯред».
Соати дуи рӯз Спада ба токзори Сан–Пйетро–ин–Винколӣ рафт; папа ин дам ӯро нигарон буд. Аввалин касе, ки вай он ҷо дид, додарзодаи ороставу вақтчоқаш буд; Сезар Борҷиа беҳад навозиш мекард ӯро. Ранги Спада канд, Сезар бошад, тарафаш нигоҳи писхандомезе андохт, бо ҳамин фаҳмонд, ки вай ҳамаашро пешбинӣ кардааст ва дом гузоштааст.
Ба наҳор хӯрдан нишастанд, Спада фақат фурсате ёфт аз додарзодааш бипурсад: «Фиристодаи маро оё дидӣ?» Додарзодааш, маънои суолро ба хубӣ фаҳмида ҷавоб гардонд, ки не. Лекин ин дам дер шуда буд; вай алакай як истакон майи бисёр хубе нӯшида буд, ки роҳиби мутасаддии анбори майи папа рехта дода будаш. Ҳамон замон боз як шиша оварданд, ки олиҳимматона ба кардинал Спада муроот карданд. Баъди як соат пизишк эълом кард, ки ҳар ду аз бурмазанбурӯғ заҳролуд шудаанд. Спада дар назди даромадгоҳи токзор бимурд, вале додарзодааш дар дами дарвозаи хонаи худаш, бо кӯшиши ким–чиеро ба занаш фаҳмондан, аммо зан гапи шавҳарашро нафаҳмид.
Ҳамонзамонӣ Сезару папа бо баҳонае, ки коғазҳои марҳумонро аз назар гузаронидан даркор, меросро ба даст оварданд. Аммо тамоми мерос аз як варақ коғазе иборат буд, ки дар он Спада навиштааст: «Сандуқҳову китобҳоямро ба додарзодаи дилбандам васият мекунам, ки дар байни онҳо китоби дуоҳои гӯшаҳояш тиллокориам ҳаст то ки ба ёди амаки меҳрубонаш маҳфуз дорад».
Меросхӯрон ҳама ҷоро кофтанд, китоби дуоҳоро ба шавқ тамошо карданд, асосиаш хонаро соҳиб шуданд, тааҷҷуб карданд, ки Спадаи сарватманд воқиан аз бенавотарин амакон будааст. Аз ганҷ дарак набуд, агар ганҷи донишро ба ҳисоб нагирем, ганҷе, ки китобхонаву озмоишгоҳҳо дар худ нуҳуфта медоштанд.
Дигар ҳеҷ чиз ёфта нашуд. Сезару падараш кофтанд, тагурӯ карданд, пурсуҷӯ намуданд, базӯр андаке маснуоти зару сим пайдо карданд, ки бисёр бошад ҳазор скудо арзиш дошт ва боз ҳамин қадар пули нақд; вале додарзодааш ба хона баргашта ба гуфтани ҳамин қадар хабаре ба занаш фурсат ёфта буд: « Қоғазҳои амакамро кобетон, он ҷо васиятномаи ҳақиқие буданаш даркор».
Хешовандони марҳум боз бодиққаттар ба кофтан даромаданд, шояд аз меросхӯрони давлатӣ ҳам бештар ҷадал карда бошанд. Баръабас: ба онҳо ду қаср ва боз токзори паси Палатин расид. Дар он замонҳо амволи ғайри манкул чандон арзише надошт, – ҳар ду қасру токзор барои тамаъи папаю писараш ҳамчун чизҳои нокироӣ, ба сифати мулки хонадони марҳум боқӣ монданд.
Аз байн моҳҳо гузаштанд. Александи Шашум, чунон, ки маълум аст, аз заҳр ба туфайли иштибоҳе, даргузашт; Сезар, ки ҳамроҳи вай заҳролуд шуда буд, бо он ҷон ба саломат бурд, ки чун мор, пӯст партофту пӯсти нав баровард, ки аз заҳр дар он мисли холҳои бадани паланг, доғҳо боқӣ монд; оқибат, ба тарк кардани Рим маҷбур шуда, дар ким– кадом задухӯрди шабонае бешарафона ҳалок гардид, ки таърих қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ андохташ.
Баъд аз марги папа, баъд аз ронда шудани писараш ҳама умед доштанд, ки хонадони Спада боз шоҳзодавор зиндагӣ сар мекунад, чунон, ки дар давраҳои кардинал Спада умр ба сар мебурд. Ҳеҷ ин тавр нашуд. Аҳли хонадони Спада дар некуаҳволии маҷҳуле умр мегузаронд, рози абадие ба ин кори мубҳам таҳдид меовард. Ҳама дар заминаи овозаҳо гумон доштанд, ки Сезари аз падараш маккортар, мероси ҳар ду кардиналро аз вай дуздидааст; барои он ҳар ду мегӯям, ки кардинал Роспилозии барои эҳтиёт ҳеҷ чорае надида – тамоман ғорат шуда буд.
– То ба ҳол, – гуфт Фариа бо табассум, ҳикояташро қатъ карда, – шумо ягон гапи махсусан беақлонае нашунидед, ҳамин тавр не?
– Баръакс, – ҷавоб гардонд Дантес, – ба назарам, ки ман солномаи шавқовареро хонда истода бошам. Давом диҳед, хоҳиш мекунам аз шумо.
– Давом медиҳам.
Спадаҳо ба гумномӣ одат карданд. Солҳо сипарӣ шуданд. Аз авлоди онҳо ҳарбиён баромаданд, дипломатҳо; баъзеҳояшон рутбаи рӯҳонӣ ба даст оварданд, баъзеҳояшон соҳиби бонк шуданд; якеҳояшон сарватманд гардиданд, дигарҳояшон баякбор варшикаста шуданд. То ба намояндаи охирини авлод, то ба граф Спада мерасам, ки ман вазифаи муншигиашро ба ҷо меовардам.
Ӯ аксар вақт шиква мекард, ки дороиаш бо мартабааш мувофиқат надорад; ман ба вай маслиҳат додам, ки ҳамин андак амволе, ки дорад ба иҷораи умрбодӣ монад; ӯ аз рӯи маслиҳати ман амал карда дороиашро ду баробар афзуд.
Китоби дуоҳои овозадор дар хонадон боқӣ монд ва ин дам моли граф Спада буд; вай аз падар ба писар монд ва ба туфайли моддаи мармузии ягона васиятномаи ошкор гардида ба як навъ табаррукоте табдил ёфта буд, ки бо як ихлоси хурофотие маҳфузаш медоштанд. Ин китобе буд дорои минётурҳои бисёр зебои готӣ ва тиллокорӣ ба ҳадде вазнинаш карда буд, ки дар рӯзҳои тантана хизматгор онро пеш–пеши кардинал бардошта мебурд.
Ҳар гуна ҳуҷҷат, санад, қарордод, дастнависи қадимаи аз кардинали заҳрхӯрда мондаву дар бойгонии хонадонӣ нигоҳдоришавандаро дида ман ҳам ба хабар гирифтани ин бастаҳои азими коғаз даромадам, чунон ки то ман бист хидматгузор, бист мубошир, бист муншӣ хабар гирифта буданд. Сарфи назар аз бурдборонаву боэҳтимом ҷустан ман наёфтам ки наёфтам. Ҳол он ки дар ин миён ман хеле чизҳо хондам, ман ҳатто таърихи муфасал, қариб ки рӯз ба рӯзи хонадони Борҷиаро навиштам, танҳо барои он, ки бифаҳмам оё сарвати ин хонадон бо марги Чезари Спадаи ман афзуда шудааст ё не, ва дарёфтам, ки танҳо бо дороии кардинал Роспилозӣ, рафиқи дар бадбахтӣ шарикқисмати Спада афзуда шуда будаасту бас.
Ман қариб, ки итминон доштам, мероси Спада на ба аҳли хонадони худаш расидааст, на ба Борҷиа, балки бесоҳиб истодааст, чун ганҷи афсонаҳои «Ҳазору як шаб», ки зери замин хобида, муваккалаш ҷин аст. Ман дахлу харҷи хонадони Спадаро дар тӯли сесад сол ягон ҳазор маротиба ҳисобу китоб карда санҷидам, барасӣ намудам; ҳамааш бефоида буд, ман дар ғафлат будаму граф Спада дар бенавоӣ.
Валинеъмати ман вафот кард. Вай дороиашро ба иҷораи умрбодӣ дода, дар ихтиёри худаш фақат бойгонии оилавӣ, китобхонаи иборат аз панҷ ҳазор муҷаллад китоб ва китоби дуоҳои овозадорро боқӣ гузошта буд. Ҳамаи ин ва боз ҳазор скудои римӣ пули нақдро ба ман васият кард, бо шарте, ки ман ҳар сол ба арвоҳаш дуою фотиҳа мекунам, шаҷараи ансобашро тартиб медиҳам ва таърихи хонадонашро менависам, ки ман ҳамаашро бе каму кост ба ҷо овардам...
Тоқат кунед Эдмони азиз, мо ба интиҳояш расида истодаем.
Соли як ҳазору ҳашт саду ҳафтум, як моҳ қабл аз ҳабс шуданам, ва баъди ду ҳафтаи вафоти граф, бисту панҷуми декабр (шумо ҳозир мефаҳмед, ки чаро ин рӯз дар ёди ман мондааст), ман бори ҳазорум қоғазҳоеро, ки ба тартиб меовардам, ба такрор мехондам. Қаср фурӯш ёфта буд ва ман бо тамоми дороиам, ки иборат аз дувоздаҳ ҳазор ливр, китобхона ва китоби дуоҳои овозадор буд, дар тараддуи аз Рим ба Флоренсия кӯчидан будам. Аз кори бо ҷиду ҷаҳд хаста шуда ва баъди наҳори шикамсерӣ андак лоҳасие ҳис карда, ман сарамро рӯи дастонам гузоштам ва хобам бурдааст. Соати сеи баъдизӯҳр буд.
Вақте, ки бедор гардидам, дидам соат шаш шудааст.
Ман сар боло кардам; атроф тамоман торик буд. Ман занг задам то оташ биёред гӯям, аммо касе наомад. Он гоҳ хостам илоҷи корро худам ёбам. Ғайр аз ин маро мебоист ба тарзи рӯзгори файласуф хӯ гирифт. Бо як дастам кибритро, бо дасти дигарам, азбаски кибрит гӯгирдчӯб надоштааст, ягон коғазпорае ёфтанӣ шудам: то дар бухорӣ, ки ҳанӯз оташаке милт–милт дошт, даргиронам; ман хавф бурдам, ки мабодо дар торикӣ ба ҷои коғазпораи нодаркор ягон ҳуҷҷати гаронбаҳоеро гирам, ҳамин дам ба ёдам расид, ки даруни китоби дуоҳои овозадор, ки рӯи миз дар пешам истода буд, ба ҷои хатчӯб варақи бо мурури айём зард шудае истодааст, ки меросхӯрон бо ихлоси тамом нигоҳ дошта меомаданд. Ман даст–даст карда ин қоғази нодаркорро ёфтам, ғиҷим кардаму тарафи оташ бурдам.
Яке нохост, гӯё бо амри соҳире, ҳамин ки оташ фурӯзон шуд, дар қоғази сафед ҳарфҳои зардчае пайдо шуданд гирифтанд, маро воҳима пахш кард: қоғазро бо кафи ҳар ду дастам зер кардам, оташро куштам, шамъро пеш бурда бевосита дар бухорӣ гирондам, бо ҳаяҷони шарҳнопазир варақи ғиҷимшударо ҳамвор кардам ва итминонам қавӣ шуд, ки ҳуруф бо ранги сиррноке сабт ёфтааст, ки фақат ҳангоми гармигузаронӣ пайдо мешавад. Оташ зиёда аз сеяки руқъаро нобуд карда буд; ин ҳамон руқъаест, ки ҳамин саҳар шумо хондед. Бори дигар такрор хонедаш, Дантес ва даме ки хонда фуровардед, ман калимаву маъонии нобуд шудаашро пурра мекунам.
Ва Фариа бо қиёфаи шукӯҳманд варақро ба Дантес дод, ки вай ин дафъа ҳарисвор каломи зеринро, ки бо ранги сурхфоми шабеҳ ба занги оҳан навишта шуда буд, бихонд;
Имрӯз 25–уми апрели соли 1498 аз дан ба даргоҳи ҳазрати Александри Шаш бими он, ки вай аз пардохти аҷри кулоҳи кар нагардида, майли ба даст овардани меро қисмати кардиналҳо Капрар ва Бентиволои ро бароям тайёр кардагист, додарзода на меросхӯри худам эълон меку ӯ маълум, зеро ҳамроҳам ба он ҷо рафта ғорҳои ҷазираи Монте-Кристост, ҳа сиккаҳо, сангҳои гаронқадр, алмо ҷудияти ин ганҷи арзишаш то ду мил ҳо ман бохабарам, агар кас аз тарафи ха якрост равон шавад, онро дар зери Ду чоҳ кофта шудааст дар он ғор гӯшаи чоҳи дуюм гӯр карда мекунам ва чун ягона меросхӯрам мо гардонам.
– Вале акнун, – гуфт аббат, – мана инро хонед. Ва ӯ ба Дантес варақаи дигареро дароз кард. Дантес онро гирифту бихонд:
Фариа бо нигоҳи шӯълавар ҷониби ӯ менигарист.
– Акнун, – гуфт ӯ, то ба сатри охирин расидани ӯро дида, – ҳар ду порчаро рӯбарӯи ҳам гузореду худатон қазоват кунед.
Дантес итоат кард: аз порчаҳои рӯбарӯи ҳам гузоштааш чунин матне пайдо шуд:
«Имрӯз 25–уми апрели соли 1498, аз... баски барои наҳор хӯрдан ба даргоҳи ҳазрати Александри Шашум даъват шудаам ва аз бими он, ки вай аз пардохти аҷри кулоҳи кар...диналӣ қонеъ нагардида, майли ба даст овардани меро...си ман доштагист ва қисмати кардиналҳо Капрар ва Бентиволои... аз заҳр мурдаро бароям тайёр кардагист, додарзода...ам
Гвидо Спадаро ягона меросхӯри худам эълон мекунам, ки ман дар мавзеи ба ӯ маълум, зеро ҳамроҳам ба он ҷо рафта... буд ва он ҷо маҳз ғорҳои ҷазирачаи Монте-Кристост, ҳа... маи сабойики тилло, сиккаҳо, сангҳои гаронқадр, алмо...су ҷавоҳирот, ки аз мавҷудияти ин ганҷи арзишаш то ду мил...лион скудои римӣ танҳо ман бохабарам, агар кас аз тарафи ха...лиҷи хурди шарқӣ якрост равон шавад, онро дар зери... шахи бистум хоҳад ёфт. Ду чоҳ кофта шудааст дар он ғор...ҳо; ганҷ дар канортарин гӯшаи чоҳи дуюм гӯр карда... шудааст, ҳамин ганҷро васият мекунам ва чун ягона меросхӯрам мо...ликияти пурраи ӯ мегардонам.
– Акнун фаҳмидед? – пурсид Фариа.
– Ин изҳороти кардинал Спада ва васиятномаест, ки ин қадар муддат дар ҷустуҷӯяш буданд? – гашта пурсид Эдмон, ки ҳоло ҳам чандон бовар надошт.
– Ҳа, ҳазор бор ҳа.
– Кӣ барқарор кард инро?
– Ман. Аз рӯи порчаи эмин монда дарозии сатрҳову бари қоғазро қиёс гирифта, мувофиқи маънои аён маънои ниҳонашро пай бурдам, чунон ки аз рӯи равшании хираи аз боло расанда кас роҳи зеризаминиро кофта меёбад.
– Хӯш, баъди он, ки дар дилатон шубҳае намонд, чӣ кор кардед?
– Асари калонҳаҷми нотамоми ба давлати шоҳии ягонаи Итолиё бахшидаро бо худам гирифта, ҳамонзамонӣ ба роҳ баромадам; лекин политсияи император кайҳо аз паям афтода будааст; дар он замон Наполеон ба ҷудо кардани музофотҳо мекӯшид, баръакси он, ки минбаъд дилаш мехост, даме ки писар ёфт. Сафари батаъҷили ман, ки сабабашро ҳеҷ кас намедонист, шубҳае ба миён овард ва ҳамон дақиқае, ки ман дар Помбино дар киштӣ нишастам, ба ҳабс гирифтанд маро.
– Акнун, – давом дод Фариа, бо меҳри падарвор ҷониби Дантес нигариста, – акнун дӯстам, шумо ҳамон қадар медонед, ки ман медонам. Агар ягон вақте мо ҳамроҳ бигурезем, нисфи ганҷинаи ман аз они шумо хоҳад буд; агар ман ин ҷо мираму шумо як худатон танҳо наҷот ёбед, вай пурра моли шумост.
– Лекин, – гашта гуфт Дантес дудила шуда, – оё ин ганҷ ба ғайр аз мо соҳиби қонунитаре дошта бошад?
– Не, не, осуда бошед, тамоми аҳли хонадон якта намонда мурданд; ғайр аз ин охирин графи Спада маро меросхӯри худаш таъйин кард; ҳамон китоби овозадори дуоҳоро ба ман васият карда, бо ҳамин ҳар он чи дар мофиҳои он буд, низ ба ман васият кард. Агар ин сарват ба мо дастрас гардад, мо метавонем бо виҷдони осуда ва бо хотири ҷамъ аз он баҳра гирем.
– Ва шумо гумон доред, ки арзиши ин ганҷ ба...
– Ба ду миллион скудои римӣ баробар аст, ки ба пули мо тақрибан сездаҳ миллион мешавад.
– Мумкин нест! – нидо зад Дантес аз маблағи ҳангуфт ба воҳима афтода.
– Барои чӣ мумкин набошад? – гуфт пирамард. – Дудмони Спада дар асри понздаҳум яке аз қадимтарин ва муқтадиртарин хонадонҳо буд. Ба болои ин дар он даврае, ки на муомилоти пулии калоне буду на саноат, ин гуна андӯхти зару ҷавоҳирот ҷои нудрат надошт; ҳоло ҳам дар Рим хонадонҳое ҳастанд, ки соҳиби миллионҳо алмосу сангҳои гаронқадр буда, аз гуруснагӣ мемиранд, зеро ин маблағест, ки аз мероси майорат иборат аст, онҳо ба вай ҳад надоранд даст расонанд.
Ба назари Эдмон чунин тофт, ки вай хоб дида истодааст.
– Ман ин сирро хеле муддат пинҳон доштам аз шумо, – давом дод Фариа, – барои он, ки аввалан, хостам шуморо имтиҳон кунам, вале сониян, барои он, ки хостам шуморо дар ҳайрат гузорам. Агар мо пеш аз хуруҷи дарди ман мегурехтем, шуморо ба Монте-Кристо мебурдам. Акнун, – оҳ кашида илова кард ӯ, – шумо маро мебаред. Хӯш чӣ ту, Дантес, шумо аз ман миннатдор намешавед?
– Ин ганҷ ба шумо тааллуқ дорад, дӯстам, – гуфт Дантес, – вай ба як худи шумо тааллуқ дорад, ман ба вай ҳеҷ гуна ҳуқуқе надорам; ман хешованди шумо нестам.
– Шумо писари манед, Дантес! – хитоб кард пирамард. – Шумо фарзанди асорати манед! Рутбаи руҳонияти ман аз издивоҷ боздошта буд маро; худованд шуморо ато кард ба ман, то ба дили марде, ки падар буда натавонист ва зиндоние, ки озод шуда натавонист, тасалло бахшад.
Ва Фариа дасти солимашро ҷониби Эдмон дароз кард; ӯ бо дидаи ашкбор пирамардро оғӯш кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё