Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XX. ГӮРИСТОНИ ҚАЛЪАИ ИФ

Рӯи кат, дар рӯшноии хираи ғуборолуди субҳ, ки аз равзани маҳбас ворид мешуд, халтае аз катони дурушт афканда буд, ки дар чинҳои он суроби ҷасади дарози беҳаракат хаёле пай бурда мешуд: ин кафани аббат буд, ки ба гуфти зиндонбонон ин қадар кам арзиш дошт.

Инак ҳама кор ба анҷом расида буд. Дантес ҷисман алакай аз дӯсти деринаш ҷудо гардида буд. Вай дигар чашмони ӯро дида наметавонист, чашмони бозашро, ки гӯё барои он баста нашуда буданд, ки ба моварои марг назар афкананд, дигар дасти хастагинопазирашро фишурда наметавонист, ки пардаи асрори оламро аз пешаш бардошта буд. Фариа, ин дӯсти ғамхору таҷрибаткор, ки вай ба ӯ ин қадар дилбастагие дошт, фақат дар ёди ҷавонмард боқӣ монда буду бас. Он гоҳ вай дар болодасти бистари ҳавлнок нишасту ба андӯҳи бепоёни тасаллонопазир дода шуд.

Якаву танҳо! Боз якаву танҳо! Боз дар оғӯши сукунат, боз рӯбарӯ бо фано!

Якаву танҳо! Ягона касеро, ки ӯро ба зиндагӣ иртибот медод, нахоҳад дид, овозашро нахоҳад шунид! Оё беҳтар нест, ки чун Фариа аз худованд ҳалли муаммои ҳаётро талабад, агар чи барои ин аз дари мудҳиши азобу шиканҷа гузар кардан рост ояд ҳам?

Андешаи худкушӣ, ки дӯсташ онро дур андохта буду ҳузури вай барканор медошт, аз нав чун шабаҳ дар сари ҷасади Фариа пайдо шуд.

– Агар ман мурда метавонистам, – гуфт ӯ, – аз ақибаш мерафтам ва албатта, медидам ӯро. Лекин чӣ тавр метавон бимурд? Аз ин осонтар коре нест, – давом медод ӯ бо ришханд. – Ман ин ҷо мемонам, ба нахустин каси аз дар даромада ҳамлавар мешаваму бӯғиаш мекунам ва маро ба қатл мерасонанд.

Аммо дар мусибати шадид, ҳамчунон ки дар тӯфони шадид, ғарқоб дар миёни ду теғаи амвоҷ хобида; Дантес аз марги нангин ба ҳарос омад ва аз навмедӣ якбора ба шавқи беинтиҳои зиндагию озодӣ афтод.

– Мурдан! Не! – хитоб кард ӯ. – Кирои он надошт ин қадар зинда мондану ин қадар азоб кашидан, ки ин дам кас бимирад! Мурдан! Ман метавонистам ин корро пештар бикунам, чанд сол пеш аз ин, даме ки тасмим гирифта будам; лекин ин дам ман намехоҳам дар дасти қисмати шуми худам ҷонбозӣ кунам. Не, ман зиндагӣ кардан мехоҳам;мехоҳам то ба охир муборизат кунам; мехоҳам он саодатеро, ки аз ман рабуда буданд, кашида гирам! Пеш аз он, ки бимирам, ман бояд ҷаллодони худамро ба сазо расонам ва, шояд, – кӣ медонад? – дӯстони андакамро сарфароз гардонам. Вале маро ин ҷо, дар маҳбаси худам, фаромӯш кардаанд ва ман фақат чун Фариа аз ин ҷо хоҳам баромад.

Ҳини ба забон овардани ин суханон ӯ дар ҷояш шах шуд, ба мисли касе, ки фикри ногаҳоние, вале фикри мудҳише ба сараш омада бошад. Ӯ парида хест, даст ба ҷабинаш пахш кард, мисле ки сараш давр зада бошад, рӯрӯи хона қадам зад ва боз дар пеши кат таваққуф кард.

– Кӣ ин фикрро ба ман талқин карда бошад? – зери лаб гуфт ӯ. – Ту не–ку, парвардигор? Агар фақат мурдагон аз ин ҷо мебаромада бошанд, – ба ҷои мурда медароем.

Ва, ба фикр наравам гуфта, бошитоб, то ин ки андешаронӣ барои монеъ шудан ба ноилоҷии бебокона фурсат надиҳад, вай хам шуд, халтаи даҳшатборро бо корди аббат чок кард, ҷасадро аз халта кашида, онро ба камераи худаш бурд, рӯи каташ хобонд, сарашро ба латтае, ки аз рӯи одат сари худашро мебаст, печонд, кӯрпаашро ба рӯи вай пӯшонд, охирин бор ҷабини сардашро бӯсид, кӯшиш кард чашмони инодкорашро, ки ҳамчунон бо нигоҳи ҳайбатноки холӣ аз шуур нигарон буданд, пӯшонад, рӯи майитро ҷониби девор гардонд, ба камераи аббат гашта омад, аз ниҳонгоҳ сӯзану риштаро берун овард, ҷандаашро аз тан кашид, то дар зери катон тани бараҳна эҳсос шавад, ба халтаи кӯкаш чок шуда даромад, даруни он худро ба вазъи ҷасад гирифт ва аз дарун кӯкро дӯхт.

Агар аз ноомади кор дар ҳамин дақиқа ягон кас медаромад, гурс– гурси дил Дантесро фош мекард.

Вай метавонист сабр кунад ва ҳамаи инро баъди бегоҳ омада рафтани зиндонбон ба ҷо оварад. Лекин тарсид, ки мабодо қутвол аз фикраш нагардад ва нафармояд, ки ҷасадро пештар аз соати таъйиншуда бароранд. Он гоҳ охирин умедаш барбод мерафт.

Дуруст буд ё не – қарор ба субут расид.

Нақшаи ӯ чунин буд.

Агар ҳини ба гӯристон бурдан гӯрковон пай баранд, ки онҳо каси зиндаро бурда истодаанд, Дантес, ба онҳо маҷоли ба худ омадан надода, бо як зарбаи пуршасти корд халтаро аз боло то поён чок карда, аз саросемагии онҳо истифода мебараду мегурезад. Агар онҳо варо доштанӣ шаванд, вай кордро ба кор мебарад.

Агар онҳо варо ба гуристон баранду ба қабр фурӯ андозанд, он гоҳ мемонад, ки ба болояш хок гардонанд; азбаски ин кор шабона ба амал меояд, он гоҳ, ҳамин ки гӯрковон рафтанд, хоки ковокро тит мекунаду баромада мегурезад. Вай умед дошт, вазни хок ба он дараҷае набудагист, ки бардошта натавонад онро. Агар чунин иттифоқ афтад, ки вай иштибоҳ кардааст, агар хок аз ҳад вазнин бошад, нафасаш гашта мемирад, ки боз беҳтар: азобу шиканҷааш поён меёбад.

Дантес дина боз хӯрок нахӯрда буд, вале саҳар гуруснагӣ ҳис накард, ҳоло ҳам парвои он надошт. Вазъияташ чунон хатарнок буд, ки вай фурсати дар ягон боби дигар фикр кардан надошт.

Нахустин хатаре, ки ба Дантес таҳдид дошт, аз он иборат буд, ки зиндонбон соати ҳафт хӯроки шом оварда, табодулро пай мебарад. Хушбахтона, пеш аз ин чанд карат, гоҳ аз ғусса, гоҳ аз хастагӣ, Дантес дар ҷогаҳ хӯроки шомро нигарон шуда буд; дар чунин ҳолатҳо зиндонбон одатан шӯрбо ва нонро рӯи миз мегузошту ҳарфе ба забон наёварда баромада мерафт.

Ин дафъа зиндонбон метавонист одаташро тағйир диҳад, бо Дантес сухан пайвандад ва ҷавоб нагардондани Дантесро дида, назди бистар раваду фиребро пай барад.

Ҳар қадар соат ба ҳафт наздиктар мешуд, бими Дантес ба ҳамон андоза қавитар мегашт. Як дасташро ба дил пахш карда, задани онро мӯътадил гардонданӣ мешуд, бо дасти дигар арақи шашқатори рӯяшро пок мекард. Баъзан ларза ба андомаш меафтоду дилаш, мисле ки ба гирои яхин афтода бошад, фишор мехӯрд. Ба назараш, ки мемурда бошад. Аммо вақт ҷараён дошт, дар қалъа осоиш буд ва Дантес дарёфт, ки хатари аввал сипарӣ шудааст. Ин фоли нек буд. Ниҳоят дар соати таъйин кардаи қутвол дар сари зинапоя шарфаи по баромад. Эдмон дарёфт, ки соати интизорӣ фаро расид; ӯ мардонагие, ки дошт, муҷтумеъ сохту дам ба дарун кашид; вай сахт афсӯс хӯрд, ки чун нафаскашӣ тапидани босуръати дилро боздошта наметавонад.

Ояндагон то ба таги дар расиданду бозистоданд. Дантес шарфаи пои ду касро ташхис дод ва муқаррар кард, ки барои бурданаш ду гӯрков омадааст. Ин тахмин даме тасдиқ ёфт, ки вай садои ба замин расидани занбарро шунид.

Дар боз гардид, аз миёни катоне, ки ба рӯяш кашида шуда буд, Дантес ду сояро ташхис дод, ки пеши каташ омад. Каси сеюм фонус дар даст дами дар истод. Гӯрковон ҳар кас аз як тарафи халта гирифта бардоштанд.

– Ҳамин хел мӯйсафедаки лоғарандому он қадар сабук не, – гуфт яке аз онҳо, ки аз ҷониби сари Дантес гирифта буд.

– Мегӯянд, ки вазни устухон соле ним фут зиёд мешудааст – гуфт дигаре, ки аз тарафи пояш гирифта буд.

– Бастаро тайёр кардӣ? – пурсид аввалӣ.

– Бори зиёдатиро бардошта гаштан чӣ ҳоҷат? – ҷавоб гардонд сонавӣ. – Ҳамон ҷо кардан мегирам.

– Ин гапат ҳақ; хӯш рафтем.

– «Ин чӣ гуна баста бошад?» – ба дил гуфт Дантес.

Мурдаи дурӯғинро аз рӯи кат бардошта ҷониби занбар бурданд. Эдмон тамоми мушакҳояшро таранг дошт, то ба ҷасади шахшуда бештар монанд бошад. Ӯро болои занбар гузоштанд ва ҷанозабарон, ки посбон фонус дошта рӯшноӣ мекард, аз зинапоя фуромадан гирифтанд.

Нохост ҳавои тозаву данди шабонгоҳӣ ба рӯи Дантес расид; вай боди сарду хушки шимолиро шинохт. Ин ҳиссиёти ногаҳонӣ пур аз ҳаловату ҳаяҷони дарднок буд.

Занбаркашон ягон бист қадам роҳ паймуда баъд таваққуф карданд ва занбарро ба замин гузоштанд.

Яке аз онҳо канортар рафт ва Дантес тук–туки ба тахтасангҳо бархӯрдани кафши ӯро мешунид.

– «Ман дар куҷо бошам?» – аз дил гузаронд ӯ.

– Медонӣ чӣ, ин чӣ хел ки аз ҳад вазнин, – гуфт гӯркови пеши Дантес монда, дар як лаби занбар нишаста.

Бо аввалин фикре, ки ба сараш зад Дантес қариб худро аз халта берун афканда буд, вале хушбахтона, худдорӣ кард.

– Э канӣ рӯшноӣ кун, аблаҳ, – гуфт занбаркаши як сӯ рафта, – набошад он чи даркор аст, ҳеҷ ёфта наметавонем.

Каси фонусбадаст итоат кард, агар чи фармоиш хеле дурушт ба забон оварда шуда буд.

«Ин чӣ мекофта бошад вай? – ба дил гуфт Дантес. – Бели оҳанӣ бояд бошад?» Нидои хушҳолона эълом кард, ки гӯрков он чи меҷуст, ёфтааст. – Хайрият, – гуфт дигарӣ, – меёфтаи–дия.

– Хайр чӣ, – ҷавоб гардонд аввалӣ, – ҷои шитоб надорад.

Ин суханон дар забон назди Эдмон расиду ким–чӣ як чизи вазнини гурсосиро пешаш монд. Ҳамон дақиқа ресмонро ба пойҳояш андохтанд ва аз зарби таранг кашида бастан пояш ба дард омад.

– Хӯш канӣ, бастӣ? – пурсид гӯркови дуюм.

– Ҳамин хел зӯр ки! – ҷавоб гардонд он дигараш. – Бе хато. – Хӯш – бардор!

Ва, занбарро бардошта, роҳашонро давом доданд.

Ягон панҷоҳ қадам роҳ паймуданд, баъд таваққуф карданду кадом як дарвозаро кушоданд ва боз рафтан гирифтанд. Садои ба шахпораҳо бархӯрдани амвоҷ, ҳамон шахе, ки дар болояш қалъа сар ба фалак кашида буд, ба муҷарради пеш рафтани занбаркашон, то рафт баръалотар ба гӯши Дантес мерасид.

– Лекин ҳаво нобоб! – гуфт яке аз занбаркашон. – Дар чунин ҳаво ҳоли кас дар баҳр бад мешавад!

– Ҳа! Мабодо аббат андак тар нашавад, – гуфт дигараш.

Ва ҳар ду қоҳ–қоҳ зада хандиданд.

Дантес моҳияти ҳазлро пай набурд, вале мӯй дар баданаш рост шуд.

– Ана расидем, – гуфт аввалӣ.

– Рафтан гир, – гашта гуфт дигарӣ, – аз ёдат баромад чӣ, ки он дафъа вай то поён нарасида, ба сангҳо зада майда–майда шуда буд, боз қутвол рӯзи дигараш танбал номида буд моро.

Онҳо боз панҷ–шаш қадам рафтанд, то рафт болотар баромада; баъд Дантес ҳис кард, ки ӯро аз сару аз пояш дошта алвонҷ дода истодаанд.

– Як! – гуфт гӯрков. – Ду!

– Се!

Дар ҳамин лаҳза Дантес ҳис кард, ки ӯро дар халои ғайри қобили тасаввур афканданд ва ӯ ба мисоли мурғи шикастабол ҳаворо ду бахш карда бо қалби аз даҳшат афсурда фурӯ меафтад. Агар чи ким–чии вазнин ӯро поён кашида басуръат мебурд, ба назараш, ки афтишаш беохир аст. Оқибат бо садои баланде, чун тир пуршаст, ба оби ях барин сард, фурӯ рафт ва дод заданӣ шуд, вале ҳамонзамонӣ об ба даҳонаш рафта, нафасаш гашт.

Дантес ба баҳр афканда шуда буд ва санги сиюшашфунтӣ, ки ба ҳар ду пояш баста шуда буд, ӯро ба қаъри об бурд.

Баҳр – гӯристони қалъаи Иф будааст.

пешина
аз 99
навбатӣ