Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

III. ҶИЛОИ ДИЛРАБО

Офтоб алакай қариб сеяки роҳи худашро тай карда буд ва шӯълаҳои тафсону ҷонбахши моҳи майиаш ба сахраҳое фурӯ мерасиданд, ки ба назари кас гармии ин шӯълаҳоро эҳсос мекарданд; ҳазорон ҳазор малахҳои панаҳ даруни буттаи халанҷ бо чир-чири якнавохту муттасилашон фазоро пур мекарданд; баргҳои дарахтони мӯрду зайтун ҳилпирос зада қариб ки садои физилие дармедоданд; ҳар як қадам мондани Эдмон бар хорои аз ҳарорати офтоб тафсида калпесаҳои ба ранги зумурруд сабзро мерамонд; дуртар, дар нишебиҳои кӯҳсор ғизолони чобуксайр, ки сайёдон ин қадар дар орзуяшон буданд, ба чашм мехӯрданд; хуллас, ҷазира маскуну пур аз ҳаёт метофт ва сарфи назар аз ин, Эдмон ҳис кард, ки вай якаву танҳост дар паноҳи Худо.

Ӯро аҷоиб як ҳиссиёте фаро гирифт, ки шабоҳат ба тарс дошт; инро боис равшании чашмхиракунандаи рӯз буд, ки дар чунин равшанӣ ҳатто дар биёбон ба хаёламон меояд, ки нигоҳи кунҷкови касоне назора дорад моро.

Ин эҳсос чунон қавӣ буд, ки пеш аз сар кардан ба кор, вай метинро як сӯ гузошту аз нав туфангро ба даст гирифт, боз ханҷолкаш ба сари баландтарин шахе баромад, ва бо диққат ба атроф чашм давонд.

Аммо бояд эътироф кард, ки на Корсикаи дилрабо, ки дар он вай ҳатто хонаҳоро ташхис дода буд, на Сардинияи барояш қариб ношинос, на Элба, ки рӯйдодҳои азимеро дар хаёлаш эҳё дода буд, на хати базӯр пайхасшавандае, ки дар уфуқ тӯл кашида буду дар назари таҷрибакори маллоҳ Генуяи шукӯҳманду Ливорнои тиҷоратгоҳро ёдрас мекард, диққати ӯро ба худ накашид; не, нигоҳи вай киштии хурдакаки ҳангоми субҳ рахти сафар баставу сафинаи навакак равон шударо меҷуст.

Аввалӣ дар гулӯгоҳи Бонифатсия нопадид гардида буд, сонавӣ роҳи муқобилро пеш гирифта, қад-қади соҳилҳои Корсика пеш рафта, дар тараддуди онро давр зада гузаштан буд.

Ин ба Эдмон тасалло бахшид.

Он гоҳ вай шоҳини назарро ба чизҳои наздиктар равона кард. Ӯ дид, ки як худаш танҳо дар баландтарин нуқтаи нӯктези ҷазира, ба мисоли ҳайкали наҳифҷусса рӯи пояи азиме рост истодааст; дар зери пояш ягон ҷонзоде нест; дар гирду атроф – ягон заврақе; ба ҷуз баҳри лоҷвардӣ, ки ба домани шах бархӯрдаву рӯи хорои лаби соҳил ҳошияи симгуне боқӣ гузошт, дигар ҳеҷ чиз.

Он гоҳ вай батаъҷил, вале дар айни замон эҳтиёткорона, поён фаромадан гирифт; вай хеле метарсид, мабодо воқиан ӯро нохушие пеш наояд, ки ин қадар ҳунармандонаю бамуроди дил чунин як нохушиеро вонамуд карда буд.

Дантес, чунон ки пеш аз ин гуфта будем, аз рӯи нишонаҳое, ки дар тани сахраҳо гузошта шуда буданд, ақибрӯ рафт ва дид, ки асари нишонаҳо тарафи халиҷи хурдакаки чун ғуслгоҳи парии антиқа хилвате мерафт. Даромадгоҳи ин халиҷ хеле васеъ ва умқаш ба дараҷаи кофӣ буд, то киштии на чандон калоне аз қабили сперонарҳо ба он даромада тавонад ва он ҷо панаҳ бишавад. Он гоҳ, ба равиши он сарриштае, ки дар кафи аббат Фариа тафаккурро аз печутоби эҳтимолиятҳои зиёде гузаронида ин қадар ба ваҷҳи аҳсан пеш мебурд, вай ба қароре омад, ки кардинал Спада, аз назарҳо ниҳон монданӣ шуда, ба ин халиҷак ворид гардида, киштии хурдакакашро ин ҷо пинҳон карда, ба самти нишонаҳои тани сахраҳо пеш рафтагист ва ҳамон ҷое, ки нишонаҳо ба охир мерасанд, ганҷашро гӯр кардагист. Ин гумон Дантесро боз гашта пеши санги лунда бурд.

Фақат як мулоҳиза Эдмонро ба ташвиш меовард ва кулли тасаввуроташро роҷеъ ба инкишофи воқиа дарҳаму барҳам мекард: ба чӣ тариқ бе зӯри хориҷ аз қуввати инсон ин сангеро, ки эҳтимол ягон панҷ ё шаш ҳазор фунт вазн дошт, болои он такяи шабеҳ ба поя, ки рӯяш қарор дорад, устувор кардан мумкин буд?

Нохост фикри тозае ба сари Дантес зад.

– Шояд инро умуман набардошта бошад, – гуфт ӯ ба худ, – балки фақат аз баландие поён ғелонда бошад.

Ва ӯ бо шитоб аз санг болотар баромад, то ҷои аввалаашро ёбад.

Ӯ воқиан ҳам ҷоеро дид, ки изи поён лағзидани санг боқист. Пораи дуюми харсанг, ки андаке хурдтар буд, ба сифати тиргак онро боздошта аст. Дар атрофи он сангҳои хурду калони зиёде густурда шуда ва ба рӯи ин сангдевор хоки ҳосилхезе кашида шуда буд, ки дар болояш алаф рӯида, ушна пахш кардааст, ки ба бехҷастаҳои дарахтони мӯрду сирешимӣ ғизо мебахшид ва ин дам санги азамат ба як пораи мазбути шах табдил ёфтааст.

Дантес бо эҳтиёт заминро чок кард ва тамоми ин ҳилаи борикбинонаро пай бурд ё ба хулосае омад, ки пай бурдааст.

Он гоҳ вай метин дар даст ба кандани ин сангдевори бо мурури айём мустаҳкамгардида сар кард.

Баъди даҳдақиқаина кор девор ҷудо шуд ва дар ҷои он сӯрохе пайдо гардид, ки даст ба он даровардан мумкин буд.

Дантес калонтарин дарахти зайтунеро, ки пайдо карданаш даст дод, бурид, шохаҳояшро зад, баъд ба сӯрох дароварду фишангвор зер кард.

Лекин санг чунон вазнин буд ва чунон сахт ба санги поён тира шуда хобида буд, ки ягон марде ҳатто агар зӯри таҳамтанвор дошта бошад ҳам, аз ҷояш ҷунбонда наметавонист онро.

Он гоҳ Дантес ба қароре омад, ки аввал тиргакашро ҷудо кардан лозим аст. Аммо ба чӣ тариқ?

Ба саросемагӣ афтода бо хотири мушавваш ба атроф чашм давонд ва нохост нигоҳаш ба шохи гӯспанди борутдор афтод, ки Ҷакопо барояш монда рафта буд.

Ӯ табассуме кард: ихтироъи ҷонсӯз ба додаш мерасад.

Бо метин байни санги болову роҳи поёнро кофт, то чунон ки заминкобон барои осонии кори вазнину пурмашаққат мекунанд, моддаи таркандаро ҷой кунад; ҷои кофта шударо аз борут пур кард, рӯймолчаашро даронду аз он пилта тайёр намуд.

Баъд вай пилтаро даргиронду худаш дуртар рафт.

Дере нагузашта таркиш ба амал омад. Санги боло бо қувваи қиёснопазири борут дар як он бардошта шуд, санги поён бошад, пора-пора гардид. Аз сӯрохи андаке, ки Дантес карда буд, урдуи ҳашароти беқарор зада баромаду як мори обии барзангие, муваккали ин даромадгоҳи тилисмӣ, ҳалқаи кабудчаашро тоб дода рост карду ғоиб шуд.

Дантес наздик рафт, санги боло, ки бе муттако монда буд, дар сари варта муаллақ меистод. Гумҷӯи пурғайрат атрофашро давр зад, ҷои лиққонакашро интихоб карду Сизифвор, бо тамоми қувват фишангро пахш кард.

Санги аз тазалзул лиққонакшуда алвонҷ хӯрд; Дантес дучанд зӯр зад; ин дам вай ситабри асотирии давраи антиқаро мемонд, ки харсангро бардошта бо сарвари худоён дар набард истоданӣ мешуд. Ниҳоят санг аз ҷояш кӯчида ғелон шуд, ҷастухезкунон пойн рафт ва дар қаъри баҳр нопадид гардид.

Дар таги санг сатҳи мудавваре будааст, ки дар миёнҷояш ҳалқаи оҳание ба назар менамуд; ҳалқа ба сарпӯши мураббае гузаронда шуда буд.

Дантес аз шодӣ ва ҳайрат нидое баровард – нахустин кӯшишаш чӣ натиҷаи дилхоҳе дод!

Ӯ хост ҷустуҷӯро давом диҳад, вале пойҳояш чунон меларзиданд, дилаш чунон сахт-сахт мезад, пеши чашмонашро ғубори ҳароратноке гирифта буд, ки маҷбур шуд таваққуф кунад.

Аммо таваққуфаш яклаҳзагӣ буд. Эдмон фишангро ба ҳалқа гузаронду сахт зер кард, сарпӯш бардошта шуд; дар зери он нардбон барин чизе пайдо шуд, ки сарзеб ба қаъри зулмонии ғори тира фурӯ мерафт.

Ба ҷои ӯ каси дигар мебуд, худашро ба ғор афканда, аз шодӣ наъра мекашид. Дантесро рангаш канда, бозистоду ба андеша фурӯ рафт.

– Сабр кун! – гуфт ӯ ба худаш хитоб карда. – Мард будан лозим. Ман ба мусибат хӯ гирифтаам ва ноумедӣ маро аз пой нахоҳад фиканд; магар аз нокомиҳо сабақе ҳосил нашудааст маро? Ҳар гоҳ кас ба чизе аз ҳад зиёд умед бандад, бо ҳарорати он дил тоб намеоварад, вале аз сардии воқеият, якбора фишурда мешавад он! Фариа ҳазён гуфтааст: кардинал Спада ҳеҷ чиз гӯр накардааст дар ин ғор, шояд ҳаргиз ба ин ҷо наомада бошад ҳам; агар омада бошад ҳам, он гоҳ Сезар Борҷиаи дасисабози бебок, роҳзани хастагинопазири тираандеш, аз пасаш афтода, изашро пайдо кардааст, ман барин аз рӯи ҳамон нишонаҳо пеш омада, мисли ман ин сангро бардоштаву пештар аз ман ба ғор даромада, барои ман чизе боқӣ нагузоштагист.

Ӯ дақиқае беҳаракат ба чоҳи тираву жарф чашм дӯхта истод.

– Бале, бале, барои чунин рӯйдоде дар зиндагии ин роҳзани маснаднишин ҷой ёфт шуданаш аз эҳтимол дур набуд, ки дар он нуру зулмат дар печу тоби ҳаводиси хориқулъода ба ҳам омехта гардидаву матоъи ҳафтранги тақдирашро дар ҳам бофтааст. Ин такопӯи афсонаосо бар силсилаи пирӯзиҳои ӯ ҳалқаи ногузир буд; оре, Борҷиа замоне ба ин ҷо омадааст, дар як даст машъалу дар дасти дигар шамшер ва дар масофаи ягон бист қадам аз мана ҳамин шах, шояд ду тан нигоҳбоне истода бошанд, нигоҳбони тирарӯю ваҳшатбор, ки замину фазову сатҳи баҳрро назора мекарданд, дар ҳине, ки ҳукмравояшон ба ғор дармешуд, чунон ки ин дам ман дар чунин ният астам ва зулматро бо дасти муқтадири машъалдораш ду бахш мекард.

«Хӯш; лекин Борҷиа бо он нигоҳбононе, ки розашро бо онҳо дар миён гузошта буд, чӣ кор карда бошад?» – пурсид аз худаш Дантес.

«Он кореро, ки бо гӯрканони Аларих карда буданд, яъне ки ҳамроҳи дафншавандагон гӯр карда будандашон».

«Лекин, агар Борҷиа дар ин ҷо буда бошад, – давом дод Дантес, – ганҷро пайдо мекарду гирифта мерафт; Борҷиа ҳамонест, ки Италиёро бо испаноқ қиёс кардаву баргҳои онро як ба як кандааст, – Борҷиа қадри вақтро хуб медонист, вай фурсатро барои гашта дар ҷояш устувор кардани санг беҳуда сарф намекард.

Инак, ба ғор мефуроем».

Ва ӯ табассуми нобоварона дар лаб по ба нардбон гузошта, охирин калимаи ҳикмати инсониро зери лаб ба забон овард: «Шояд!..»

Аммо ба ҷои зулмате, ки вай дар ин ҷо пайдо карданашро чашмдор буд, ба ҷои ҳавои нафасгардони дам Дантес муҳити нимторики кабудчаи ҳавояш сабукеро дид; ҳавою рӯшноӣ на фақат аз сӯрохи боз кардаи худаш ворид мешуд, инчунин аз тарқиши аз берун ноаёни шах ба он ҷо роҳ меёфт ва аз байни ин тарқишҳо осмони кабуд, наққошии сабзи баргҳои булут ва нахҳои пурхори токи ёбоӣ намудор буданд.

Чанд дақиқае ба сар бурдан дар ғоре, ки ҳавояш – на рутубатноку на гандида, балки ғолибан хушки фораму муаттар – ин қадар аз ҳавои берун мулоиму ин қадар фазои нимторики кабудчааш аз равшании офтоб хушояндтар буд, ба Дантес имкон дод бо қобилияту одати дар торикӣ дида тавонистанаш ба як чашмдавондан дурдасттарин гӯшаҳои онро аз назар гузаронад; девораҳои ғор аз санги хоро буданд ва пулакчаҳои хурди рахшонаш ба мисоли алмос шаъшаъапошӣ мекарданд.

– Афсӯс! – гуфт Эдмон бо табассум. Ин аст, зоҳиран, ганҷе, ки аз кардинал боқӣ мондааст, вале аббати нексиришт девораҳои шаъшаъапошро хоб дида, ин қадар умед бастааст.

Аммо Дантес каломи васиятномаро, ки аз ёд медонист, ба хотир овард: «Дар канортарин гӯшаи чоҳи дуюм», – гуфта шуда буд дар он.

Ӯ танҳо ба ғори якум роҳ ёфта буд; роҳи ғори дуюмро пайдо мебоист кард.

Дантес ба атроф чашм давонд. Ғори дуюм фақат дар дарунтари ҷазира буда метавонист. Ӯ тахтасангҳоро аз назар гузарондан гирифт ва ба туқ-туқ задани он девораи ғор сар кард, ки ба ақидаи ӯ бояд сӯрохе мебуд, сӯрохе, ки зоҳиран, барои эҳтиёткории бештаре маҳкам карда шудагист.

Дақиқае чанд садои ҷарангосии ба хоро бархӯрдани метин шунида шуд, санг чунон мустаҳкам буд, ки ҷабини Дантесро арақ пахш карл; ниҳоят ба назари ганҷкови собитқадам чунин тофт, ки дар як ҷое девораи хоро ниҳоят садои андаке баста ва пасттаре дардод; ӯ нигоҳи шарарборашро ба девор дӯхту бо қувваи эҳсоси ба марди зиндонӣ хосаш он чиро пай бурд, ки шояд ҳеҷ каси дигаре пай намебурд: дар ин ҷо бояд сӯрохе буда бошад.

Аммо, то ин ки баръабас зӯр назанад, Дантес, ки на камтар аз Сезари Борҷиа фурсатро ғанимат мешумурд, дигар ҷойҳои девораи ғорро бо метин туқ-туқ зада баромад, бо қундоқи туфанг заминро гурс-гурс зад, дар ҷойҳои шубҳанок регро кофт ва ҳеҷ чиз пайдо накарда, ба назди деворае, ки садои умедбахш дардода буд, баргашт.

Вай аз нав метин ба девор зад ва ин дафъа бо қувваи бештаре.

Ва нохост, бо тааҷҷуб, ӯ пайхас кард, ки ба зарби метин аз девора андова барин чизе ҷудо шуда порча-порча афтода истодааст ва аз зери он гаҷсангҳои сафедчае падидор меоянд, санги муқаррарие, ки бо он девори иморатеро мебароранд. Сӯрохи девораи шахро бо санг масдуд карда, рӯяшро андудаанд, вале андоваро ба лавну донаҳои шабеҳ ба санги хоро рӯпӯш кардаанд.

Он гоҳ Дантес сари тези метинро ба девор даровард ва он ба андозаи як пайванди ангушт ба садди сангин фурӯ рафт.

Ана ин ҷоро мебоист кофт.

Ба тақозои табиати булъаҷаби инсон, Дантес ба иштибоҳ накардани Фариа ҳар қадар бештар далел пайдо мекард, ҳамон қадар шубҳааш зиёд мешуду навмедиаш афзун мегардид. Ин кашфиёти нав, ки боист ба ӯ қуввату ғайрат мебахшид, баръакс, мадорашро якбора хушк кард. Метин дар сатҳи девор лағзида, қариб буд, ки аз дасташ афтад; вай онро ба замин гузошта, пешониашро пок карду аз ғор баромад, ба дил гуфт, ки ба атроф менигарад, мабодо касе аз пасаш назора накарда истода бошад, ҳол он ки берун баромаданаш барои он буд, ки аз ҳавои тоза нафас кашад; ӯ ҳис карда буд, ки анқариб аз ҳуш меравад.

Ҷазира беодам буд ва қурси офтоб дар баландтарин нуқтаи уфуқ қарор гирифта, онро метафсонд. Дар дурӣ заврақҳои моҳигирон дар рӯи баҳри лоҷувардӣ бол ёзонда буданд.

Дантес аз саҳар боз чизе нахӯрда буд ва ба ғизо хӯрдан фурсат ҳам надошт; ӯ як ҷуръа ром гирифту ба ғор баргашт.

Метин, ки ба хаёлаш ин қадар вазнин метофт, боз сабук гардид; вай онро осон бардошту бо ҳавсалаи тамом ба кор сар кард.

Баъди чанд зарбае ӯ пай бурд, ки сангҳо миёни ҳам бо ягон чизе пайванд нагардидаанд, балки фақат болоиҳам чида шудаанду аз болояш андова кардаанд, андоаве, ки аз хусусаш болотар сухан рондем. Эдмон нӯки метинро ба яке аз тарқишҳо дароварда, вазнашро ба даста андохта зер кард – санг ба пеши пояш афтод!

Баъди ҳамин кор саҳл шуд, сангҳо пасиҳам афтодан гирифтанд.

Дантес кайҳо имкони ба сӯрохи кушодааш ворид шудан дошт, вале бо вуҷуди ин корро таъхир медод, то ки бовараш такон нахӯраду умедаш боқӣ монад.

Ниҳоят, тараддуди яклаҳзагиашро бартараф карда, Дантес аз ғори якум ба ғори дуюм гузашт.

Ғори дуюм пасттар, ториктар ва дилгиртар аз ғори якум буд; ҳаво, ки ба он фақат аз сӯрохи кушодаи ӯ медаромад, мартубу бӯйнок буд, ки ба тааҷҷуби Дантес, дар ғори аввал ин тавр набуд.

Дантес каме сабр кард, то ҳаво ин фазои берӯҳро андак сафо бахшид, баъд ворид шуд.

Дар самти рост аз сӯрохе, ки ӯ ворид шуд, гӯшаи чуқур ва торике буд.

Лекин мо пеш аз ин гуфта будем, ки барои Дантес торикӣ вуҷуд надошт.

Ӯ ғорро аз назар гузаронд. Вай чун ғори якум холӣ буд.

Ганҷ ба шарте, ки агар вуҷуд дошта бошад, дар ҳамин гӯшаи торик гӯр карда шудагист.

Дақиқаи пуразобе фаро расид.

Дантесро аз саодати беҳудуд ё навмедии бепоён ягон ду фут хок ҷудо медошту бас.

Ӯ ба ҳамин гӯша расиду мисли ин ки ба қарори қатъие омада бошад, ба ғайратии тамом ба кандани замин даромад.

Дар зарбаи панҷум ё шашум метин ба оҳан расид.

Ҳеҷ гоҳ танини зангӯлаи маросими дафн, ҳаргиз бонги изтироби ноқус ба сомеъ чунин як таассуроте набахшидааст.

Агар Дантес ҳеҷ чиз намеёфт, ин қадар бо ҳарос ранг аз рӯяш намепарид.

Ӯ метин ба канортари ҷои аввала заду ҳамон монеаро пай бурд, вале садояш дигаргунатар буд.

– Ин сандуқи чӯбини ба ҳар ҷо-ҳар ҷояш порчаҳои оҳанӣ парчин карда шудаест, – ба дил гуфт ӯ.

Дар ҳамин дақиқа сояи ким-чие як лаҳза пеши рӯшноиро гирифт.

Дантес метинро аз даст фрӯ гузошта, туфангро бардошту аз ғор тохта баромад.

Бузи кӯҳие аз дами дари ғор ба тоз гузаштаву дар масофаи чанд қадаме аз ӯ алаф мечарид.

Ин лаҳзаи қулае буд барои таъмин кардани наҳори худ, аммо Дантес хавф бурд, ки диққати ягон касеро ба худ мекашад.

Ӯ каме ба фикр рафт, баъд аз дарахти пурсамғ шохае бурид, аз гулхани қочоқчиён, ки бузичаро кабоб карда буданд, онро даргиронду бо ҳамин машъала ба ғор гашта рафт.

Ӯ нахост ягон ҷузъиётеро, ки бояст медид, фурӯ гузорад. Ӯ машъалро ба чуқурии таваккалан кофтааш наздик бурду дарёфт, ки иштибоҳ накардааст: метин дарвоқеъ мутародиф гоҳ ба оҳан задаасту гоҳ ба чӯб.

Ӯ машъалаашро ба зимин халонду боз ба кор муқайяд шуд.

Дар чанд дақиқае сатҳи қадаш се футу бараш ду футаро тоза карду сандуқи чӯбибулутиеро дид, ки ба ҳар ҷо-ҳар ҷояш оҳани мазрубе парчин шудааст. Дар рӯи сарпӯши сандуқ тамғаи нуқрагини дар зери хок хира нашудае ҷило медод; тамға аз нишони хонадони Спада – шамшери болои сипари байзоии италиёвӣ рост монда шудаи бо кулоҳи кардиналӣ тамомёфтае иборат буд.

Дантес ба осонӣ ин нишонро шинохт, – чандин карат аббат Фариа тасвир карда буд онро!

Акнун дигар шубҳае намонда буд. Ганҷ ин ҷо буд; сандуқи холиро касе бо чунин диққати тамом пинҳон намекард.

Дар як дақиқа Дантес хоки атрофи сандуқро тоза кард. Аввал ғалақаи болоӣ намудор шуд, баъд ду қулфи овеза, сипас ду дастаи девораҳои паҳлуӣ. Ҳамаи ин бо маҳорате нодиракорӣ шуда буд, ки замонашро ташхис медод, замоне, км санъат ба физили дурушт нафосате мебахшид.

Дантес аз дастаи сандуқ гирифту кӯшиш кард, ки бардорад – муродаш ҳосил нашуд.

Он гоҳ қарор дод сандуқро кушояд, вале ҳам ғалақаву ҳам қуфлҳои овеза сахт маҳкам буданд. Ин посбонони содиқ, мисли ин, ки намехостанд, ганҷинаи ба ӯҳдаашон вогузошта шударо таслим кунанд.

Дантес нӯки тези метинро байни танаи сандуқу сарпӯши он дароварда, вазнашро ба дастаи он дод ва сарпӯш ғаричасзанон кафид; тарқиши ба миён омада тасмаҳои оҳанро суст кард; тасмаҳо аз ҳам ҷудо шуданду дари сандуқ боз гардид.

Ларза ба андоми Дантес афтод. Ӯ туфангро бардошт, қулангашро кашиду дар канори худаш гузошт. Аввал ӯ чашмонашро пӯшонд, чунон ки бачагон мекунанд, то дар шаби пурҷилои тасаввури худ бештар ситора бинанд, нисбат ба он, ки дар осмони ҳанӯз равшан шумурда метавонанд, баъд чашмонашро боз карду аз бехудӣ шах шуд.

Дар сандуқ се шӯъба буд.

Дар шӯъбаи якум сиккаҳои якчервонии тилло бо тобиши сурхчаашон ҷило медоданд.

Дар дуюм – сабикаҳои сайқалнахӯрдаи зар ба тартиб чида шуда буданд, ки фақат вазн доштанду арзиш.

Ниҳоят, дар шӯъбаи сеюм, ки то нисфаш пур буд, Эдмон дасташро ба тӯдаи алмосу дурру лаълпораҳое фурӯ бурд, ки ба мисоли шаъшаъаи обшорон болои ҳам фурӯ рехта, чун донаҳои ба шиша занандаи жола садо дармедоданд.

Аз тамошои ин манзара сер шудаву чанд дафъа дастони ларзонашро ба тиллову ҷавоҳирот фурӯ бурда, Эдмон парида хесту дар ҳолати бехудӣ чун каси анқариб ба ақлбохтагӣ аз ғор бадар тохт. Ӯ худро ба сари шахе гирифт, ки аз он соҳати баҳр намудор буд ва касе ба назараш нарасид. Ӯ бо ин сарвати беҳисоби гӯшношуниди афсонавӣ, ки ба шахси худаш тааллуқ дошт, танҳо буд, тамоман яккаву танҳо. Аммо хоб аст ин ё бедорӣ? Ин рӯъёи яклаҳзагиест ба чашмаш тофта, ё дар кафи ӯ ҳақиқати воқеист?

Дил мекашид, ки боз ба тамошои зараш биравад, вале дар ин миён ҳис кард, ки дар ин дақиқа ба тамошои чунин манзара тоб намеовардагист. Ӯ бо ҳар ду даст сарашро дошта, ба мисоли касе, ки ҳуши омодаи аз сар париданашро боздоштанист, баъд дар соҳати ҷазира ба давидан даромад, на ин ки роҳеро пеш нагирифта, чун ки ҷазираи МонтеКристо роҳе надорад, ҳатто бе муқаррар кардани самти муайяне, бо нидоҳову ҳаракатҳои бехудонааш бузони кӯҳиву мурғони баҳриро рамонда. Баъд давр хӯрда ба роҳи дигаре гашта омад ва ҳоло ҳам бовараш ба худаш наёмада, худро ба ғори аввал андохт, аз он ҷо ба дигараш гузашт ва боз дар рӯбарӯяш ин кони тиллову алмосро дид.

Ин дафъа ба зону фурӯ афтода, ба ташаннуҷ даст ба дили беқарораш бурду зери лаб ба муноҷот кардан даромад, муноҷоте, ки таркиби алфозашро фақат худованд медонисту бас.

Лаҳзае пас вай андаке таскин ёфт ва дар айни замон саодатманд гардид; фақат ин дам ба тофтани бахташ бовар мекардагӣ шуд. Ва ӯ ба ҳисоб кардани дороиаш пардохт. Дар сандуқ ҳазор дона сабикаи тилло будааст, ки ҳар кадом аз ду то се фунт вазн дошт; баъд вай бисту панҷ ҳазор сиккаи тиллоро бар шумурд, ки арзиши ҳар яктоаш ба пули ин замона тақрибан ҳаштод франк аст; дар рӯи ҳамаи сиккаҳо тасвири Александри IV ва пешгузаштагони ӯ; дар айни замон итминон ҳосил кард, ки вай фақат нисфи он шӯъбаи сандуқро холӣ кардааст; ниҳоят, вай бо ҳар ду дасташ даҳ каф дур, алмос ва дигар ҷавоҳиротро андоза кард, ки бисёрии онҳоро беҳтарин устоҳои он замон дар нигинхонаҳо ҷо додаанд; ҳар кадом қимати бадеие доштанд, ки ҳатто дар қиёси арзиши пулиашон на камтар баҳо доштанд.

Ин дам рӯз ба бегоҳ майл мекард. Дантес пайхас кард, ки соати ғуруб наздик расида истодааст. Ӯ хавф бурд, ки мабодо дар ғор дарнаёбандаш ва туфанг дар даст баромад. Як тикка нонқоқу чанд ҷуръа май ғизои шомаш гардид. Баъд тахтасанги сари ғорро ба ҷояш гузошта, дар болояш дароз кашид ва бо тани худ даромадгоҳи ғорро пӯшонда, чанд соате хоб рафт.

Ин шаб яке аз он шабҳои ширину даҳшатборе буд, ки то ин дам дусе дафъа насиби ин шахси дар ҳалқаи шавқу ҳирс афтода гардида буд.

пешина
аз 99
навбатӣ