Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пастрини аз кисаи камзӯлчааш соати бисёр зебоеро баровард, ки номи устову тоҷи графие сабт ёфта буд дар он.

– Мана вай.

– Ҷин занад! – гуфт Албер. – Муборак шавад! Аз они ман ҳам қариб ҳамин барин, – ӯ соати худашро аз кисаи камзӯлчааш баровард, – ин соат ба ман се ҳазор франк афтода буд.

– Ҳикоят кунед саргузашташро, – гуфт Франс, курсии нармро пеш кашидаву устод Пастриниро ба нишастан даъват карда.

– Изн медиҳед шумо? – пурсид Пастрини.

– Афв фармоед, азизам, – ҷавоб гардонд Албер, – охир шумо воиз нестед-ку, то рост истода гап занед.

Пешакӣ ба ҳар кадоме аз сомеонаш бо тавозӯъ таъзим карда, нишаст соҳиби меҳмонсаро, ки бояд таъкиди омодагиаш бошад ба ибрози ҳама маълумоте доир ба Луиҷи Вампа.

– Сабр кунед, – гуфт Франс, устод Пастриниро, ки акнун даҳон кушоданӣ буд, боздошта. – Шумо гуфтед, ки Вампаро дар кӯдакиаш мешинохтед. Аз ин мебарояд, ки ҳоло тамоман ҷавон будааст-дия?

– Ҷавон аст ё не? Набошад чӣ! Бошад дар бисту ду будагист. Оҳ ин писарак хеле пеш меравад, хотирҷамъ бошед.

– Шумо ба ин чӣ мегӯед, Албер? Ном баровардан дар бистудусолагӣ! Ин ҳазл не! – гуфт Франс.

– Оре, Искандар, Қайсар ва Наполеон ҳам дар ин синну сол ба кам чизе ноил шуда буданд, агарчи минбаъд овозаашон баланд гардида буд.

– Яъне ки, – давом дод суханашро Франс, ба хоҷаи меҳмонсаро рӯ оварда, – қаҳрамони достони шумо ҳамагӣ бисту ду сол дорад?

– Бошад ҳамин қадар будагист, чунон ки ман алакай аз арз карданаш шарафёб шудам.

– Қадаш чӣ қадар, баланд ё паст?

– Миёна, тақрибан баробари ин ҷаноб, – ҷавоб гардонд хоҷа, Алберро нишон дода.

– Миннатдорам барои қиёс гирифтанатон , – таъзим карда гуфт Албер.

– Ҳикоят кунед, устод Пастрини, – гуфт Франс, ба зудранҷии дӯсташ табассум карда. – Хӯш ба кадом табақаи ҷомиа тааллуқ дорад ӯ?

– Ӯ дар милки граф Сан-Феличе, миёни Палестрина ва кӯли Габри чӯпони одие буд. Дар Пампинар таваллуд ёфтаву аз панҷсолагӣ хидматгори дарбори граф будааст. Падари чӯпонаш дар Анания рамаи хурде дошт ва аз фурӯши пашму панири гӯспанд рӯз мегузаронд.

Вампаи хурдсол ҳанӯз дар ибтидои бачагиаш бо хулқи ғалатиаш фарқ дошт. Як дафъа, ҳангоме, ки нав ба ҳафт даромада буд, ба назди кашиши Палестрина ҳозир шуду хоҳиш кард, ки хонданро ёд диҳад ба вай. Ин кори осон набуд, чун ки чӯпонбача аз рама ҷудо шуда наметавонист; аммо кашиши раҳмдил ҳамарӯза барои гузордани ибодати нимрӯзӣ ба ҷойгаҳи хурдакаке мерафт, маҳал чунон бенаво буд, ки ба нигоҳ доштани кашише қудрат надошт, ҳатто ном надошт, бинобар ин одатан ҳамту «Борго»1-яш меномиданд. Ӯ ба Луиҷи пешниҳод кард, ки дар сари роҳ ба вай нигарон истад ва ҳамон ҷо, дар канори роҳ сабақ гирад, вале огоҳ кард, ки дарсҳо бисёр мухтасар хоҳанд буд ва ба шогирд лозим меояд, хеле саъю кӯшиш ба кор барад.

Писарак бо хурсандӣ розӣ шуд.

Луиҷи ҳар рӯз рамаро тарафи роҳи аз Палестрина ба Борго мебурд. Ҳар рӯз соати нӯҳи саҳар аз ин ҷо кашиш мегузашт; ӯ ҳамроҳи писарак дар лаби обгурез менишасту аз рӯи китоби ибодат ба чӯпонбача савод меомӯхт.

Дар се моҳ вай хонданро ёд гирифт.

Аммо ин кам буд: вай мехост навиштанро ёд гирад.

Кашиш ба муаллими ҳусни хати Рим сето сармашқ фармуд: яктааш бо ҳуруфи ҷалӣ, дигараш бо ҳуруфи андозаашон миёна, сеюмаш бо ҳуруфи реза ва чӣ тавр дар аспид бо оҳанпораи нӯктез рӯнавис кардани он ҳарфҳоро нишон дод.

Худи ҳамон бегоҳ рамаро ба молхона андохта Вампа ба назди челонгари палестринӣ тохт, гулмехи калонеро гирифта гудохт, чинда тунук кард, қат карду мисли стилоси антиқ як чизе дуруст кард.

Рӯзи дигараш тахтачаҳои аспидиро пеш оварду ба кор сар кард.

Дар се моҳ навиштанро ёд гирифт.

Марди рӯҳонӣ аз тезии зеҳни ӯ ба ҳайрат омадаву аз пурғайратиаш мутаассир гардида ба вай чанд дона дафтар, як қабза парқалам ва якто қаламтарош тӯҳфа кард.

Писаракро фанни наве дар пеш буд, вале ин фан дар қиёси он чи то ба ҳол машғул мегардид, саҳл буд. Баъди як ҳафта кор фармудани парқаламро ба мисли стилосаш аз худ кард.

Марди рӯҳонӣ қиссаи ӯро ба граф Сан-Феличе ҳикоят кард; граф хост чӯпонбачаро бубинад, ӯро водор кард, ки дар ҳузури худаш хонаду нависад, ба мубошираш фармуд ҳамроҳи хидматгорон ба вай ҳам ғизо диҳад ва моҳе ду пиастр ротиба таъйин кардаш.

Луиҷи ба ин пул китобу қаринтош мехарид.

Азбаски истеъдоди тақлидкорие дошт, ӯ чун Ҷоттои навҷавон дар тахтачаҳои аспидӣ сурати гӯспандонаш, хонаҳо ва дарахтонро мекашид.

Баъд бо қаламтарош чӯбҳоро тарошидаву ҳар гуна ашколе бармеовардагӣ шуд. Ҳайкалтароши номӣ Пинелли ҳам ба арсаи амалиёташ ба ҳамин тариқа ворид гардида буд.

Духтарчаи шашсолае, яъне ки андаке ҷавонтар аз Луиҷи, низ дар қарибии Палестрина мол мепоид; вай ятимдухтар буда, дар Велмонтон ба дунё омада буд ва Тереза ном дошт.

Писараку духтарак канори ҳам менишастанду ҳангоме ки рамаҳояшон ба ҳам даромехта мечариданд, манаҳ мезаданд, хандаву бозӣ мекарданд; бегоҳ рамаи граф Сан-Феличеро аз рамаи барон Черветри ҷудо карда ҳар қадом ба як тараф мебурданд ва аҳд мекарданд, ки рӯзи дигар боз вохӯранд. Ва ҳамин шарту байъро ҳаргиз хилоф намекарданд ва бад-ин минвол бо ҳам калон мешуданд.

Луиҷи дувоздаҳсола шуду Тереза – ёздаҳсола.

Дар ин миён бо мурури син рағбати табииашон нисбат ба якдигар зиёда мешуд.

Луиҷи ба одати дерин машғули санъат мешуд, то ҷое, ки ин амал дар танҳоӣ имкон дошт, феълу хӯяш ба як равиш набуд: гоҳ бе сабаб ғамгин гоҳ тунду тез, пархошҷӯ ва гарданшах мешуд ва якзайл мазоҳ мекард. Ягон нафаре аз писаракони Пампинара, Палестрина ва Валмонтоне на ин ки ба вай таъсире надошт, балки ҳатто натавонист бо вай ҷӯра шавад. Худсариаш, сахтгириаш, ҳаргиз паст наомаданаш ҳар як майли унс гирифтан ё таваҷҷуҳро аз ӯ дур медошт. Танҳо Тереза бо як нигоҳ, як калима, як ишорат табъи саркаши ӯро ром мекард. Ӯ ба имои дасти зан сар мефуровард, дасти мард бошад, сарфи назар аз он ки вай чӣ мард аст, ӯро метавонист бишканад, аммо хам карда наметавонист.

Тереза, баръакси вай, шӯхтабиату вақтчоқ, вале ниҳоят пурҳавою ҳавас буд; ду пиастре, ки мубошири граф Сан-Феличе ба Луиҷи медод, ҳамаи пуле, ки аз фурӯши ҳар гуна маснуоти хурду резае, ки вай ба тоҷирони римии асбоби бозии кӯдакон медод, ба гӯшвораҳои марвориди сохта, мӯҳраҳои шишагин ва сарсӯзанҳои тилло сарф мешуд. Ба туфайли олиҳимматии дӯсти ҷавонаш Тереза дар ҳаволии Рим деҳқондухтари аз ҳама хушрӯву пур аз орову торо буд.

Ҳар ду рӯзҳои дарозро бо ҳам ба сар бурдаву лоубол ба таъсири табиати аз олам бехабари якдигар дода мешуданд. Дар сӯҳбати ҳар дуяшон, Вампа дар орзую хаёлоташ доимо худро нохудои киштие, пешвои қӯшуне ё ҳокими ягон музофоте тасаввур мекард, лекин Тереза худашро бойзане дар ҳуллаи фохир, дар бадрақаи мулозимони хидматҷомапӯш медид. Рӯзи дарозро дар орзуҳои ҷасуронаи шаъшаъаи ояндаи худашон ба сар бурда, бо он аз ҳам ҷудо мешуданд, ки гӯспандҳояшонро ба молхона андозанд ва аз парвози орзуҳо ба воқеияти тангдастии ғамангез фуруд меомаданд.

Боре чӯпони ҷавон ба мубошири граф гуфт, ки аз кӯҳсори Сабин берун омадаву дар атрофи рама давр гаштани гургеро дидааст. Мубошир ба вай туфанг дод, ҳадафи Вампа ҳам ҳамин буд. Туфанг сохти устои ҳунарманди брешнӣ будааст ва аз карабини ингилисӣ монданӣ надошт; аммо граф як дафъа кори рӯбоҳи маҷрӯҳ гардидаро тамом карданӣ шуда, бо туфанг фуроварда ва қундоқи онро шикаста аст, ки ба-дин сабаб аз баҳри туфанг баромада буд.

Барои Вампа барин устои гулдаст ин чандон кори мушкиле набуд. Ӯ чӯби қундоқи кӯҳнаашро чен кард, андоза гирифт, ки андаке тағйир додан лозим омад, то туфанг ба қаду китфи худаш мувофиқ ояд ва қундоқи навро бо чунон нодиракорие сохт, ки агар фақат чӯбашро шаҳр бурда фурӯхтанӣ мешуд, дар баҳояш бе гуфтугӯ понздаҳ-бист пиастр ба даст меовард.

Аммо вай ҳаргиз ин корро карданӣ набуд: соҳиби туфанг шудан орзуи деринааш буд. Дар ҳама кишварҳое, ки истиқлол ҷои озодиро мегирад, нахустин эҳтиёҷи ҳар як каси ҷасур, ҳар як иттиҳоди муқтадир силоҳ доштан аст, ки ҳам барои ҳуҷум хидмат мекунаду ҳам барои мудофиа ва дорандаи худро соҳиби қувваи даҳшатборе гардонда дигаронро маҷбур мекунад, ки бо ин гуна касон мудоро кунанд.

Аз ҳамин дақиқа сар карда Вампа тамоми фурсати фориғашро ба машқи тирандозӣ сарф мекард; вай тиру борут харид ва ҳама чиз барояш нишону ҳадаф гардид: танаи олуи оҷизу тирагуне, ки дар ёнаҳои кӯҳсори Сабин рӯида буд, рӯбоҳе, ки қариби бегоҳ ба умеди тӯъмае аз хафол берун меомад; уқобе, ки дар ҳаво парвоз дошт. Дере нагузашта вай чунон моҳир шуд, ки тарси Тереза фурӯ нишаст, тарсе, ки аввалҳо бо ҳар тирандозии ӯ ба дилаш ҳутур мекард, вале ин дам аз он ҳавасаш меомад, ки рафиқи ҷавонаш ҳар ҷо ки хоҳад, бе хато мезанад, хоҳ туфанг дар дасти худаш бошаду хоҳ онро дар кафи духтарак гузорад.

Як дафъа воқиан гурге аз чакалаке, ки одатан онҳо дар канораш менишастанд, дартоз бурун омад. Гург ҳанӯз қадаме даҳ натохта буд, ки беҷон дарафтод.

Вампа аз комёбии худаш мағрур гардида онро сари китф бардошту ба милк овард.

Ҳамаи ин ба Луиҷи Вампа як дараҷа маъруфият овард; касе, ки мақоми аз дигарон болотаре дорад, ҳар ҷо ки набошад, ҳамеша ҳавохоҳ пайдо мекунад. Дар саросари ҳавза аз хусуси чӯпони ҷавон ҳамчун каси дар қарибиҳои ягон даҳ лё аз ҳама чаққон, аз ҳама зӯр ва ҷавони нотарс сухан меронданд; ва агар чи Тереза дар миёни духтарони сабинӣ қариб ки ба сифати соҳибҷамоли дараҷаи аввал ном бароварда буд, касе ҷуръат надошт, аз боби ишқ бо вай ҳамгап шавад, зеро ҳама медонистанд, ки ӯро Вампа дӯст медорад.

Ҳол он ки Луиҷи ва Тереза ягон бор миёни худ аз боби ишқ сухан нагуфта буданд. Ҳар ду чун ду дарахте, ки дар зери замин решаҳояшон ба ҳам печидаасту дар рӯи замин – шохаҳояшон , ва дар ҳаво – накҳаташон, дар канори якдигар ба воя расида буданд; онҳо фақат як хоҳиш доштанд: доимо бо ҳам бошанд – ин хоҳиш ҳоҷат гардида буд ва ҳар ду ғолибан ба мурдан розӣ буданду ба ҷудоии ақаллан якрӯза – не.

Тереза ба шонздаҳ даромада буду Луиҷи – ба ҳабдаҳ.

Дар ин давра аз хусуси дастаи роҳзаноне, ки дар кӯҳсори Лепин фароҳам шуда будааст, гап-гап мерафт. Дар гирду атрофи Рим решакан карда шудани роҳзанӣ ҳаргиз муяссар намешуд. Баъзан саркарда намерасид; лекин ҳамин ки саркарда пайдо мешуд, ҳамонзамонӣ дар гирди вай дастае фароҳам меомад.

Кукуметтои номии дар кӯҳсори Абруттс таъқиб гардидаю аз қаламрави Неапол ронда шуда, ки дар он ҷойҳо ҷанги воқеӣ мебурд, мисли Манфред аз Гариляно гузаштаву миёни Сонино ва Пиперно дар соҳилҳои Амазено сарпаноҳ ёфта буд.

Ин дам ӯ аз паи Дечезарис ва Гаспароне рафтаву ба умеде, ки анқариб аз онҳо мегузаронад, даста ғун мекард. Аз Палестрина, Фраскати ва Пампинара чанд навҷавон ғоиб гардиданд. Дар ибтидо аз ваҷҳи онҳо ба ташвиш афтоданд, бад фаҳмиданд, ки онҳо ба дастаи Кукуметто дохил шудаанд.

Дере нагузашта Кукуметто мавриди диққати ҳамагон қарор гирифт.

Аз шуҷоати ғайри одӣ ва сангдилии тоқатфарсои ӯ достонҳое ривоят мекарданд.

Боре ӯ духтаракеро дуздид, духтари заминпаймои фрозинониро. Қонуни роҳзанон тағйирнопазир аст: духтарак дар ибтидо ба дуздандааш тааллуқ дорад, баъд дигарон қуръа мепартоянд ва духтараки сарсахт асбоби дилхушии тамоми даста қарор меёбад, то даме ки ба дилашон занад ё бимирад.

Ҳар гоҳ падару модараш ба дараҷаи кофӣ сарватманд бошанд, ки фидя дода тавонанд, роҳзанҳо ба хонаашон қосид мефиристанд; асира барои амнияти фиристода бо сараш ҷавобгар аст. Агар фидя надиҳанд, дар он сурат тақдири асира ҳал шуда ҳисоб меёбад.

Духтараки дуздидашуда дар байни дастаи Кукуметто дилдодае дошт, номаш Карлинӣ.

Ӯро дида, духтарак ҷонибаш даст дароз кард ва худашро наҷотёфта ангошт, аммо Карлинии бечора ӯро шинохта, ҳис кард, ки дилаш мекафад: ӯ шубҳае надошт, ки чӣ оқибате ӯро дар пеш аст.

Лекин, азбаски вай эркаи Кукуметто буд, се сол ҳама хавфу хатарро бо вай баҳам медид ва ҳатто як дафъа жандармеро, ки ба сари Кукуметто шоф кашида буд, паронда, ҷони саркардаро раҳонда буд, умед дошт, ки Кукуметто ба ҳолаш раҳм мекардагист.

Ӯ саркардаро як сӯ бурд, дар ҳоле, ки духтарак дар ялангии даруни ҷангал, зери санавбаре нишаста, рӯяшро бо чаккабанди тобоне ки деҳқонзанони Рим сарашонро бо он мебастанд, пӯшонда буд, то оразашро аз назари шаҳватпарасти роҳзанон панаҳ дорад.

Карлинӣ ҳамаашро ба саркарда ҳикоят кард: дилдодаи якдигар будан, савганди садоқат ёд кардан ва ҳадиси онеро, ки ҳар шаб, аз бозе, ки даста дар ин гирду пеш ҷой гирифтааст, дар миёни харобаҳо мулоқот карданҳояшонро.

Айнан ҳамон бегоҳ Карлинӣ ба деҳаи ҳамшафат фиристода шуда буд ва ба мулоқот рафта натавонист; аммо Кукуметто гӯё тасодуфан он ҷо пайдо шудааст ва духтаракро дуздидааст.

Карлинӣ саркардаро зорӣ кард барояш истисно кунад ва Ритаро амон диҳад, бовар кунонданӣ мешуд, ки падари духтарак давлатманд аст ва фидяи хубе медиҳад.

Кукуметто вонамуд кард, ки ба зории дӯсташ моил шудааст ва ба вай фармуд чӯпонеро ёбад, ки хонаи падари Рита ба Фрозинон фиристода шавад.

Карлинӣ шодикунон назди духтарак рафту ба вай гуфт, ки наҷот ёфтааст ва аз вай хоҳиш кард, ки ба падараш нома навишта хабар диҳад, ки ба вай чӣ воқиа рӯй додааст ва ӯро огоҳ кунад, ки барои духтараш се сад пиастр фидя талаб доранд.

Ба падараш дувоздаҳ соат мӯҳлат доданд, то соати нӯҳи субҳи рӯзи дигар.

Номаро гирифта, Карлинӣ дар ҷутуҷӯи қосид ҷониби водӣ тохт.

Ӯ чӯпони ҷавонеро пайдо кард, ки рамаашро ба қутан меандохт. Чӯпонон, ки миёни шаҳру кӯҳсор, дар марзаи байни ҳаёти ваҳшиву мутамаддин умр ба сар мебурданд, – одатан фиристодагони роҳзанон буданд.

Чӯпон бетаъхир ба роҳ афтода, ваъда дод, ки баъди як соат ба Фрозинон бирасад.

Карлинӣ шодон ба назди дилдодааш гашта рафт, то ки ин хабари тасаллобахшро ба вай расонад.

Ӯ дастаро дар ялангӣ ёфт, ки дар сари хуроки шоми шикамсерӣ базм дошт; тамоми захирае, ки ба сифати боҷ аз деҳқонон гирифта мешуд, сарф гардида буд; вай баръабас дар миёни аҳли базм Кукуметаю Ритаро меҷуст.

Пурсид, ки онҳо куҷоянд; роҳзанон бо қоҳ-қоҳи ханда ҷавоб гардонданд. Арақи сард кард ҷабини Карлинӣ, мӯи сараш рост хест.

Суолашро такрор кард. Яке аз аҳли базм ба истакон майи орвинетӣ гардонду ҷониби Карлинӣ дароз кард.

«Ба саломатии сари Кукуметтои диловару Ритаи соҳибҷамол!» Ҳамин дам ба гӯши Карлинӣ садои зане расид. Ӯ ҳамаашро пай бурд. Истаконро чанг зада гирифту ба сару рӯи муроотгар ҳавола дод ва ҷониби садо ҳаво хӯрд.

Ягон сад қадам тохта, дар паси буттаҳо Кукуметторо дид, ки Ритаи мадҳуш дар оғӯшаш буд.

Карлиниро дида, Кукуметто бархосат ва ду туфангчаро ҷонибаш рост кард.

Ҳар ду роҳзан ба якдигар назар карданд: яке – табассуми шаҳватпарастона дар лаб, дигаре – мурда барин ранг аз рӯяш гурехта.

Гумон бурдан мумкин буд, ки байни ин ду тан ҳамин дам набарди бераҳмонае ба вуқӯъ меояд. Вале майда-майда тарҳи рӯи Карлинӣ ҳамвор шудан гирифт, дасташ, ки қариб буд яке аз туфангчаҳои камарашро баркашад, дар ҳаво муаллақ монд.

Рита миёни онҳо дар замин мехобид.

Нури маҳтоб ин саҳнаро равшан мекард.

– Хӯш, читу? – гуфт Кукуметто. – Супориши маро ба ҷо овардӣ ё не? – Оре, сардор, – ҷавоб гардонд Карлинӣ, – пагоҳ то соати нӯҳ падари Рита бо пул ин ҷо мешавад.

– Бисёр хуб. Ҳоло мо ин шабакро хуш мегузаронем. Ин духтарак дилрабост, завқат бад набудааст, Карлинӣ. Азбаски ман худпараст нестам, ин дам пеши рафиқон меравам ва қуръа мекашем, ба ҳар касе ки расад акнун.

– Аз ин мебарояд, ки қарор додед, тибқи одат рафтор кунед? – пурсид Карлинӣ.

– Чаро барои ин тарки одат кунем будааст?

– Ман гумон доштам, ки ба эътибори илтимоси ман...

– Чии ту аз дигарон беҳ астӣ?

– Шумо ҳақ астед.

– Лекин осуда бош, – давом дод хандакунон Кукуметто, – зуд ё дер навбати ту ҳам мерасад.

Карлинӣ чунон дандон фишурд, ки шақаррос зад.

– Хӯш, читу, рафтем? – гуфт Кукуметто ҷониби рафиқон қадам гузошта.

– Ман аз пасатон меравам.

Кукуметто, азбаски хавф доштагист, мабодо Карлинӣ аз пасаш ҳамла накунад, рафта истода, баргашта ба вай назар мекард. Аммо ваҷоҳати роҳзани ҷавон нияти баде доштани ӯро ифода намекард.

Ӯ болои сари Ритаи ҳоло ҳам мадҳуш, дастонаш рӯи сина ломалиф, ҳамчунин рост меистод.

Аз дили Кукуметто гузашт, ки Карлинӣ мехоҳад аз дасти духтарак гираду ҳамроҳаш гурезад. Аммо ин ӯро бесаришта намекард, зеро ки аз Рита ҳар чӣ тамаъ дошт, бигрифта буд; аммо пул бошад, байни ҳайъати даста тақсим кардани сесад пиастр ин қадар маблағи ночиз аст, ки барои вай кирои ғам хӯрдан надошт.

Бинобар ин ӯ ҷониби ялангӣ роҳашро давом дод; ба ҳайрати ӯ, Карлинӣ бо худаш қариб дар як вақт он ҷо ҳозир шуд.

– Қуръа парто! Қуръа парто! – саркардаро дида дод заданд роҳзанҳо.

Ва чашмони ҳамаи ин касон аз шаҳват шӯълавар буд, дар шунаҳи сурхчаи гулхан онҳо ба ифрит шабоҳат доштанд.

Талаби онҳо аз рӯи адолат буд; бинобар ин саркарда ба аломати ризо калла зуд. Коғазчаҳоеро, ки дар онҳо номи ҳайъати даста, аз ҷумла номи Карлинӣ ҳам сабт ёфта буд, даруни кулоҳе гузоштанд ва узви аз ҳама ҷавони даста аз он қуттии шартӣ як руқъаро кашид.

Дар ин руқъа номи Дяволаччо сабт ёфта буд.

пешина
аз 99
навбатӣ