Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
– Агар ман ба назди Луиҷӣ равам, шумо ҳамроҳам меравед?
– Агар ҳамроҳии ман ба шумо малол наоварад.
– Хайр чӣ, бигузор чунин бошад; ҳаво ҳавои нағз, дар ҳаволии Рим сайр кардан табъи маро фақат чоқ мекунад. – Силоҳамонро ҳамроҳ гирем?
– Чӣ ҳоҷат?
– Пул чӣ?
– Лозим не. Каси номаоварда куҷост? – Вай дар кӯча.
– Интизори ҷавоб аст?
– Бале.
– Ба ҳар ҳол фаҳмидан лозим, ки куҷо меравем мо; ман ӯро ҷеғ мезанам.
– Бефоида, вай даромадан нахост.
– Ба назди шумо, шояд, вале ба назди ман меояд.
Граф пеши он тирезаи хонаи кораш рафт, ки аз тарафи кӯча буд ва ба як тарзи хосе сафир зад. Шахси боронипӯше аз девор ҷудо шуду ба миёнҷои кӯча баромад.
– Salite! – гуфт граф ба лаҳне, ки ба нӯкар фармоиш медиҳанд.
Фиристода бетаъхир, дудила нашуда, ҳатто бошитоб аз паси иҷро шуду ба зинаи дами дар баромада вориди меҳмонсаро гардид. Баъди панҷ сония дами дари хона пайдо шуд.
– Ҳа, ин туӣ, Пеппино? – гуфт граф.
Ба ҷои ҷавоб Пеппино ба зону афтод, дасти графро дошту чанд бор бӯса кард.
– Ҳамту-я! – гуфт граф, – ту ҳоло фаромӯш накардаӣ, ки ман ҷонатро аз марг раҳондаам? Аҷабо, охир аз байн як ҳафта гузашт-ку.
– Не, ҷаноби воломақом, ман ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам, – ҷавоб гардонд Пеппино бо лаҳне, ки дар он миннатдории бе ҳадду канор садо дод.
– Ҳеч гоҳ? Ин мӯҳлати зиёдест! Лекин ҳаминаш ҳам хуб аст, ки ту дар андешаи онӣ. Бархезу ҷавоб деҳ.
Пеппино бесаришта ҷониби Франс назар кард.
– Ту метавонӣ дар ҳузури ин ҷаноб гап задан гирӣ, – гуфт граф, – ин кас дӯсти ман. Оё шумо ба ман изн медиҳед, ки чунин ном гираматон? – барафзуд граф ба франсавӣ, ба Франс рӯ оварда. – Ин зарур аст, то ба ӯ боварӣ талқин кунем.
– Метавонед дар ҳузури ман гап задан гиред, – гуфт Франс ба Пеппино, – ман дӯсти графам.
– Хуб шудаст, – ҷавоб гардонд Пеппино, ба граф рӯ оварда, – бигузор ҷанобашон пурсидан гиранд, ман ҷавоб мегардонам.
– Ба чӣ тариқ виконт Албер ба дасти Луиҷӣ афтод?
– Ҷаноби воломақом, каретаи ҷавони фаронсавӣ чанд дафъа бо каретае рӯбарӯ зад, ки дар он Тереза нишаста буд.
– Ҳамсари саркарда?
– Бале. Ҷавони фаронсавӣ изҳори муҳаббат кардан гирифт; Тереза шӯхиомез ба вай ҷавоб гардонд; ҷавони фаронсавӣ гулдаста партофт ҷонибаш, ӯ ҳам ба вай гул ҳаво дод; бадеҳист, ки бо иҷозаи саркарда, ки дар ҳамон карета нишаста буд.
– Наход? – нидо зад Франс. – Луиҷӣ Вампа дар каретаи деҳотизанҳо нишаста буд?
– Вай худашро фойтунчӣ рост карда буд ва карета меронд, – ҷавоб гардонд Пеппино.
– Баъд чӣ? – гуфт граф.
– Баъди ин ҷавони фаронсавӣ ниқобашро гирифт; Тереза, бо рухсати саркарда, низ рӯяшро кушод; фаронсавӣ тақозои мулоқот кард, Тереза соату ҷояшро хабар дод; фақат ба ҷои Тереза дар айвончаи дами дари калисои Сан-Ҷакомо Беппо нигарон истод.
– Наход? – боз гапи ӯро бурид Франс. – Ҳамон деҳотизани мокколеттои ӯро чанг зада гирифта?..
– Вай писараки понздаҳсолае буд, – ҷавоб гардонд Пеппино. – Аммо ҷӯраи шуморо хиҷолат кашидан, ки гӯл задаандаш, ҳоҷат надорад. Вай на аввалин касест, ки фанди Беппоро хӯрдааст.
– Ва Беппо ӯро аз шаҳр бароварда бурд? – пурсид граф.
– Бале. Дар охири виа Мачелло карета нигарон буд; Беппо савор шуду ҷавони фаронсавиро даъват кард, ки ҳамроҳаш равад; ӯ ба ҳамин маҳтал будааст; ҷавон илтифоткорона тарафи ростро ба Беппо вогузошту худаш дар паҳлуи ӯ нишаст. Ин дам Беппо гуфт, ки ӯро ба кӯшк мебарад, як мил дуртар аз Рим. Ҷавони фаронсавӣ ҷавоб гардонд, ки тайёр аст ба он сари дунё биравад. Фойтунчӣ ҷониби виа-ди-Рипетта ҳай карда, аз дарвозаи ҳазрати Павел гузашт, вале даме ки онҳо ба саҳро баромаданд, ҷавони фаронсавӣ ин дам худсарӣ карданро аз ҳад гузаронд, Беппо ҳам як ҷуфт таппончаро ба сандуқи дилаш рост кард. Фойтунчӣ аспонро таваққуф дод; ба қафо баргашту ӯ ҳам айни ҳамин корро кард. Дар ҳамин лаҳза чор тан одамони мо, ки дар лаби Алмо панаҳ шуда буданд, ба назди карета тохта омаданд. Ҷавони фаронсавӣ қариб ба мудофиа истоданӣ шуд, ҳатто ба хаёлам, Беппоро каме бугӣ кард; аммо дар муқобили панҷ каси мусаллаҳ чӣ метавон кард. Таслим шудан монда буду бас. Ӯро аз карета кашола карда бароварданд, ба лаби дарёча расонданду ба назди Терезаю Луиҷӣ бурданд, ки дар дахмаи Сан-Себастяно ӯро нигарон буданд.
– Хайр чӣ, – гуфт граф ба Франс, – ин воқиа ҳар гуна воқиаи дигареро ба як нӯл мезанад. Шумо ба ин чӣ мегӯед? Шумо охир ин корҳоро медонистагистед-ку?
– Мегӯям, ки аз таҳти дил ханда мекардам, – ҷавоб гардонд Франс, – агар ин воқиа ба ягон каси дигар рӯй медод, на ба Албери бечора.
– Оре, агар шумо маро пайдо намекардед, ин муошиқат ба ҷӯраатон хеле гарон меафтод, лекин осуда бошед, вай бо тарсу ҳарос халос мешавад.
– Хӯш ба наздаш мерафтагистем? – пурсон шуд Франс.
– Бетаъхир; хусусан ки вай дар як ҷои бисёр диданбоб аст. Шумо дахмаи Сан-Себастяноро медонед?
– Не, ман ҳаргиз нафуромадаам ба он ҷо, аммо кайҳо боз дар нияти ин кор будам.
– Хӯш мана ба шумо мавриди қулай, аз ин беҳтараш ба хаёли кас ҳам намеояд. Каретаатон дар поён аст?
– Не.
– Боке нест; каретаи ман ҳамеша омода аст, ҳам рӯзу ҳам шаб.
– Ва аспҳояш қӯш кардагӣ?
– Бале. Бояд ба шумо бигуфт, ман одами беқарорам, баъзан, аз сари дастархон, ё нисфишабӣ бархоста, нохост тасмим мегирам ба ягон гӯшаи олам биравам ва меравам.
Граф як бор занг зад; маҳрамаш ба хона даромад.
– Фармоед, каретаро бароранд, – гуфт ӯ, – ва туфангчаҳоро аз он ҷо гиред; фойтунчиро бедор накунед; моро Алӣ мебарад.
Баъди ягон дақиқа садои чархҳои карета баромад, ки дами дар оварда буданд. Граф ба соат назар кард.
– Дувоздаҳу ним, – гуфт ӯ. – Мо метавонем соати панҷи саҳар ба роҳ бароем, дар ҳамин ҳол ҳам сари вақт рафта мерасем; лекин, шояд, таъхир кардани мо боиси нохуш гаштани шаб ба ҷураи шумо мешуд, бинобар ин беҳтараш, ки ҳар чи барвақттар ӯро аз дасти беимонҳо кашида гирем. Шумо ҳоло ҳам майли бо ман рафтан доред?
– Ҳеч гоҳ чунин қавӣ набуд майлам.
– Пас рафтем.
Франс ва граф аз хона баромаданд. Пеппино аз пасашон рафт.
Дами дар карета истода буд. Дар қузлааш Алӣ менишаст. Франс ғуломи гунги дар ғори Монте-Кристо дидаашро шинохт.
Франс ва граф ба карета савор шуданд, ки маълум шуд фойтуни дуҷоя будааст. Пеппино дар паҳлуи Алӣ ҷой гирифт, – ва аспон ба чорхез даромаданд.
Алӣ, зоҳиран, пешакӣ супориш гирифта будааст, ки аз Корсо гузашта, Кампо Ваччиноро миёнабур карда, аз роҳи Страда Сан-Грегорио боло баромаду назди дарвозаи Сан-Себастяно қарор гирифт. Посбон онҳоро роҳ додан нахост, вале граф рухсатномаи бе мамониат дар ҳар гуна соати рӯзу шаб ба шаҳр дарою баро карданро, ки волии шаҳр дода буд, пешниҳод кард; панҷараро ҳамонзамонӣ бардоштанд, посбон барои заҳматаш сиккаи тилло гирифт ва карета роҳашро давом дод.
Онҳо бо роҳи қадими Аппӣ, аз байни ду қатор гӯрхонаҳо мерафтанд. Гоҳе ба назари Франс чунин мерасид, ки дар равшании моҳи тӯлӯъ карда истода аз вайронае суроби посбон ҷудо мешавад, вале, ба имои Пеппино, суроб ҳамонзамонӣ дар торикӣ панаҳ шуд.
То ба сирки Каракалла андаке монда буд, ки карета бозистод. Пеппино даричаи каретаро боз кард, графу Франс берун омаданд.
– Баъди даҳ дақиқа мерасем, – гуфт граф ба ҳамроҳаш.
Баъд вай Пеппиноро ба як сӯ хонд, зери лаб баъзе фармоишҳо кард ва Пеппино, аз қуттии карета машъалеро берун оварда, бирафт.
Пас аз панҷ дақиқаи дигар Франс дид, ки Пеппино бо пайраҳаи борике равон аст, пайраҳае, ки аз миёни дашти сертеппаи Рим печу тоб хӯрда мегузарад; баъд ӯ даруни алафи баланди сурхчае, ки ёли пахмоқи шери барзангиеро ба ёд меовард, аз назар ғоиб шуд.
– Аз паси ӯ меравем, – гуфт граф.
Онҳо бо ҳамон пайраҳа равон шуданд; аз ёнаи нишеб ягон сад қадам пеш рафта, онҳо ба як водии хурдакаке баромаданд. Дере нагузашта ду касро диданд, ки дар торикӣ гуфтугӯ доранд.
– Рафтан гирем, – пурсид Франс, – ё, шояд, сабр кардан лозим бошад?
– Рафтем, рафтем; Пеппино, эҳтимол, посбонро огоҳ карда бошад.
Воқиан ҳам, яке аз он ду кас Пеппино буду дигараш – роҳзане, ки дар посбонӣ истода будааст.
Графу Франс наздашон рафтанд, роҳзан таъзим кард.
– Ҷаноби воломақом, – гуфт Пеппино, – мехоҳед аз паси равед? Даромади дахма як-ду қадам аз ин ҷо.
– Хуб шудаст, – гуфт граф, – пеш даро.
Ҳаяле нагузашта, дар паси буттаҳо, миёни сангҳо, сӯрохе ба назар расид, ки одам базӯр гузашта метавонад.
Пеппино якум шуда ба сӯрох даромад; баъди чанд қадаме рафтан роҳи зеризаминӣ дигар васеъ шудан гирифт. Он гоҳ вай бозистод, машъалро даргиронду ба қафо гашта назар кард.
Граф якум шуда ба ҳамон роҳи мӯримонанд даромад, Франс аз ақиби ӯ рафт.
Роҳ ба таги кӯҳ нишеб мешуд ва батадриҷ васеъ мегардид; вале Франсу граф ҳоло ҳам маҷбур буданд хам шуда пеш раванд ва танҳо ба душворие ҳампаҳлу роҳ гашта метавонистанд. Дар ҳамин вазъ онҳо боз ягон саду панҷоҳ қадам пеш рафтанд, баъди ҳамин садое боздошташон: «Кӣ меояд?»
Ва дар равшании машъал дар торикӣ ҷило додани мили туфангро диданд.
– Дӯст, – ҷавоб гардонд Пеппино.
Ҷавон пеш рафту ба посбон чанд калимае гуфт, ки вай чун посбони аввала таъзим кард ва ба меҳмонони шабона имо кард, ки метавонанд роҳашонро давом диҳанд.
Посбон ягон бист поғунда баландтар дар сари зинапоя меистод; Франс ва граф аз ҳамон зинапоя поин фуромаданду худро дар сағона барин ҷое диданд. Аз ин ҷо ба шакли лӯлаи нур панҷ чуқурӣ ба ҷавониб мерафт; дар девораҳои сангин ба шакли лаҳад қабат-қабат тоқчаҳо канда шуда буданд... Онҳо дарёфтанд, ки ниҳоят ба дахма қадам гузоштаанд.
Дар яке аз он чуқурҳо, ки муқаррар кардани тӯлаш имкон надошт, рӯзона партави рӯшноӣ роҳ меёфт.
Граф даст ба китфи Франс гузошт.
– Урдуи роҳзанонро ҳангоми истироҳат дидан мехоҳед? – пурсид ӯ. – Хеле мехоҳам, – ҷавоб гардонд Франс.
– Хӯш аз паси ман оед... Пеппино, машъалро хомӯш кун.
Пеппино фармоишро ба ҷо овард ва Франсу граф худро дар зулмати том ёфтанд; фақат дар пешгаҳ, дар масофаи ягон панҷоҳ қадам аз ҷои истодаи онҳо дурахши сурхчае дар танаи девораҳо рақсидан дошт, ки баъди машъалро хомӯш кардани Пеппино баръалотар намудор шуда буд.
Онҳо хомӯш пеш мерафтанд, граф бо итминони тамом Франсро гирифта мебурд, мисле ки вай қобилияти дар торикӣ дидан дошта бошад. Воқиан, онҳо дар дурахши рақсанда, ки барояшон ба манзилати оташаки раҳнамуне буд, ҳар қадар наздик мерафтанд, Франс роҳро ҳамон қадар беҳтар пайхас мекардагӣ шудан гирифт.
Аз пеши онҳо се равоқ баромад, ки сеюмаш вазифаи дарро ба ҷо меовард. Ин равоқҳо роҳраверо, ки Франсу граф дар он қарор доштанд, аз хонаи мураббаи калоне ҷудо медоштанд, хонае, ки гирдогирдаш пури тоқча буд, мисли ҳамон тоқчаҳое, ки пеш аз ин гуфта будем. Дар миёнҷои хона чор санги аз сатҳи хона баланде ба назар мерасид, ки як замоне вазифаи меҳробро ба ҷо меовардаанд ва салибе ба ин далолат дошт, ки ҳоло ҳам зинатафзои онҳо буд.
Чароғи якае, ки рӯи пояи сутун гузошта шуда буд, бо нури хираи лаппишхӯрандааш манзараи ғалатиеро ба назари ояндагон боз мекард, ояндагоне, ки дар торикӣ аз назарҳо панаҳ монда буданд.
Шахсе такя ба пойдевори сутун додаву пушт ҷониби равоқҳо чизе мехонд.
Ин шахс саркардаи дастаи роҳзанон Луиҷӣ Вампа буд.
Дар гирди ӯ, ҳар кас мувофиқи табъаш ҷо гирифта, ягон бист тан роҳзанон, дар боронӣ печида хоб мерафтанд, ё ба хараки сангӣ барин чизи дар қадди девораҳои ин дахма дароз истода, такя карда менишастанд. Дар зери дасти ҳар кадомашон туфанге буд.
Дар пешгаҳ посбоне хомӯш, чун соя базӯр ба назар расида, дар пеши ким-чӣ хел чуқурие дар девор, ки аз сабаби ғафстар будани торикӣ пайхас мешуд, пешу қафо рафту омад дошт.
Граф монд, ки Франс ин манзараи ғарибро хуб тамошо кунад. Баъд ангушт ба лаб гузошту аз се поғундае, ки ба дахма мебурд, баромада, аз равоқи сеюм даромаду тарафи Луиҷӣ рафтан гирифт, ки саргарми хондан буд; ӯ чунон ба хондан дода шуда буд, ки ҳатто шарфаи пои графро нашунид.
– Кӣ меояд? – садо баровард посбон, ки дар рӯшноии чароғ сояи дар ақиби саркарда пайдо шударо дида буд.
Вампа ҳамин нидоро шунида, туфангчаро аз камараш баркашида, парида хест. Дар як чашм ба ҳам задан ҷамеи роҳзанон ба по хеста буданд ва бист туфаег графро ба нишон гирифтанд.
– Лекин, – гуфт ӯ бо овози бурдборона, ҳол он ки ягон раги рӯяш пири накарда буд, – Вампаи азиз, барои истиқболи дӯсте ин қадар такаллуф чӣ ҳоҷат?
– Нест бод аслиҳа! – фармон дод саркарда, бо ҳаракати омирона як дасташро боло бардоштаву бо дасти дигараш бо эҳтиром кулоҳ аз сар баргирифта.
Баъд, ба граф, ки гӯё ба ҳамаи иҷрокунандагони ин саҳна фармонравоӣ дошт, рӯ оварда гуфт ӯ:
– Бубахшед, граф, лекин ман ҳаргиз гумон надоштам, ки шумо бо мақдами худ маро сарфароз мекарда бошед, аз ин сабаб нашинохтам шуморо.
– Аз афташ, қувваи ҳофизаи шумо аслан ракик будааст, Вампа, ва шумо на фақат чеҳраи одамонро дар ёд дошта наметавонистаед, балки аҳдеро, ки миёнамон ақд шудааст, низ аз хотир мебурдаед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё