Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дантес дар ин фурсат алакай ба дӯстонаш даст дода баромаду худашро ба ихтиёри сарбозон супурд.

– Хотирҷамъ бошетон, иштибоҳ маълум мешавад ва эҳтимол, ҳатто то ба маҳбас нарасам ман, – гуфт ӯ.

– Ҳо, набошад чӣ, ман тайёрам кафолат диҳам! – лаб монд Данглар, ки расида омада буд.

Дантес аз зинаҳо фуромад. Пеш–пеши ӯ комиссар мерафту аз ду паҳлӯяш – сарбозон. Карета бо дарҳои боз дар дами остона омода буд. Дантес савор шуд, ҳамроҳи ӯ комиссар ва ду сарбоз савор шуданд. Дар шараққи пӯшида шуду карета ҷониби Марсел ба роҳ афтод.

– Падруд, Дантес! Падруд, Эдмон! – дод зад Мерседес ба роҳрав тохта баромада.

Асир ин нидои охиринро, ки ба монанди навҳа, аз дили абгори арӯсаш берун омада буд, шунида, аз равзанаи карета сар бароварду овоз дод: «То боздид, Мерседес!» – ва дар хамгашти дижи ҳазрати Николай аз назар ғоиб шуд.

– Маро ин ҷо нигарон бошед, – гуфт соҳибкор, – ман ба аввалин каретаи рост омада савор шуда Марсел меравам ва ягон хабаре меорам ба шумо.

– Биравед, – нидо карданд ҳама ба як овоз, – бираведу зудтар боргашта оед!

Пас аз ҳамин ду рафтан – рафтани каретаи политсияю ҷаноби Моррел, дар миёни онҳое, ки монда буданд, дақиқае чанд яъсу ғусса ҳукмфармо гардид.

Падари Эмону Мерседес муддате аз ҳам ҷудо, ҳар кас ба дарди худ гирифтор, рост истоданд; ниҳоят нигоҳашон ба ҳам афтод. Ҳар ду ҳис карданд, ки онҳо ду қурбони айни як зарбаанд ва худро ба оғӯши якдигар андохтанд.

Дар ин ҳин ба толор Фернан гашта омад, ба худаш як истакон об гардонду нӯшид ва рӯи курсӣ нишаст.

Тасодуфан ба курсии ҳамшафат Мерседес фурӯ нишаст. Фернан беихтиёр курсиашро ақиб тела дод.

– Ин кори вай, – гуфт ба Данглар Кадрусс, ки аз ҷавони каталонӣ чашм намеканд.

– Гумон намекунам, – ҷавоб дод Данглар, – вай аз ҳад зиёд беақл; ба ҳар ҳол гуноҳ ба гардани касест, ки ин корро кардааст.

– Ту инро фаромӯш кардаӣ, ки ба вай кӣ маслиҳат дода буд, – гуфт Кадрусс.

– Ёфтӣ лекин гапа! – ҷавоб дод Данглар. – Ба ҳар гапи ҳавоӣ ҷавоб додани кас рост меомад–ку!

– Ҷавоб додан рост меояд, вақте аз гапи ҳавоии кас ба сари каси дигаре бало ояд!

Дар ин миён меҳмонон ҳабс шудани Дантесро ба ҳар ранг маънидод мекарданд.

– Хӯш шумо, Данглар, – пурсид овози касе, – дар ин бобат чӣ андеша доред?

– Андешаам ин аст, – ҷавоб гардонд Данглар, – ки мабодо ягон бори мамнӯъ наоварда бошад.

– Лекин шумо, Данглар, ҳамчун муҳосиб боист инро медонистед.

– Ҳа, албатта, вале муҳосиб фақат он чиро медонад, ки ба арзи вай мерасонанд. Ман медонам, ки матои пахтагин оварда будем, тамом вассалом; ва он, ки мо дар Искандария аз Пастр ва дар Смирна аз Паскал бор гирифта будем: дигар аз ман чизе напурсетон.

– Оҳ! Акнун ба ёдам омад, – гуфт зери лаб падари сарсахт, ба охирин умедаш чанг зада. – Вай дина ба ман гуфта буд, ки барои ман як қуттӣ қаҳваю як қуттӣ тамоку овардааст.

– Ана дидед, – гуфт Данглар, – гапам баромад! Дар набудани мо одамони гумрук «Фиръавн»-ро кофтуков кардаанд ва моли қочоқиро ёфтаанд.

Мерседес ба ин бовар намекард. Мусибате, ки хеле муддат дар дилаш нуҳуфта буд, якбора берун зад ва ӯ зор–зор гирист.

– Бас, бас, умед мекашем, – гуфт пирамард, худаш чӣ гуфтанашро надониста.

– Умед мекашем! – такрор кард Данглар.

«Умед мекашем!» – хост бигӯяд Фернан, вале гап дар гулӯяш печид, фақат лабонаш бесадо ҷунбиданд.

– Ҷанобон! – овоз баровард яке аз меҳмонон, ки дар роҳрав ба дидбонӣ истода буд, – Ҷанобон, карета! Моррел! Ӯ, аз афташ, хабари хуш оварда истодааст ба мо!

Мерседесу пирамарди падари Эдмон ба истиқболи соҳибкор шитофтанд. Онҳо дами дар рӯбарӯ заданд. Моррел хеле рангпарида буд.

– Хӯш читу? – суол карданд онҳо ба як овоз.

– Дӯстонам! – ҷавоб гардонд соҳибкор, калла ҷунбонда. – Кор ҷиддитар аз он будааст, ки гумон доштем мо.

– Оҳ, ҷаноби Моррел! – фиғон кард Мерседес. – Вай гуноҳ надорад!

– Ман ба ин итминон дорам, – ҷавоб гардонд Моррел, – вале ӯро ба он гунаҳкор мекунанд...

– Хайр ба чӣ? – пурсид пирамард Дантес.

– Ба он, ки вай гумоштаи бонопартист.

Он тоифаи хонандагон, ки зиндагиашон дар давраи мутааллиқ ба достони ман ҷараён кардааст, ёд доранд, ки чӣ айбдоркунии мудҳише буд ин.

Мерседес фиғон бардошт; пирамард рӯи курсӣ фурӯ афтид.

– Бо вуҷуди ин, – зери лаб гуфт Кадрусс, – шумо маро фиреб додед, Данглар ва коратонро кардед; вале ман намехоҳам, ки пирамарди сарсахту арӯс аз ғам бимиранд, ман худи ҳозир ба онҳо ҳамаашро ҳикоят мекунам.

– Хомӯш, бадбахт! – дод зад Данглар, аз дасти ӯ дошта. – Хомӯш бош, агар ҷонат азиз бошад. Кӣ ба ту гуфт, ки Дантес беайб аст? Киштӣ ба ҷазираи Элба даромада буд, Дантес ба соҳил фуромад, як рӯзи тамом дар Порто–Феррайо истод. Агар аз ҷайби ӯ ягон номаи фошкунанда ёфта бошанд чӣ? Дар он сурат ҳар ки тарафгириаш мекунад, ба шарики ҷиноят будан гунаҳкораш мекунанд.

Кадрусс, бо ҳушёрии хоси худхоҳонааш, дар як он бебаҳс будани ин далелҳоро дарёфт; вай бо нигоҳи саросемавор ба Данглар назар карду ба ҷои он, ки як қадам пеш равад, ду қадам ақиб ҷаст.

– Ин тавр бошад, сабр мекунем, – зери лаб гуфт ӯ.

– Бале, сабр мекунем, – гуфт Данглар. – Агар вай гунаҳкор набошад, озод мекунандаш, агар гунаҳкор бошад, кирои он надорад, ки барои як суиқасдгар шуда кас ҷонашро дар бало андозад.

– Ин тавр бошад, рафтем, ман дигар қудрати ин ҷо истодан надорам.

– Ҳа, рост, меравем, – гуфт Данглар, хурсанд шуда, ки каси ҳамроҳаш мерафтагӣ ёфт шуд. – Меравем ва бигзор инҳо кори медонистагиашонро кардан гиранд...

Ҳама пароканда шуданд. Фернан, ки боз ягона пушту паноҳи Мерседес монда буд, аз дасти вай гирифту ба Каталанҳо бурдаш. Дӯстони Дантес, аз тарафи дигар, пирамарди бефараҳ гардидаро ба гулгашти Мел, ба хонааш бурданд.

Дере нагузашта овозаи ҳамчун гумоштаи бонопартӣ ҳабс гардидани Дантес дар саросари шаҳр паҳн шуд.

– Кӣ гумон карда метавонист, Данглар? – гуфт Моррел, муҳосиби худашу Кадруссро дарёб карда. Вай барои хабари тозае шунидан дар бораи Дантес ба шаҳр шитоб дошт; ба шиносоиаш бо ёвари додситони подшоҳӣ ҷаноби де Вилфор умед баста буд. – Кӣ гумон карда метавонист–а?

– Чӣ мехоҳед шумо, тақсир, – ҷавоб гардонд Данглар. – Ман ба шумо гуфта будам–ку, Дантес бе ҳеҷ сабабе дар қариби ҷазираи Элба тавақкуф карда буд; ин таваққуф ба назари ман шубҳанок намуда буд.

– Шумо шубҳаатонро ғайр аз ман боз ба ягон каси дигар гуфта будед?

– Чӣ хел мегуфтам, – барафзуд Данглар бо овози паст; – Худи шумо медонед, ки аз барои амакатон, ҷаноби Поликар Моррел, ки дар ҳузури ҳамон хизмат кардаасту андешаҳои худашро пинҳон намедоштааст, шуморо ҳам гумонбар мешудаанд, ки аз барои Наполеон афсӯс мехӯрдаед... Ман метарсам, ки мабодо ба Эдмон зиён расонам, инчунин ба шумо ҳам. Чизҳое ҳастанд, ки шахси тобеъ вазифадор аст ба хоҷааш хабар диҳад ва аз ҳамаи дигар касон сахт махфӣ дорад.

– Дуруст, Данглар, дуруст, шумо ҷавони бавиҷдонед! Барои ҳамин ҳам ман алакай ғами шуморо хӯрда монда будам дар ҳоле ки агар Дантеси бечора ҷои нохудоро дар киштии «Фиръавн» ишғол мекард.

– Наход ҳамту бошад?

– Оре, пешакӣ ман аз Дантес пурсида будам, ки вай дар бораи шумо чӣ андешае дорад ва ба мондани шумо дар вазифаи собиқатон розӣ ҳаст ё не; намедонам барои чӣ, вале ба назарам байни шумоён дилхунукие ҳаст.

– Хӯш вай чӣ ҷавоб дод?

– Гуфт ҳамин хел мавриде пеш омада буд, – вале нагуфт, ки маҳз чӣ гуна маврид, – ки ӯ воқиан дар ким–кадом бобате дар пеши шумо гуноҳе содир карда будааст ва ӯ, лекин, ҳамеша тайёр будааст ба оне бовар кунад, ки соҳибкораш бовар мекардааст.

– Риёкор! – гуфт зери лаб Данглар.

– Дантеси бечора! – гуфт Кадрусс. – Вай ҳамин хел ҷавони олиҷаноб буд.

– Оре, вале ҳоло «Фиръавн» бе нохудо аст, – гуфт Моррел.

– Модом ки мо ба баҳр на барвақттар аз се моҳ мебароем, – гуфт Данглар, – умед бастан мумкин аст, ки то он дам Эдмон озод мешавад.

– Албатта, лекин то он вақт чӣ?

– То он вақт бошад, ҷаноби Моррел, ман ба хидмат тайёрам, – гуфт Данглар. – Шумо медонед, ки ман киштиро на бадтар аз ҳар як нохудои сафари дур идора карда метавонам; ба шумо ҳатто гирифтани ман манфиатнок хоҳад буд, зеро даме ки Эдмон аз маҳбас баромад, шумо дигар аз кӣ миннатдор мешавед. Вай ҷои худашро ишғол мекунад, ман бошам ҷои худамро, тамом вассалом.

– Ташаккур ба шумо, Данглар, – гуфт соҳибкор, – ин воқиан роҳи халосист. Ҳамин тавр, фармонфармоиро ба зимма гиред, ман ба шумо ваколат медиҳам, ва ба фаровардани бор назорат кунед, ба одамони ҷудогона ҳар нохушие ки пеш наояд, набояд кор зиён бинад.

– Хотирҷамъ бошед, ҷаноби Моррел, лекин оё мумкин набошад, ки аз ҳоли Эдмони бечора ақаллан хабар гирад кас?

– Ман инро ҳозир мефаҳмам; ман кӯшиш мекунам бо ҷаноби де Вилфор вохӯрам ва барои маҳбус як даҳан шафоъат бикунам. Медонам, ки вай шоҳпарасти гузарост, вале агарчи шоҳпарасту додситони подшоҳист, лекин ба ҳар ҳол одам аст ва илова бар ин, аз афташ, бадкина не.

– Не, бадкина не, вале ман шунидаам, ки вай шӯҳратталаб аст, ин ҳар ду бошад, қариб ки як чиз аст.

– Хуллас, ки мебинем, – гуфт Моррел оҳ кашида. – Биравед ба киштӣ, ман ба зудӣ меоям.

Ва ӯ тарафи бинои маҳкама равон шуд.

– Дидӣ, кор чӣ гардише гирифта истодааст? – гуфт Данглар ба Кадрусс. – Ҳоло ҳам дар иштиёқи тарафгирӣ кардани Дантесӣ?

– Табиист, ки не, вале бо вуҷуди ҳамин, мудҳиш аст, ки ҳазл чунин оқибат меоварда бошад.

– Кӣ ҳазл карда буд? На ту ва на ман, балки Фернан. Ту медонӣ–ку, ман хатро даронда будам.

– Не, не! – нидо зад Кадрусс. – Ман мисли ҳозир онро дар гӯшаи соябон маҷақу лунда карда шуда дида истодаам ва бисёр мехостам, ки вай ҳамон ҷо бошад, ки ман дида истодаамаш! – Чӣ метавон кард? Шояд, Фернан онро бардошта бошад, рӯбардор карда бошад, рӯбардор карда ё рӯбардор кардан фармуда бошад, ё ин ки, мумкин аст, ҳатто ин заҳматро ба зимма ҳам нагирифта бошад... Э худоҷон! Агар яке ҳамон хати маро фиристода бошад! Нағз, ки ман ҳусни хатамро тағйир дода будам.

– Оё ту медонистӣ, ки Дантес суиқасдгар аст?

– Ман асло ҳеҷ чизро намедонистам. Ман алакай гуфтам, ки хостам ҳазл кунам, фақат ҳамин. Аз афташ, ман, мисли масхарабоз, ҳазл карда истода, гапи ростро гуфтаам.

– Ҳамту бошад ҳам, – давом дод Кадрусс, – ман ба ҳар арзише розӣ будам, ки ҳамаи ин ба амал намеомад ё ақалан ба ин кор шарик намебудам. Мебинӣ, ин ба мо бадбахтӣ меоварад, Данглар.

– Агар ин ба ягон кас бадбахтӣ меоварда бошад ҳам, фақат ба гунаҳкори воқеиаш меоварад, гунаҳкори воқеӣ бошад – Фернан, на ин ки мо. Чӣ бадбахтие омаданаш мумкин ба мо? Ба мо лозим аст фақат ором шиштан гирем, ягон ҳарфе нагӯем, ва барқ бе раъд гузашта меравад.

– Омин, – гуфт Кадрусс, ҷониби Данглар калла задаву тарафи гулгашти Мел равон шуд, сар ҷунбондаву ғур–ғуркунон, чунон ки одамони сахт мушавваш мекунанд.

«Хӯш, – аз дил гузаронд Данглар, – кор дар доирае давр зада истодааст, ки ман пешбинӣ карда будам; ана ман нохудо, ҳоло муваққатан, ва агар ин аблаҳ Кадрусс хомӯш истода тавонад, шояд, ки абадан ҳам бошад. Фақат як эҳтимол боқӣ мемонад, – агар адлия Дантесро аз чанголаш раҳо кунад... Лекин адлия адлия аст, – табассум кард ӯ, – ман метавонам комилан ба он умед бандам».

Ӯ ҷаста ба заврақ даромаду фармуд ҷониби «Фиръавн» бел зананд, ки он ҷо, чунон ки мо дар ёд дорем, соҳибкор бо вай мулоқот таъйин карда буд.

VI. ЁВАРИ ДОДСИТОНИ ПОДШОҲӢ

Дар худи ҳамон рӯз, дар худи ҳамон соат, дар кӯчаи Гран–Кур, дар рӯбарӯи фаввораи Медуз, дар яке аз хонаҳои қадими ашроф, ки меъмор Пуже бино кардааст, низ ҷашни фотиҳа таҷлил мекарданд.

Аммо қаҳрамонони ин шукӯҳ касони оддӣ не, маллоҳу сарбоз не, онҳо ба ҷомиаи аъёни олитабори Марсел мансуб буданд. Инҳо амалдорони қадимаи дар замони ғосиб ба истеъфо баромадае буданд; ҳарбиёни аз артиши фаронсавӣ ба артиши Конде фирор кардае; ҷавонмарде, ки волидонаш, – волидоне, ки то ба ҳол ба амнияти онҳо итминон надоранд, агарчи ба ҷои онҳо чортоӣ ё панҷтоӣ сарбоз кироя дода буданд, – онҳоро дар рӯҳияи бадбинӣ нисбат ба он касе тарбият карда буданд, ки панҷ соли бадарға бояд ӯро ба риёзаткаше табдил медоду понздаҳ соли Реставратсия – ба худованд.

Ҳама дар сари дастархон нишаста буданд ва сӯҳбат бо ҳама даҳшатҳои он замон дар ҷӯш буд, даҳшатҳои ниҳоят шадиду бераҳмона, чун ки дар ҷануби Фаронса панҷсад сол боз адовати сиёсӣ ба василаи адовати мазҳабӣ амиқтар мерафт.

Император, баъд аз он, ки вай ҳукмфармои як қитъаи тамом буд, шоҳи ҷазираи Элба шуда, ва баъд аз он, ки як саду бист миллион табаа ба даҳҳо забон нидои «Зинда бод Наполеон!» дармедодандаш, аз болои панҷ–шаш ҳазор нуфуси аҳолӣ ҳукмронӣ дорад, – ба назари аҳли зиёфат барои Фаронса ва тахту тоҷ шахси абадан барканоршудае менамуд. Амалдорон лағзишҳои сиёсии ӯро ёдоварӣ мекарданд, ҳарбиён дар бораи Маскаву Лайпсиг муҳокима меронданд, занҳо – дар бораи талоқ гирифтани Жозефина. Ба ин тӯдаи шоҳпарастон, ки шодӣ доштанд, – на аз сукути инсон, балки аз фано пазируфтани маслак, – чунин менамуд, ки барояшон зиндагии нав сар мешавад ва онҳо аз кобуси пуразоб бедор шудаанд.

Пирамарди босалобате, ки дар сари синааш ордени ҳазрати Лудовик дошт, бархосту меҳмонони худашро даъват кард, ки ба саломатии сари Лудовики XVIII май бинӯшанд. Ӯ маркиз де Сен–Меран буд.

Ин нӯшбод ба шарафи бадарғашудаи Ҳартвел ва подшоҳ – оромибахши Фаронса бо нидоҳои баланд истиқбол ёфт; аз рӯи таомули ингилисӣ, ҳама ҷомҳоро бардоштанд; занҳо гулдастаҳои зинатии пероҳанашонро кушода гирифтанду ба рӯи дастархон нисор карданд. Ин ҷӯшу хурӯши якдилона аз нафосат холӣ набуд.

– Онҳо эътироф мекарданд, – гуфт маркиза де Сен–Меран, зани дорои нигоҳи хушк, лабони нафис, тарзи рафтори ашрофона, сарфи назар аз синни панҷоҳаш ҳанӯз зебо, – онҳо эътироф мекарданд, агар ин ҷо ҳозир мебуданд, ҳамаи ҳамон инқилобчиҳое, ки моро пеш карда буданд ва мо мемонем онҳо қалъаҳои қадимаи худамонро, ки дар замони Террор ба як тикка нон харида буданд, осуда ба муқобили мо муфсид гардонанд, – онҳо эътироф мекарданд, ки фидокории воқеӣ дар ҷониби мо буд, зеро ки мо ба ҳокимияти мутлақаи фурӯ афтода содиқ мондем, онҳо бошанд, баръакс, ба офтоби нав тулӯъ карда истода дуруд гуфтанд ва сарват андӯхтанд, дар ҳоле ки мо бенаво гардида будем. Онҳо эътироф мекарданд, ки шоҳи мо ҳақо ки Лудовики ҷоноҷон буд, ғосиби онҳо бошад, якзайл ба сифати Наполеони Малъун мондан гирифт; ҳамту не, де Вилфор?

– Чӣ мефармоед, маркиза?.. Бубахшед, ман нафаҳмидам.

– Бачаҳоро ба ҳолашон монед, маркиза, – гуфт пирамарде, ки нӯшбод таклиф карда буд. – Имрӯз ҷашни фотиҳаашон ва инҳо, албатта, парвои сиёсат надоранд.

– Бубахшед, оча, – гуфт духтари навҷавону зебои малламӯи чашмонаш махмалии обдор, – ин ман ҷаноби де Вилфорро ба тасарруфи худ даровардам. Ҷаноби де Вилфор, очаам мехоҳад бо шумо ҳарф бизанад.

– Ман тайёрам ба гапи маркиза ҷавоб гардонам, агар он кас такрор кардани суолеро, ки ман нашунида мондам,ҷоиз бинанд.

– Ман маоф медорам туро, – Рене, – гуфт маркиза бо табассуми латифе, ки диданаш дар ин чеҳраи дур аз илтифот тааҷҷубовар буд, аммо қалби зан ҳамин хел сохта шудааст, вале агарчи вай аз хурофоту дархостҳои одоби муошират хушк бошад ҳам, дар вай ҳамеша гӯшаи боровару тару тоза боқӣ хоҳад монд, – ҳамон гӯшае, ки худованд дар он меҳри модарро ҷо додааст. – Ман, Вилфор, гуфтам, ки дар ниҳоди бонопартиҳо на имони мосту на садоқати мо, на фидокории мо.

– Хонуми олиқадр, онҳоро як хислатест, ки ҷои ҷамеи хасоили моро мегирад, – таассуб аст ин хислат. Наполеон – Муҳаммади Ғарб; барои ҳамаи ин мардуми пастхилқат, вале ниҳоят шӯҳратпараст вай нафақат қонунгузору ҳукмфармо, балки рамз аст – рамзи мусовот.

– Мусовот! – нидо зад маркиза. – Наполеон – рамзи мусовот? Дар он сурат ҷаноби де Робеспйер чист? Ба хаёлам, ки шумо ҷои ӯро рабуда, ба корсикоие медиҳед; кас хаёл мекунад, ки як ғасб кифоят будагист.

пешина
аз 99
навбатӣ