Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
VII. БОЗПУРСӢ
Вилфор аз ошхона баромада, ҳамонзамонӣ ниқоби хушҳолиро аз рӯяш дур андохт ва қиёфаи босалобате гирифт, қиёфае, ки муносиби шахси ӯҳдадори вазифаи олӣ – ҳал кардани қисмати ҳар касест. Аммо, сарфи назар аз тағйирпазироии чеҳрааш, ки ҳар гоҳ вай инро, чун актёри бомаҳорат дар пеши оина бо машқ такмил медод, ин дафъа гиреҳ ба абрӯ андохтану тира гардондани қиёфа барояш мушкил буд. Ва дарвоқеъ, агар аз гузаштаи сиёсии падараш, ки аз он комилан канораҷӯӣ накарданаш ба мансаби ӯ зиён оварданаш мумкин буд, ба назар нагирем, Жерар де Вилфор дар ин дақиқа он тавре саодатманд буд, ки ҳар шахс буда метавонист: сарвати ҳангуфтеро дар тасаруф дошта, дар синни бистуҳафтсолагӣ дар олами адлия мақоми назаррасе дошт; вай шавҳаршавандаи дӯшизаи навҷавону соҳибҷамоле буд, ки на аз рӯи рағбат, балки аз рӯи ақл дӯсташ медошт, он тавре, ки ёвари додситони подшоҳӣ ба дӯст доштан қодир буд. Мадемуазел де Сен–Меран на фақат соҳибҷамол буд, балки зиёда аз он, ба хонадоне мансуб буд, ки дар доираи дарбор маҳбубияте дошт. Ғайр аз робитаҳои волидайнаш, ки фарзанди дигаре надошта, яксара ин робитаҳоро ба нафъи домоди худашон истифода бурда метавонистанд, арӯс ба вай ба расми ҷиҳоз панҷоҳ ҳазор эку даромад оварда буд, ки ба он, дунё ба умед (лафзи мудҳише, ки хостгорон эҷод кардаанд) бо мурури замон мумкин аст мероси ниммиллиона афзуда шавад. Ҳамаи ин, дар маҷмӯъ, натиҷаи камоли саодате буд чашмхиракунанда ба ҳадде, ки Вилфор дар рӯи қурси хуршед ҳам доғ пайдо мекард, агар пеш аз он ба қалби худаш бо чашми ботин батааннӣ назар меандохт.
Дар дами дар комиссари политсия ба ӯ нигарон буд. Қиёфаи ин сурати тира ӯро водор кард, ки аз осмони ҳафтум ба ин хокдони фонӣ фуруд ояд, ки мо дар рӯяш қадам мезанем; вай ба қиёфаи худаш ифодаи лозим доду назди ходими политсия рафт.
– Ман омодаам! – гуфт ӯ. – Хатро хондам, шумо кори хуб кардед, ки ин шахсро ба ҳабс гирифтед; акнун ҳар маълумоте, ки дар бораи худаш ва дар бораи суиқасд ба ғун карданаш фурсат ёфтед, ба ман нақл кунед.
Дар бораи суиқасд мо ҳанӯз ҳеҷ чиз намедонем; ҳама коғазҳое, ки аз ӯ ёфта шуданд, сарбамӯҳр як ҷо баста шудаанд ва ин дам дар рӯи мизи шумоянд. Аз хусуси худи айбдоршаванда бошад, номаш чунон ки худатон марҳамат карда аз маълумотномаи махфӣ дарёфтагистед, Эдмон Дантес, ӯ ба сифати ёвари нохудо дар киштии сесутунаи «Фиръавн» хизмат мекардааст, ки аз Искандария ва Смирна пахта мекашад ва ба сарои тиҷоратии «Моррел ва Писар»-и Марсел тааллуқ дорад.
– То гузаштан ба киштии тиҷоратӣ дар флот хизмат мекардааст? – Оҳ, не! Ин тамоман навҷавон аст.
– Чандсола бошад?
– Ягон нуздаҳ–бистсола, на болотар аз ин.
Ҳангоме ки Вилфор аз кӯчаи Гран–рю гузашта, акнун ба хонаи худаш мерасид, ба наздаш касе омад, ки зоҳиран, ӯро нигарон будааст. Ӯ ҷаноби Моррел буд.
– Ҷаноби де Вилфор! – нидо кард ӯ. – Чӣ хуб, ки шуморо ёфтам! Андеша кунед, иштибоҳи мудҳише рафтааст, ёвари нохудои ман, Эдмон Дантесро ҳабс кардаанд.
– Медонам, – ҷавоб гардонд Вилфор, – ман маҳз ба бозпурсии ӯ рафта истодаам.
– Ҷаноби де Вилфор, – давом дод Моррел бо эҳтирос, – шумо айбдоршавандаро намешиносед, вале ман мешиносам. Оромтарину бовиҷдонтарин шахсро тасаввур бикунед ва ман тайёрам бигӯям, беҳтарин донандаи кори худ дар саросари флоти тиҷоратӣ... Ҷаноби де Вилфор! Аз самими қалб илтимос мекунам барояш.
– Шумо, тақсир, медонед, ки дар доираи хонадон ором, дар муомилаи савдо бавиҷдон ва донандаи кори худ будану бо вуҷуди ин ба маънои сиёсӣ ҷинояткор будан имкон дорад. Шумо инро медонед, ҳамту не,тақсир?
Вилфор суханони охиринро батаъкид талаффуз кард, мисли ин ки ишорат ба худи Моррел дошта бошад; нигоҳи санҷишкоронаи ӯ зӯр мезад ба макнуни дили ин шахс роҳ ёбад, ки ҷасорат карда ба дигаре шафеъ шудааст, агарчи наметавонист надонад, ки худаш ба лутфу марҳамате ниёзманд аст.
Моррел суп–сурх гашт, зеро виҷдони вай аз лиҳози ақоиди сиёсӣ чандон пок набуд, ғайр аз ин розе, ки аз хусуси мулоқот бо маршал ва аз хусуси суханоне, ки император ба вай гуфта будаасту Дантес дилаш об хурда бо вай дар миён гузошта буд, хотирашро парешон медошт. Аммо вай бо дилсӯзии самимӣ гуфт:
– Илтиҷо дорам аз шумо, ҷаноби де Вилфор, одил бошед, чунон ки меҳрубон ҳам ҳастед ва ин сифат ҳамеша дар шумо зоҳир шуда меистад, ва зудтар Дантеси бечораро баргардонед ба мо!
Дар ҳамин «баргардонед ба мо» дар гӯши ёвари додситони подшоҳӣ лаҳни инқилобие садо дод.
«Оре! – аз дил гузаронд ӯ. – «Баргардонед ба мо»... Мабодо–ку ин Дантес ба ягон силки карбонарҳо мансуб нест, модоме пуштибонаш чунин беэҳтиётона лафзи ҷамъро ба кор мебарад? Ба ёд меояд, ки комиссар гуфт, ӯро дар майкада дастгир кардаанд ва илова бар ин дар ҷамъомади сернуфусе, – ин ягон фаромӯшхонаи махфӣ будагист».
Ӯ шунаво давом дод:
– Шумо метавонед комилан хотирҷамъ бошед, тақсир ва шумо беҳуда адолат талаб надоред, агар айбдоршаванда бегуноҳ бошад; лекин агар, баръакс, вай гунаҳкор бошад, он гоҳ мо дар давраи мушкиле зиндагонӣ дорем ва беҷазо мондан ба сифати сабақи зиёноваре хидмат карда метавонад. Бинобар ин ман маҷбур мешавам вазифаи худамро ба ҷо оварам.
Ӯ сард таъзиме карду бо виқор аз дари хонааш даромад, ки бо бинои маҳкама ҳамдевор буд, соҳибкори бечора бошад, муҷассамаи сангин барин ноҷунбон рост истодан гирифт.
Даҳлез пур аз жандарму одамони политсия буд; дар байнашон дар иҳотаи нигоҳҳои аз адоват шӯълавар орому ноҷунбон маҳбусе истода буд.
Вилфор аз даҳлез гузашта, бо гӯшаи чашм ба Дантес нигаристу аз дасти одамони политсия як қабза коғазро гирифта аз дар даромаду ношишта овоз дод: – Маҳбусро дароред.
Ҳарчанд нигоҳи ба маҳбус андохтаи Вилфор яклаҳзагӣ бошад ҳам, ӯ ба ҳар ҳол дар бораи касе, ки бозпурсиаш дар пеш буд, дар ҳамин фурсати кӯтоҳ ҳам як дараҷа хулоса баровард. Ӯ дар ҷабини фароху кушодааш ақл, дар нигоҳи қатъию абрувони чинафтодааш мардонагӣ ва дар лабони сергӯшти нимроғаш, ки дар паси онҳо ду қатор дандони сап–сафеди оҷгунаш ҷило медоданд, ақлу фаросатеро хонд.
Таассуроти аввал дар ҳаққи Дантес мусбат буд; аммо ба Вилфор ҳар вақт мегуфтанд, ки хирадмандии сиёсӣ мефармояд, ки ба шавқ набояд дода шуд, зеро ин ҳамеша садои қалб аст; ва ӯ ин қоидаро ба таассуроти аввал ҳамл карда истода, фарқи миёни таассуроту шавқро аз ёд баровард.
Ӯ эҳсосоти хайрро, ки зӯр мезад ба қалбаш роҳ ёбад, бӯғӣ кард, то ки аз он ҷониб ақли ӯро тасхир кунад, дар пеши оина қиёфаи бошукӯҳе гирифт ба худ ва тирарӯю хашмгин дар сари мизи таҳрираш биншаст.
Дақиқае пас Дантес даромад.
Ӯ ҳамчунин рангпарида, вале орому чеҳракушода буд; бо назокати холӣ аз такаллуф таъзими доварашро ба ҷо овард, сипас бо нигоҳаш курсие кофт, мисле ки дар меҳмонхонаи соҳибкор Моррел бошад.
Фақат ин дам бо нигоҳи холӣ аз илтифоти Вилфор рӯбарӯ зад – нигоҳи хоси ҳомии адлия, ки намехоҳанд ягон кас андешаи онҳоро бихонад, бинорбар ҳамин ҳам чашмони худро ба шишаи тира табдил медиҳанд. Ин нигоҳ ӯро ёдрас кард, ки вай дар пеши довар қарор дорад.
– Шумо кистед ва чӣ ном доред? – пурсид Вилфор коғазҳои дар даҳлез ба ӯ додаашонро як–як аз назар гузаронда; дар байни ягон соат ҷузъгир ба як дафтари ғафсе табдил ёфта буд: ин қадар тез реши ҷосусӣ пайкари бечораро абгор мекунад, ки айбдоршаванда ном дорад.
– Номи ман Эмон Дантес, – бо овози якнавохту ҷарангосие ҷавоб дод навҷавон, ман ёвари нохудои «Фиръавн» – ам, ки ба ширкати «Морел ва Писар» тааллуқ дорад.
– Чандсолаед? – давом дод Вилфор.
– Нуздаҳсола, – ҷавоб гардонд Дантес.
– Чӣ кор мекардед шумо, вақте ки ҳабсатон карданд.
– Ман бо дӯстонам ба муносибати ҷашни фотиҳаам наҳор мехӯрдам, – ҷавоб гардонд Дантес бо овози андаке ларзон, то ҳамин дараҷа пуразоб буд тазод миёни ҷашни тарабу такаллуфоти андӯҳборе, ки ин дақиқа ба амал меомад, миёни рӯи турши Вилфору чеҳраи нуронии Мерседес.
– Ба муносибати ҷашни фотиҳаатон? – такрор кард ёвари додситон, ғайри ихтиёр як қад парида.
– Оре, ман ба духтаре хонадор мешавам, ки се сол боз дӯсташ медорам.
Вилфор, бар хилофи хунсардии одатиаш, аз ин тасодуф ба ҳар ҳол мот гардид, ва овози пурҳаяҷони навҷавон дар дилаш ҳисси тараҳҳум бедор кард. Ӯ ҳам арӯси худашро дӯст медошт, низ хушбахт буд, ва инак шодии ӯро халалдор карданд, то хушбахтии касеро барҳам занад, ки мисли худаш, ин қадар дар канори саодат буд.
«Чунин муқоисаи фалсафӣ, – аз дил гузаронд ӯ, – хеле муваффақият пайдо хоҳад кард дар меҳмонхонаи маркиза де Сен–Меран; ва ҳоло ки Дантес суолҳои минбаъдаро интизор буд, вай тазодҳоеро аз хотираш мегузаронд, ки суханварон аз онҳо фиқраҳои зебое мураттаб месозанд, ба умеди кафкӯбиҳо ва гоҳо ба пиндошти суханрониҳои воқеӣ.
Вилфор дар ёдаш нутқи табрикии дилпазире тартиб дода, табассуме карду ба Дантес рӯ оварда гуфт:
– Давом диҳед.
– Чиро давом диҳам?
– Адлияро хабардор кунед.
– Бигузор адлия ба ман гӯяд, ки аз чӣ хусус хабардор шудан мехоҳад, ва ман ҳар он чиро медонам, мегӯям. Фақат, – илова кард бо табассум, – огоҳ мекунам, ки ман кам чизеро медонам.
– Шумо дар замони ғосиб хизмат карда будед?
– Маро бояд ба флоти ҳарбӣ қабул мекарданд, даме ки ӯ сарнагун шуд.
– Мегӯянд, ки шумо ақоиди сиёсии ниҳоят ашадие доштаед, – гуфт Вилфор, ки ба вай аз ин боб касе ҳеҷ чиз нагуфта буд, вале ӯ қарор дод ба ҳар эҳтимол ин суолро дар шакли модаи айбдоркунанда пешниҳод намояд.
– Ақоиди сиёсии ман!.. Афсӯс, ман аз эътироф кардан хиҷилам, вале ман ҳаргиз он чиро надоштам, ки ақоид ном дорад, ман фақат нуздаҳ сол дорам, ки шарафи ба арз расонданаш алакай ба ман насиб гардид; ҳар чи ман ҳастам, ва он чи ман мешавам, агар он вазифаеро, ки орзу дорам, ба ман диҳанд, ман фақат аз ҷаноби Моррел миннатдор хоҳам буд. Бинобар ин тамоми ақоиди ман, он ҳам на сиёсӣ, балки хусусӣ, ба се эҳсос алоқаманд аст: ман падарамро дӯст медорам, ҷаноби Моррелро ҳурмат мекунам ва Мерседесро мепарастам. Мана, ҷаноби бокарам, ҳамин аст, он чи метавонам ба адлия хабар диҳам; чунон ки мебинед, ҳамаи ин барои адлия он қадар мароқангез нест.
Дар лаҳзаҳое, ки Дантес гап мезад, Вилфор ба чеҳраи софу кушодаи ӯ назар мекарду беихтиёр суханони Ренеро ба ёд меовард, ки айбдоршавандаро надониста, дар бораи илтифот кардан ба вай илтимос карда буд. Ба корафтода шудан нисбат ба ҷинояту ҷинояткорон одат карда, ёвари додситон дар ҳар як сухани Дантес далели нави бегуноҳии ӯро медид. Дар воқеъ, ин ҷавон, ки қариб писаракест кушодарӯ, соддадил, аз самими дил хушзабон, ки ба кофтан пайдо намешавад, ба ҳама хушмеҳр аст, зеро ки саодатманд аст, бахту саодат бошад, ҳамин гуна неъматест, ки сангдилонро ба нармдилон табдил медиҳад, – меҳру шафқатеро, ки қалбашро фаро гирифтааст, ҳатто ба довари худ ҳам базл кард. Вилфор, ки дар муомила ба ӯ сахтгиру сахтгап буд, вале Эдмонро дар нигоҳу дар овозу дар ҳаракат нисбат ба оне, ки истинтоқаш мекард, ҷуз дилбастагиву хайрхоҳӣ дигар чизе набуд.
«Ба ҳурмати виҷдон, – аз дил гузаронд Вилфор, – ин бачаи бисёр хубест ва умед аст, ки ман дили Ренеро ба даст меоварам, аввалин хоҳишашро ба ҷо оварда; бо ҳамин дар ҳузури ҳама ба дастфишурии самимӣ ноил мегардам, вале дар як гӯша, пинҳонӣ, – ба бӯсаи саршор аз меҳр.
Аз ин орзуи ширин чеҳраи Вилфор шукуфон гардид ва даме, ки аз қайди андешаҳояш берун омад, нигоҳашро ба Дантес равон кард; Дантес, ки ин ҳама тағйиротро дар чеҳраи вай ба назора гирифта буд, низ табассум кард.
– Шумо душман доред? – пурсид Вилфор.
– Душман? – гуфт Дантес. – Ман, хушбахтона, ҳоло ин қадар ҷавон астам, ки ба душман пайдо кардан фурсат наёфтаам. Шояд ман андак тез бошам, вале ҳамеша кӯшиш мекардам худамро нисбат ба тобеонам ором нигоҳ дорам. Дар зери дасти ман ягон даҳ–дувоздаҳ маллоҳест. Аз онҳо пурсед, ҷаноби бокарам, ва онҳо ба шумо хоҳанд гуфт, ки падар барин набошад ҳам – ман барои ин ҳанӯз ҷавон астам, – ба мисли бародари калонашон дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд маро.
– Агар душман надошта бошед шумо, шояд ҳосидоне дошта бошед. Шумо нав ба нуздаҳ даромадеду нохудо таъйин карданиянд, ин дар рутбаи шумо вазифаи баланд аст; шумо ба духтари хушрӯе хонадор мешавед, ки дӯст медорад шуморо, ин бошад, хушбахтии нодир аст дар миёни ҳама рутбаҳои олам. Ана ин ду далели қавие, ки кас ҳосидоне дошта бошад.
– Оре, шумо ҳақ астед. Шумо муқаррар, одамонро аз ман хубтар медонед, эҳтимол ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин агар ин ҳосидон аз ҷумлаи дӯстони ман бошанд, дар он сурат ман надонистани кӣ будани онҳоро афзал мебинам, то ки бад диданашон ба ман муяссар нашавад.
– Ин дуруст нест. Ҳамеша, то ҷое, ки мумкин аст, ба сароҳат дидани атрофиён лозим аст ба кас. Ва росташро гӯям, шумо ба назарам ҳамин хел ҷавонмарди арзанда метобед, ки барои шумо ба қароре меоям аз қоидаҳои маъмули адлия даст кашам ва ба шумо ёрӣ диҳам ҳақиқатро ошкор кунед... Мана маълумоти пинҳоние, ки айбдор ба гардани шумо бор мекунад. Ин хатро мешиносед?
– Не, ман соҳиби ин хатро намешиносам; тарзи навишт вайрон, вале хеле устувор. Ба ҳар ҳол инро ягон каси бомаҳорат навиштааст. Ман ниҳоят хушбахтам, – илова кард ӯ бо миннатдорӣ ҷониби Вилфор назар карда, – ки ба шумо барин кас корафтод шудам, зеро ин ҳосид душмани воқеӣ будааст!
Аз рӯи барқе, ки ҳангоми гуфтани ин суханон дар чашмони ҷавон шарар дод, Вилфор дарёфт, дар зери ҳалимии зоҳирии ӯ чӣ қадар қувваи рӯҳие нуҳуфта аст.
– Вале акнун, – гуфт Вилфор, – рӯирост ба ман ҷавоб диҳед, на ҳамчун айбдоршаванда ба довар, балки ба сифати каси ба мусибат дучор шудае, ки дар пеши шахсе арзи ҳол мекунад, ки дар ин кор иштирок дорад: оё дар ин маълумотномаи маҷҳулмуаллиф ҳақиқате ҳаст?
Ва Вилфор хатеро, ки Дантес гардонда ба вай дода буд, бо танаффур рӯи миз ҳаво дод.
– Ҳамааш рост ва дар айни замон ягон ҳарфи рост надорад; ҳақиқати ҳолро ба шумо мегӯям, қасам ба виҷдони маллоҳ, қасам ба ишқи Мерседес, қасам ба ҷони падарам!
– Гап занед, – гуфт Вилфор.
Ва дар таги дилаш илова кард:
«Агар Рене маро дида метавонист, аминам, ки аз ман розӣ мешуд ва маро ҷаллод намегуфт».
– Хӯш воқиа ин аст: вақте ки мо аз Неапол баромадем, нохудо Леклер бемор шуд, табларзаи асаб бар вай афтод; дар киштӣ пизишк набуд, вале ӯ ба соҳил баромадан нахост, зеро ба ҷазираи Элба ниҳоят шитоб дошт ва аз ҳамин сабаб аҳволаш чунон бад шуд, ки рӯзи сеюм фаро расидани маргашро ҳис карда, маро наздаш хонд.
«Дантес, – гуфт ӯ, – ба виҷдонатон қасам хӯред, ки супориши ба шумо мефармудаамро ба ҷо меоваред; кор кори ниҳоят муҳим аст».
«Қасам мехӯрам, бифармоед», – ҷавоб гардондам ман.
«Азбаски баъд аз марги ман фармонфармоӣ ҳамчун ёвари нохудо ба ихтиёри шумо мегузарад, фармонфармоиро ба ӯҳда мегиред; ба сӯи ҷазираи Элба равон мешавед, дар Порто–Феррайо бозмеистед, назди маршал мераведу ин номаро ба ӯ медиҳед; эҳтимол он ҷо номаи дигаре диҳанд ба шумо ё ягон супориши дигаре фармоянд. Ин супоришро ман бояд мегирифтам; шумо, Дантес, онро ба ҷои ман иҷро мекунед ва тамоми шарафи хидмат ба номи шумо мансуб мешавад».
«Иҷро мекунам, ҷаноб, вале, шояд, то ба назди маршал расидан чандон осон набошад?» «Мана ангуштарие, ки шумо хоҳиш мекунед ба вай диҳанд, – гуфт нохудо, – ин тамоми монеаҳоро бартараф мекунад».
Ва бо ҳамин суханон вай хотамеро ба ман дод. Баъди ду соат вай аз ҳуш рафт, рӯзи дигараш даргузашт.
– Пас шумо чӣ кор кардед?
– Он чи, ки бояд мекардам, он чи, ки ҳар каси дигари дар ҷои ман буда мекард. Васияти каси дами марг чизи муқаддас аст; аммо дар таомули мо, маллоҳон, хоҳиши сардор – фармон аст, ки иҷро накарданаш аз имкон берун аст. Ҳамин тавр, ман ба сӯи Элба роҳ гирифтам ва рӯзи
дигар ба он ҷо расидам; ман ҳамаро дар саҳни киштӣ гузоштаму танҳо ба соҳил фуромадам. Ҳамон тавре, ки гумон доштам, маро ба назди маршал роҳ додан нахостанд; вале ман хотамро ба ӯ фиристодам, ки бояд вазифаи аломати шартиро ба ҷо меовард; ва ҳама дарҳо дар рӯбарӯям боз шуданд. Ӯ маро пазируфт, аз сабаби марги Леклери бечора ҷӯё шуд ва чунон ки ӯ пешбинӣ карда буд, ба ман номае дода, фармуд худам ба Париж расонам. Ман ваъда додам, чунки ин аз ҷумлаи вопасин хоҳиши нохудои ман буд. Ба ин ҷо расида, ман ҳама корҳоямро дар киштӣ баробар кардаму ба назди арӯсам тохтам; арӯсам ба назарам аз пештара ҳам зеботару дилработар намуд. Ба туфайли ҷаноби Моррел мо ҳама расмиятҳои калисоиро файсал додем; ва акнун, чунон ки алакай гуфтам ба шумо, ба сари наҳор нишаста, омода будам, ки баъди ягон соат аз ақди никоҳ мегузараму гумон доштам худи пагоҳ ба Париж равам, нохост аз рӯи ин маълумотномаи пинҳонӣ, ки аз афташ, ин дам шумо низ ман барин нафрат доред аз он, маро ба ҳабс гирифтанд.
– Бале, бале, – ба забон овард Вилфор, – ҳамаи ин ба назарам ҳақиқат менамояд ва агар шумо дар ягон бобат гунаҳгор бошед ҳам, фақат дар беэҳтиётӣ; лекин беэҳтиётии шумо ҳам бо фармоиши нохудо рафъ мегардад. Ин ҷо бидиҳед, ҳамон номаи аз ҷазираи Элба гирифтаатонро, қавли ҷавонмардона диҳед, ки бо аввалин даъват ҳозир мешавед ва ба назди дӯстонатон баргардед.
– Пас ман озодам! – наъра кашид Дантес аз шодӣ худашро гум карда.
– Оре, фақат номаро ба ман диҳед.
– Вай бояд дар дасти шумо бошад, онро ҳамроҳи дигар коғазҳои ман гирифта буданд ва баъзеи онҳоро дар ин баста шинохтам.
– Сабк кунед, – гуфт Вилфор Дантесро, ки мехост кулоҳу дастпӯшакҳояшро гирад, – сабр кунед! Нома ба унвони кист?
– Ба ҷаноби Нуартйе, кӯчаи Кок–Эрон, дар Париж.
Агар раъд ба сари Вилфор фуруд меомад, бо чунин зарбаи босуръату ногаҳонӣ аз пой намеафканд ӯро; вай рӯи курсии нарм фурӯ афтод, ки аз он ҷо нимхез шуд, то бастаи коғазҳои аз Дантес ба даст омадаро гирад ва бо талвоса коғазҳоро кову чов карда, номаи фалокатборро берун овард, нигоҳи чашмони даҳшатборашро ба он дӯхт.
– Чаноби Нуартйе, кӯчаи Кок–Эрон, рақами сездаҳ, – зери лаб гуфт ӯ, боз сахттар қуташ канда.
– Оре, – гуфт Дантеси ҳайратзада. – Магар шумо ӯро мешиносед?
– Не, – зуд ҷавоб дод Вилфор, – хидматгори содиқи шоҳ бо суиқасдгарон шиносоӣ надорад.
– Аз ин мебарояд, ки сухан аз боби суиқасд мерафтааст? – пурсид Дантес, ки баъди худашро озод ҳисоб кардан, пай бурд, ки кор ранги дигар гирифта истодааст. – Дар ҳар сурат ман алакай ба шумо гуфтам, ки аз мазмуни ин нома ҳеҷ хабар надоштам.
– Бале, – гуфт Вилфор бо овози баста, – лекин шумо номи касеро медонед, ки нома ба вай равон шудааст.
– Барои шахсан ба ӯ додани нома ман боист номи ӯро медонистам.
– Ва шумо ба касе онро нишон надодаед? – пурсид Вилфор, номаро хонда то рафт бештар рангаш канда.
– Ба ҳеҷ кас, қасам ба виҷдонам!
– Ҳеҷ кас намедонад, ки шумо аз ҷазираи Элба ба ҷаноби Нуартйе нома меовардаед? – Ҳеҷ кас, ба ҷуз шахсе, ки онро ба ман супурд.
– Ва ҳамин ҳам зиёд аст, аз ҳад зиёд аст! – зери лаб гуфт Вилфор. Чеҳраи ӯ то рафт тиратар мегардид, ҳине ки номаро мехонд; лабони рангпарида, дастони ларзон, чашмони шарарбораш нохуштарин эҳсосе илқо мекарданд ба Дантес.
Номаро хонда фуроварда Вилфор бо ҳар ду даст сарашро дошт ва шах шуд.
– Ба шумо чӣ шуд, тақсир? – беҷуръатона пурсид Дантес.
Вилфор ҷавоб намедод, баъд чеҳраи рангпаридаву тарҳаш вайрон шудаи худашро боло карду бори дигар номаро хонд.
– Ва шумо бовар кунонданиед, ки аз мундариҷаи ин нома ҳеҷ хабар надоред? – гуфт Вилфор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё