ТОҶИКИСТОН ДАР СИЁСАТИ ХОРИҶИИ АВРУПО ВА АМРИКО

Маҷмӯаи мазкур масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии замони муосирро дар робита бо Тоҷикистон ва сиёсати Иттиҳоди Аврупо ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар минтақаи Осиёи Миёна дар бар мегирад ва натиҷаи тадқиқот ва нигоштаҳои илмии чанд соли ахири муаллиф ва мулоҳизаву мушоҳидаҳояш дар доираи фаъолияти шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2018-2023) мебошад.
Китобдор · 10 ноябри 2024 · 12 саҳифа
Дар ҳамин замина бояд тазаккур дода, ки НАТО ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон дар доираи сиёсат ва муқаррароти мавҷуда идома медиҳад. Ин сиёсат ба инкишофи муносибатхои берунй бо минтақаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, ки амнияту устувории онҳо бо амнияти умумии Евроатлантика зич алоқаманд аст, равона карда шудааст. Аз назари НАТО, ҳар кадоме аз ин панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дорои аҳамияти бузурги статегӣ буда, барои беҳтар ва пурсамартар амалӣ сохтани нақшаву ниятҳои НАТО мусоидат хоҳанд намуд.
Таъмини амнияти энергетикии минтақа яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байни Осиёи Марказӣ ва НАТО ба шумор меравад. Ба чунин ҳамкориҳо махсусан кишварҳои содиркунандаи нафту гази минтақа, яъне Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон манфиатдоранд. Намунаи чунин ҳамкорӣ Лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) маҳсуб мегардад, ки барои таъмини нерӯи барқи обии мавсимӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ равона карда шудааст, то талаботи афзояндаи нерӯи барқро дар Афғонистон ва Покистон қонеъ созад.
Воқеан ҳам дар фасли тобистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нерӯи барқ зиёдатӣ мешавад. Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дорои захираҳои бузургтарини нерӯи барқи обии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Баръакси ин, кишварҳои ҳамсояи Осиёи Ҷанубӣ, Афғонистон ва Покистон ба нерӯи барқ аз муштариёни тиҷоратӣ ва манзилӣ ниёзи назаррас ва афзоянда доранд. Дар ҳамин замина CASA-1000, як системаи нави интиқоли нерӯи баландшиддати барқ, ки чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ ва ҷанубиро ба ҳам мепайвандад, ба коҳиши камбуди нерӯи барқ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ тавассути рушди тиҷорати нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат мекунад. Хароҷоти марбут ба амалӣ сохтани ин лоиҳаи ҳаётан муҳимро якчанд созмонҳои донорӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дастгирӣ мекунанд.
Масалан, USAID ба Лоиҳаи CASA-1000 ҷиҳати дастгирии Котибот кӯмак мерасонад. Дар навбати худ Котибот дар самти ҳамоҳангсозӣ ва суръат бахшидан ба корҳои харид, сохтмон ва бунёди инфрасохтори интиқоли барқи CASA-1000 кӯмаки техникӣ мерасонад. Котиботи мазкур инчунин дар таҳияи механизмҳои муҳими тиҷоратии рушди тиҷорати минтақавӣ ва фаромарзии нерӯи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат мекунад. Лоиҳа як қадами аввалиндараҷа дар амиқсозии ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши энергетика ва фароҳам овардани дурнамои устувори тиҷорати байнисарҳадии нерӯи барқ мебошад.
Барои эҷод ва танзими инфрасохторҳои лоиҳаи мазкур бештар аз даҳ қарордодҳои сохтмонӣ ба имзо расидаанд. Мутобиқ ба қарордодҳои мазкур имрӯз корҳои сохтмонӣ дар чаҳор кишвари CASA-1000 - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Дар назар аст, ки натиҷаҳои аввалини ин лоиҳа дар соли 2024 рӯи кор меоянд.
3. Ҳамокориҳо дар самти ҳарбӣ ва таъмини амният
Ҳамкориҳои низомии НАТО бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба он асос ёфтааст, ки НАТО дар доираи стратегияи инкишофи худ ва диди геполитикиаш ҳамкориҳои низомиро дар ин минтақа яке аз самтҳои асосӣ барои оянда қарор додааст. Ин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи консепсияи маъмули НАТО таҳти унвони “Active Engagement, Modern Defence” (Иштироки фаъол, мудофиаи замонавӣ), ки барои давраи то соли 2020 таҳия ва қабул гардида буд, сурат мегиранд. Тибқи ин консепсия, минтақаҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ барои таъмини сулҳи саросарии Авроазия хеле муҳим буда, ба ҳамин сабаб дар доираи ҳамкориҳои шарикӣ барои НАТО самти муҳими стратегӣ ва афзалиятнок қабул гардидааст. Ин мавзӯъ бори аввал ҳанӯз дар соли 2004 дар саммити Истамбул мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, агарчанде оғози ҳамкориҳои низомию сиёсии НАТО бо ин ду минтақа аз соли 1994 сурат гирифтааст. Бояд хотиррасон кард, ки маҳз дар саммити Истамбул вазифаи намояндаи махсуси НАТО дар Қофқоз ва Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки он аз аҳамият ва моҳияти стратегӣ доштани ин минтақаҳо барои паймони НАТО гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҳамин замина бояд хотиррасон кард, ки таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ ва таъмини амният ҳамчун як соҳаи пураҳамият ва афзалиятноки ҳамкории НАТО бо кишварҳои шарики минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. НАТО ва давлатҳои алоҳидаи аъзои он дар ин соҳа дорои донишу малакаҳои фаровоне мебошанд, ки дастрасӣ ба онҳо барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ хеле муфид хоҳад буд.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҳарбии кишварҳои минтақа дар бобати омода сохтан барои фаъолиятҳои муштараки ҳарбӣ якҷо бо НАТО ба хотири таъмини сулҳу субот ва пешгирӣ аз нооромиҳои номатлуби иҷтимоист. Барномаҳои махсуси якҷоя, таълиму тарбия ва омӯзишҳо, амалиёт ва машқҳои мухталиф бо иштироки нерӯҳои ҳарбии чандин давлат дар як замон, бохабар будан аз шеваи кор ва омӯхтани роҳҳои наву аз нигоҳи технологӣ пешрафтаи усули корбарӣ дар ниҳояти кор ба боло рафтани дараҷаи омодагии ҳарбӣ ва имконоту қобилияти сари вақт ва натиҷабахш анҷом додани амалиёти марбут ба буҳронҳои сиёсӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими иқтидори сиёсиб ҳарбии кишварҳои мазкур мусоидат мекунад.
Самти дигари фаъолият дар бобати ислоҳоти соҳаи мудофиа ва ҳарбӣ ин мусоидат ба идоракунии пурсамари муассисаҳо ва сохторҳои низомии ин кишварҳо ва таъмини иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар танзими фаъоялияти онҳо мебошад. Ин мавзӯъ то андозае ҳассос ва аз нигоҳи амалӣ чандон осон нест. Дар аксари кишварҳои минтақа миқдор ва дараҷаи касбии афсарон, масалан, ҷавобгӯ ба талаботи замон нест ва, аз тарафи дигар, сохтор ва низоми муассисаҳои ҳарбии ин кишварҳо иҷозат намедиҳад, ки дар фаъолияти онҳо ба хотири таъмини шаффофият ва ҳисобдеҳ будан ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат дошта бошанд. Барои ислоҳоти муваффақонаи соҳаи ҳарбии кишварҳои минтақа лозим аст, ки низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории ин кишварҳо низ ба меъёрҳои байналмаилалӣ мутобиқ карда шаванд.
Яке аз механизмҳои муассири НАТО дар бобати ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ ин “Раванди банақшагирӣ ва таҳлил”-и барномаи “Ҳамкорӣ барои сулҳ” аст. Дар натиҷаи истифода аз ин унсур кишварҳои мавриди алоқа метавонанд дараҷаи омодагӣ, ҷиҳатҳои пурқувват ва заифи худ, заруратҳои техникӣ ва моддӣ барои рафъи ин камбудиву норасоиҳо бо иштироки коршиносони байналмилалӣ, ки НАТО таъмин мекунад, муайян созанд ба барои кумак ба НАТО ва кишварҳои аъзои ИА муроҷиат намоянд. Бояд гуфт, ки иштироки кишварҳои минтақа дар ин барнома яксон нест. Масалан, Қазоқистон дар ин барнома аз соли 2002 фаъолона ширкат меварзад. Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба ин барнома мутаносибан солҳои 2007 ва 2002 ҳамроҳ шуданд (агарчи Ӯзбекистон баъдтар иштироки худро дар ин барнома боз дошт). Тоҷикистон бошад, изҳон намуд, ки ба ин барнома назари мусбат дорад. Чуноне ки дар боло ишора рафт, кӯшишҳо ва алоқамандии роҳбарияти сиёсии Қазоқистон дар ботаи иштирок дар ин барнома ба он оаврда расонд, ки бо кумаки НАТО ва дастгирии кишварҳои аъзои ИА дар ин кишвар ниҳоди низомии қобили ҳамкорӣ ва амалиёти якҷоя бо НАТО таҳти унвони “ҚазБат” (ва баъдтар “ҚазБриг”) таъсис дода шуд. Таи солҳои ахир Қазоқистон ва НАТО машқҳои якҷояи ҳарбиро таҳти унвони “Уқоби даштӣ” анҷом доданд, ки дар доираи барномаи “Ҳамкорӣ барои сулҳ” сурат гирифтанд.
Самти дигари фаъолияти НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ин ҳамкорӣ дар соҳаи амалӣ сохтани барномаҳои марбут ба демилитаризатсияи муассисаҳо ва сохторҳои алоҳидаи низомӣ мебошад. Дар доираи чунин ҳамкорӣ бо кумак ва дастгирии молии НАТО яроқ ва аслиҳаи куҳнашуда ва ё зиёдатӣ, амволи хатарноки аз истифода беруншуда ва ғайра безарар гардонда мешаванд. Масалан, дар Тоҷикистон лоиҳаи Фонди махсуси НАТО-ҲБС, ки аз тарафи Британияи Кабир роҳбарӣ ва Ҷопон маблағгузорӣ гардид, амалӣ карда шуд. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа лавозимоти куҳнаи ҳарбӣ тахриб ва анборҳои аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ дар манотиқи марзӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Лоиҳаи мазкур натиҷаҳои хуб ба даст овард ва бомуваффақият ба анҷом расид. Дар натиҷа дар соли 2004 тақрибан 1200 минаи боқимондаи зидди пиёдагард дар кишвар нобуд сохта шуда, Тоҷикистон тавонист уҳдадориҳои худро дар баробари Конвенсияи Оттава дар бобати манъи истифода, захира, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зидди пиёдагард сарбаландона иҷро намояд.
Дар Қирғизистон бошад, дар ҳамин замина барномаи фарогирии иҷтимоии афсарони истеъфошуда, ки дар соли 2009 оғоз гардида буд, муваффақона амалӣ сохта шуд.
Дар хотима бояд қайд кард, ки самтҳои асосӣ ва муҳими ҳамкориҳои муштарак миёни НАТО ва Тоҷикистон метавонанд ба қарори зайл бошанд:
• ба роҳ мондан ва амалӣ сохтани муколамаҳои доимии сиёсӣ ва ҳамкории амалӣ бо НАТО оид ба таҳкими амнияти ҷаҳонӣ ва минтақа,
• мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истифодаи ғайриқонунии маводи мухаддир, назорати пайвастаи силоҳ ва истифодаи он, паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ,
• ҳамкориҳои судманди илмию фарҳангӣ дар доираи барномаи “Илм барои сулҳу амният” ва амсоли он,
• таҳкими равандҳои демократӣ, рушду такомули баъдии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он ва ғайра.
Стратегияи нави ШМА оид ба амнияти миллӣ
Ба таърихи 12 октябри соли 2022 Қасри Сафед ба таври расмӣ қабули Стратегияи амнияти миллии ШМА (National Security Strategy)-ро эълон намуд. Стратегияи мазкур одатан ҳар дафъа барои як давраи муайян аз тарафи маъмурияти президенти навбатии ШМА таҳия ва қабул мегардад. Ин дафъа маъмурияти президент Ҷо Байден ин санадро бо каме таъхир нашр кард, ки он зоҳиран ба тағйири вазъи байналмилалӣ ва паёмадҳои равандҳои глобалӣ вобастагӣ дорад. Стратегияи нави ШМА оид ба амнияти миллӣ аз 48 саҳифа иборат буда, 5 қисматро дар бар гирифтааст: мусобиқа барои он чӣ дар пеш аст, сармоягузорӣ барои қудратмандии мо, афзалиятҳои глобалии мо, стратегияи минтақавии мо.
Дар муқаддима гуфта мешавад, ки Стратегияи амнияти миллӣ (минбаъд - Стратегия) «тавсиф мекунад, ки Штатҳои Муттаҳида чӣ тавр манфиатҳои ҳаётии моро пеш бурда, барои ҷаҳони озод, ошкоро, шукуфон ва амн саъю кӯшиш хоҳад кард». Дар ҳамин ҷо ду таҳдиди асосӣ ба тартибот ва низоми демократии ҷаҳон ва манфиатҳои миллии Штатҳои Муттаҳида ба таври возеҳ гуфта шудааст - Россия ҳамчун хатари фаврӣ ва доимӣ (immediate and persistent threat) ва Чин бузургтарин таҳдиди дарозмуддати геополитикӣ (most consequential geopolitical challenge): "Мо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ягона рақибе, ки ҳам ният ва ҳам қобилияти тағйир додани тартиботи байналмилалиро дорост, дар баробари нигоҳ доштани хатари Россия, самаранок рақобат хоҳем кард."
Дар қисмати аввали Стратегия омадааст, ки ШМА имрӯз бо ду мушкилоти стратегӣ рӯ ба рӯ мебошад. Якум, раванди тағйирот ва навовариҳое, ки дар асари анҷоми “ҷанги сард” дар арсаи ҷаҳонӣ арзи вуҷуд кардааст, чун рақобат байни қудратҳои бузург барои ташаккули ҷаҳони нав, муносибатҳои нав ва ояндаи инсоният ҷараён дорад. “Ҳеҷ миллате барои муваффақ шудан дар ин рақобат беҳтар аз Штатҳои Муттаҳида нест”, - омадааст дар Стратегия. Биниш ва мавқеи ШМА дар ҳамкорӣ бо шариконаш ин таъмини ҷаҳони озод, ошкоро, амн ва шукуфон аст. Ин маънои онро дорад, ки усулҳои бунёдии худмуайянкунӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти сиёсӣ бояд эҳтиром карда шаванд, институтҳои байналмилалӣ мунтазам тақвият ёбанд, кишварҳо дар интихоби худ оид ба сиёсати хориҷии хеш озод бошанд, фазои озодонаи иттилоот таъмин гардад, ҳуқуқҳои асливу умумии инсон дастгирӣ ва фазои мусоиду ягона ба иқтисоди ҷаҳонӣ фароҳам оварда шавад.
Дуюм, чолишҳои муштараке, ки фаромарзӣ ҳастанд, сарҳад надоранд, аз қабили тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризм, нарасидани нерӯи барқ ё таваррум ва ғайра. Ин чолишҳои муштарак моҳияти геополитикӣ доранд ва дар ҷавҳари амнияти миллӣ ва байналмилалӣ қарор гирифтаанд. Ҳалли ин мушкилот фазои рақобатпазири байналмилалӣ ва ҳамкориҳои муштаракро тақозо мекунад, аммо афзоиши рақобати носолими геополитикӣ, миллатгароӣ ва популизм ин ҳамкориро боз ҳам душвортар мекунад ва ШМА-ро лозим меояд, ки ба таври нав ва диди тоза амал намояд.
Аз назари таҳиягарони Стратегия, имрӯз иддае аз кишварҳои ғайридемократӣ (низомҳои авторитарӣ ва тоталитарӣ) ба раванди озодӣ, таъмини рушди устувор ва амнияти саросарӣ монеъ мешаванд. Россия, масалан, ба низоми озоду шаффофи байналмиллалӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, қонунҳои асосии тартиботи байналмилалиро дағалона вайрон мекунад. Мушкилоти кишвари Чин тафовут дорад: он ягона рақибест, ки ҳам нияти тағйир додани тартиботи байналмилалӣ дорад ва ҳам дорои қудрати иқтисодӣ, дипломатӣ, низомӣ ва технологӣ барои амалӣ сохтани аҳдофи мазкур мебошад. Дар ҳамин қарина кишварҳои Эрон ва Кореяи Шимолӣ низ ба ҳайси кишварҳои хатарзо барои амнияти байналмилалӣ номбар шудаанд. “Мақсади мо равшан аст — мо тартиботи озод, ошкоро, шукуфон ва бехатари байналхалқиро мехоҳем. Мо тартиботеро меҷӯем, ки озод бошад, зеро он ба одамон имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои асосӣ, универсалии худ истифода баранд”, - таъкид шудааст дар Стратегия.
Стратегия доираи миллатҳоеро, ки мавқеъ ва дидгоҳи ШМА-ро дар бобати ҷаҳони озод, ошкоро, шукуфон ва амн дастгирӣ мекунанд, муайян намуда, ба ин гурӯҳ кишварҳои дорои низоми демократии Аврупо ва ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Оромро шомил месозад. Гурӯҳи дигарро кишварҳое ташкил медиҳанд, ки ба нисбати озод ва демократӣ набуданашон ба тартибот ва низоми байналмилалӣ ва амнияти он хавфи ҷиддӣ ворид месозанд, аз қабили Россия, Чин, Эрон, Кореяи Шимолӣ. Масалан, дар мавриди кишварҳои Чин ва Россия таъкид карда мешавад, ки онҳо аз анҷоми ҷанги сард ва паёмадҳои мусбати он баҳравар шуданд, иқтисодашон рӯ ба инкишоф ниҳод, кишвари Чин ҳатто ба як кишвари абарқудрати иқтисодӣ мубаддал гашт, Россия ба G8 ва G20 пайваст ва дар солҳои 2000-ум аз ҷиҳати иқтисодӣ барқарор шуд, аммо ин ҳарду кишвар аз тарси он, ки ташаккул ва такомули ҷомеаи озод ба низомҳои авторитарии онҳо хатар эҷод мекунад, роҳи дигари ғайридемократии инкишофро пеш гирифтанд, ки на аз тарафи ШМА ва на аз ҷониби шарикони демократии он пазируфта нахоҳад шуд.
Масъалаҳои марбут ба оқибатҳо ва паёмадҳои ногувори пандемия, мушкилиҳои муҳити солими зист ва тағйири иқлим дар саросари ҷаҳон, ба таври ғайриқобили қабул ва ташвишовар кам шудани масоҳати ҷангалҳо ва дигар захираҳои табиӣ, камбуди оби нӯшокӣ, боло рафтани нархи захираҳои энергетикӣ, густариш ёфтани касалиҳои сирояткунанда, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, чолишҳо ва мушкилоти марбут ба терроризм ва низомҳои авторитариву тоталитарӣ ва ғайра дар бахшҳои алоҳидаи Стратегия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бо назардошти чунин ҳолати ногувор ва мақому тавонмандии ШМА, гуфта мешавад дар он, зарур аст, ки Амрико нақши пешбаранда ва раҳнаморо бар дӯш дошта бошад. Барои ноил шудан ба ин мақсад се самти асосии фаъолият пешниҳод карда мешавад, ки бояд дар маркази таваҷҷуҳи стратегии ШМА қарор бигирад: 1) сармоягузории пайваста ва афзоянда ба сарчашмаҳо ва воситаҳои асосии қудрат ва нуфузи Амрико, 2) бунёди эътилофи пурқудрати давлатҳои алоқаманд барои баланд бардоштани таъсири дастаҷамъона дар ташаккули муҳити стратегии глобалӣ ва ҳалли мушкилоти муштарак, 3) таҳкими ҳарчи бештар ва модернизатсияи пайвастаи қувваҳои ҳарбии ШМА ба хотири рақобатпазирӣ бо кишварҳои абарқудрати мухолиф ва рафъи хатарҳои террористӣ.
Қисматҳои дуввуму сеюми Стратегия ба шарҳу тафсир ва шеваҳои амалӣ намудани ҳамин мақсадҳои стратегӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Стратегия омадааст, ки имрӯз тафовут миёни сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дигар вуҷуд надорад, зеро инҳо бо ҳам тавъаманд: қудрату тавонмандӣ ва рушду такомули дохилии кишвар, ки ба дастовардҳои навини технология ва инноватсия асос ёфтааст, ба афзоиши нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Аз тарафи дигар, нуфуз ва шуҳрати ҷаҳонии ШМА ба такмили бештари давлатдории миллӣ, ифтихор ва сарҷамъии миллат оварда мерасонад. Дар ҳамин замина бо иттиҳод ва созмону шабакаҳои мухталифи ҳамкориву шарикӣ, аз қабили СММ, Иттиҳоди Арупо (ИА), НАТО, Иттиҳоди иқтисодии Ҳинду Уқёнуси Ором барои инкишоф (IPEF), Шарикӣ барои сармоягузорӣ ва инфрасохтори ҷаҳонӣ (PGII), Чоргонаи Ҳинду Уқёнуси Ором (Австралия, Ҳиндустон, Ҷопон, Штатҳои Муттаҳида), Шӯрои тиҷорат ва технологияи ШМА ва ИА, AUKUS (Австралия, Британияи Кабир, Штатҳои Муттаҳида), I2-U2 (Ҳиндустон, Исроил, АМА, Штатҳои Муттаҳида), Шӯрои тиҷорат ва технологияи ШМА ва ИА ва ғайра дастаҷамъона амал намуда, барои таҳкими бештари низомҳои демократӣ, амнияти саросарӣ ва амалӣ сохтани усулҳои аслии оийнномаи СММ пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Бахши чоруми санади мазкур “Стратегияи минтақавии мо” номгузорӣ шудааст. Штатҳои Муттаҳида метавонад ба мушкилоти ин даҳсолаи ҳалкунанда танҳо тавассути шарикӣ бо кишварҳо ва одамон дар саросари ҷаҳон посух диҳад. Муносибатҳои густурдаву амиқи роҳбарияти сиёсии кишвар имкон медиҳад, ки амрикоиҳо дар саросари ҷаҳон аз самараҳои чунин сиёсат баҳраманд гарданд: мо тақрибан дар ҳама кишварҳо сармоягузорӣ ва тиҷорат дорем, шаҳрвандони мо дар ҳама қитъаҳои олам кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Ояндаи Амрико ва ҷаҳон бо ҳам алоқаманд аст ва, аз ин рӯ, стратегияи мо стратегияи глобалӣ мебошад, - тазаккур мегардад дар ҳамин бахш.
Дар доираи сиёсати минтақавии худ ШМА ҳамкориҳои судмандро дар ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором самти афзалиятнок ва ҳаётан муҳим мешуморад, чун минтақаи мазкур, аз назари таҳиягарони Стратегия, дар оянда қисмати зиёди рушди иқтисодии ҷаҳонро таъмин намуда, ба маркази асосии геополитикаи асри 21 мубаддал хоҳад гашт. Штатҳои Муттаҳида якҷо бо дигар давлатҳои минтақавӣ барои озод, амн ва дастрас нигоҳ доштани ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором саъю кӯшиш хоҳад кард. Дар маркази таваҷҷуҳ, албатта, робитаву ҳамкориҳои бардавом ва судманд бо Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАN), давлатҳои ҷазираҳои Уқёнуси Ором дар ҳамкорӣ бо шарикони панҷгонаи хеш - Австралия, Япония, Ҷумҳурии Корея, Филиппин ва Таиланд қарор хоҳанд гирифт. APEC, Quad ва AUKUS ва дигар созмону шабакаҳо низ барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим хоҳанд буд ва ШМА қувваи дастаҷамъонаи худро тавассути ба ҳам пайвастани иттифоқчиён ва шарикони рушд корбаст менамояд, аз ҷумла тавассути ташвиқи робитаҳои зичтар байни кишварҳои ҳамфикри Ҳинду Уқёнуси Ором ва Аврупо. Ба ҳамин муносибат махсус қайд карда мешавад, ки ШМА ҷомеаҳои озодро тавассути сармоягузорӣ ба институтҳои демократӣ, матбуоти озод ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирӣ намуда, дар мубориза бар зидди тақаллуб ва фасоди иттилоотӣ бо шарикони худ ҳамкорӣ мекунад.
Равобити трансатлантикӣ низ қисмати муҳими сиёсати минтақавӣ шуморида шудааст. Ба ин муносибат дар Стратегия омадааст, ки Аврупо шарики асосии ШМА дар ҳалли маҷмӯи пурраи мушкилоти глобалӣ буд ва хоҳад монд. Таҳкими минбаъдаи НАТО дар ҳамин замина мақоми махсусро касб кардааст ва содиқ будани ШМА ба паймони мазкур ва моддаи 5 он дар бобати дифои дастаҷамъӣ таъкид гардидааст. Дастгирӣ ва ҳамкориҳои минбаъда бо Украина, Молдова, Гурҷистон, кишварҳои минтақаи Балкан ва Кавкази Ҷанубӣ зикр гардида, сиёсати Россия ва роҳбарияти сиёсии он (президент Путин В.В.) маҳкум карда шудааст.
Дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, омадааст, ки ШМА минбаъд ҳам аз раванди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрии сиёсӣ ва тамомияти арзии кишварҳои минтақа пуштибонӣ хоҳад кард. “Мо кӯшишҳоро барои баланд бардоштани устуворӣ ва рушди демократӣ дар панҷ кишвари ин минтақа афзоиш медиҳем. Мо корро тавассути платформаи дипломатии C5+1 (Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Штатҳои Муттаҳида) барои пешбурди мутобиқшавӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ, тағйири иқлим, беҳтар кардани амнияти минтақавии энергетикӣ ва озуқаворӣ, густариши ҳамгироӣ дар дохили минтақа ва эҷоди робитаи бештар идома хоҳем дод,”- омадааст дар Стратегия. Шарҳу тафсили ҳамкориҳо бо кишварҳои африқоӣ, таъмини минтақаи озод ва амни Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, мусоидат ба фазои хушоянд дар ақсои олам, баҳру бар ва кайҳон бахши мазкурро хотШМА бахшидаанд.
Дар қисмати хулоса зикр мегардад, ки ШМА дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкораш масъала ва мушкилиҳои дар пеш истодаро муваффақона ҳаллу фасл хоҳад намуд. Дар ин раванд масъалаҳои марбут ба густариш ва таҳкими бештари низомҳои демократӣ, таъмини фазои амну ороми саросарӣ барои рушди устувор дар дохил ва хориҷи кишвар мақом ва мавқеи асосӣ хоҳанд дошт: “Мо демократияро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшем, зеро барои ояндаи муташаккил аз ниҳод ва низомҳои ҳуқуқбунёд, одилона ва озод, муҷаҳҳаз бо технологияҳои нав ва киберамният заминаи боэътимод хоҳем гузошт. Ҳамин аст вазифаи таърихии мардуми Амрико, ки ҳамеша дар муборизаҳои тақдирсоз пирӯз гаштааст, мушкилиҳоро сарбаландона пушти сар кардааст. Вақт ғанимат аст”.
Дипломатияи ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи пурсамари “нерӯи нарм” ва истифодаи НАТО аз он дар Осиёи Марказӣ
Аннотатсия. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамин замина НАТО низ кишварҳои Осиёи Марказиро аз тариқи барномаҳом мухталиф ба доираи фаъолияти худ фаро гирифта, барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ ва баланд бардоштани нуфуз ва эътибори хеш дар ин минтақа аз дипломатияи ҷамъиятӣ всеъ истифода бурдааст. Дар ҳамин қарина ҳамкориҳо дар бахши илму фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳарбию таъмини амният аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, НАТО чунин фаъолиятҳояшро бештар бо истифода аз имконоти дипломатияи ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи муассири“нерӯи нарм” дар раванди сиёсати хориҷии хеш амалӣ сохтааст.
КАЛИДВОЖАҲО: Осиёи Марказӣ, НАТО, стратегия, амният, илму фарҳанг, иқтисодиёт, ҳамкорӣ, дипломатияи ҷамъиятӣ, нерӯи нарм.
Чун сухан дар бораи ҳамкориҳои НАТО бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои тозабунёди Осиёи Марказӣ меравад, мавзӯи истифодаи бамавриди “нерӯи нарм” мавқеи махсус ба худ касб менамояд. Яке ба сабаби он, ки ин мафҳум худ таи солҳои ахир ҳамчун механизми муассири замони муосир дар ҳаллу фасли мушкилоти рӯз аз тариқи фарогирии комили тӯдаҳои васеи мардум барои дарки дурусти сиёсати давлатҳо, созмонҳо ва сохторҳои мухталиф дар арсаи байнамилалӣ мақом ва нақши муҳим ба даст овардааст. Дуюм, худи ҳамин мафҳуми “нерӯи нарм” дар мавриди сохторе мисли НАТО, ки табиатан чандон “нарм” нест, баҳсталаб аст.
Аммо воқеият ва дастовардҳои ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки паймони НАТО дар ҳақиқат тавассути истифодаи босамар аз “нерӯи нарм” ҳамчун воситаи муҳими кор бо шаҳрвандон ва сохторҳои мухталифи ғайринизомӣ муваффақ будааст. Ва ин табиист, чун мазмун ва моҳияти худи мафҳуми геополитика низ ба таври қобили мулоҳиза тағйир кардааст. Агар дар гузашта воситаи ягонаи таъсири нуфуз ва ҳалли масъалаҳои марбут ба геополитика фақат аз тариқи амалиёти ҳарбию истифодаи қудрати низомӣ сурат мегирифт, воқеияти охири асри XX ва ибтидои қарни XXI роҳҳалҳои дигари ин қазоро ба миён овард, ки пуртаъсиртар ва бештар қобили қабуланд. Ин роҳҳалҳои нав мақом ва нуфузи воситаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ (иҷтимоӣ) мебошанд, ки дар асари табаддулоти сиёсӣ ва дастовардҳои бузурги иттилоотию технологӣ муяссар гардидааст ва онро дар маҷмӯъ “нерӯи нарм” мегӯянд.
Ба маврид аст, ки ба таври мухтасар оид ба “нерӯи нарм” ва истифодаи васеи он ҳамчун воситаи пурсамари ҳалли осоиштаи масъалаҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир сухан ронем, чун дипломатияи ҷамъиятӣ (публичная дипломатия) яке аз намунаҳои хуб ва воситаи пурсамари он арзёбӣ мешавад. Аслан дар бораи ин мафҳум (дипломатияи ҷамъиятӣ) фаҳмиши ягона ва ё таърифе, ки аз тарафи аксарият пазируфта шуда бошад, то ҳанӯз вуҷуд надорад. Аммо ин нукта равшан ва қобили қабули ҳамагон аст, ки дипломатияи ҷамъиятӣ як шакл ва ё воситаи пурсамари “нерӯи нарм” аст, ки дар муносибатҳои байналмилалии замони муосир дар арсаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ васеъ истифода мегардад. Мақсади асосии он ба таври бештар ва равшантар инъикос намудани сиёсати хориҷии як кишвар дар миёни тӯдаҳои васеи кишвари (кишварҳои) дигар бо истифода аз ашколи мухталифи иттилоотӣ ва иделогӣ мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё