НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.
Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа
УСУЛИ ХОС
Нақл мекунанд, ки боре зани давлатманде касал шудааст. Ўро барои табобат ба назди Сино овардаанд. Сино, ки табиби зўр будааст, аз рўи одаташ хостааст, ки аввал беморро дида касалиашро муайян кунаду баъд ба ў чӣ доруе , ки лозим бошад, ҳамон доруро фармояд.
Аммо марди давлатманд, ки дар назди зани бемораш истода будааст, ба Сино рў оварда гуфтааст: - Ман намехоҳам, ки шумо рўи зани маро бинед ва ба ҳар ҷои бадани ў даст расонед. Оё намедонед, ки шариат табобати занонро ба мардон манъ кардааст. Агар шумо табиб бошед, давоятонро ба бемор аз рўи гуфти мо таъин кардан гиред.
Сино дар ҷавоби он мард чизе нагуфтааст ва дидааст, ки ўро розӣ кардан кори душор аст, роҳи дигарро пеш гирифтааст: вай ресмонеро ёфта як нўгашро худаш доштаасту нўги дигарашро ба шавҳари зан дода гуфтааст: - Ин нўги ресмонро ба бемор диҳед ва фармоед, ки бо дастонаш сахт дошта истад ва ман ба ҳамин восита касалии ўро муайян хоҳам кард.
Мард бар хилофи фармуди Сино нўги ресмонро худаш дошта истодааст. Сино шогирдашро ба наздаш ҷеғ зада гуфтааст - Бирав, ба он мард бигў, ки нўги ресмонро ба бемор диҳад.
ҲАММОМИ «БИРЕЗ-БИРЕЗ»
Абўалӣ Сино дар пиронсолӣ ба дарди бедавое мубтало шудааст. Ў ҳис кардааст, ки умраш ба охир расида истодааст. Бинобар ин вай чил рўз дар таҳхона нишаста, аз ҳар хел гиёҳ чил шиша дору тайёр кардааст.
Баъд аз ин Ибни Сино яке аз шогирдони содиқашро, ки тамоми илму ҳунари ўро аз худ карда будааст, ба наздаш ҷеғ зада гуфтааст: - Агар ман мурам, ҷасадамро ба замбар андохта ба гармхонаи ҳаммом бару мон. Сонӣ ҳар рўз аз болои ҷасадам як шиша аз ҳамин дору рехтан гир. Баъд аз чил рўз ман баргашта зинда мешавам ва дигар намемурам. Он вақт туро ба мурод мерасонам, ту ҳам монанди ман табиби машҳур мешавӣ.
Пас аз чанд рўз Абўалӣ Сино вафот кардааст. Шогирди содиқ мурдаро ба замбар андохта, ба гармхонаи ҳаммом бурда мондааст ва ҳар рўз аз он дору як шишаашро ба болои ҷасади устодаш рехтан гирифтааст.
Рўзи сию нўҳум ҷасади Абўалӣ Сино овоз бароварда гуфтааст: - Бирез! Бирез! Бирез! Шогирд шишаи охирини доруро гирифта аз шодӣ ба гармхона мерафтааст, ки пояш лағжида, шишаи дору аз дасташ афтода шикастааст.
Гўё аз ҳамин сабаб Абўалӣ Сино зинда нашуда мондааст. Мегўянд, ки ҳоло ҳам, агар одами поку нек ва раҳмдилу ростқавл аз назди вайронаи ҳаммом гузарад, садои «бирез-бирез!»-и ҷасади Абўалӣ Синоро мешунидааст*.
ДАВОИ ХУНИ МУРДОР ВА МАРАЗИ ГЎШ
Абўалӣ ибни Сино баъди пир шуданаш сахт бемор шудааст. Вай пеш аз мурданаш давои ҳар як дардро ба шогирдонаш нишон додаасту аммо фақат давои хуни мурдору марази гўшро ҳанўз нагуфта, аз забон мондааст. Рўзе Абўалӣ ибни Сино шогирдонашро ба назди худ хоста, бо дасташ ба тарафи як қоғазпора ишора кардан гирифтааст.
Шогирдон қоғазпораро гирифта дидаанд, ки дар рўи он ин хел навишта шудааст: «Дар осмон занбўру дар замин шуллук». Инро хонда шогирдон фаҳмидаанд, ки шуллук ба хуни мурдору асал ба марази гўш даво будааст.
АҲСАН
Подшоҳеро дар гулўяш устухон банд мемонад. Ҳеҷ табибе ўро наҷот дода наметавонад. Абўалиро меоранд. Абўалӣ подшоҳро дида мегўяд: - Роҳи табобати шумо ҳамин, ки писаратонро мекушему барои шумо дору тайёр мекунем. Подшоҳ аввал розӣ намешавад, вале баъди фикри дуру дароз ноилоҷ розӣ мешавад. Абўалӣ писари подшоҳро дар назди падараш дасту по баста мехобонад ва корди қассобӣ ба даст мегирад.
Подшоҳ ин манзараро дида рўй ба тарафи дигар мегардонад ва Абўалӣ гўсфанди пешакӣ таъинкардаашро дар ҳамин лаҳза сар мебурад ва подшоҳ фишшаси хунрезии гўсфандро шунида оҳу фиғони сахте мекашад ва аз аҳасти пурдарди ў устухон аз гулўяш хато шуда, ба берун меафтад.
Аз ҷояш подшоҳ мехезад ва Абўалӣ зуд писари соқу саломаташро ба ў нишон медиҳаду подшоҳ ба табибии Абўалӣ аҳсан мехонад ва ўро инъоми зиёд медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё