Зеҳн
НАҚЛУ РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ МУРРАТИБОН

Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи он мардони бузурги таърихист, ки ба шарофати қобилияти баланди илмиашон дар қатори намоёнтарин арбобони маданияти пешқадами ҷаҳон меистанд.

Китобдор · 11 сентябри 2024 · 9 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

МАХЛУҚ ВА ДОМ

Ҳикоя мекунанд, ки дар кадом як замоне дар Бухоро махлуқе пайдо щудааст. Вай бисьёр бадҳайбат будааст. Одами дидагӣ лом нагуфта ҷон медодааст. Мардум илоҷи нобуд кардани махлуқро наёфта, пеши Абўалӣ Сино рафтаанд. Абўалӣ Сино мақсади онҳоро фаҳмида, бо устоҳои оҳангар фармудааст, ки як доми бузург созанд. Рўи домро сайқал диҳанд. Устоҳо ҳамин тавр кардаанд. Домро пинҳонӣ бурда, сари роҳи махлуқ гузоштаанд. Он махлуқ ба дом наздик омада, акси худро дар доми ҷилодор дида, худаш ба акси худаш дарафтодааст ва гирифтори дом шуда ҳалок гардидааст. Одамон ба шарофати тадбири Абўалӣ Сино аз дасти он ҳайвон – махлуқи одамкуш раҳоӣ ёфтаанд.

ТАБИБ ВА АБУАЛӢ СИНО

Абўалӣ Сино гуреза шуда мегаштааст, чунки подшоҳи ҳамон вақта бисьёр золим будааст. Подшоҳ барои дастгир кардани Абўалӣ пули бисьёр ваъда кардааст. Як рўз Абўалӣ Сино ба як шаҳре рафта дидааст, ки як табиб ба рўи кўрпача чорзону шишта, беморонро табобат мекунад. Абўалӣ ҳам рафта ба як кунҷак нишастааст. Табиб беморонро якта-якта дида, ба дардашон дору мегуфтааст. Абўалӣ кори табибро бодиққат тамошо мекардааст. Навбат ба як зан расидааст. Зан аз фаранҷӣ дасташро бароварда, ба табиб дароз кардааст. Табиб раги дасти вайро қапида гуфтааст.

-Ҷурғот хўрда будед? -Ҳа, ҷурғот хўрда будам, - гуфтааст зан.

Абўалӣ Сино ҳайрон шудааст, ки чӣ хел аз раги даст ҷурғот хўрдани занро фаҳмида тавонист. Табиб боз диққат карда истода гуфтааст: - Шаби гузашта мурғпалав хўрда будед-мӣ? -Ҳа, мурғпалав ҳам хўрда будам, - гуфтааст зан. Абўалӣ боз ҳайрон шудааст.

Табиб боз ба раги дасти зан диққат карда гуфтааст: -Дарвозаи ҳавлиатон ба тарафи офтоббаро нигоҳ мекунад-а? -Ҳа, ба тарафи офтоббаро нигоҳ мекунад, - гуфтааст зан. Баъд табиб аз ҳамон зан пули бисьёре гирифта, дору додаасту бемори дигарро ба пеши худ ҷеғ задаст.

Абўалӣ Сино худ ба худ фикр кардааст, ки ҷурғот ва мурғпалав хўрдани беморро, фарз кардем, аз раги дасташ фаҳмида тавониста бошад, ба тарафи офтоббаро нигоҳ кардани дарвозаи ҳавлии вайро аз раги даст чӣ хел фаҳмидан мумкин аст? Не, дар ин ҷо як ҳилае ҳаст, ки ман бояд онро бояд фаҳмам ва то нафаҳмам, аз ин ҷо намеравам.

Табиб баъди дидани бемори дигар ба Абўалӣ нигоҳ карда гуфтааст: - Шумо марҳамат кунед.

- Дарди ман бисьёр вазнин аст, ин беморонро дида гуселонед, манро аз ҳама сонӣ мебинед, - гуфтааст Абўалӣ Сино.

Табиб беморонро дида тамом кардаасту хона барои ҳар ду хилват мондааст. Абўалӣ Сино оҳиста-оҳиста ба табиб наздик шуда, дар паҳлўяш шиштааст. Дар пеши табиб як тўққуз китоб будааст.

Абўалӣ як китобро гирифта, мобайнашро кушодаасту зуд пўшида, ба ҷояш мондааст ва гуфтааст: - Ин китоб «Қонун»-мӣ? - Ҳа, ин китоб «қонун» асту шумо Абўалӣ Сино ҳастед, ки гурехта ба шаҳри мо омадед, - гуфтааст табиб.

Абўалӣ Сино боз ҳайрон шуда мондааст. Табиб ба вай ҳурмату эҳтиром ба ҷо оварда, меҳмондорӣ кардааст.

Баъд Абўалӣ Сино ҳодисаи ба зани бемор шудагиро аз табиб пурсидааст, ки вай дар ҷавоб гуфтааст: - Дидам, ки остини зан ба ҷурғот олудааст, донистам, ки то ба инҷо омаданаш ҷурғот хўрда будааст.

Вақте ки зан «ҳа ҷурғот хўрда будам» гуфт, аз лафзаш донистам, ки зани яҳудии давлатманд аст. Мурғпалав хўрдани вайро аз он донистам, ки рўзи шанбе буд. Дар шаби шанбе яҳудиёни давлатманд мурғпалав мехўранд.

Ба тарафи офтоббаро нигоҳ кардани дари ҳавлияшро аз он донистам, ки ҳавлии ҳамаи онҳо дар як кўчаи баланд қатор мебошаду дарвозаашон ба офтоббаро нигоҳ мекунад.

Абўалӣ Сино боз пурсидааст: - Инҳоро фаҳмидам, аммо аз куҷо донистед, ки ман Абўалӣ Сино ҳастам? Табиб дар ҷавоб гуфтааст: - Ин китоби «қонун» чанд сол боз дар дасти ман аст.

Аввалҳо ман намедонистам, ки ин китоб «қонун» аст. Сониян чанд сол мутолиа карда, на ман аз он чизе фаҳмидам, на шариконам.

Баъд шумо, ки бо як назар кардан «қонун» будани онро гуфтед, ман фаҳмидам, ки ба ғайр аз нависандааш каси дигар ин тавр ба осонӣ кадом китоб будани онро гуфта наметавонад.

ШАРТИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Замоне дар як шаҳр касалии вабо ниҳоят авҷ мегирад. Подшоҳи он шаҳр аз Абўалӣ ибни Сино хоҳиш мекунад, ки ба муқобили ин касалӣ чорае андешад.

Абўалӣ ибни Сино хоҳиши подшоҳро рад карда мегўяд, ки барои нест кардани вабо тамоми масҷидҳои шаҳрро оташ задан ва дар байни мардум дуохонию муллогиро барҳам додан лозим аст. Аз ин Суханон подшоҳ ба хашм меояд ва мефармояд, ки сари Абўалӣ ибни Синоро зуд аз танаш ҷудо кунанд.

Баъд Абўалӣ ибни Сино ба подшоҳ муроҷиат карда мегўяд: - Эй подшоҳи олам, ман як шарт дорам. Шартам ҳамин, ки фалон рўз офтоб мегирад ва он чанд муддат давом мекунад. Агар ҳамин гапи ман дурўғ барояд, он гоҳ метавонед шумо маро сар буред. Подшоҳ шартро қабул карда, рўзи офтобгириро интизор мешавад. Ниҳоят он рўз мерасад.

Абўалӣ ибни Сино шишаҳоро сиёҳ карда, ба подшоҳу надимони ў медиҳад. Онҳо мебинанд, ки дар ҳақиқат нисфи офтоб гирифтааст. Баъд аз ин подшоҳ ва надимонаш ба донишмандии Абўалӣ ибни Сино қоил мешаванд.

ГИЁҲИ ШИФОБАХШ

Солҳои нав ба Душанбе кўчида омадани мо дар ин ҷо касалии вараҷа бисьёр буд. Ин тахминан солҳои 1933-1934 буд, ман духтарчаи калонакак будам. Кўчида омадему андак вақт нагузашта дар хонаи мо ҳам чанд кас касал шуд: аввал модарам, сонӣ акому ман. Фақат падарам касал набуданд, он кас ба мо нигоҳубин мекарданд. Агар падарам набошанд, якамон ба дигарамон об ҳам дода наметавонистем. Он вақтҳо доруи духтур анқо, ба пиёда як тараф истад, ба аспакӣ ҳам ёфт намешуд. Як рўз падарам ба бозор рафта, аз як табиби шиносашон як хел гиёҳ гирифта омаданд.

Вай гиёҳ хушку қоқ буд, рангаш сабзи баланд, номашро падарам ким-чӣ гуфта буданд, ҳоло дар хотирам нест. Падарам он гиёҳро ба мо нишон дода, ҳамин алафро ҷўшонда обашро хўрдан даркор будааст, ба касалии вараҷа дору будааст, гуфтанду худашон вайро ба даруни як чойники тунука андохта, об қатӣ карда хуб ҷўшонданд.

Баъди ҷўшондан обашро андак хунук карда, аз ҳамун ба ҳар кадоми мо нимпиёла-ним пиёла хўронданд. Рўзи дуюм ҳам оби мондагиашро гарм карда боз нимпиёлагӣ доданд. Бовар мекунед-мӣ, оби ҳамон гиёҳро хўрдему аз касалии вараҷа тамоман халос шудем. Аз ҳамун вақт то имрўз чӣ будани ин хел касалиро намедонам. Дар хотирам ҳаст, падарам ҳамон вақт гуфта буданд, ки ин гиёҳи шифобахшро Абўалӣ ибни Сино ёфта будааст.

пешина
аз 9
навбатӣ