Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
Дар ҳама ҷо дар ин рӯзи нарми поиз хурду бузург мӯрчасон ба кор часпида, ҳосили ғалла, боғот ва картошказоронро меғундоштанд.
Мошин ба дараҳои танг, ки ба тасвири афсонавии Дараи ниҳон дар романи «Дохунда»-и устод Айнӣ шабеҳанд, ворид шуд. Ва арчазорони ҳамешасабзу шукӯҳманд – роздонони домони кӯҳсорон – шоҳидони ҳазоронсолаи ин роҳи печ дар печи регу хокпӯш ва обшорони ширмонанд моро пешвоз гирифтанд. Аслан ин роҳакест, ки ба қавли Юсуф Вафо кайҳо онро «ба барфу борон» дода буданд. Аммо дар ин рӯзҳо, ки «роҳи мошинраваки қад-қади Зарафшони чуқур» бар асари фаромадани ярч аз фаъолият бозмондааст, боз ин ҷодаи қадима барои рафту омади мардум лозим шуд.
– Хайрият, ки роҳро нигоҳ доштаанд, – мегӯяд Қурбон Тӯраев. - Агар ин роҳ намебуд, мардум ба чӣ аҳволе меафтоданд?
Хуб аст, ки ҳар сол охири фасли баҳор ин роҳро аз сангу рег, ки борону тарма мефарорад, тоза ва ҳамвор мекунанд.
Равуои нақлиёт кам аст. Ҳар қадар ба фароз мебароем, кӯҳсорон бе дарахт, буттаву гиёҳ ва урён мешаванд. Ва шӯълаҳои камранги хуршед рӯйи сангпораҳои хуфта тарзе ҷило медиҳанд, ки мепиндорӣ болояшон яхпӯш аст. Ба истиснои гардишҳои танг барои ҳаракати мошин мушкилоте пеш намеояд. Ронандаи зираку пуртаҷриба Сафарбек, ки ин роҳро хуб медонад, моро дилпур мекунад, ки ҳамааш хубу бехатар аст. Аз ҳарду ҷониб то фарози қулла мошин бояд 35 километр боло барояд. Дар сари ағба нарасидани ҳаво на танҳо барои инсон, балки ба мошин ҳам душворӣ пеш меорад; гӯши одам қулф мезанаду набзу тапиши дил номураттаб мешавад, нафаскашии онҳое, ки солхӯрдаанду фишори хун азияташон медиҳад, вазнин мешавад. Дар фазои беҳудуд ягон-ягон калоғҳои сахтҷон нолон-нолон бол меафшонанд. Мошин низ ларзидаву такон хӯрда, фиғонкашон пеш мехазад. Мо як каме нороҳату гирифтори таҳлука, ба зери забон дору мегузорем. Ҷон ширину эҳтиёт ними ҳаёт аст охир…
– Ана як тарафаш ба охир расид! – мужда мерасонад шофир ва нафаси осуда мекашад.
– Як дам ин ҷо истед, биродар, – мегӯем ба шофир. – Мошинат дам гираду мо атрофро як назар тамошо бикунем.
Поямон ба қадамгоҳи Юсуф Вафо расад, беҳтар.
Ва ба поин, ба вартаҳои бетаг нигаристан даҳшате дорад: сар мечархаду пеши чашм торик мешавад. Воқиан сари қуллаҳо ба синаи осмон фурӯ рафтаанд.
– Фаромаданаш ҳам осон нест, – шофирро ҳушдор медиҳад Раҷабмаҳмад, ки аҳволаш аз нарасидани ҳаво нохуб аст. Охир ӯ диққи нафас дорад. – Эҳтиёт кунед, додар, роҳ танг аст. Кошкӣ мошинҳои аз пеш омада халал нарасонанд.
Воқеан роҳи борик дар миёни кӯҳсорони бегиёҳу саросар санг ва дар коми вартаҳои бетагу ваҳмангез шабеҳи як риштаи сафедтоби пурпеч то чашмрас сарозер афтодааст.
Ҳар қадар ба поин нигарӣ, биму даҳшат ба дил панҷа мезанад. Ҳамагон аз Худованд ба шофир сафари нек таманно кардем. Охир дар ин роҳ ҳар як ронанда ҷони худ ва ҳамраҳонро дар кафи даст дошта мефарояд. Мошин сарнишеб рафту мо муҳри хомӯшӣ ба лаб, ба роҳ чашм дӯхтем. Пас аз тай кардани сесад-чорсад метр роҳ дар хамгашти ниҳоят танги «дарвозаи сангӣ» баногоҳ мошине аз поин сар ба сар омад. Мошинҳо дар ҷояшон, ба қавле чормех истоданд. Ҳолати нобоб. Чӣ бояд кард? Мебоист як ронанда ба дигаре аз рӯйи қоида роҳ кушояд. Инро шофири мошини мо мебоист ба ҳисоб мегирифт, аммо мошини муқобил чашмнорасу нопадид буд. Ҳоҷӣ шофири мошини муқобилро, ки хеле ҷавон буд, худ ба худ маломат кард, ки аз боло хамбидани мошини моро дида дар ягон ҷойи васеъ наистод.
– Кӯҳистон қоидаҳои худро дорад, – бо хашм мегуфт Ҳоҷӣ. – Ин ҷавон дидаву дониста ин ҳолати ногуворро сохт…
Мо фуромада бо нигоҳ ҷойи кушодтаре меҷӯйем. Шеъри «Ду масчоҳӣ дар овринг»-и устод Лоиқ ба ёд омад. Азобу даҳшати роҳ барои кӯҳистонии ҷонсахт дар ҳама давру замон боқӣ мондааст. Чанд метр поин бари роҳ, ҷониби ҷари бетаг ҷойи паҳнтареро интихоб мекунем ва ба шофир маслиҳат медиҳем, ки мошинро ба он ҷо барад. Фаҳмишу биниш ва таҷрибаву маҳорати шофир, ки борҳо аз ин роҳ гузаштааст, нисбат ба бинишу фаҳмиши мо садчанд аст.
Хавфу хатари ин кӯшишро, ки қиммати ҷон дорад, Сафарбек беҳтар медонад. Ӯ оҳиста-оҳиста мошинро тарафи дасти чап ба коми ҷарӣ ба ҳаракат медарораду мо нафас ба дарун, дил дар чанголи ҳаросу ҳаяҷон аз чархҳои ҷониби ватаи мошин чашм наканда, ба ӯ бо имову ишора гап мезанем.
– Бас, бас! – фарёд мезананд Қурбон Тӯраев.
Мошини муқобил бошаст ба боло меҷаҳад.
– Ба қафо! Ба қафо, Сафарбеки ҷун! – бо даст ишоракунон дод мезанад Раҷабмаҳмад, ки чеҳрааш аз изтиробу ҳаяҷон арғувонӣ метобад.
Чун мошин аз ҳолати нобоб раҳида, ба роҳ рост шуд, Қурбон Тӯраев аз ман пурсиданд:
– Шумо дидед, ки чархи пеши мошин чи хел дар ҳаво муаллақ монд?
– Бале, Худо нигоҳ дошт… Хайрият, ки шофир надид. Ба воҳима меафтод… – сандуқи дилашро молишдиҳон ғур-ғур кард Гулназар.
– Гузашт. Дигар фикрашро аз сар партоед, – бо овози нарм моро таскин бахшид Саидилҳом ва ҳамин, ки мошин аз ҷояш ҷунбид, шеъри Юсуф Вафоро ба ёд овард:
Эй ағбаи Оббурдан, балои ҷунам,
Шаш моҳ шудай ҷудо зи хуну мунам.
Болои сарам тармаву поин ҷешил,
Билло ба Худо, аҷал мудом дар юнам.
– Шофирбача-ку бефаросат, падараш чӣ? – боз хашмашро ба забон овард Раҷабмаҳмад. – Мебод ғами ҷони дигаронро ҳам хӯранд. Пирон мегуфтанд, ки «ба тири сӯзону ағбаи кӯҳистон бозӣ накун».
– Шукр, ки нек анҷом ёфт, – гуфтанд Қурбон Тӯраев. – Ин роҳ пеш пиёдаравак будааст. Бо аспу хар ба ин ағба баромадану фуромаданро тасаввур кунед. Азоби алим, ҷаҳаннам…
– Раҳматии Холмаҳмадро дар ёд доред? – мепурсад Ҳоҷӣ ва меафзояд: – Инсони бузург, ҷавонмарди беҳамто буд.
Аслан ин роҳро ана ҳамон кас бо чӣ қадар талошу ҷон коҳонӣ бо мадади дӯстони лоиҳакашаш сохту мошингузар кард, мардуми кӯҳистона аз бунбаст, аз азият раҳонд, баъд рафтуомад ба Истаравшану Хуҷанд зиёд шуд…
– Рост, ҳеҷ кас мисли Холмаҳмад ба мардуми кӯҳистони Масчоҳ хидмати воқеӣ накардааст, – андешаманд мегӯянд
Қурбон Тӯраев. – Ҷавонмарди ҳалолу якрӯ буд. Дар бунёди тамоми роҳу пулҳо, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, каналу иншоотҳои хоҷагӣ аз поён то саргаҳи Масчоҳ хидмати Холмаҳмад беҳисоб аст. Холмаҳмад фақат барои мардум сохт.
Хурду калони Масчоҳ инро бояд донад.
– Ба ивази ҷонкоҳониву корҳои хубаш Холмаҳмад беэҳтиромиҳои зиёд ҳам дид, – як каме озурдахотир мегӯяд
Раҷабмаҳмад. – Иғвогарҳову бахилҳои ноҷавонмард, як-ду беимон, ки дар умрашон барои ҷамъият ягон кори нек накардаанд, аз болояш хеле зиёд бӯҳтон навиштанд.
Тафтиш пайи тафтиш, муҳокима болои муҳокима. Як инсони пок, баномусу накӯкор шабу рӯз дар талоши ободии диёр бошаду ду-се игвогари сиёҳкор оромаш нагузоранд, алам намекунад? Охир ба сактаи дил гирифтор карданд Холмаҳмадро. Бубинед, имрӯз фарзандону набераҳои ҳамон бӯҳтонгарони беимон низ аз пулу роҳҳои сохтаи Холмаҳад истифода мебаранд.
– Ман як пешниҳод дорам, – ба мо нигариста мегӯянд Қурбон Тӯраев. – Аз рӯйи инсофу адолат мебуд, агар масчоҳиҳо дар ягон ҷойи муносибу хушманзараи ин роҳ ҳайкали Холмаҳмадро гузоранд. Ин ба дигарон ибрат ҳам мешуд…
– Э дар номатон садқа! Пешниҳоди беҳтарин, – ҳаяҷономез мегӯяд Ҳоҷӣ. – Ман ҳам кайҳо дар ин бора фикр мекардам…
Холмаҳмад Сангинов роҳбари вақти иттиҳодияи гусфандпарварии Масчоҳ, номзади илми иқтисод, ки соли 1984 дар синни 50-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Гӯё шутур ағбаи пурпечутоби каҷмокаҷаки Оббурдонро баромадаву фаромада аз дарду азоб ба ҷон расида, ба ҳарду тарафаш лаънат хондааст. Алҳол шофир азият мекашаду мошин. Ноҳамвории роҳ як бало, гардишҳои тангу вартаҳои маргбор сад офати дигаранд. Чӣ чора, ки ба қавли Бедил «турфа кӯҳсор аст ин». Лекин ёрони хушлаҳҷа ва суханвари мо ҳарчанд аз роҳи ваҳмангез чашм намекананд, илоҷи кӯтоҳ кардани роҳро меёбанд: аз рӯзгор ва кору пайкори аҷиби шахсиятҳои маъруф, ёру ошно, мардуми хушзарофати Масчоҳ шама-шама ёд ё шоҳбайтеро замзама мекунанд.
Дар чунин маврид якбора овози марғуладори Раҷабмаҳмад бо сурудае аз Туғрал танинандоз мешавад.
Ғами ту то нафас боқист, бо ман ҳар нафас бодо,
Ба ҷуз рӯйи гулат дигар ба чашмам хору хас бодо.
Ба водӣ, ба деҳаи Оббурдон, ки дар оғӯши ҳазорранги поиз ва партави нурҳои хуршеди ба ғуруб моил шабеҳи қолии афсонавии густурда метобад, лаҳза ба лаҳза наздик мешавем. Раҷабмаҳмад аз ҳусну шукӯҳи диёр ва расидан ба шоҳроҳи «қад-қади Зарафшон» шоду болидарӯҳ ба тарзи худ «Шашмақом» мехонад.
Дар ин гулшан тасаллӣ дод вазъи сарву шамшодам,
Ки як мисраъ баландовоза дорад табъи мавзунро.
Мо сурудаи Ҳоҷиро меситоем ва бо суханҳои нешдор таъкид мекунем, ки ба қавли дӯсти шоираш Ҳақназар Ғоиб
«агар дар саҳнаи ҳунар пеши роҳи ӯро устодон Ҷӯрабек Мурордов, Зафар Нозимов ва Одина Ҳошим намегирифтанд», гули сари сабад мешуд. Ҳоҷӣ бо табассум ва оҳу уҳи гулӯтозакунӣ ва фарёду нолаи талхтар ба пичинги мо посух медиҳад:
Гар ғуссаи рӯзгор гӯям,
Бас қиссаи бешумор гӯям.
Як умри ҳазорсол бояд,
То ман яке аз ҳазор гӯям.
Гулназар сари овози ӯро мегирад:
Даҳр лабрези мукофот аст, аммо ку тамиз?
Кам касе ин ҷо ба ҳоли худ тараҳҳум мекунад.
Дар ин асно занги телефони ҳамроҳ Ҳоҷиро аз сурудан боз медорад. Ӯ пас аз посух ба саволҳои мусоҳиб ба Саидилҳом рӯ меорад:
– Ба кадомашон ваъда диҳем? Хоҳишмандон зиёд.
– Ба ҳеҷ кас. Раҳрост меравем Пастиғав, – ҷиддӣ мегӯяд
Саидилҳом. – Он ҷо моро интизоранд, хаймаро дар хонаи аком мезанем. Ман ба мӯйсафед ваъда дода будам.
– Онҳо хафа намешаванд? – андешаманд мепурсад
Раҷабмаҳмад. – Шумо медонед-ку, масчоҳиҳо бисёр нозуканд, нописандӣ меҳисобанд.
– Марди Худо, дар бозгашт зиёраташун бикунем, об ба лаби ҷӯй баробар мешавад, – ӯро дилпур мекунад Саидилҳом.
Кӯҳистони Масчоҳ аз оғози марзаш то саргаҳ, ки ба бунбаст ва пиряху сарчашмаи рӯди Зарафшон мебарад, як шоҳроҳ дорад. Ин шоҳроҳ аз дил ё шафати тамоми деҳоти ба таъбири мардум офтобрӯ мегузараду мисли меҳвар ҳамаро ба якдигар мепайвандад. Ана ҳамин шоҳроҳ як омили асосии меҳру ошноии кӯҳистониён аст. Ба шарофати рафтуомади пайваста дар чор фасли сол хурду бузурги ин диёр мисли тору пуд ба ҳам васл шуда, якдигарро хеле хуб мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Ва ин ҳам ҷолиб аст, ки дар Масчоҳ ҳар деҳ ва сокинонаш бо хулқу атвор ва фарҳанги муошираташ ҷову мақоме дорад. Вале Пастиғав, ба андешаи ман, баландовозатарин деҳаи Масчоҳ ҳисоб меёбад. Албатта шӯҳрати Пастиғаву Кӯҳистони Масчоҳ низ бо ном ва осори шоири дар хуштабъӣ камназири мардумӣ Юсуф Вафо марбут мебошад. Вай аслан хату савод надоштааст, лекин бадоҳатан равон, хубу дилнишин шеър гуфта, дар радифи беҳтарин шоирони хушзавқу ҳозирҷавоби мардумӣ мақом ёфтааст:
Рӯят гула мемона, танат моҳира,
Раҳгаштанакот кабки саҳаргоҳира
Ҳар гаҳ, ки ту пӯшӣ куртаи шоҳира,
Девона кунӣ Юсуфи масчоҳира.
Худованд ба Юсуф ҳунари волои суханварӣ бахшидаасту сарват не. Аммо вай дар ҳама ҳолат ғурур ва гарданфарозии инсони суханварро гиромӣ дошта, бо ҷигари доғ ишқро месуруду бо ифтихор ҷавонмардиро тараннум менамуд ва бо хашму нафрат пастиву разолатро мазаммат мекард, дӯстиву рафоқати ҳамдиёронро бо шодиву нишот меситоид. Мунозираҳое саршор аз гила ва дарду алам бо афлок аз шоир ба ёдгор монда.
Халлоқи ҷаҳон, аҷаб ту қудрат дорӣ:
Бандат ҳама дар хобу худат бедорӣ.
Ризқи мана пошидӣ ба рӯйи олам,
Дар гаштану чиданам тамошо дорӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё