Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хуш ба ҳоли деҳу диёре, ки фарзандони некному боҳунар дорад, дар акси ҳол бо ҳама шукӯҳу манзараҳои марғубаш аз назарҳо дур хоҳад монд. Аҳмад Маҳвии соҳибдевону Юсуф Вафои пастиғавӣ қариб як аср боз бо сурудаҳои ҷаззобашон натанҳо ифтихори хешону мардуми деҳ, балки номбардори Кӯҳистони Масчоҳ ва Тоҷикистонанд. Юсуфро дӯстдорони шеър бо номи Юсуфи Масчоҳӣ ёд ва ашъорашро аз бар мекунанд; дар факултаҳои суханшиносии донишгоҳҳо аз рӯйи осораш дарс мехонанд. Ӯ сарбаландтарин масчоҳӣ буд ва дар сатрҳои ошиқонааш бо ифтихор хитоб мекард: «Девона кунӣ Юсуфи Масчоҳира».

Дӯсти мо профессор Саидилҳом Аҳмадзода ба шахсият ва осори Юсуф Вафо меҳри хосса дорад. Тамоми ашъори матбӯъ ва номатбӯъи ин шоири шӯридадили мардумиро, ки дӯсти падараш будааст, аз ёд медонаду лаҳзаҳои аҷоибу ғароиби зиндагии ӯро, ки аз қиблагоҳ ва ҳамдиёрон шунидааст, чунон зебо ҳикоят мекунад, ки ҳаваси кас меояду бештар Юсуфу сурудаҳояшро дӯст медорад. Алҳол мо ба зиёрати турбати Юсуф Вафо равонем. Раҷабмаҳмад раҳ ба раҳ бо шавқ нақл мекунад, ки чӣ хел бо Лоиқи зиндаёд шабро дар Пастиғав ба ёди Юсуф Вафо ва ёфтани турбати ӯ ба рӯз расонданд. «Айб, балки гуноҳ мешавад, ки мо дар Пастиғав оромгоҳи Юсуф Вафоро зиёрат накарда гузарем», – гуфтааст Лоиқ. Онҳо саҳар аз рӯи тавсияи ҳолдонҳо Маликмӯҳсин ном мӯйсафедеро меёбанд ва аз ӯ ҷойи гӯри шоирро мепурсанд.

– Як кори хайр кунед, бобо – мегӯяд Лоиқ. – Гӯри Юсуф Вафоро ба мо нишон диҳед, ки зиёрат бикунем.

Девони эшон ду бор дар Душанбе, сипас дар Теҳрон (бо кӯшиши Мирзо Аҳмадов ва Мирзо Шакурзода) ба нашр расидааст.

– Дар қадамотун ҷунаме, – гуфтааст ӯ. – Ман бо чашми баста гӯри Юсуфа меёбам, зеро дар ҷанозааш иштирок доштам.

Пирамарди ранҷур Маликмӯҳсин пеш-пеш, Лоиқу Раҷабмаҳмад аз думболи ӯ ба мазори саргаҳи Пастиғав ворид мешаванд. Вай байни гӯрҳо ин тарафу он тараф хеле қадам зада, мадфани шоирро намеёбад ва хиҷолатманд мегӯяд:

– Хок дар сари пирӣ, шермардҳо. Наёфтам…

Лоиқ аз ноомади кор бо табъи хира ғур-ғур мекунад:

– Агар қабри шоирро наёбем, чӣ хел ба қадри шоир мерасем? Наход пастиғавиҳо ҷойи гӯри шоирашонро надонанд? Бояд ин мардум кулбаи Юсуфро ҳам обод нигоҳ медоштанд!..

Пас аз ҷустуҷӯ ва суҳбат бо пирони Пастиғав онҳо оромгоҳи тахминии шоирро меёбанд ва дар андешаи обод кардани он то ҷашни 100-солагии шоир меафтанд. Устод Лоиқ сари нангу ба ҷунбиш овардани роҳбарони ноҳияи

Масчоҳро ваъда медиҳад. Ӯ ба Саидшариф Шарифов – роҳбари онвақтаи ноҳия бо телефон шӯхиомез мегӯяд:

– Дарак доред? Дар ноҳияи Айнӣ мушҳо бо асо мегарданд, лекин мардумаш мақбараи Туғралро обод карданд.

– Мақсад, устод?

– Гӯри Юсуф Вафо интизори меҳрубонии масчоҳиҳост.

Албатта як ишораи устод Лоиқ боиси кушоиши ин иқдоми нек мегардад. Мардум ва ҷавонмардони адабдӯст ин пешниҳодро гарм пазируфта, барои шоир мақбараи хубе ҳам сохтаанд.

Мазоре, ки дар он Юсуф Вафо хуфтааст, дар ҷониби офтобрӯйи Пастиғав ҷой дорад ва боғест сабзу дилкушо.

Ҳар касе ба саргаҳи кӯҳистон сафар бикунад ё аз болооб ба поин биояд, албатта чашмаш ба ин мақбараи зебои байни кӯҳсорон меафтад ва бо дуо зикри хайри шоир ба забон меорад. Зимнан кору нияти хайр беасар намемонад. Ҷашни 100-солагии Юсуф Вафо бо ширкати устод Гулназар ва адибони вилояти Суғд хеле хуб таҷлил ёфт, ки ин самари ҳамон ташаббуси ҷавонмардонаи устод Лоиқу Раҷабмаҳмад ва нишони пос доштани хотираи шоир аз ҷониби ҳамдиёрон буд. Баъдан дар Масчоҳи нав бо роҳбарии Қурбон Тӯраев ёдбуди Юсуф Вафо ба иди пуршукӯҳи адабиёту сухан табдил ёфт.

Байни мардуми Тоҷикистон солҳост, ки маҳбубияти осор ва шахсияти шоирони халқ Бобоюнус Худойдодзода, Саидалӣ Вализода, Юсуф Вафо ва Муллоёри Ванҷӣ побарҷост.

Ин шоирон хату савод надоштанд, лекин соҳиби завқи баланду хотираи қавӣ ва ҳунари худодод буданд. Бадоҳатан шеър мегуфтанд: гоҳе бо сӯзи дилу ҷигари доғ, гоҳе бо хашму аламу ранҷиш, гоҳе бо суруру шодӣ ва ибрози ишқу муҳаббат. Дар ҳар сурат, сурудаҳояшон дар ёду зеҳни мардум нақш баста, аз забоне ба забоне гузашта то ба имрӯз боқӣ монда, лаҳзаҳои аҷиби зиндагӣ ва гуфтаҳои пуртанзу латофаташон намаку шираи базму суҳбатҳои хоса мешавад.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин мардони ҳунар дар баробари завқу истеъдоди нодир доштан мисли гӯшту нохун бо мардум пайванд буданду дар ғаму шодии ҳамзамонон шарик. Воқеан рафтору гуфтори булаҷабу ғайриқолибии эшон, ки ҳамеша боиси дилхушии атрофиён мешуд, аз байни деҳоту дараҳо гузашта, ба дуриҳо паҳн мегашт. Ёру дӯстони ҳамдил ва шаккоку кунҷковоне пайти муносиб ёфта, табъу ҳозирҷавобии онҳоро имтиҳон мекарданд.

Профессор Саидилҳом бо шавқ ҳикоят мекунад, ки падари ӯ ва дӯсташ Муллодавлати Усто бо Юсуф Вафо барои мардикорӣ ба Тошканд мераванд. Он рӯзҳо дар маркази шаҳр ҳайкали Ленинро гузошта будаанд. Онҳо низ ба тамошои Ленин мерасанд.

– Милесуф (ҳамдеҳаҳо Юсуфро ҳамин хел ном мебурданд), дар кӯҳистон шеърҳои Бибиробиара дуздида ба шоирӣ ном баровардӣ, – танзомез мегӯяд Муллодавлати Усто.

– Агар дар ҳақиқат шоир бошӣ, дар бораи ҳайкали Ленин чизе бигӯ, ки Бибиробиа нагуфта бошад.

Юсуф даме ба хаёл рафта, қаҳтии сахти ду сол пешинаи Масчоҳро ба ёд оварда, бадоҳатан ин сатрҳоро ба забон меорад:

Подшоҳи Бухор фурумадай Кармина,

Масчоҳӣ азоби саг кашид порина.

Ҳар ҷо, ки мусулмон аст – дилаш оина,

Тошкандба мазор кард сурати Ленина.

Муллодавлат Юсуфро ба оғӯш кашида, бо шодиву ҳаяҷон узромез мегӯяд:

– Милесуф, шӯхӣ кардам. Валлоҳ-биллоҳ, ту дар ҳақиқат шоирӣ!

Ана, боз як ҳикояти дигар. Юсуфи шоир ба духтари давлатманде аз деҳаи ҳамсоя аз рӯйи овозаи ҳусну ҷамоли беҳамтои ӯ ошиқи зору дилфигор шуд. Ба он нозанин бо шеър изҳори муҳаббат кард. Ва бо сад умед ба хонаи духтардор одамони мӯътабари Пастиғавро хостгор фиристод. Соҳиби духтар хоҳиши ӯро бо танзу истеҳзо рад кард.

– Юсуф як шоири камбағал аст, – мегӯяд падари духтар.

– Худаш нони хӯрдан намеёбад. Ӯ куҷову хостгории духтари ман? Вайроншудаи Муллоюсуф.

Барои шоири ҳассосу пурғурур ин таҳқири сахт буд. Вай аз алам дар худ печиду ноилоҷ монд: охир дасти каси нодор зери санг аст. Ва чун шунид, ки ба муносибати ҷашни арӯсии он моҳрӯ падараш буз медодааст, рафта аз дӯсти пастиғавии худ хоҳиш мекунад, ки аспашро диҳад, ки ӯ човандозӣ равад.

Соҳиби асп дудила мешавад; Юсуф ҳунари човандозӣ дорад ё не? Аспи ҷавмасту сарнофурор, мабодо ягон фалокат рух диҳад.

– Бовар бикун, номи аспатро мебардорам, мегӯяд ӯ. Пастиғавӣ аспашро ба ӯ медиҳад. Юсуф сару рӯяш рӯмолпеч, савори аспи чорафзор ва масту саркаш вориди майдон мешавад ва дар авҷи човандозӣ бузро аз панҷаи саворони деҳаи нозанин канда, бо аспи неруманду тездав чанде якатозӣ карда, сипас бузро ба марраҷо мепартояд. Бузкашҳои соҳиби маърака аз ҳунари човандози бебоку ношинос аламзада, довар, ки тағоии духтар буду аз ошиқии Юсуф бо ҷиянаш огоҳӣ дошт, қасдан бузи партофтаи ӯро ҳаром меҳисобад. Юсуфи аз ин ғиромӣ ранҷида гирди довару марра аспи беқарорро маҳмеззанон давр гардонда, ин мисраъҳоро дар рӯбарӯйи тағои духтар баланд мехонаду ҷонвари бодпоро чорнаъл сӯи Пастиғав метозонад.

Рогифба буромадам улоғу бозӣ,

Аз як бузи Пастиғав ҳама норозӣ.

Аслу насаби очата аз мо пурсӣ,

Дар думби шумо мо қарчиғай, ҳам тозӣ.

Ва шоир пас аз он, ки саворони деҳаи ҳамсоя аз таъқиби ӯ ноком шуда пас мегарданд, аспи дар обу арақ тарро хунуку ором карда, бурда ба соҳибаш месупораду бо ифтихор башорат медиҳад:

– Номи аспат баромад, буза ҳалол кардам!

– Э дар нумат ҷунам, шердиле! – меситояд ӯро соҳиби асп.

Дар кӯҳистон зимистон дарозу пурбарф ва ниҳоят сард омад. Заминҳо нокишта монданд. Юсуф бо додараш Юнус хонаи тағоияш, ки дар поёнҷои Пастиғав – Порфиз зиндагӣ мекард, меравад, то ки барзаговҳои ӯро оварда заминашро шудгор бикунад. Он лаҳза тағоияш бо аҳли оила нони ба ҳавло нонушта мекардаанд. Юсуф баъди салому ҳолпурсӣ мақсади омаданашро изҳор менамояд. Тағоияш якбора бо тундӣ ва таънаву маломат ӯро хеле сарзаниш мекунад, ки

«ту бемиён, моҳу рӯзҳо беҳуда гаштӣ, қатори мардум дар колхоз кор накардӣ…» Сипас баҳона пеш меорад, ки барзаговҳояш аз зиёд шудгор кардани замин харобу қамқувват шудаанд… Беҳтараш, ки бишинеду нони ба ҳавло хӯрда равед. Додаракаш, ки бисёр гурусна будааст, хостааст, ки аз хони тағоӣ насибае бигирад. Юсуф аз номеҳрубонии тағоияш ранҷида, аз дасти додаракаш дошта ин сатрҳоро хонда бо қаҳр аз хона мебарояд.

Ман пеши тағом фуромадам говталабӣ,

На боиси чойхӯрию на гапшунавӣ.

Гӯранда равад мусофирӣ, камбағалӣ,

Мӯҳтоҷ ба порфизӣ шудай пастиғавӣ!

Мегӯяд, ки Юсуф баъди ин воқеа танҳо рӯзи ҷанозаи тағоияш ба хонаи ӯ медарояд.

Ана ҳамин хел инсони вораставу хуштабъ будааст Юсуф Вафо. Магар чунин шоирро дӯст надоштан мумкин аст?

Сари турбати Юсуф Вафо маҳфили сарипойии хотирмоне барпо шуд. Дӯстони мо ҳам фотиҳа, ҳам ашъори шоирро хонданд. Маҳмадраҷаб бо овози марғуладор бо сабки хосаи масчоҳиён рубоию дубайтиҳои шоирро сароид, ки

«ҳоя»-и кашишдори ӯ хурду бузурги зиёдеро дар атрофи мақбара ҷамъ овард. Чашмони мактаббачаҳо аз шодӣ медурахшиданд, пирони равшанзамир ба ин ҳофизи бетакаллуф ташаккур мегуфтанд. Онҳо ӯро нағз мешиносанд ва медонанд, ки бо ҳар омаданаш ба диёри бобоӣ як кори хайру шоистаеро ба сомон мерасонад. Вале Раҷабмаҳмад дар авҷи маҳфил оҳиста моро меогоҳонад:

– Фис-фис бас, моро дигарҳо интизоранд…

Ман бо андешаи он, ки то ҳанӯз муҳаққиқону ҳамдиёрон мутаассифона на ҳама осори Юсуф Вафо ва ҳикояҳои аҷибу лаҳзаҳои марғуби зиндагии ӯро аз забонҳо гирд овардаанд, аз сари турбат дур мешавам. Сарнавишт, хислат ва ҳунари шоирии Юсуф Вафо шоистаи аз нав ва беҳтар шиносондани ӯ ба мардум ва хонандагон аст.

пешина
аз 23
навбатӣ