Зеҳн
Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.

Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ЁДГОР, БАС!

Ҳикоя

Амаке доштам қадбаланд, хушсурат, шофбурут; шонаҳояш паҳн, дасту панҷаҳояш калон, ангуштонаш дароз-дарози пурғурм, пӯсти кафҳояш коркӯфтаву шабеҳи чарм, рагҳои борику ғафси пушти дастонаш печ дар печи барҷаставу кабудфом, – гумон мекардам устоди варзиш аст. Не, вай милиса буд, милисаи қаторӣ. Дар роҳи бозгашт аз ҷанги Олмон ба зодгоҳаш – деҳаи дурдасти кӯҳистон нарафта, бо маслиҳати дӯсти ҳамсилоҳаш дар шаҳр мемонад ва милиса мешавад.

Сарбози дар майдони ҷанг обутобёфта, нотарс. Ба ӯ гуфтанд, ки таъмини тартибу низом дар пойтахт, гирифтани алови чашми дузду кисабур ва авбошҳо ҳоло хеле зарур аст. Одамон аз кирдори бади нохалафон дар нақлиёту бозор ба танг омадаанд.

Он солҳо пойтахтамон Сталинобод ном дошт ва мисли ҳозира ободу пуршукӯҳ набуд. Нав ҷо-ҷо биноҳои ду, се ва чорошёна, мактабу табобатхона ва дукону корхона месохтанд.

Бобоҳоямон аз соҳили рӯди Варзоб бо ароба ва занбар сангу рег кашонда, роҳҳои мошингарду пиёдарав бунёд карда, зимистону баҳорон ниҳол ва гулбутта мешинонданд, ки кӯчаву хиёбонҳо пурсоя, зебо шаванд.

Амаки милиса ҳам аз кӯҳдоман як порча замин гирифт.

Аз ин вай бисёр шод шуд. Охир дар таҳи дил орзуе дошт, ки ягон вақт дар ҷое бо дастони худ таҳкурсии чанд хонаро гузорад; хишт резаду деворҳоро бардорад. Аз ӯҳдаи хиштчинӣ ва андоваю пардози деворҳо мебарояд; пӯшондани хонаҳо ҳам осон. Вақти хидмати аскарӣ ин касбро омӯхтааст. Боз дӯстону ҳамкасбонаш ба вай мадад мерасонанд. Онҳо одамони бо дасту панҷа ва хайрхоҳанд. Лекин аз ҳама хубаш ин ки вай боз дар ҳавлияш бо дастони худ ниҳолҳои ҳархела: себу шафтолу, чормағзу олу, ангуру анор, бодому настаран ва гулҳои гуногун шинонда, боғаке бунёд мекунад. Ҳо, сохтани хона, сабзондани дарахт, ба дунё овардану нағз тарбия кардани фарзанд қарзи ҳар як мард аст.

Амаки шофбурути ман дар муддати як сол милисаи овозадори шаҳр шуд. Ҳар дуздаку авбош, бадрафтору коргурез, ки як бор ҷазову гӯштоби амаки милисаро дида бошад, аз сояи ӯ тарсида, худро мисли калламуш дар мушхона пинҳон мекард.

Амаки шофбурути ман аввал ба худсарону дилозорон, кисабурон, ки одамони барҷомондаву деҳотиёнро бо фиребу найранг ғорат мекарданд, бо сарзанишу таҳдид изову сазо, роҳи ҳалол зистанро нишон медод. Агар онҳо аз роҳи бад нагашта, дуюмбора ҳангоми гуноҳ ба даст меафтоданд, ҷазо медиданд, ҷазои сахт.

– Фашистро мо шармандаву мағлуб кардем, – мегуфт ба авбошон бо хашм ва меафзуд: – Ба роҳи рост одамвор наравед, хокатонро мебезем…

Амаки милиса дар баробари хона сохтану боғ бунёд кардан зан ҳам гирифту соҳиби фарзандон шуд. Эҳе, ҳавлиаш аз субҳ то шом мисли кӯдакистон аз бозиву хандаи бачаҳо пур буд. Ҳам амаки шофбурут, ҳам зани хушабрӯйи ӯ дилкушоду кӯдакдӯст, ки буданд, ҳавлияшон ба ҷойи бозии бачаҳо табдил ёфт. Кӯдакони ҳамсоя омада дар сояи дарахтон ба бозиҳои шавқовар: баҷошавакон, байтбараку тезгӯяк саргарм мешуданд. Ва ҳатман аз амаки шофбурутам, ки вақтҳои истироҳат дар таҳхона асбобҳои мусиқӣ: дутору рубоб ва ё наю ғижжак метарошид ва онҳоро дар бозор фурӯхта, зиндагияшро беҳтар менамуд, хоҳиш мекарданд, ки барояшон афсонае бигӯяд. Бисёр ҳунарманд буд амаки милиса. Дутору таблак менавохт ва таъкид мекард: «ба як мард чил ҳунар кам аст». Лекин тарзи афсонагӯйии ӯ аҷоибу диданбоб буд: чинҳои пешонияш ҳангоми нақл печутобхӯрон кам ё зиёд мешуданд; бурутҳои шофаш мисли ду ханҷар ба ҳаракат меомаданд. Чашмони бузургу шаффофаш гирдгардон, гӯшҳояш ҳам басо хандаовар меҷунбиданд. Амакам аввал барои ангехтани хоҳиши бачаҳо: «Не, ҳозир вақти афсонагӯйӣ надорам», мегуфт. Вале чун онҳо зиёд хоҳиш мекарданд, вай гӯё ночор косаи нимтарошидаи дуторро бо каҷкорд болои кунда мегузошт ва чашм аз бачаҳо наканда, мӯйлабҳояшро бо ангуштон барзадаву тобида омодаи афсонагӯӣ мешуд. Ҳамин ки мо саропо гӯшу ҳуш шуда, ба ӯ менигаристем, хикоят мекард:

– Деҳаи мо, бачаҳо, кӯҳистон асту аз ин ҷо дури дур. Хонаҳо дар бағали кӯҳҳои барфпӯш, дар сари харсангҳои бузург, лаби дараҳо ҷой доранд. Роҳҳо он ҷо кушоду мумпӯш нестанд. Хурду калон пиёда ё аспу харсавор аз пайроҳаҳои пурпечутоб, аз байни дарахтону гулбуттаҳо гузашта, ба ҷое мераванд. Баҳорон дар деҳаи мо аз бӯйи хуши гулҳо ва хониши булбулону мурғон маст мешавӣ. Ҳама сабз, ҳама ҷо гулзор. Тобистону тирамоҳаш роҳати ҷон аст. Сад хел мева мепазад. Раҳ ба раҳ аз меваҳои дилхоҳ бо дасти худат чида, даҳон ширину шикам сер мекунӣ. Аммо зимистони деҳаи мо пурбарфу сард аст.

Пеш шабҳо мардуми деҳаи мо бо пилтачароғ ё шамъҳои худсохт хонаҳоро равшан мекарданд. Зиндагӣ душвор буд.

Барфи бисёр меборад. Ана, ҳамин сармову барфи зиёд одамонро маҷбур мекунад, ки аз аввали баҳор ғами ҳезуму сӯзишвориро хӯранд. Чор-панҷ моҳ дар оғӯши барф зистан осон аст? Шабу рӯз бояд хонаат гарм бошад. Лекин мардуми деҳаи мо ҳезумро намехаранд, зеро боғу ҷангали фаровон доранд. Танҳо ғайрату ҳавсала лозим, ки арра, табару теша ва ресмону арғамчин бигириву ба ҷангал биравӣ. Он ҷо дарахт намебурӣ, зеро шоху навдаҳои хушкидаву аз бори вазнини барф рехта беҳисоб аст.

– Дар як рӯзи аввали баҳор, – нақлашро идома медиҳад амаки милиса, – ҳамдеҳаи хоболуди мо Ёдгор аз таънаву танқидҳои зиёди занаш «ҳезум тамом шуд. Бо чӣ барои бачаҳо нону хӯрок пазам? То кай мисли суғур мехобӣ? Рафта аз ҷангалак як пуштора ҳезум биёрӣ, намешавад?» ба танг омада, ноилоҷ арғамчину тешаро гирифта, бо сари хам сӯйи ҷангал меравад. Вай аз алам ҳатто як бор ба осмон наменигарад, ки ҳаво соф аст ё пурабр. Ба ҷангал расам-нарасам, баногоҳ тундар заминро ларзондаасту чароғак ба ҳама ҷо гӯё оташ рехтааст. Аввал дона-дона, баъд бошаст борон рехтааст. Ёдгори хоболудро ба пешонӣ ва рӯву гарданаш расидани қатраҳои калон-калону сарди борон якбора ҳушёр карда. Ӯ ба осмон нигариста ҳуш аз сараш паридааст.

Абрҳои сиёҳу хокистарранг осмонро пӯшондаанд. Атроф мисли шом торик. Раъду барқ пайи ҳам шиддат мегираду рехтани борону жола ҳам. Ёдгори хоболуд мисли харгӯш гурехта зуд ба таги калфе медарояд. Дар таги шахҳои калон ковокиву ҷойҳои обнорас мавҷуданд, ки онро калф меноманд. Дар кӯҳистон, бачаҳо, калф мисли даҳлез ҳангоми боридани барфу борон ва жола сарпаноҳи беминнат аст. Одам дар зарурат метавонад ба калф даромада аз барфу борон раҳо ёбад, ҳатто оташ афрӯзаду гарм шавад. Лекин Ёдгори хоболуд имкони алов кардан наёфт. Фаромӯш кардааст, ки бо худ гӯгирд бигирад. Дидед, фаромӯшхотириву танбалӣ чӣ зарар дорад? Ёдгор ларзон-ларзон ночор теша дар оғӯш, болои арғамчини печ дар печаш нишаста, рехтани борону жоларо тамошокунон ба ғанаб рафтааст. Баъд, вай як замон чашм кушода оламро тамоман дигар хел мебинад. Кӯҳу дашт, дараву ҷангалҳо аз нури офтоб равшан. Абрҳои арғувонӣ аз сари ёлаву домони кӯҳҳо ба ҳар шаклу шамоил: шутурвор каҷу килеб, мисли бузу гусфандон паҳну парешон ба ҷониби дараҳо мераванд. Аз замин, аз бехи буттаҳо бухори тунук мехезад. Олам аз хонишу чаҳ-чаҳи паррандагони ҳархела пур аст. Вале аз ҳама аҷибаш, бачаҳо, аз домани кӯҳи сабзтоби муқобил бо рангҳои аҷиби афсонавӣ Камони

Рустам баромада, мисли нимдоираи азим аз болои теппаву дараҳо, галаи аспону бузу гӯсфандон, барраву бузғолаҳои машғули чаридан ва ҷангалаку марғзорон гузашта, ба пушти ёлае сар гузоштааст. «Ана тамошову мана тамошо! – дар дил нидо мекунад Ёдгор. – Агар занам маҷбур намекарду аз хона намебаромадам, ин манзараи афсонавиро ҳаргиз намедидам».

Баногоҳ гапи бибии афсонадонаш ба ёдаш омад, ки мегуфт:

– Ба ҳар ҷое Камони Рустам сар монад, он ҷо хазинаи тилло мавҷуд аст…

Ёдгор худ ба худ андешид: чи хел тозон ба пушти ёлаи сар мондаи Камони Рустам расаду бо чашми худ бинад, ки он ҷо тилои зиёд ҳаст ё не. Вай ҳушёртар шуда, чашмонашро калонтар кушода ба поён чашм давонд. Эҳа, олам зарҳалӣ метобад-ку. Ин манзара аз чӣ ба вуҷуд омадааст?

Гӯё аз осмон баробари жолаву борон тило рехтааст. Ёдгор дурусттар нигарист ва дид, ки як пора замине, ки рӯяшро борони селу жола шустааст, дар шӯълаҳои хуршед медурахшад, шӯъла мезанад. Ин мӯъҷиза аз чӣ бошад? Ёдгор боз ба ёд овард, ки бибияш мегуфт:

– Кӯҳҳои мо пур аз ганҷанд. Мо болои тиллову нуқра қадам мемонем. Лекин ёфтани сарват осон не. Хайр, агар

Худо диҳад, тилло аз пеши поят ҳам мебарояд…

– Тилло бошад? – аз худ пурсид Ёдгор ва аз чашмакзании чизҳои рӯйи замин чашм наканда, бо ҳаяҷон ҳамон тараф равон шуд. Ҳар қадар наздик мерафт, дурахшу ялтироси донаҳои регмонанд зиёдтар мешуданд. Зуд ба он ҷо расид ва хам шуда, як донаи зарди калонтарро бардошт ва пуфу поккунон онро зери дандон монда сахт газид. Бибияш мегуфт, ки тилло вазнин, лекин мулоим мешавад. Дар ҳақиқат нарм буд. Эҳе, тилло аст, тиллои холис! Яктаву дута не, беҳисоб… Тиллозор…

Ёдгор тешаву арғамчинро як сӯ партофт ва ҳарисона ба чидани тиллорезаҳои хурду бузург шурӯъ кард. «Ҳезум намегурезад, – мегуфт ӯ ба худ. – Фардо ё пасфардо боз омада ҳезум мебарам. Вале Худо ин қадар тиллои фаровона ҳар рӯз ба ту намедиҳад. Ёдгор, то ҷон дорӣ, тилло бичин, он қадар бичин, ки ба ҳафт пуштат расад. Бичин, то ягон донааш ба дигар кас намонад». Вай гоҳ-гоҳ бо ҳарос ба гирду атроф чашм медавонд, то донад, ки ғайри ӯ боз касе ин майдони пуртиллоро дидааст ё не. Ӯ ба ин тарафу он тараф давида, панҷа ба тиллорезаҳо мезад, баъзан онҳоро бо лой ба киса меандохт. Рафта-рафта авзояш, чашмонаш аз ёфтани ин хазинаи беҳисоб беҷо шуданд. Аз ларзиши дасту зону гоҳ-гоҳ пешпо хурда бо шикам меафтод. Лекин дарҳол бархеста, боз дудаста тиллореза мечид.

Ин ҳолат то қариби офтобнишин идома ёфт. Вай акнун дар обу арақ тар шуда буд. Охир баробари зиёд чидану ба кисаҳо андохтани тиллорезаҳо вазни худаш ҳам бештар мешуд ва ҳангоми бошаст по мондан то зону ба замини пурлой меғӯтид. Вай аз пурдоғу лой шудани сару либосаш парвое надошт. Чашмак задани донаҳои зарду дурахшон ҳушу ёдашро мебурд.

Ёдгор ба ҳолати хандаоваре гирифтор шуд. Ӯ мехост, ки дастонашро ба ду тараф ёзонда, замини пуртиллоро ба оғӯш кашаду фарёд занад:

– Ба касе намедиҳам! Худам инҳоро ёфтам.

Дар ин ҳолат овози аз тундар сахттар ӯро ба худ овард:

– Ёдгор, бас! Худатро дар таги бори тилло накуш, ки сарвати ҷамъкардаат насиби дигарон мешавад…

Амакам мӯйлабҳои базебашро барзанон ҳикоятро ба охир мерасонд.

– Ана аз ҳамон вақт, бачаҳо, мардум ба он кӯҳ «Ёдгор, бас!» ном мондаанд, – мегуфт ӯ ва даме ба мо озмоишкорона нигариста мепурсид:

– Аз ин нақл чӣ фаҳмидед?

– Ҳарисӣ одати хуб нест! – баробар посух медодем мо.

– Офарин, ёфтед, – таҳсиномез мегуфт ӯ ва меафзуд: – Ҳарисии аз ҳад зиёд балои ҷон, боиси шармандагӣ мешавад…

пешина
аз 23
навбатӣ