Ёр дар бари ёр, АБДУЛҲАМИД САМАД

«Ёр дар бари ёр» аз қисса, эссе ва ҳикояҳои нави Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, мураттаб шуда, пешниҳоди ҳаводорони сухан мешавад.
Валиев Султон · 15 ноябри 2024 · 23 саҳифа
САЙРИ ВАРЗОБУ
АЁДАТИ УСТОД БОҚӢ
Эҳдо ба профессор Атахони Сайфулло
Зиндаёд Лоиқ бо инсонҳои хушгил ва ёрони ҳамдил дар домани кӯҳсор ё сояи мушкбедҳои лаби рӯди Варзоб маҳфили унс оростанро дӯст медоштанд. Авҷи гармо, ба қавли худашон бо «ҷӯраҳои ҷамолакӣ» аз ҳавои дамгири
Душанбе гурехта Варзоб рафтанд. Ҳар дам ғанимат. Ва дар ҷои хушманзара, орому осуда – болои кати сояи зарбедҳои лаби рӯд «хайма» зананд. Роҳати ҷон, манбаи илҳом.
Насими сардакаки мавҷҳои пуршӯри Варзоб тани нимбараҳнаи онҳоро менавозад. Ҳолати гуворо, муҳити дилкашу озод. Пои луч болои реги гарми соҳил қадам задан ҳаловате мебахшид бинтиҳо. Гардиши ҷому нӯшбодҳо сар метафсонду хотираҳо меангехт ва забони ҳар якеро булбули гӯё мекард. Аз шавқи шеъру байтхонӣ, латифагӯйии пай дар пай, ҳазлу ёд овардани лаҳзаҳои ширин таноби рӯз кӯтоҳ мешуду болои хон аз табақи оши палову сихкабоб рангин. Баногоҳ касе олиҳимматии дӯсташро аз ҳад зиёд ситоид. Устод Лоиқ, ки болои харсанги лаби рӯд нишаста, пойҳои урёнашро гоҳ-гоҳ ба оби сардакак меғутонданд, хам шуда як кафшашро бардошта ба дӯстон намоиш дода ҳазломез гуфтанд:
– Ин хел кафшро дидаед? Камёб аст! Кобед ҳам намеёбед. Як дӯстам аз худи Ватани аслияш – Чехословакия ба ман фиристод. Ана кафши асили чехӣ. Тобистони сӯзон роҳати пост...
– Наход? – дӯстон ба кафшҳои хуштарҳи Лоиқ бо ҳавас чашм давонданд: - Аҷиб... Моли асил...
– Ана ин хел дӯст кирои таъриф мекунад, - шоду мамнун суханашро идома дод Лоиқ. Вай ки аслан ба сару либос чандон эътибор намедод ва худситоӣ ҳам барояш бегона буд, он лаҳза ҳимати дӯсташ, нармиву сабукӣ ва роҳатбахшии кафшҳои чехиро хеле васф кард. Ҳамроҳон шоирро боз гирди дастархон хонданд ва барои ёрони содиқ, ҷонӣ ва боҳимату беғараз пайк бардошта, ба олами суҳбат фурӯ рафтанд.
Қиёми рӯз баногоҳ диданд, ки як кафши зебои Лоиқ болои мавҷҳои рӯди хурӯшон мисли заврақ алвонҷхӯрон шино дорад. Ҳаёҳу барпо шуд. Шоир бархеста лаб-лаби рӯди мавҷмаст бо нияти ба чанг овардани кафш чанде тохт, лекин бефоида... Силсилаи амвоҷ кафшро байни рӯд кашонд. Об мисли ях сард буду Лоиқ аз ҳунари шиноварӣ пиёда. Вай аз тӯъмаи рӯд шудани як пойи кафшаш бедимоғу хашмгин омада боз болои харсанг нишаст ва ба дӯстон, ки аз ин рӯйдод гоҳ механдиданду гоҳ афсӯс мехӯрданд, гила оғозид:
– Чашми бади шумо расид. Бо ҳасад менигаристед ба кафшҳо...
– Э не... Худатон кафшро намоиш дода, моро доғ-доғ кардед. Шояд чашми худатон расид.
– Медонед, кафш аз беэҳтиётӣ обӣ шуд. Ҳо, дарсҳои физикаро ба ёд биёред: нисфи рӯз об аз гармӣ медамад: дар шеърҳоятон «мадду ҷазр» мегӯед-ку... Дарёи дӯстдоратон хотир надида кафшро ба коми худ кашид...
– Лоиқшоҳ, ин ҳам як ғазали зебои дарё шуд. Ба ростӣ ҳеҷ кас мисли Шумо дараву рӯди Варзобро зиёду зебову ошиқона тараннум накардааст. «Ману дарё, ману дарё... Ду девона тани танҳо...» Барои имтиҳони меҳри бепоёнат дарё аз гармии рӯз бехуд шуд, нозу шӯхӣ кард...
Устод як попӯш дар даст, табассум дар лаб бо сари хам, андешаманд ҳазлҳои дӯстонро шунида баногоҳ он кафшашро байни дарё партофта, бедимоғ худ ба худ ғур-ғур кард:
– Рав, ту ҳам шино бикун, ҷуфтатро биёв. Танҳо зиқ мешавӣ... Ришханди бахта бинед: ба дигарҳо аз худситоӣ фоида расад, ман аз таърифи кафшам обараҳна мондам...
Ин рафтори шоиронаи Лоиқ оташи ҳазлу шӯхиҳои дӯстонро аз нав афрухт.
– Ҳай-ҳай, хуб накардед, ҳайф шуд...
– Як кафшро ба сарам мезадам?
– Барои музей мемондед. Як нигораи аҷиб мешуд...
– Оре, беҳтарин нигораи рамзнок! Шумо гӯё бо як кафш олами шеърро саросар сайр кардаед...
– Шарҳаш чӣ? Ба мухлисон олам-олам завқ мебахшид.
– Ҳар чизе муфт омад, ройгон рафт, - ба суханҳои нешдору тамасхӯромези дӯстон вай нуқта гузошт: - Халос шудам. Бебозгашт рафт.
Аҳли нишаст саргарми муҳокимаи «нозу шӯхии» ноҷом Варзобрӯд ва кафшҳои нозанини муфт аз даст рафтаи Лоиқ, баногоҳ боз диданд, ки саге дар даҳон як кафши оббурда овезон, лаб-лаби соҳил давдавон меояд. Эҳа, ин магар саҳнаи афсонавӣ нест? Рӯзу лаҳзаи аҷиб. Ин ҳолатро кӣ интизор буд?
Онҳо сархушона бо фарёду даводав ва таҳдиду сангпартоӣ кафш аз даҳони саги мискин афтонданд ва онро оварда ба соҳибаш супориданд.
– Моли ҳалол гум намешавад, - мегуфт яке: - Худат доим мегӯӣ-ку: бачаи барӯзиям.
– Як кафш бори вазнин буд? Чаро партофтияш? – ӯро сазо медод дигаре.
– Ҳа-а, устод, ин саг коре кард, ки ҷои сад кори дигарро гирифт.
– Рост, - гуфтаи мусоҳибро тасдиқ кард Лоиқ ва афзуд: - Аз куҷо медонистам, ки саги ноошно аз ёри хасакӣ вафодортар аст.
Дӯстон ба сухани таҳдори шоир қоҳ-қоҳ хандиданд. Ва Лоиқ акнун аз он ки кафши дуюмро бо дасти худ ба коми дарё партофта буд, пушаймону асабӣ бо ришханд худро сазо дод:
– «Қаҳри дарвеш ба зарари дарвеш» гуфтаанд. Чаро саросема шудам? О ман бачаи берӯзӣ набудам-ку... Дар ноомади кор одам бо дасти худ ба худаш зарар мерасондааст.
Акнун инашро чӣ кор бикунам?
– Чун хотира нигоҳ доред. Ёдгорӣ аз даҳони саг бо мадади дӯстон, - ҳазломез неш зад яке. – Оянда пайшиносони ҷавон кафши дуюматонро аз поёноб ёфта биёранд, паҳлуяш мегузоред. ...
Дӯстон аз «тӯҳфа»-и сагу «корнамоӣ»-и худашон хушдилу Лоиқ бедимоғ. Вай меандешид, ки дар ин аҳвол бе попӯшӣ чӣ хел хона меравад? Одамон ӯро пойи урён бинанд, чӣ фикр мекунанд? Боз гапу ғайбатҳои нав. Баногоҳ ӯ кафши саг овардаро тунд байни дарё афканда, баланд гуфт:
– Сари танҳо ба кӣ лозим? Аз хандаву истеҳзои инҳо чӣ фоида? Ту ҳам раву ҷуфтатро биёв...
Ҳамин тавр дӯстон саргарми баҳсу ҳазлкашӣ, аз ғуруби хуршед дар сари қуллаҳо бехабар монданд. Шом фаро расиду дар хомӯшии байни кӯҳҳо «ғазал»-и азалии Варзобрӯд авҷи тоза ёфт. Ҳангоми бозгашт касе гуфт, ки дирӯз устод Боқӣ
Раҳимзода баъди ҷарроҳии чашм аз Маскав баргаштаанд. Сари қадам даромада аҳволашона пурсем, шод мешаванд.
– Пешниҳоди хуб. Ҳатман меравем. Дуои устодро гирифтан ғанимат аст.
– Кайҳо пазмони дидору суҳбаташон шудаам. Лекин ман пои урён чӣ хел хонаи устод равам? – ошуфтаҳол пурсид
Лоиқ ва ба ҳоли худ хандид: - Ба болои ҳама гапҳои росту дурӯғ ҳаминаш намерасид...
– Парво накунед. Шаб аст. Устод Боқӣ, ки чашмонашонро ҷарроҳӣ карда бошанд, пойлучии шуморо чӣ хел мебинанд?
– Дуруст! Кӣ ба пои лучи Лоиқшоҳ менигарад? Ҳама мафтуни сару ҳунаранд...
– Бале, шеърҳои нағз аз ҳамин сар баромадаанд... Аз дил низ...
– Лекин айбҷӯ ба по менигараду дӯст ба сар, - бо қоҳқоҳ гуфтанд Лоиқ.
– Садқаи дилу саратон шавем. Дили бузург дорӣ, мағзу ҳунари беҳамто... О ин ҷо бо пойи урён истодан чӣ фоида?
Биё, ба мошин мешинему меравем ба зиёрати устод Боқӣ. Аз он ҷо боз ба мошин мешинему меравем хона ба хона...
– Рост... Худо раззоқ аст.
Устод Лоиқ аз хоҳиши дӯстон сар напечид, - дигар бе онҳо куҷо ҳам равад? – ва меҳмонони азизу нохонда шомгоҳ ба ҳавлии чароғони устод Боқӣ ворид шуданд. Пазироии булаҷаби ғайричашмдошт пеш омад. Хурду бузург аз ташрифи меҳмонони нохонда мамнун. Устод Боқӣ либоси раҳ-раҳи шинам ба тан, тоқии чоргули чустӣ ба сар, айнаки сазфом ба чашм, чеҳраи офтобиаш нурбор, лабонаш пуртабассум, аз хона баромада, дар саҳни ҳавлии озодаву пургул ҳар якеро падарвор ба оғӯш кашид ва худашон пеш даромада онҳоро ба кати гӯшаи боғ ҳидоят кард. Ҳолпурсӣ акнун авҷ мегирифт, ки болои хони ҳамеша кушодаро нозу неъмат, нӯшокиву газзакҳои беҳтарин оро дод. Суҳбати саршор аз лутфу зарофати устод Боқӣ чун ҳамеша аз дидаву шунида шира басту шогирдонро мафтун кард. Танҳо Лоиқ чун дар болои хор ноҳинҷору хомӯш менишаст ва мекушид, пойҳои урёну хоколудашро тарзе пинҳон бикунад, ки ба чашми устод Боқӣ ва аҳли хонадонашон наафтанд. Ва дам ба дам ӯ ба ишораи чашм аз дӯстон хоҳиш мекард, ки зуд бархезанд.
Аз устод Боқӣ рухсат хостанд.
– Як дами дигар, тақсирҳо. Куҷо мешитобед? Ташнаи дидору суҳбататон шудаам. – бархеста гуфтанд устод ва афзуданд: - Ман давида-давида ба ҳамин рӯз расидам... Аввал иҷозат диҳед, ки як сари қадам ба ҷое, ки шоҳон пиёда мераванд, рафта биоям...
– Борон шарар мешавад – чӣ?
– Напурсед... Худатон аҳли фаҳмед, медонед-ку.
Лоиқшоҳ, ба шумо чӣ шуд? Чаро хомӯшед? Ба худатон монанд нестед, тақсир. Ё боз ягон «корнамоӣ» кардед?
Фурсате пас устод Боқӣ бо ҳамсарашон Соробону баргаштанд ва ба меҳмонон хушомадед гуфтанд. Бархестанд. Ҳолати нобоби Лоиқро худаш медонисту бас. Вай худро ба сояи дӯстон кашида, ноаён аз ҳавлӣ баромадан мехост.
Ҳамсари устод Боқӣ бо чеҳраи кушоду лабони пуртабассум коғазпечеро кушод ва як ҷуфт кафши навро бо ҷӯробҳо пеши Лоиқ ниҳоду нарм гуфт:
– Тӯҳфа, барои шумо, Лоиқшоҳ...
– Ваҳ, пойҳои лучи маро чӣ хел дидед?
– Лоиқшоҳ, пӯшед, насиб кунад, - бо шакарханд гуфтанд устод Боқӣ ва афзуданд: - Ман ҳусни ҷинсҳои латифу пойӣ лучи шогирдонамро дарҳол мебинам...
Мавҷи хандаи осмонкафон ҳавлиро пур кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё