АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ДАР ОСОРИ МУҲАҚҚИҚОН
Ганҷакова М.Г. – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик эҳё гардид. Бо чунин мазмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки бе донистани таърих ва гузаштаи халқу миллат руҳияи ватандўстӣ баланд намегардад. Зеро, таърих ҳастии ҳар як халқу миллат аст. Дар баробари ин эҳёгари таъриху фарҳанги ҳар як миллату давлат аз фаъолияти бархе шахсиятҳои донишманду оқили он зич иртибот дорад, ки тавассути фаъолияти эҷодкоронаи онҳо мавқеъ ва нуфузи миллат дар саҳифаи таърих сабт мегардад. Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат рў оварданро ба таърихи гузашта, чун омили муҳими рушди худшиносии миллӣ ҳисоб мекунад.
Аз саҳифаи таърих маълум аст, ки тоҷик волоияти забону фарҳанги худро бо гузашти ҳазорcолаҳо аз даст надода, дами теғи ҳама гуна тааccуби динию мазҳабӣ ва душмангароиро бо фарҳанги оламгири хеш кунд намудааст. Боиси фараҳмандӣ аст, ки номи як қатор донишмандону мутафаккирони барҷастаи тоҷик ба мисли Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ал Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Низомулмулк, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар саҳифаи таърих нақш баста, боиси ифтихори миллати тоҷик мебошанд. Албатта, таърихи гузаштаи ҳар як халқу миллат аз илму фарҳанги он сарчашма мегирад.
Бо чунин мазмун, аз фаъолияти яке аз шахсиятҳои таърихӣ, қомуснигори асрҳои X-XI Абурайҳони Берунӣ (973-1048) ёдовар мешавем, ки олим, мутафаккир, нуҷумшинос, муаррихи замони худ буда, муаллифи як қатор осори марбут ба таърих, ҷуғрофия, забон ва адабиёт, нуҷум, риёзӣ, дорушиносӣ ва ғайра буд. Осори марбут ба таърихи ў фарогири ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои эронизабон ба ҳисоб меравад. Ин шахси наҷиб замоне ба дунё омада ва ҳаёт ба сар бурдааст, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба амал омада, аммо давлати Сомониён рў ба ба инқироз оварда буд.
Абурайҳони Берунӣ, ки шоҳиди бевоситаи носозгориҳои замон буд, маҳз чунин раванд шахсияти ўро ташаккул дода, дар вай дарки моҳияти ҳақиқии воқеаҳоро ба вуҷуд оварда буд.
Бояд қайд намуд, ки дар таълими Абурайҳони Берунӣ саҳми устоди ў донишманди замон Абунасри Мансур ибни Арроқ назаррас аст.
Зеро, ў истеъдоди фавқулодда доштани ўро мушоҳида намуда, дар ташаккули минбаъдаи илмии ў мусоидат менамояд. Берунӣ дар хурдсолӣ назди устоди худ Абунаср Мансур ибни Арроқ тамоми илмҳои замонро аз худ намуда, баъдан ба омўзиши таъриху кашфиётҳои юнониҳо, арабҳо, суриёниҳо, колдониён ва паҳлавиён мепардозад. Ў дар як муддати кутоҳ забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, юнонӣ ва пахлавиро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни илмҳои ситорашиносӣ, фалсафа, риёзӣ, тибб, ҷуғрофиё, маъданшиносӣ ва таърих китоб таълиф намудааст.
Солҳои 998-1004 фаъолияти илмии ў дар шаҳри Гургон, дар дарбори Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмагир идома ёфт. Боиси тазаккур аст, ки дар хизмати сулолаи Зиёриен қарор гирифтани Абурайҳони Берунӣ бесабаб набуд. Зеро, хонадони Зиёриён ба муқобили ҳар гуна қонуниятҳои хилофати араб мубориза бурда, барои эҳёи расму ойини аҷдодон чораандешӣ намуда, худро аз авлоди Анушервон маҳсуб медонистанд. Маҳз дар чунин фазои мусоид А. Берунӣ ба омўзиш ва эҷодиёт шуғл меварзад.
Чӣ тавре, аз сарчашмаҳо ва натиҷаи тадқиқоти берунишиносон маълум мегардад, аввалин асари бузургҳаҷми Абурайҳони Берунӣ ―Осор- ул-боқия ан-ул қурун ал-холия мебошад, ки онро соли 1000 – ум таълиф карда ва ба амири Гургон Шамсулмаоли Кобус тақдим менамояд. Сабаби шурўъ ба таълифи асарро чунин қайд менамояд, ки масъалаҳои пайдоиши солшуморӣ, илми ситорашиносӣ, таъсисёбии ҳар як русуму ойин, таърихи тамаддуни ҳар як халқу миллат, баёни афкори иҷтимоӣ – сиёсӣ ва фалсафӣ, дар маҷмўъ баъзе равандҳои дониши илмҳои дақиқ, таърих, мардумшиносӣ ва ҳикматро муайян намуда, муҳтавои онро дар осораш баён намояд. Албатта чунин иқдоми муаллиф боиси таҳсин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ низ насли наврас ва пажуҳишгарони соҳаҳои мухталифи илм аз он бархурдор гардида, васеъ истифода менамоянд ва дар таърихнигории ватанӣ мавқеи сарчашмавиро ишғол менамояд.
Роҷеъ ба мундариҷаи «Осору-л-боқия» қайд намудан лозим аст, ки масъалаи баҳси олимони машриқзамин оид ба пайдоиши олам, ҳаёт, назари пурихтилофи халқҳои гуногун нисбат ба воқеаҳои бузурги таърихӣ, воқеаҳои ғайриоддии таърихӣ, пайдоиши ойину динҳо, шаклҳои тақвими яҳудиён, тоҷикон, римиҳо ва арабҳоро дар бар мегирад. Дар хусуси ҷанбаи таърихии «Осору-л-боқия» ибрози ақида менамоем, ки аз маҷмўи мукаммалтарин осори илмии тадқиқотии замон маҳсуб меёбад, ки дар он доир ба салтанати Калдониён, Пешдодиён, Сосониён, Искандари Зулқарнайн, Монӣ, Зардушт, Ибни Муқаннаъ, муборизаҳои намояндогони дину мазҳабҳои гуногун маълумоти пурқимат медиҳад.
«Осору-л-боқия»-и А. Берунӣ дар шакли муҳимтарин сабки таърихнигорӣ, яъне таърихнигории солномавӣ таълиф шуда, тамоми ҳодисаҳои таърихии дар асоси солшумориҳои яҳудиён, юнониён, форсҳо ва дигар халқиятҳоро муқоиса карда, ба таҳқиқ кашидааст.
Аз чунин воқеъанигорӣ ба хулосае омадан лозим аст, ки «Осору-л- боқия»-и А. Берунӣ баъд аз «Таърихи Табарӣ» муҳимтарин ва дақиқтарин сарчашмаи таърихӣ маҳсуб меёбад.
Ба ғайр аз ин А. Берунӣ дар назди худ вазифа мегузорад, ки тамоми сарчашмаҳои бо забонҳои гуногун мавҷудбударо мавриди омўзиш қарор дода, арзиши илмии онҳоро муайян намояд ва бештар тавассути услуби таҳлили комили интиқодӣ – илмӣ ҳақиқати илмиро муайян намояд. Бо чунин маъно, муаллиф аз мураккаб будани услуби таълифи асар ба хонанда баён менамояд, ки он роҳи интихобнамудаи ман мушкилу ноҳамвор ва муҳтавои асар порае аз ахбор аст.
Дар хусуси идомаи ҳаёту эҷодиёти минбаъдаи А. Берунӣ бояд тазаккур дод, ки бо сабаби номўътадил гардидани авзои сиёсии кишвар соли 1018, вақте Хоразм аз тарафи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ забт мегардад, пас аз он донишманди бузургро ба Ғазна мебарад. Аммо вақте Султон Маҳмуд ба Ҳинд лашкар мекашад, А. Беруниро ҳамроҳи худ ба он ҷо мебарад. Донишманди бузург аз ин фурсат истифода бурда, ба урфу одат ва афкори мардум ошно гардида, забони санскритиро аз худ менамояд. Чӣ тавре маълум мегардад, дар натиҷаи омўзиш ва мушоҳидаҳо асари худ ―Мо-ли ли Ҳинд – ро таълиф менамояд.
Муаллиф дар асар зулму ситами истилогарон ва қатли оми халқи заҳматкашро инъикос намудааст.
Боиси тазаккур аст, ки А. Берунӣ ҳамчун донишманди қомуснигор шўҳрат пайдо намуда, як қатор осори гаронбаҳое аз худ мерос гузоштааст. Маҳз чунин комёбии мутафаккир ва нахли пурсамари гуногунсоҳааш дар замони худи ў ва асрҳои минбаъда сазовори баҳои баланд гардида, боиси таъсиси як қатор марказҳои берунишиносӣ шудааст. Дар соҳаҳои гуногуни илмӣ такя ба осори А. Берунӣ тадқиқотҳои диссертатсиониву монографӣ ба анҷом расонида шуда, маҷмўаҳои мақолаҳои илмӣ мураттаб гардидааст.
Аз сарчашмаҳо маълум мегардад, ки А. Берунӣ ҳамчун олим ва қомуснигор ҳанўз дар замони худаш шўҳрат пайдо намуда буд, ки муаллифи “Таърихи Масъудӣ” – Абулфазли Байҳақӣ барҳақ ўро устод меномид.
Роҷеъ ба маъруфият ва фаъолияти илмии А. Берунӣ инчунин донишмандони асрҳои миёна Ёқути Ҳамавӣ, Абу Усайбия, Иброҳим ибни Муҳаммад ал Гаданфар ат Табрезӣ, Низомии Арузии Самарқандӣ дар асарҳояшон ёдовар шудаанд.
Ҳамин тавр, бо мурури замон дар давраи нави таърихӣ маъруфияти осори гуогунсоҳаи А. Берунӣ дар Шарқу Ғарб густариш ёфтааст. Боиси тазаккур аст, ки омўзиши осори илмии Абурайҳони Берунӣ дар охири асри XIX оғоз ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки омўзиш ва таҳқиқ намудани “Осор-ул- боқия ан-ул қурун ал-холия” – А. Берунӣ баъди хизмати арзандаи шарқшиноси олмонӣ Эдуард Захау, ки маротибаи аввал солҳои 1876-1878 дар асоси чор нусхаи дастхати пайдонамуда дар шаҳри Лайпсиг ба табъ расонида, оғоз меёбад. Соли 1897 Эдуард Захау бо кўмаки чанд нафар “Осор-ул-боқия ан-ул қурун ал-холия” – ро бо забони англисӣ тарҷума менамояд ва пас аз ин паҳншавии асар дар байни донишмандону илмдўстон идома меёбад. Соли 1923 бо сабаби дастрас гардидани дастхатҳои нав бо таҳриру тасҳеҳи матни арабии асар Э. Захау аз нав ба нашр мерасад. Боиси тазаккур аст, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба омўзиш ва таҳқиқи осори А. Берунӣ таваҷҷуҳи хосе зоҳир гардида буд. Аз ҷумла, баъди барқароршавии ҳокимияти Шўравӣ ва таъсис пойгоҳҳои илмӣ – тадқиқотии кишвар дар солҳои 30 – 40 – уми асри ХХ ба омўзиш ва тадқиқи осори А. Берунӣ ру овардаанд. Дар солҳои 40-50 - ум хусусан дар марказҳои бузурги илмӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Москва ва Ленинград марказҳои берунишоносӣ таъсис ёфта, фаъолият менамуданд. Соли 1950 маҳз натиҷаи самараноки фаъолияти онҳо боиси интишор гардидани маҷмўаи мақолаҳои “Берунӣ” гардид.
Ю.А. Бобоев қайд менамояд, ки солҳои 50 – уми асри ХХ дар шаҳри Тошкент маркази омўзиши осори А. Берунӣ таъсис дода шуд . Дар натиҷа соли 1950 бо ташаббуси маркази берунишиносии Тошкент маҷмўаи мақолаҳо роҷеъ ба эҷодиёти А. Берунӣ интишор гардид. Бояд қайд намуд, ки дар маҷмўа муҳтавои мақолаҳои С.П. Толстов, А.А. Семенов, Я. Ғуломов масъалаҳои муҳими ҳаёти илмӣ - эҷодии А. Беруниро инъикос менамоянд.
Бо чунин мазмун муҳтавои тадқиқоти арабшиноси машҳур И.Ю. Крачковский ҳаёт ва осори илмии А. Беруниро мавриди омузиш қарор додааст. А.М. Беленитский низ дар тадқиқоти худ омўзиши замон ва осори илмии А. Беруниро бо таҳлили осораш дар мадҳи аввал қарор додааст.
Ю.А. Бобоев дар тадқиқоти диссертатсиониаш мавқеи П.Г. Булгаковро оид ба омўзиши осори А. Берунӣ назаррас баҳогузорӣ менамояд. Ў менависад, ки хизмати П.Г. Булгаков дар тарҷумаи қисми зиёди осори А. Берунӣ хеле бузург аст. Дар баробари ин чанд мақолаи илмӣ роҷеъ ба ҳаёти илмӣ-эҷодии А.Берунӣ таълиф намудааст, ки маъруфтарини он “Берунӣ ва “геодезия” - и ў” мебошад.
Ю.А. Бобоев қайд намудааст, ки Г.П. Булгаков дар тўли ҳаёташ ба таълифи китоби “Ҳаёт ва осори Берунӣ” хеле таваҷҷуҳ намудааст. Аз рўи қайди муаллиф дар китоби мазкур ягон самти фаъолияти илмии А. Берунӣ дар канор намондаааст ва асари мазкур ҳамчун роҳнамо барои муҳақиққиқону берунишиносон хизмат менамояд.
Боиси тазаккур аст, ки соли 1973 баъзе ҷанбаҳои ҳаёти А. Берунӣ ва назарияи ў дар самти омўзиши илмҳои ҷомеашиносӣ дар монографияи дастҷамъонаи таҳти унвони “Абурайҳони Берунӣ” инъикос ёфтааст. Муаллифон диққати асосӣ ба осори А. Берунӣ роҷеъ ба илмҳои ҷамъиятшиносӣ додаанд.
Соли 1973 бахшида ба 1000 – солагии А. Берунӣ дар марказҳои илмии ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Узбекистон маҷмўаи мақолаҳо мураттаб ва интишор гардидаанд. Дар маҷмўа мақолоте ворид гардидааст, ки ҳаёту фаъолияти А. Берунӣ, таълифот, муҳтавои осор ва аҳамияти илмии онҳо таҷассум ёфтааст.
Бояд иброз намуд, ки бо ташаббуси Академияи Илмҳо дар Тоҷикистон оид ба омўзиши осори илмии А. Берунӣ муаррихон, шарқшиносон ва файласуфон дар солҳои 70 – уми асри ХХ оғоз намуданд. Дар ин ҷода аз фаъолияти М.С. Осимов бояд зикр намуд, ки воқеан мавқеи пешсафиро касб намудааст. Соли 1978 дар зери таҳрири академик М.С. Осимов яке аз асарҳои нодири Берунӣ “Китоб-ут-тафҳим” ба табъ расид.
Донишманди Эрон Акбари Доносиришт “Осор-ул-боқия” – ро соли 1321 ҳиҷрӣ бо таҳриру тасҳеҳ ба забони форсӣ аз чоп баровард.
Дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ ва арафаи пошхўрии он низ қимати илмии “Осор-ул-боқия” баланд буда, интишороти навро талаб менамуд ва дар ин ҷода саҳми шарқшиносони тоҷик бештар назаррас аст. Соли 1990 бо роҳбарии А. Девонақулов ҳайати шарқшиносони Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон осори А. Берунӣ “Осор-ул-боқия” – ро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар таърихнигории ватании замони соҳибистиқлолӣ таҳқиқи осори А. Берунӣ аз нуқтаи назари таърихӣ дар канор намонда, дар ин самт тадқиқоти алоҳидаи диссертатсионӣ аз тарафи Ю.А. Бобоев соли 2006 ба анҷом расонида шудааст.
Муҳаққиқи варзида Ю.А. Бобоев, ки оид ба масоили таърихӣ ва фарҳангии халқҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон дар осори А. Берунӣ тадқиқоти диссертатсионӣ аз рўи равияи таърих ба анҷом расонидааст, дар таърихнигории ватанӣ нахустин тадқиқотест, ки ҳаёт ва фаъолияти илмӣ – эҷодии донишмандро ба риштаи пажуҳиш кашидааст. Мубрамияти таҳқиқоти мазкур муайян намудани нуқтаи назари таърихии А. Берунӣ ва муҳтавою мазмуни таърихӣ доштани осори ў дар таърихнигории ватанӣ маҳсуб меёбад.
Ю.А. Бобоев дар тадқиқоти диссертатсиониаш овардааст, ки дар ташаккулёбии илми таърихи Осиёи Марказӣ саҳми А.Берунӣ назаррас аст. Зеро, А. Берунӣ дар мафҳуми “таворих” (таърих) солномаро дар назар дошт ва дар осори донишманд солнома “хронология” мавқеи муҳимро ишғол менамуд. А. Берунӣ мафҳуми “давра” (эра) – ро ҳамчун вақти муайян дар назар доштааст, ки аз ягон рўзи муайян оғоз меёбад. Ё дар шакли умум давра (“эра”) – ин вақти муайянест, ки дар байни як ё якчанд халқҳо ҳисоби он аз рўз, моҳ ва сол оғоз мегардад.
Ю.А. Бобоев бо истифодаи як қатор осори солноманависони ҷаҳон, адабиёти таърихӣ ва мақолоти илмӣ дар тадқиқоти худ А. Беруниро асосгузори солноманависи таърихӣ меномад. Аз баски дар таърих шаҷара баҳри ба ҳадаф расидани воломақомон нақши муассир мегузорад, аз нуқтаи назари А. Берунӣ дар канор намондааст. Бо чунин маъно, дар осори А. Берунӣ роҷеъ ба насабшиносӣ навишта шуда бошад ҳам, аммо ба муқобили сохтакории қолабии асримиёнагии насаб, ки бо мақсади талаботи моддӣ ба роҳ монда мешуданд, изҳори норозигӣ баён намудааст.
Дар осори мазмуни ҷуғрофӣ доштаи А. Берунӣ “Китоб - ут - тафҳим”, “Мо – ли – л - Ҳинд”, “Канони Масъудӣ” ва “Геодезия” инчунин нуқтаи назари таърихи ҷуғрофия низ оварда шудааст.
Гарчанде А. Берунӣ яке аз асосгузорони якчанд назарияи ҷуғрофӣ мебошад, аммо назарияҳои ў бо таърихи он зич иртибот доранд.
Ю.А. Бобоев осори таърихии А.Беруниро дар он арҷгузорӣ менамояд, ки ў ҳатто унвони ҳокимони вилояту музофотҳои Мовароуннаҳру Хуросонро дар асрҳои VII – X овардааст, ки дар бисер сарчашмаҳо ба назар намерасанд. Ў қайд менамояд, ки дар гузашта шоҳону ҳокимони Ўротеппа – афшин, Фарғона – ихшид, Кеш – нидун, Шош – тудун, Самарқанд – тархун, Бухоро – бухорхудот, Бомиён ва Хутталон – Шери Бомиён ва Шери Хутталон номгузорӣ мегардиданд.
А. Берунӣ нахустин маротиба услуби муқосиавию таърихии фарҳангҳоро мавриди омўзиш қарор додааст. Чунин усул дар осори ў “Осор-ул-боқия ан-ул қурун ал-холия”, “Мо – ли – л - Ҳинд” ва “Китобу – л ҷамоҳир фи маърифат – ил-ҷавоҳир” ба назар мерасад.
Бояд қайд намуд, ки усули бархўрди таърихӣ ва илмӣ-табии ба шайъи таҳқиқ аз методологияи илмии А. Берунӣ мебошад.
Хулоса, Абурайҳони Берунӣ ҳамчун олими забардасти замони худ буда, тамоми илмҳои замонашро аз худ намуда, бо осори бузургҳаҷму гаронбаҳояш шуҳратёр гардида, то замони мо боқӣ мондааст. Тамоми осори А. Берунӣ шаҳодати он аст, ки ў воқеан роҷеъ ба омўзиши тамоми соҳаҳои илм замина гузоштааст. Оид ба омўзиши соҳаҳои гуногуни илмӣ қайд намудааст, ки шахс мунтазам дар як илм назар кунад, хаста мешавад, вале агар аз як фанне ба дигараш ворид мегардад, монанди он, ки аз як боғ ба дигараш қадам гузоштааст. Дар акси ҳол ба таврест, ки ҳанўз аз як боғе берун наомадааст, ҳамзамон ба дигаре арза дорад. Аз ин ру шахс майл пайдо мекунад, ки дар тамоми боғистонҳо идомаи назар диҳад, зеро барои ҳар амри навине лаззате аст.
Дар маҷмуъ бояд қайд намуд, ки шахсияти Абурайҳони Берунӣ аз инсондўстӣ ва илмомўзӣ сарчашма гирифта, осори нодиру гаронбаҳояш нахли пурсамари хомаи ўст, ки дар натиҷаи бархўрдор гардидан аз ў шахс ғизои маънавӣ мегирад. Дар маҷмўъ маҳбубияту маъруфияти осори А. Берунӣ оламшумул буда, беш аз пеш қимати илмӣ пайдо намуда, китоби рўимизии муҳақкиқони ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё