Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҶАШНИ МЕҲРГОН АЗ НИГОҲИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ

Шоинбеков Аловиддин Абдуллобекович - номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров Дилдоров Гулшер Алибекович–унвонҷўи кафедраи таърих ва диншиносии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғи ба номи М. Назаршоев Ҷашни Меҳргонро ҷашни зироаткорон мешуморанд. Ин ҷашн дар таъриху тамаддуни мардумони ориётабор яке аз ҷашнҳои муҳими табиӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор рафта, он як ҷашни тираҳмоҳии сол аст, ки ниёгони тоҷикон онро ҳамчун шукронаи неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мегарданд.

Замоне ки зироаткорон ҳосили худро пурра ҷамъовари менамуданд ин ҷашнро барпо мекарданд. Вале агар ба таърихи пайдоиши он дақиқтар назар андозем, ин ҷашн қадимтар аз падид омадани шуғли зироаткорӣ аст ва таърихи хеле қадим дорад. Аз замони басо куҳан сарчашма гирифтани ин ҷашнро мо дар мисоли маълумотҳои ниҳоят ҷолиби олими маъруфи асрҳои X-XI Абурайҳони Берунӣ дида мебароем. Ин донишманди закӣ дар асари безаволи худ «Осор – ул - боқия» таърихи пайдоиш ва сабаби аз номи «Меҳр» (Офтоб) гирифтани номи ин идро чунин ба қалам додааст: «Ва гўянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рўз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд ин аст, ки ин рўзро «Мергон» гўянд. Яъне тибқи тасаввурот дар он рўзе, ки офтоб барои аҳли олам пайдо шудааст аз ҳамон рўз таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон аст.

Мувофиқи ақидаи дигар мардум ин моҳро аз он сабаб «меҳр» номидаанд, ки одамон дар ин моҳ ба ҳамдигар меҳрубонӣ мекарданд.

Ва тафсири ин ид дўстии мардум аст. Дар ин ид мардум ба ҳамдигар меваю ғалла инъом менамуданд. Ин ид барои тамоми омма хос буд.

А. Берунӣ таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргонро бевосита бо офтоб алоқаманд карда ва чунин далел меорад. «Далел бар ин гуфтор он аст, ки тибқи оини Сосониён дар ин рўз тоҷеро ба сар мегузоштанд, ки дар он сурати офтоб буд, ки офтоб бо дучархаи худ дар дар осмон ҳаракат карда истодааст. Мувофиқи тасаввуроти ориёиҳои қадим Офтоб, ки барои онҳо нахустин Худо буд, ҳар рўз субҳдам аз манзили худ баромада ба дучархаи тиллои худ савор шуда ҳаракат мекунад ва аз нури худ ба олам гармию равшанӣ медиҳад. Ба хотири нур, гармию равшании офтоб нахустин ориёиҳо офтобро мавриди парастиш қарор доданд. Аз ин рў ҷашни Меҳргонро шояд замони пеш дар шакли дигар, аввал меҳрпарастон қайд мекарданд. Оиди ин фикрҳои гуногун астанд. Вале ба таври расмӣ замоне, ки дар миёни қавмҳои эронинажод тақвими шамсӣ қабул ва ҷорӣ шуд аз ҳамон давра ин ҷашнро қайд кардан гирифтанд. Тибқи тақвими шамсии ирониёни қадим моҳи ҳафтуми онҳо Меҳр (Офтоб) ном дошт ва рўзи 16- уми ин моҳ «Меҳрҷон» ном дошт. Чуноне, ки А. Берунӣ нигоштааст. «Ва рўзи шонздаҳум рўзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст».

Пас аз инҷо бармеояд, вақте ки дар рўзи 16-ум рўзу моҳ бо як ном «Меҳргону Меҳрҷон» якҷоҳ мешуданд, халқҳои эронитабор ҷашни Меҳргонро барпо мекарданд. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин идро меҳрпарастон дар замони худ дар як рўз қайд кардаанд, ки баъдтар ирониёни қадим он рўзро дар тақвими худ дар рўзи16-ум ҷой додаанд.

Дар тақвими шамсии ирониёни қадим боз як рўзи дигар «Рўзи бисту якуми Меҳрмоҳ Ромрўз аст, ки онро «Меҳргони бузург»191 меноманд. Ин рўзро барои он Ромрўз мегуфтанд, ки дар ин рўз Кова бар Заҳҳок ғолиб омад, Фаридунро ҳоким эълон кард ва Заҳҳокро дар кўҳи Дамованд бадарға намуд. Аз ин хотир халқҳои эронитабор то давраи зуҳури Зардушт ҷашни Меҳргонро дар рўзи 16-ум ва рўзи 21-ум алоҳида қайд мекарданд, ки баъдтар рӯзҳои таҷлили он дар давраи Ризошоҳи Паҳлавӣ (1925-1941) ба панҷ рўз тағйир ёфт ва алҳол 2-октябр қайд мешавад.

Ва замоне, ки пайғомбари Зардуштиён Зардушт зоҳир гашт, эрониёнро амр кард, ки бояд Меҳргону Ромрўзро ба як андоза бузург бидонанд ва ҳар дуи ин идҳоро якҷо гузаронанд. Бинобар ин шоҳи Сосониён Ҳурмуз писари Шопур ҳар дуи ин идро бо ҳам бипайваст ва минбаъд ирониёни қадим ҷашни Меҳргонро рўзи 16-ум оғоз мекарданду рўзи 21-ум ба анҷом мерасонданд. Яъне ин ҷашнро панҷ рўз таҷлил мекарданд Баъдтар дар давраи Сосониён як моҳи пурраи Меҳрмоҳро ба ҷашни Меҳргон табдил додаанд. Чуноне, ки дар «Осор-ул-боқия» омадааст. «Ва сипас мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рўзи тамом барои табақоти мардум қарор доданд. Ва барои ҳар табақае панҷ рўз ид донистанд. Аз инҷо маълум мешавад, ки дар давраи Сосониён 6 табақа будааст ва ҳар як табақа панҷ рўзи ид гузарондааст.

Аз нигоштаҳои А. Берунӣ бармеояд, ки ҷашни Меҳргон ба мисли Наврўз бо Офтоб робита дорад ва таърихи пайдоиши онҳо аз падид омадани зироаткорӣ ҳам қадимтар аст. Наврўз ва Меҳргон ду ҷашни бузурганд, ки баръакси ҳамдигаранд. Наврўз ҷашни оғози кишту кор асту, Меҳргон ҷашни анҷоми кишту кор аст. Наврўз оғози фасли баҳор асту, Меҳргон марбут ба тираҳмоҳ аст. Наврўз оғози сабзиш асту Меҳргон анҷоми сабзиш аст [оиди фалсафаи Наврӯзу Меҳргон ниг: 2,42-55.]. Чуноне, ки А. Берунӣ навиштааст.

«Меҳргонро далел бар қиёмат ва охири олам медонанд ба ин далел, ки ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рўз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад.

Замони пеш аҷдодони мо солро фақат ба ду қисм ба ду фасл тақсим кардаанд. Тобистон ва зимистон. Барои ҳамин Наврўз оғози тобистон буду, Меҳргон оғози зимистон будааст. Дар «Осор-ул- боқия» дар ин хусус омадааст. «Ва ин рўз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рўзи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тираҳмоҳию зимистонӣ медиҳанд.

А. Берунӣ бидуни маълумотҳои пурарзиши таърихӣ, оид ба тарзи таҷлили ҷашн, расму оинҳои хоси он низ қайд кардааст.

Чунончи : «Дар ин рўз фариштагон барои ёрии Фаридун омаданд. Ва дар хонаҳои подшоҳон ин тавр дар ин моҳ расм шуда, ки дар саҳни хона марди диловаре ҳангоми тулўи Офтоб меистад ва бо овози баланд мегўяд: «Эй фариштагон, ба дунё поин оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва аз дунё ононро дафъ намоед».

Пас дар ин рўз дар хонаҳои худ даргирондани страхм, спанд ва ғайра мақбул бошад, зеро ки тибқи тасаввуроти мардум буйи хуши ин гиёҳҳо ба машоми фариштаҳо мерасад ва онҳо поин мефуроянд.

Мувофиқи дини ислом дар ин рўз бояд ҳар як шахс нафсҳои шайтонӣ, шарру шайтониро аз худ дур созад.

Ҷашни Меҳргон бо парастиши арвоҳ (“культ предков”) робитаи зич дорад. Парастиши арвоҳ яке аз шаклҳои қадимтарини дин ба шумор меравад. Ин ҳам далолат бар он медиҳад, ки таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон қадимтар аз шуғли зироаткорӣ аст. А. Берунӣ дар асари худ оид ба парастиши арвоҳ дар ин ҷашн чунин қайд намудааст: «Ва мегўянд, ки дар ин рўз худованд заминро густаронид ва колбудҳоро барои он ки маҳалли арвоҳ бошад офарид. Ва дар соате аз ин рўз фалаковар оҳиста нафас мекашад, ки то ҷасадҳоро парвариш диҳад… Кисравӣ мегўяд, ки «ман аз мўбади Мутаваккилӣ шунидам, ки мегуфт: «Дар рўзи Меҳргон Офтоб миёни нуру зулмат тулў мекунад ва арвоҳро дар ҷасадҳо мемиронад. Ва бад ин ҷихат эрониён ин рўзро «Мурон» гуфтаанд». Пас рўзи Меҳргон, рўзи мувофиқест барои ёди арвоҳ ва ба хотири арвоҳ назр кардану кори некеро анҷом додан аст.

Ҳар як ҷашн соати неку савоби рўз ва шаб дорад. Масалан, шаби Лайлат-ул- қадри моҳи шарифи Рамазон беҳтарин шаб барои тоату ибодат ба шумор меравад. Ҳамчунин шаби Меҳргон вақту соати накў дорад. «Ва мегўянд, дар ин рўз буд, ки Худованд Моҳро, ки қурае сиёҳ ва бефуруғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарин соатҳои он, соати Моҳ аст».

А. Берунӣ ҳамчунин баъзе таъбирҳои мардумӣ оид ба Меҳргон ёдоварӣ намудааст: «Саид ибни Фазл мегўяд: «Уламои Эрон гуфтаанд, ки қуллаи кўҳи Шоҳин дар хона айёми тобистон ҳамвора сиёҳ дида мешавад ва дар бомдоди Меҳргон сапеда дида мегардад.

Ва чунин ба назар меояд, ки бар он барфе аст. Ва ин матлаб, чи ҳаво соф бошад ва чи абр, ҳар ду яксон ва дар ҳар замон як тарз аст». Ё ин ки «ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихўрад ва гулоб бибўяд, офати бисёр аз ў дур хоҳад шуд».

Савоб ва фазлу ҳикмати дигари ҷашни Меҳргонро А. Берунӣ чунин қаламдод кардааст: «Салмони Форс мегўяд: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ва ҷавоҳири дигар».

Хуллас, ҷашни Меҳргон аз нигоҳи А. Берунӣ ҷашнест, ки бо парастиши офтоб, маҳтоб, парастиши арвоҳ робитаи қаввӣ дошта дар худ фазлу савоб ва баракати зиёд дорад.

пешина
аз 35
навбатӣ