АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ
Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа
ИНЪИКОСИ РӮЗГОР ВА КОРНОМАИ ИЛМИИ
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ ДАР АСАРИ «ТОҶИКОН»-И
АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Шарипов Муҳаммад Маруфович - н.и.т., муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
Замони Шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор муаррихону муҳаққиқон асарҳои бунёдии худро рӯи нашр оварданд, ки онҳо дар баробари арзиши баланди илмӣ ва таълимӣ доштанашон, инчунин барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ дорои аҳамияти тарбиявӣ низ мебошанд.
Китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз зумраи асарҳои дар боло зикршуда маҳсуб меёбад. Беҳуда нест, ки онро «шиносномаи миллат» ном мебаранд. Арҷгузорӣ ба хидмати чунин фарзандони фарзонаи миллат мисли аллома Бобоҷон Ғафуров дар меҳвари сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Чеҳраҳои мондагор» дар катор дигар бисту панҷ нафар ашхоси барӯманд чун қаҳрамонҳои халқи тоҷик, пешвоён ва тарғибгарони дини ислом ва зардуштия, шоирону нависандагон, арбобони сиёсӣ ва муаррихон ҳаёт ва фаъолияти илмӣ ва сиёсии академик Бобоҷон Ғафуровро ба таври муфассал нишон додаанд. Аз ҷумла дар асари мазкур нисбати китоби «Тоҷикон» чунин баҳо дода шудааст:
“Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Ин асар, барҳақ, китоби руйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.
Дар китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғ. Ғафуров дар баробари таҳлили ҳодисаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба масъалаи фарҳангии маънавӣ, хосатан илми таърихинигорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир шудааст. Зербоби боби сеюми асари мазкур «Илму адаби тоҷик дар асри XI-аввали асри XIII» унвон дорад. Дар он муаррих шоирону нависандагони давраи мазкурро шарҳ дода, инчунин оид ба ҳаёт ва фаъолияти муаррихони варзидаи давраи мазкур чун: Абӯрайҳони Берунӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Низомулмулк, Низомии Арӯзии Самарқандӣ равшанӣ андохтааст.
Аз сабаби он, ки мавзўи интихобнамудаи мо ба Абўрайҳонӣ Берунӣ мансуб аст, қарор додем, дар такя ба асари «Тоҷикон» танҳо доир ба зиндагӣ ва корномаи илмии олими мазкур ва муқоиса намудани маълумоти Б.Ғафуров бо асарҳои муаррихони дигар мақолаи худро таълиф намоям.
Абӯрайҳони Берунӣ – олими ҳамадон (энсиклопедист) соли 973 деҳаи Коси Хоразм тавлид шуда, соли 1051 дар шаҳри Газна фавтидааст 5. Бобоҷон Ғафуров дар асари худ қайд мекунад, ки Абӯрайҳон Берунӣ ба саёҳат шавқи зиёде дошт ва, асосан, бо максадҳои илмӣ мусофират менамуд. Яке аз маҳалҳое, ки ӯ то як андоза бештар истикомат кардааст, Ҷурчон (Гургон) ном вилояти канори баҳри Хазар мебошад. Дар вақти ба Ҷурҷон омаданиу Қобус ибни Вушмгир (976-1012) ҳукмрони он ҷо буд. Қобус яке аз одамони фозил, донишманди адабиёт ва ҳомии илм ба шумор мерафт. Худи ӯ низ якчанд асар таълиф намудааст. Берунӣ дар солҳои 999-1000 «ал- Осор-ул-бокия ан ал-курун-ил-ҳолия» ном асари худро ба поён расонд. Ӯ дар ин асар таквим ва санаҳо, инчунин, ҷашнхои суғдиён, хоразмиёни қадим, форсҳо, юнониён, яҳудиён, исавиён ва мусулмононро тасвир намудааст. Ин асар муҳимтарин сарчашмаи таърихи халкхои Осиёи Миёна ва тамоми Шарқ мебошад.
Аз рўи маълумотҳо Берунӣ асарҳои худро ба забони арабӣ ва форсӣ таълиф намудааст буд. Ў ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба омӯхтани дигар забонҳо шурӯъ намуд ва аз рӯйи маълумоти худаш забонҳои суриёнӣ, юнонӣ ва яҳудии қадимро омӯхт. Берунӣ дониши ҳаматарафаро дар ватанаш Кот, ки дар он ҷо олимони риштаҳои нуҷум, ситорашиносӣ, риёзиёт, тиб, таърих ва ғ. аз мамолики дуру наздик ҷамъ омада буданд, гирифта буд. Дар синни 17-солагӣ ба он дараҷаи илму дониш расида буд, ки бино ба маълумоти маъхазҳо, худаш ба таври мустақилона мушоҳидаҳои илмӣ мегузаронд. Ӯ устодони чирадасте ба мисли Абуалӣ ибни Ироқ дошт, ки ба насаб бародарзодаи Хоразмшоҳ буд. Ибни Ироқ нисбати пешрафти илмии Берунӣ ғамхорӣ мекард, аз лиҳози моддӣ дастгирӣ менамуд. Берунӣ дар синни 21-22-солагӣ ба ҷустуҷӯи мустақилона дар соҳаи илми ҳайъат (ситорашиносӣ) пардохта, кусуфи (гирифти) офтобро мушоҳида кард ва барои расадбандии ситораҳо ба ихтирои устурлоб шурӯъ намуд.
Аз маъхазҳои таърихӣ ба мо маълум аст, ки соли 1017 Хоразм аз ҷониби султон Маҳмуди Ғазнавӣ (997/998-1030) ишғол гардид ва Беруниро ҳамроҳи худ ба пойтахти давлати худ шаҳри Ғазна бурд. Аз соли 1002 то 1026 ғазнавиён ба Ҳиндустон 15 маротиба лашкаркашии худро анҷом доданд. Дар баъзе лашкаркашиҳои баъди соли 1017 ба амал омада, Абўрайҳони Берунӣ султон Маҳмудро ҳамроҳӣ намуда дар натиҷа асари худро бо номи «Ҳиндустон» таълиф намуд. Аз ин лиҳоз баъзе аз муаррихон Беруниро асосгузори илми этнография дар Шарқ медонанд. Масъалаи мазкурро академик Бобоҷон Ғафуров низ риштаи таҳқиқ кашида ишора дорад, ки: «Берунӣ дар лашкаркашиҳои султон Маҳмуд иштирок намуд ва ҳангоми дар Ҳиндустон буданаш забони санскрит, урфу одат ва хулқу атвори халқҳои ин мамлакатро омўхта, пас аз бозгашт аз мусофират «Таҳрири моли-л-Ҳинд мин мақала мақбула фи-л-ақлаҳу марзула» ном асаре навишт, ки яке аз муҳимтарин сарчашмаҳо доир ба таърихи Ҳиндустон ба шумор меравад».
Дар муқаддимаи асари «Ҳиндустон», ки соли 1995 дар нашриёти «Ладомир» бо забони русӣ нашр шуд, қайд мешавад, ки баъди ишғоли Хоразм аз ҷониби Маҳмуди Ғазнавӣ Берунӣ фаъолияти минбаъдаи худро дар шаҳри Ғазна идома медиҳад.
Тахмин меравад, ки ҳангоми юришҳои ҳарбии Маҳмуд ба Ҳиндустон Берунӣ ўро ҳамчун астрологи дарборӣ ҳамроҳӣ намудааст.
…Дар давоми ишора мешавад, ки Берунӣ бештар ба қисмати Шимолу Ғарбии Ҳиндустон, яъне водиҳои дарёи Кобул ва Панҷоб сафар карда буд. Аллома Бобоҷон Ғафуров баъди шарҳи масъалаи сафарҳои Берунӣ ба Ҳиндустон доир ба асарҳои ў доир ба илми ҳайъат, ҳандаса ва нуҷум мансубанд равшанӣ меандозад. Ба гуфти муаррих вобаста ба соҳаҳои илми дақиқ асарҳои зиёди Берунӣ таълиф ва нашр гардиданд, ки яке онҳо соли 1024 дар шаҳри Ғазнин ба забони арабӣ таълиф гардида ба Райҳона ном духтари ал-Ҳасан бахшида шудааст. Муаррих инчунин оид ба асари дигари Берунӣ, ки дар олами Шарқ доир ба тартиб додани харитаҳои ҷуғрофӣ китоби рўимизӣ буд, маълумот додааст, ки китоби мазкур «ал-Қонун-ул- Масъудӣ фи-л-ҳайъа ва-н-нуҷум» унвон дорад. Асари мазкурро Берунӣ солҳои 1030-1036 таълиф намуда, онро ба султони давлати Ғазнавиён Масъуд (1030-1041) бахшидааст. Аз ин маълумоти муаррих ба хулоса омад, ки Берунӣ бо султонҳои Ғазнавӣ муносибати хуби дўстона дошт, ўро ҳамчун олими ҳамадон дар дарбор эътироф ва эҳтиром мекарданд. Аз ҳамин сабаб низ Беруни то дами марг фаъолияти илмиву эҷодии худро дар шаҳри Ғазнин анҷом додааст.
Ба гуфти Б.Ғафуров аз ҷониби Берунӣ асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, мутаассифона аксарияти онҳо то замони мо омада нарасидаанд. Дар “Номаи донишварон”, ки миёнаи асри XIX дар Эрон тартиб дода шудааст, шумораи асарҳои боқимондаи ин олими ҳамадон 27 адад нишон дода шудааст.
Академик Бобоҷон Ғафуров нисбати асарҳои таълифнамудаи Берунӣ баҳои баланд медиҳад. Ба гуфти муҳаққиқ китобҳои таълифнамудаи Берунӣ ба пешрафти илму фанни замонааш мусоидат кард. Дар айни замон аз савияи дониши он давра чунон пеш гузашт, ки ки аксар вақт дар асарҳои худ ба баъзе далел ва мадракҳои фанни имрўза наздик мешавад. Яъне ба гуфти муаррих асарҳои таълифнамудаи Берунӣ имрўзҳо низ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни илми дақиқ аҳамиятноки бузурги илмиро дорад. Бесаб нест, ки соли 2017 назди бинои ситод-қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Вена қатори дигар олимони ҳамадони сатҳи ҷаҳонӣ чун: Умари Хайём, Абўалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ нимпайкараи Абўрайҳони Берунӣ низ гузошта шудааст.
Дар фарҷоми инъикоси рўзор ва фаъолияти илмии А.Берунӣ Б.Ғафуров баҳои баланд дода, қайд мекунад, ки ў аз таассуби динӣ ва муносибати душманона нисбат ба маданияти ғайримусалмон, тамоман дур буд. Асарҳои ба Ҳиндустон бахшидаи ў аз рўҳ ва эҳсосоти олии эҳтиром ба маданияти бузурги Ҳинд саршоранд. Аз ҳамин сабаб ҳам, Берунӣ дар Ҳиндустон ва Покистон шўҳрат ва маҳбубияти зиёде пайдо кардааст.
Ҳамин тавр, фаъолияти илмии Абўрайҳонӣ Берунӣ хеле доманадор аст. Ў ҳамчун таърихшинос, ҷуғрофидон, нуҷумшинос ва ғ. дар рушди тамоми соҳаҳои илми дақиқ ва табиташиносӣ ва таърих саҳми калон гузоштааст. Дар китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров масъалаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти илмии Абўрайҳони Берунӣ таҷассуми худро ёфтааст. Соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи тоҷик аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тўҳфа шудани шудани ин асари муҳим, барои тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносии ҷавонон, шиносоии онҳо бо шахсиятҳои барўмандӣ ниёгони мо чун Абўрайҳони Берунӣ аҳамияти калон дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё