Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТОПОНИМҲО ВА ҶУҒРОФИЯИ ТАЪРИХИИ СУҒД

Ваҳобова Гулҷаҳон Қаҳрамоновна – магистранти курси дуюми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ҷуғрофияи таърихӣ чун як ҷузъи илми таърих сарҳади ҷуғрофӣ ва сиёсии вилоятҳои таърихӣ-фарҳангӣ, хусусиятҳои тағйирёбии онҳоро меомўзад. Ҷойгузории шаҳру маҳалҳо, тавозуни рушд ва дараҷаи маскуншавии аҳолӣ дар онҳо, муайян кардани самтҳои роҳҳои тиҷоратӣ аз вазифаҳои асосии ҷуғрофияи таърихӣ мебошанд.

Манбаъҳои ҷуғрофияи таърихӣ асарҳои ҷуғрофии ягон давраи муайяни таърихӣ, аз ҷумла давраи қадим ва асрҳои миёна, адабиёти таърихӣ мебошанд, ки дар онҳо тафсири умумии вилоятхои муайян, махсусан дар давраҳои ҷангҳои истилогарона гирд оварда шудаанд.

Ҷуғрофияи таърихӣ бо топонимика – илм дар бораи номҳои ҷуғрофӣ робитаи зич дорад. Дар ҳамии замина, бояд қайд намуд, ки бе донистани ҷуғрофияи таърихӣ мавқеи номҳои ҷуғрофиро муайян намудан душвор аст.

Вилояти таърихӣ-фарҳангии Суғд яке марказҳои калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳр буд. Дар асрҳои миёна вай дорои садҳо маҳалу шаҳрҳо буд, ки дар бораи онҳо манбаъҳои хаттӣ маълумот додаанд. Дар байни манбаъҳои хаттии таърихӣ, ки тавсифи таърихӣ-ҷуғрофии Суғд, макони ҷойгиршавӣ ва номи шаҳрҳои суғдиёнро овардаанд, асарҳои муаллифони асримиёнагиро қайд кардан бамаврид аст.

Дар омўзиши ҷуғрофияи таърихӣ ва топонимикаи Суғд саҳми Абўрайҳон Берунӣ хеле калон аст. Олим дар асараш «Қонуни Масъудӣ» дар ҷадвали махсус арзу тўли нуқтаҳои аҳолинишинро қайд кардааст. Дар ҳамон ҷо ў доир ба баъзе топонимҳо маълумот ҳам медиҳад. Чунончӣ маҳз аз ҳамин асари Берунӣ муайян гардид, ки номи қадимаи Сирдарё- Хасарт будааст. Ба ин нукта муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» низ ишора намудааст.

Маркази Суғд ва тамаддуни суғдӣ шаҳри Самарқанд буд. Ҳар як шаҳр ба мисли одамон рўй, хусусият ва ҳаёти худро дорад. Шаҳри қадими Самарқанд аз ҳамин минвол аст. Ба мисли Бобулу Рим, Афинаю Искандария вай ҳаводиси зиёдеро паси сар карда, таърихи ҳазорсолаҳо дорад. «Биҳишти Шарқ», «Чеҳраи замин» - чунин ташбеҳоти бодабдаба нисбати Самарқанд аз Эрон то Чин маълум буд.

Мутобиқи яке аз афсонаҳо Самарқандро бародарон Самар ва Қамар бунёд кардаанд. Ин ба ривояти бунёди шаҳри Рим аз ҷониби бародарон Ромул ва Рем монанд аст. Ба қатори бунёдгарони Самарқанд дар афсонаю ривоятҳо номи шоҳи Тўрон Афросиёб, шоҳ Кайковус оварда шудааст. Номҳои ин ҳокимон дар қисматҳои қадимтарини Авасто, ки ба асрҳои IX-VIII то мелод мансубанд, вомехўранд. Муаррихон ҳанўз дар асрҳои миёна кўшиш намудаанд, ки замини бунёди шаҳр ва тафсири номи онро нишон диҳанд.

Мувофиқи яке аз фарзияҳо номи шаҳри Самарқанд аз истилоҳи авастоии Zmār-kanta – «дар замин пинҳоншуда» ё суғдии Smāra-kanta – «шаҳри санг» гирифта шудааст. Абўрайҳон Берунӣ чунин меҳисобид, ки номи шаҳр аз истилоҳи туркии «Семизканд» баромадааст, ки маънои «замини ҳосилхез», «сиёҳзамин»-ро медиҳад.

Дар манбахои дигар номи шаҳр дар шакли Самариана, Сараманка, Саканна, Санманган, Самакиён, Сумрон, Шамаркан, Самарой, Симроят ёдрас шудааст. Ин мафҳумҳо дар гузашта тафсири худро доштанд. Аз ин нуқтаи назар дар илм вобаста ба номи Самарқанд афкори мухталиф мавҷуд аст.

Яке аз шаҳрҳои калони Суғди Ҷанубӣ Кеш буд. Макони ҷойгиршавии қадима ва асримиёнагии он бо шаҳри муосири Китоб мувофиқат мекунад. Дар ин ҷо шаҳраки Қаландартеппа мавҷуд аст, ки қабати аз ҳама поёнии бостонии он ба нимаи аввали ҳазорсолаи I то мелод рост меояд.

Дар манбаҳои хаттии арабу форс номи шаҳр дар шакли «Кишш» ё «Кисс» омадааст. Берунӣ чунин меҳисобид, ки «Каш шакли маҳалли номи шаҳр буда, Кас ба забони форсӣ рафта мерасад».

Истилоҳи «каш» ё «куш» дар бисёр номҳои ҷуғрофӣ вомехўрад.

Маънои он «теппагие ки ба он дарё омада, ба ду маҷро тақсим мешавад» мебошад. Ҷойгиршавии шаҳри Кешбо номи он мувофиқат мекунад. «Каш» ҳамчунин асоси номи Қашқадарёро ташкил медиҳад, ки онро ҳамчунин Кушкрўд низ мегуфтанд.

Дар масофаи 18 фарсах аз Бухоро дар роҳи Самарқанд шаҳри Кармина воқеъ буд. Муаллифони асримиёнагӣ, аз ҷумла Абурайҳон Берунӣ онро Карминийа меномиданд. Муаллифи китоби «Ҳудуд-ул-олам» номи шаҳрро дар шакли «Кармина» оварда, навишта буд, ки ин шаҳри бои Суғд «…ободон ва бонеъмат ва обҳои равон ва дарахтон». Шаҳр номи худро вобаста ба мақоми ҷойгиршавиаш гирифтааст. Топоним аз ду калимаҳои эронии kar(а) - «роҳи калон» ва maena - «миёна» таркиб ёфтааст. Дар мачмўъ топоним маънои «Шаҳр дар миёнаи роҳи калон»-ро дорад. Ҳақиқатан ҳам Кармина дар нимароҳи байни Бухоро ва Самарқанд ҷойгир буд. Аз назари П.Б. Лурйе қисми аввали ном ба форсии миёна xar-/kar- «калон», қисми дуюм – суғдии mēn-ē - «деҳа» мансубанд.

Деҳаи Шарг байни Бухоро ва Самарқанд ҷойгир шуда буд. Дар ин ҷо канали Ҷарг ҷорӣ мегардид. Тафсири номи деҳа маълум нест. Аммо, Берунӣ номи деҳаро ба воситаи пайваст кардани ҳиссачаи муайянкунандаи арабии «ал-» дар шакли ал-Шарг овардааст, ки метавонад ба баромади арабии топоним ишора кунад . П.Б. Лурйе онро калимаи форсии crγ (čarγ) - «зоғ» ё суғдии šrγw - «шер» муқоиса кардааст. Ш.С. Камолиддинов чунин меҳисобад, ки «дарё номи худро аз номи парранда ё ҳайвон гирифтанаш аз эҳтимол дур аст». Ба андешаи ў топоним метавонад бо этноними čaruq – номи қабилаи туркии дар наздикии шаҳри Барчук истиқоматкунанда алоқаманд бошад. Дар ин маврид вай ба Маҳмуди Қошғарӣ такя кардааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар топонимияи таърихӣ мисолҳодар бобати алоқамандии номи ҷуғрофӣ бо этноним хеле зиёданд. Эҳтимол, муҳоҷирони қабилаи номбаршуда аз Туркистони Шарқӣ ба наздикии Бухоро омада бошанд.

Яке аз маҳалҳои қадими вилояти Бухоро шаҳри Пайканд мебошад. Мутобиқи навиштаҳои Берунӣ шаҳр ҳамчунин Диз-руйин ном дошт, ки маънои он «Қалъаи мисин» мебошад. Аз рўи маълумоти Маҳмуди Қошғарӣ номи «Диз-руйин» ба шаҳри Йанканд мансуб аст. Дар тарҷумаи англисии фарҳанги ин муаллиф номи ин шаҳр дар шакли «Байканд» хонда мешавад. Ба назар мерасад, ки Байкандро ба хотири аз он мисро истихроҷ карда «мисин» мегуфтанд. Чун тиллою нуқра он яке аз филизоти қиматбаҳои асримиёнагӣ буд.

Яке аз қисматҳои водии Зарафшонро деҳоти кўҳӣ ташкил медод, ки дар адабиёти таърихӣ бо номи «Кўҳистон» маъмул аст. Муаллифони арабзабон онро ҳамчун Буттам қайд намудаанд. Муаллифи китоби «Ҳудуд-ул-олам» онро Бутамон номидааст. Доираи мафҳуми Буттам дар фарқият аз кўҳҳои Буттам тангтар аст. Агар ба вилояти Буттам рустоҳои Яғноб, Мастчоҳ, Паргар, Кштут, Моғиён шомил бошанд, дигар ноҳияҳои дар ин минтақа ҷойгиршуда ба вилоятҳои дигари Осиёи Миёна дохил мешуданд. Дар худи ҳамон ҷо қисми зиёди навоҳии Уструшана ҷойгир буд. Беҳуда Абурайҳон Берунӣ Уструшанаро «вилоят дар мамлакати Буттам» наномида буд.

Яке аз воситаҳои номгузории маҳалҳои Осиёи Миёна дар аҳди қадим ва махсусан асрҳои миёна додани номи рўзҳои доиршавии бозор буд: Душанбе, Чоршанбе, Панҷшанбе, Ҷумъа. Чунин таҷриба ба замони сукунати суғдиёни қадим рафта мерасад. Абурайҳон Берунӣ менависад, ки суғдиён ҷашнҳои худро дар рўзҳое мегузарониданд, ки дар ҳар моҳ номи якхела доштанд. Ў ҳамчунин номи рўзҳои бозориро, ки мутобиқи тақвими суғдӣ номи махсус доштаанд, овардааст. Аз ҷумла чунин рўз дар Марсманда ба рўзи 29-уми мо бо номи «марспант» рост меомад. Дар бораи доир гаштани бозор дар ин рўз бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» маълумот медиҳанд. Номи қадимаи Басманда низ дар шакли Марсманда бо тақвими суғдӣ ва мавқеи ҷойгиршавии он пайваста аст. Ёдрас кардан ҷоиз аст, ки бо рӯзҳои тақвими суғдӣ бисёр маҳалҳо номгузорӣ шудаанд. Аз ҷумла, номи қадимаи Истаравшан дар шакли Уструшана, Усрушана, Осрушана бо рӯзи 18-уми тақвими суғдӣ вобаста аст. Ин рӯз «расн», «рашн», «рашан» ном дошта, маънии «фаришта», саҳеҳтараш «фариштаи боадолат»-ро медиҳад. Бояд гуфт, ки амшоспандон («муқаддас», «ҷовидон»)-и Авасто низ дар дар рўзи 29-уми тақвими суғдӣ дар шакли «марспант», «марспанд» зикр ёфтаанд. И.Гершевич чунин меҳисобад, ки истилоҳи мазкур дар номи шаҳри қадимаи Марсманда ҷой дорад. Асоси ин номро истилоҳи қадимиэронии «асман» ташкил медиҳад, ки маънии «осмон», «санг», «сахт»-ро дорад. Ин имкон медиҳад, ки дар бораи ҷойгиршавии шаҳри Марсманда дар минтақаи кўҳӣ ва вориси он будани деҳаи Басманда фикр баён дошта шавад.

Дар Хуҷанд номҳои қадимаи ҷуғрофие ба чашм мерасанд, ки онҳо бо идкунии Меҳргон робитаи бевосита доранд. Яке аз онҳо истилоҳи «Хазонак» аст. Одатан чун фасли тирамоҳ мерасад, барги дарахтон мерезанд. Мардуми шаҳр онро мавсими хазонрезӣ мегуянд.

Аммо истилоҳи «Хазонак» бо пасоянди «ак» омада, ишораест ба хурд будан. Асрори ин вожаро дар осори Берунӣ дарёфтан мумкин аст.

Масалан, дар рисолаи «Китоб-ут-тафҳим»-и худ Берунӣ ба саволи «Хазон чист?» чунин посух медиҳад: Гуфтаанд, ки «хазон суғдӣ нест, ҳарчанд суғдиён ба кор доранд, валекин тахорӣ аст». Ва тахориён хазонро нишонаи гаштани ҳаво донанд ба сармо. Ва хазон хосса рўзи ҳаждаҳум бувад аз моҳи шаҳривар. Ва хазони омма рўзи дуввум аз меҳрмоҳ. Ва ҳарду иданд. Ва пиндор, ки аз баҳри оғози чархушт аст ва фишурдаи ангур».

Истилохи «хазон» бо яке аз ҷашнхои бузурги хуҷандиёни аҳди бостон, яъне Меҳргон марбут аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар гузашта исми «Меҳр» - Меҳрӣ дар Хуҷанд чӣ ба духтарак ва чӣ ба писарак, баробар номгузорӣ мегашт, ки ин нишони муҳаббати хуҷандиён ба Меҳр -Хуршед аст. Аҷдоди қадимии Хуҷандшаҳр - суғдиён ҷашни «Хазон»-ро дар рӯзи дуюми моҳи фуғкон ид мекарданд, хоразмнён бошанд, рӯзи сенздаҳуми мохи умрӣ, ки дар лафзи эшон иди «Чири руч» хонда мешуд. Дар Эрони аҳди бостон чашни хазон ба рӯзҳои аввали шаҳривармоҳ рост меомад, ки эрониён онро «Озарҷашн» низ мегӯянд.

Зинаи дигари ҷашни хазонро, ки бо номи «Хазони ом» маъруф аст, дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ истиқбол мегирифтанд. Барои равшании масъала Берунӣ иловатан таъкид дошта, ки дар айёми ҷашни хос ва оммавии Хазон аҳолӣ чархуштҳоро ба кор андохта, ба шаробкашӣ шурӯъ менамуданд. Чархушт зарф ё ҳавзи махсусе, ки дар он ангурро фушурда обашро мегиранд. Аз руи тақвими кунунӣ ҷашни Хазони хос ба рӯзҳои 20-22 моҳи сентябр рост меояд. Дар ин фасли сол ангури боғҳо комилан пухта, марди деҳқон ба тайёр кардани мавизу омода кардани навъҳои мухталифи шароб камар мебандад.

Давраи дуюми ҷашни Хазон барои омма, ки дар рӯзи шонздаҳуми меҳрмоҳ фаро мерасид, бо номи Меҳргон шӯҳрат дошта, дар айёми ҳозира чун «Иди ҳосилот» маъруф аст, рӯзҳои 14-16 октябр таҷлил мегардад. Ба ин минвол, вожаи «Хазонак» ба яке аз суннатхои волои хуҷандиён, яъне ҷашни «Меҳргон» ва рехтани шароб, ки муаккали он олиҳаи ҳусну малоҳат ва фаровонӣ Анохито- Ноҳид қарор дошт, марбут мебошад.

Ҳамин тариқ, мутафаккири барҷастаи асримиёнагии тоҷик Абурайҳон Берунӣ дар омўзиши топонимика ва топографияи Осиёи Миёна саҳми калон гузоштааст. Ин аст, ки то имрўз китобҳои ў дастури рўимизии мутахассисон гаштааст.

ТАҚВИМ ВА ТАВСИФИ МОҲУ РӮЗҲОИ СУҒДИЁН

ДАР ОСОРИ АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ

Содиқов Сомон Раҳмиқулович – магистранти соли аввали факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Дар асари олими бузурги асри ХI - Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул- бақия» фасле ҳаст, ки дар он ҷашни моҳҳои суғдиҳо тавсиф ёфтааст. Рӯзи бисту ҳаштуми моҳи аввал «зардуштиёни Бухороро идест, ки «Ромиши оғом» меноманд. Ва дар он ид дар оташкадае, ки наздики қаряи Ромиш аст, ҷамъ мешаванд. Ва ин оғомҳо назди онон азизтарини идҳост. Ва дар ҳар деҳе, ки бошанд, назди раиси худ барои хӯрдану ошомидан ҷамъ мешаванд. Ва ин ид барои эшон дар чандин навбат аст». Ин иди Соли нав аст, ки бо тасаввуроти роҷеъ ба табиати миранда ва аз нав зиндашаванда алоқа дорад. Дар яке аз моҳҳои суғдиён расми рӯзадорӣ низ мавҷуд аст.

Онҳо «дар ин рӯз таому шаробро тарк мекунанд ва аз он чӣ бо оташ пухта шавад, парҳез менамоянд. Ва хамиру меваю набот мехӯранд». Рӯзи дувуми моҳи дигар онҳо «дар оташкадаҳо ҷамъ мешаванд ва чизеро, ки аз орди арзан ва равғану шакар пухтаанд, дар он ҷо мехӯранд». Ва ниҳоят расме ҳаст, ки соле як бор «аҳли Суғд бар мурдагони пешини худ гиря мекунанду бар онҳо навҳа мезананд ва рӯйҳои худро мехарошанду барои мурдагон таому шароб мебаранд» (1, 258). Ҳамчунин расм дар байни Хоразмиён ва форсҳо низ мавҷуд буд. Аз ривоятҳое, ки дар бораи ин халқҳо карда мешаванд, баъзе ҷиҳатҳои тозае аён мегардад, аз ҷумла ин аст, ки онҳо «дар рӯзҳои фарвардгон барои арвоҳи мурдагон дар гӯристонҳо ғизо мегузоранд».

Дар Суғд номҳои ҳафта ҷолиби диққат аст, ки ба худоҳои авестоӣ бахшида шудаанд.

Миҳр замон – рӯзи худои Офтоб – Митра – якшанбе;

Моҳ замон – рӯзи Моҳ – душанбе

Варахна замон – рӯзи Миррих – сешанбе

Тир замон – рӯзи Уторид – чоршанбе

Ҳурмуз замон – рӯзи Муштарӣ – панҷшабе

Аноҳид замон – рӯзи Зӯҳра – ҷумъа

Кайвон замон – рӯзи Зӯҳал – шанбе

Дар яке аз сарчашмаҳои хитоии асри VIII оид ба ҳафтаҳои ҳафтрӯзаи суғди иттилоъи муҳиме ҳаст: ― ҳафт ҷирм – ин Офтоб Моҳ ва панҷ сайёрае ҳастанд, ки одамонро роҳнамоӣ мекунанд (4, 278). Дин шуури одами термиёнагиро печонида гирифта ба ҳама соҳаҳои ҳаёти халқ таъсири хешро гузошта буд. Масъалаи дину ойини суғдиён то ҳол ҳаллу фасл нашудааст. Зоҳиран дар қуруни VII-VIII суғдиён дини ягона надоштанд. Онҳо дар зери таъсири системаҳои гуногуни динӣ, ки дар Осиё роиҷ буда ба ақоиди халқии аз кӯҳандзамон дар Осиёи Миёна вуҷуд дошта зам шудаанд, монда буданд.

Дар миёни дастхатҳои суғдӣ як нусха тақвими солшуморӣ мавҷуд аст, ки он дороӣ аҳамияти бузурги таърихӣ мебошад. Ин тақвим ба тақвими суғдие, ки яке аз олимони барҷастаи асри X—XI тоҷик Абурайҳон Берунӣ тартиб додааст, мувофиқат менамояд. Ин тақвим дар асоси солшумории офтобӣ сохта шудааст. Сол аз рӯи он аз 12 моҳу панҷ рӯз ва ҳар як моҳ аз 30 рӯз иборат аст. Моҳ ба ҳафтаҳо ва ҳафта ба рӯзҳо тақсим мешаванд.

Мувофиқи маълумоти ин тақвим ҳар як моҳ ва ҳамаи сӣ рӯзи моҳ ба худ номҳои хос доранд. Мувофиқи ин тақвим сол аз 12 моҳи 30 рузӣ - 360 рӯз иборат мешавад, аммо суғдиён охири сол боз панҷ рӯзи махсус доштанд, ки ба ин 12 моҳ зам шуда солро ба 365 мерасониданд. Тақвиме ки аз Абаргар ёфт шуда аст, аз тақвими Абурайҳон Берунй каме фарқ дорад, махсусан охири калимаҳо. Шояд ин тағйиротҳо ба лаҳҷаҳои гуногуни забони суғдӣ вобаста бошанд. Забони суғдӣ на танҳо аз они суғдиён, балки забони мардумони Истаравшан, Чочканд, Хуҷанд, Фарғона ва дигар минтақаҳои атроф буд. Забони суғдӣ яке аз забонҳои калонтарини Осиёи Миёна то истилои арабҳо ба шумор мерафт ва бешубҳа вилоятҳои ҷудогонаи суғдзабон лаҳҷаи хоси худро доштанд.

Як чизи дигарро қайд кардан лозим аст, ки тақвими Абаргар ба аввали асри VIII ва тақвими Абурайҳон Берунӣ бошад, ба асрҳои X—XI тааллуқ дорад. Мумкин аст, ки аз асрҳои VIII то X—XI забони суғдӣ адабитар ва суфтатар шуда буд. Чи тавре ки сарчашмаҳои таърихӣ хабар медиҳанд, дар асрҳои X—XI мардумони Суғд бо ду забон — тоҷикӣ ва суғдӣ гуфтугӯ менамуданд. Абурайҳон Берунӣ тақвими худро аз рӯи урфу одати суғдҳои замони худ тартиб додааст. Ҳоло мо тақвими моҳҳои форсӣ-тоҷикиро дар сутуни аввал, аз Абаргар ёфтаро дар дуюм ва аз Абурайҳон Беруниро дар сеюм меорем. Умедвор ҳастем, ки ин тақвимҳо барои дӯстдорони таърихи гузаштаи тоҷик хеле шавқовар ва аҷоиб мебошанд.

Исфандаромуз Бағаканич Мажихандо Масвоғич Жимтич Хушумич Хушум Чи тавре ки дар боло овардем, фарқ дар байни моҳҳои суғдии аз ҳуҷҷати Абаргар ёфтшуда ва тақвими Абурайҳон Берунӣ дар решаи калимаҳо набуда, фақат дар охири онҳо мебошад. Аксарияти моҳҳои аз тақвими Абаргар дарёбшуда, бо пасванди ич тамом мешаванд. Дар тақвими Абурайҳон Берунӣ бошад, баъзан ба ҷои ҳарфи ч харфи ҷ навишта шудааст. Фақат номи моҳи нуҳуми тақвими Абаргар аз Абурайҳон Берунӣ фарқ мекунад. Дар байни тақвими форсӣ-тоҷикӣ бо cyғдӣ фарқи калон мебошад, махсусан дар байни номи моҳҳо. Рӯзҳои тақвими суғдь бо эронӣ хеле наздик мебошанд. Рӯзҳои ҳаштум, понздаҳум ва бисту сеюм чӣ дар эронӣ ва чӣ дар суғдӣ якхел аст, аммо номҳои дигар моҳҳо аз якдигар фарқ менамоянд. Бояд гуфт, ки агарчи номи рӯзҳои тақвими форсӣ-тоҷикӣ аз суғдӣ фарқ кунанд, аз ҷиҳати маъно ва мазмун онҳо ба ҳам хеле наздик мебошанд. Аксарияти рӯзҳо дар ҳарду тақвим ба бузургони дини зардуштии эроннажод бахшида шудаанд. Баъзе тағйиротҳои забонӣ ва маъногӣ шояд дар натиҷаи рӯбардоркунии котибон ба вуҷуд омадааст.

Аз рӯи тақвими Абаргар маълум мешавад, ки суғдиҳо ба ғайр аз номҳои аслии рӯзҳо боз ҳамроҳи онҳо калимаи рӯзро, ки бо суғдӣ роч аст, истифода мекардаанд. Масалан рӯзи аввали моҳ Ҳурмуз ном дорад, аммо суғдиҳо ӯро Ҳурмузроч мегуфтанд. Дар тақвими Абурайҳон Берунӣ он Ҳурмажд оварда шудааст, бе роч. Азбаски тақвим аз офатҳои табиат зарари зиёд дида аст, як қисми номҳои рӯзҳо ва ҳафтаҳоро баркарор кардан мумкин нашуд.

Ҳоло мо рӯзҳои тақвими форсӣ-тоҷикиро бо суғдӣ меорем. Бисёри онҳо аз рӯи тақвими Абурайҳон Берунӣ оварда мешаванд. Дар сутуни рӯзҳои якум — форсӣ-тоҷикӣ дар дуюм — суғдӣ оварда мешаванд.

Рӯзҳои форсӣ - тоҷикӣ Рӯзҳои суғдиён Охрумаздо Хурмажд (Хурмуз) ба номи худоӣ дини зардуштӣ Оҳурамаздо бахшида шудааст.

Баҳман Чахиз (бо номи худоӣ андешаҳои нек) Урдубиҳишт Урдухвашт (барои одилӣ ва накухоҳӣ).

Шаҳривор Хастишур (номи худоӣ қадими эроннажод) Исфандаромуз Сипандаромуз (фурутанӣ, оромӣ, ҳалимии бузургро ифода мекунад) Мурдоз Мурдад (номи худост) Хурдоз Радод (номи худост) Дей Даст (як номи худой Оҳурамаздо) Озар (оташ) Ончин (маънояш номаълум).

Обон Отас (об) Хур Хур (офтоб) Моҳ Моҳ (моҳтоб) Сирус Тиш (сайёра) Гуш Ғуш (офарандаи гов, барзагов) Меҳргон Махш (сайёраи Миррих) Саруш Соруш (номи яке аз фариштагони дини зардуштӣ аст, ба монанди Ҷабраил хабарбару хабарбиёр).

Рашан Рашан (номи худоӣ адолату инсоф аст) Фарвардин Фарвоз (рӯзи аввали баҳор) Баҳром Вахшрар (Худоӣ ғалаба) Ром Роман (барои худое, ки дунёи сабзу хураму сералафро офаридааст).

Боз Воз (барои шамол, бод бахшида шуда буд).

Дей Даст Дин Дин (ба номи дин, оин, мазҳаб бахшида шудааст).

Орд Орзах (номи худоӣ некиро ифода мекунад).

Оштоз Оштоз (ба номи худоӣ некӣ ва ростӣ бахшида шудааст).

Осмин Осмон.

Зомёз Зомед (руҳи замин).

Морасфанд Мошасбанд (барои бузургии калом, калима).

Онирон Нарра (барои рӯшноии беибтидо)

Панҷ рӯзи охири солро бо забони суғдӣ панҷӣ мегуфтанд, ки ба моҳи охири сол зам карда мешуданд. Аз рӯи тақвими Абурайҳон Берунӣ ин рӯзҳо Харсат, Нахандан, Рахшач, Ванозан ва Ордумис ном доштанд.

Дар як рӯи тақвими Абаргар як қисми солшумории моҳтобӣ низ боқӣ мондааст. Дар асоси гардиши моҳ ситора ва сайёраҳо тартиб дода шуда, ҳар як рӯз номи як ситора ва ё сайёраро дорад. Баъзе рӯзҳои моҳтобии тақвими Абаргар аз тақвими моҳтобии Абурайҳон Берунӣ фарқ мекунанд. Тақвими офтобӣ ва моҳтобии аз харобаи Абаргар ёфташуда нишон медиҳад, ки гузаштагони тоҷикон: суғдиҳо, хоразмиҳо, бохтариҳо ва дигарҳо аз қадимулайём ба киштукор машғул буда, рӯз, ҳафта, моҳ ва солро дақиқ ба ҳисоб мегирифтанд. Ин тақвимҳо аз тараққиёту таърихи дуру дарози илми нуҷуми халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тариқ, сатҳи фарҳангии суғдиён назар ба замони худ хеле баланд буд. Суғдҳо аз дастовардҳои муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ бархурдор буданд, ки ин ҳам ба хусусиятҳои ба худ хоси тамаддуни онҳо бетаъсир намонда буд.

пешина
аз 35