Зеҳн
АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – АЛЛОМАИ МАШРИҚЗАМИН

Маводи конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 1050 солагии Абурайҳони Берунӣ

Ахбор · 15 ноябри 2024 · 35 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЗАМОНИ ТАЪРИХӢ ВА ИНЪИКОСИ ТАБАҚАБАНДИИ

МАРДУМИ ФОРСУ ТОҶИК ВА МАРДУМИ ҲИНДУСТОН ДАР

КИТОБИ “АЛ-ҲИНД”-И АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ

Ҳоҷибеков Э.Ҳ. - доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи академик М.Назаршоев

Абурайҳон Берунӣ дар замони хеле пурошӯб умр ба сар бурда буданд. Он кас дар замони инқирози хонадони Сомониён (874-999), кашмакашиҳои феодалӣ, тохтутози тороҷгарони Қарахонӣ ва Ғазнавиёнро ки боиси нооромии сиёсӣ гардида буданд шахсан аз сар гузаронида буданд. Амири Урганҷ Маъмун соли 995 ба Хоразм ҳуҷум карда, беху буни хонадони Африғиёнро дар он ҷо барканд.

Ин воқеа дар ҳаёти сиёсӣ ва илмӣ-эҷодии Берунӣ тағъироти ҷиддиро ба амал овард.Зеро Берунӣ то ин дам на танҳо чун олим, балки чун сиёсатмадор низ ном бароварда буд.Аз чунин ранг гирифтани кору бор Берунӣ ба куллӣ маъюсу ноумед шуда, зодгоҳу ватанашро аз ин сабаб тарк намуданд.Ин ҷавони 22 сола овозаи хонадони Зиёриёнро (928-1042) шунавида, дар соли 995 роҳи мусофиратро пеш гирифт.Вай аз ин сабаб ба шаҳрҳои Рай, Гургон, Ҳамадон ва Исфаҳон афтида монд. Воқеаи бузурги ин давраи ҳаёти Берунӣ шиносоӣ бо донишмандони бузурги тоҷики он давра Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ва мукотибаи Берунӣ бо Абӯалӣ ибни Сино мебошад.А.Берунӣ Абӯмаҳмуди Хуҷандиро ―нодираи аём номида буд. Зеро Абӯмаҳмуд аз ҷумлаи олимони барҷасти соҳаи математика ва астрономияи давраи асрҳои миёна буданд. Абӯмаҳмуд аввалин шуда, проблемаи машҳури математикӣ бо номи Фермаро ба миён гузошта, исботи теоремаи синусҳо ва теоремаи синусҳо барои секунҷаҳои сферавӣ низ ба ӯ тааллуқ доштанд. Инчунин ӯ асбоби нодири астрономӣ - сектант (судс)-ро ихтироъ карда буд. Дар кӯҳи Таборак расадхона барпо карда, он сектантро дар он ҷо барқарор карда, тавассути он мушоҳидаҳои астрономӣ мекарданд.

Кашфиёти илмии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ диққати А.Берунии ҷавонро ба худ ҷалб карда монд. Зери таъсири ин мулоқоти Абӯмаҳмуд, Берунии ҷавон астрономия ва математикаро машғулияти асосии худ интихоб карданд.Асари аввалини илмии Берунӣ дар он замон ―Сектанти фахрӣ ном дошта, аз рӯи он секстанти расадхонаи Улуғбекро дар оянда муайян карданд.Маълум шуд, ки ―Секстант-и Улуғбек аз рӯи сектанти Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ сохта шудааст.

А.Берунӣ баъди 15-соли ҳаёти дар ба дарӣ, ниҳоят дар соли 1010 ба Хоразм баргашта, ба хидмати Абулаббос Маъмуни II бинни Маъмун (997-1017) ба шаҳри Урганҷ даъват карда мешавад. Дар ин ҷо вай бо олимони давр - Абӯсаҳли Масеҳӣ, Абӯнаср Мансур бинни Ироқӣ, Абӯ Алӣ ибни Сино ва ғ. ба фаъолияти илмӣ машғул мешавад.

Аммо ин қисмати ҳаёти А.Берунӣ дер давом накард, зеро Султон Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1018 Хоразмро гирифта, Берунӣ низ дар баробари дигар асирон чун асир ба дасти ӯ меафтад.

Донишманди закӣ дар тамоми даври ҳукмронии ин шоҳи қотил ҳаёти ғуломона доштанд.Танҳо баъди вафоти ӯ ва дар замони салтанати писараш Султон Масъуд (с-ҳои ҳукм.1030-1041), ки вай то андозае хилофи падараш буд, ҳоли Берунӣ беҳтар мешавад.

Берунӣ то поёни умр (соли фавт 1048) дар хидмати ин хонадон монда буд.

―Китоби фи-таҳқиқи мо-ли-л-Ҳинд ё ―Ал-Ҳинд-и А.Берунӣ маҳсули сафари шахсии А. Берунӣ ба кишвари Ҳинд мебошад, ки муаллиф аз болои он 17 сол (аз соли 1017-1030) кор карда буданд. Аз боби XXXI асар маълум мешавад, ки Берунӣ ҳавзаи дарёи Кобул, инчунин Панҷобу Мултонро тадқиқ кардааст.

Инчунин олимон тахмин мекунанд, ки Берунӣ чун ситорашинос ҳамроҳи Султон Маҳмуд ӯро дар походҳои ғоратгаронаи вай ба Ҳиндустон ҳамроҳӣ кардааст ва аз ин сабаб илова бар сафари номбурдаи вай ба Ҳинд ба тадқиқи Ҳиндустон фурсати бештар ёфтааст.

Дар ин асар таърихи маданияти халқи Ҳинд, урфу одат, кешу оин, афсонаҳо, обзори умумии ҷуғрофӣ, илму фалсафаи мардуми Ҳиндустон аз тарафи А. Берунӣ шарҳ дода шудааст.Ин асар дар илми ҳиндушиносӣ бо худ ҳамто надорад.Зеро он дар асоси мушоҳида ва истифода аз сарчашмаҳои бо эътимоди ҳиндӣ ба забони санскрит навишта шудааст.

А.Берунӣ дар асари ―Ал-Ҳинд аввал мухтасаран тарзи табақабандии мардуми оламро шарҳ дода, ин тавр навишта буд:

―Подшоҳони қадим одамонро ба табақаҳо ҷудо карданд.Табақаҳо одатан аз рӯи кор, машғулият ҷудо шуда, шахсони табақабандӣ шуда агар аз як табақа ба табақаи дигар мегузаштанд, пас онҳоро сахт ҷазо медоданд.

Берунӣ оиди таърихи пайдоиши табақабандӣ дар байни мардуми форсу тоҷик чунин менависад, ки аз як табақа ба табақаи дигар гузаштан на бо хизмат ва ҳатто бо пора додан ҳам ҳеҷ мумкин набуд.Чунончӣ, Ардашери Бобакон вақти барқарор намудани давлати форсҳо табақабандии мардумро ин тавр барқарор карда буданд:

1.Аскарони савора ва фарзандони шоҳон;

2.Рӯҳониёни оташпараст;

3.Табибон, ситорашиносон ва ғ;

4.Заминдорон ва ҳунармандон

А.Берунӣ баъди ин ба тасвири табақабандии мардуми Ҳинд гузашта, аз ҷумла менависад: ―Ҳиндуҳо кастаҳои худро варнам– яъне рангҳо меномиданд.Пайдоиши онҳоро ҳиндувон “ҷатакҳо” –яъне таваллуд меноманд. Ин кастаҳо асосан чорто мебошанд.

Дар тасвири А.Берунӣ кастаҳои маруми Ҳиндустон ин тавр таҳлил шудаанд: - Аз ҳама кастаи олӣ – брахманҳо ном дошта, ҳиндуҳо мегӯянд, ки онҳо аз сари Брахма сохта шудаанд. Аз ин сабаб онҳо беҳтарин авлод ва беҳтарин одамон дар Ҳиндустон ҳисоб карда мешаванд.

Кастаи поёнтар кшатриҳо буда, тибқи боварии Ҳиндуҳо онҳо аз китф ва дасти Брахма сохта шуданд. Дараҷаи онҳо аз брахманҳо чандон дур нест. Аз онҳо поёнтар бошад вайшҳо меистоданд ва тибқи гуфтаи мардумони Ҳиндустон онҳо аз рони Брахма сохта шуданд.

Кастаи дигар шудраҳо ном дошта, онҳо аз пои Брахма сохта шуданд. Ин ду кастаи поёнӣ бо ҳам хеле наздиканд. Гарчӣ дар байни онҳо фарқият бошад, вале онҳо дар шаҳру деҳоти Ҳинд бо ҳам омехта зиндагонӣ мекарданд, вале ҳар кас дар ҳавлиҳои алоҳидаву аз ҳам дур зиндагонӣ мекарданд.

Аз инҳо поёнтар касбҳое меоянд, ки онҳо ба ягон каста дохил намешуданд ва онҳо одамонро танҳо аз рӯи касбу ҳунар муттаҳид карда, онҳоро антяҷам меномиданд. Вобаста ба ҳар ихтисос онҳо ба 8 категорияи дигар ҷудо мешуданд.Номгӯи онҳоро А.Берунӣ дар асари хеш ин тавр овардааст: рангуборчиён, мӯзадӯзон, сабадбофон, киштисозон, моҳигирон, шикорчиён ва бофандагон.

Кастаҳои хадя, домба, чандала ва бадхатава ба иҷрои корҳои беътино: -тоза кардани деҳа ё ягон кори дигар чун ба хизматгорӣ машғул мешуданд.Ҳамаи инҳо як кастаро ташкил мекарданд. Ба гуфти А.Берунӣ ―нақл мекунанд, ки таърихи пайдоиши онҳо ин тавр будааст, ки падари ҳамаи онҳо дар оғози ин каста шудра ва кастаи модарашон бошад брахман будааст.Аз ин сабаб онҳо аз ҷониби кастаҳои дигар рад карда шуда, онҳоро барои вайрон сохтани одати қадима кастаи пасттарин ҳисоб мекарданд.

Илова бар ин аз намояндаи ҳар каста одамон одатан дорои лақабҳои махсус вобаста ба корҳои дар хона анҷом дода ҳам дар худ доштанд.Чунончӣ брахмане, ки доим як оташ дар хонаашон дар мегиронид, ӯро бо забони ҳиндӣ иштан, агар се оташ дар мегиронид ӯро агнихотрин ва агар барои оташ дар вақти дар гиронидани он ягон қурбониеро анҷом медиҳад, пас ӯро дикшита меномиданд.

Илова бар ин тибқи маълумоти Берунӣ дар Ҳиндустон боз кастаҳои аз ин ҳам пасттар ду адади дигар низ вуҷуд доштанд, ки онҳо барои анҷом додани қатл ва ё куштор махсус тарбия карда мешуданд.Кастаи аз ҳама бадтарин-бадхатава ном дошта, онҳо ҳатто гӯшти сагро ҳам истеъмол мекарданд.

Кастаҳо тибқи мушоҳидаи А.Берунӣ вақти хӯрокхӯрӣ низ дар паҳлӯи якдигар наистода, аз ҳам дур меистоданд. Онҳо вақти хӯрдани хӯроки умумӣ ҳатто дар муқобили кастаи дигар истодан ҳам ҳуқуқ надоштанд.Дар ин маврид онҳо аз ҳамдигар дур менишастанду хӯрок ҳам бар ҳар каста алоҳида дода мешуд.

Аз таҳлили ин қисмати асар дида мешавад, ки бо такя ба асарҳои Ҳиндологҳои дунё, аз ҷумла олимони собиқ Шӯравӣ , дида мешавад, ки аз назари А.Берунӣ кастаи дигари пастарини Ҳиндуҳо бо номи махавҳо инъикоси худро дар асари номбурда наёфтааст.Агар ба ин кастаи аз ҳама пасттарин касе аз кастаҳои дигар муносибат он тараф истад, агар даст медоду вохӯрӣ мекард, пас дар он сурат он кас низ минбаъд махав номида мешуд.Махавҳо дар Ҳиндустон ба иҷрои корҳои ифлос чун ҳайвоноти ҳаром мурдаро аз деҳа берун кашида мебароварданд.

Аз ин сабаб мардуми кастаҳои дигари кишвари Ҳинд дар сурати пайдо шудани онҳо дар кӯча бо ҳазар аз онҳо худро дур мегирифтанд.Ин амал нуқсони асосии ин қисмати асари номбурдаи А.Беруниро дар бар мегирад.

Сарфи назар аз ин нуқсон, ки он хоси ҳар як асари илмӣ ҳаст дар дигар соҳаҳо ―Китоби фи-таҳқиқи мо-л-и-л-Ҳинд-и А.Берунӣ дар илми ҳиндушиносӣ бо худ то имрӯз низ ҳамто надорад.Зеро он дар асоси мушоҳида ва истифода аз сарчашмаҳои гуногуни боэътимоди ҳиндии ба забони санскрит навишта шуда, аз ҷониби А.Берунӣ дар илова бо мушоҳидаҳои шахсии он кас истифода шудааст.

Ба назари мо А.Берунӣ дар он солҳои ҷангҳои ғоратгаронаи Маҳмуди Ғазнавӣ ба Ҳиндустон, ки фанатизми динӣ ва душмании халқҳоро нисбати ҳамдигар ба бор оварда буд, барои барқарор намудани якдигарфаҳмӣ ва аз ҷиҳати маданӣ бо ҳамдигар наздик намудани халқҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустон тавассути ин асари хеш хидмати шоистаеро анҷом доданд.

пешина
аз 35
навбатӣ