НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.
Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа
Дил
Ман омадам, ба аҳли назар рози дил кунам,
Шиква зи ҳаҷри талхи табаҳсози дил кунам.
Андар ғарибхонаи бемеҳру бенишот
Як лаҳза аз фусуни фараҳ нози дил кунам.
Дар мезанад ба ҳар нафас аз ғояти умед,
К-оям зи хона, дар зи дарун бози дил кунам.
Узраш ниҳам ба тахти муҳаббат нишонамаш,
Сад ҷоми сидқ ораму мумтози дил кунам.
Чун хӯ накард аз раҳи созиш ба макри даҳр,
Арзад ба ваҷҳи аҷр, ки эъзози дил кунам.
Ҳар зарраи вуҷуд кунад зикри лоязол,
Ман зикри ёри хеш ба алфози дил кунам.
Тасбеҳи пошхӯрдаи истораҳои арш
Бар силки ашк чинаму пардози дил кунам.
Ин захми гунг арзи шикоят ҳамекунад,
Ку гӯши ғамниюш, ки овози дил кунам?!
Миллати ман Башар аст,
Ватани ман Дунёст.
Дини ман Виҷдон аст,
Боқӣ, эй ҷон, руъёст.
Ишқ маъбуди ман аст,
Қиблагоҳам дили туст.
Дар забон ояи меҳр,
Сар ба по восили Дӯст.
Нузҳати чашми ту аст
Ҷилваи сабзи биҳишт.
Эй ба парвози баланд
Рафта бе дайру куништ.
Шабу бас роҳи дароз,
Дилбаре, роҳбаре.
Аз таассуб нарасид
Ҳеч пое ба даре.
Марзҳоро магузор
Садди дилҳои сапед.
Мон, зи уфқи тавҳид
Бардамад субҳи умед.
Миллати ман Башар аст,
Ватани ман Дунёст.
Дини ман Виҷдон аст,
Боқӣ, эй ҷон, руъёст.
Боз оҳи ману ин хонаи вайронаи ман,
Ку ҳисоре, ки кунад такя ба он шонаи ман?
Рӯи оинаи чашмони ҷаҳон парда кашед,
То ҳақиқат нашамад ишқ аз афсонаи ман.
Хандаи гул набарад хавфи дилам аз хораш,
Инчунин аст азизи ману ҷононаи ман.
Хатти маргам ба гаронҷониву муҳраш нигарон,
Лутф бинмо, ҳама яъс аст ба паймонаи ман.
Миннати дӯст агар кушт маро, ҷони азиз,
Кай раҳонӣ қадами хаста зи завлонаи ман?
Ин ҷаҳоне, ки сазовор ба душман бошад,
Тарк хоҳам, ки шавад боиси шукронаи ман.
Фасли падруди гул аст,
Фасли танҳоии боғ.
Фасли гирйидани абр,
Фасли нолидани бод.
Ман саропо оҳам,
Ман саропо фарёд!
Ҷои ҳар ғунча дареғ
Гули сад доғ шукуфт.
Ку ба шарёнам хун,
Завқу нерӯи шабоб?
Ях бибаст, эй хуршед,
Дар тани ман ҳама об!
Мурғаконам пайи ризқ,
Вои ман, дар ба даранд.
Дасти ман мепарвард,
Дасти ту мезад санг.
Оҳ, эй фасли сукут,
Пур будам аз оҳанг!
Сари ҳар шохаи сабз,
Ку дигар нағмаву соз?
Фасли боридани абр,
Фасли нолидани бод.
Ман саропо оҳам,
Ман саропо фарёд!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё