Зеҳн
НОҲИД ФОЗИЛ ТАСБЕҲ

“Тасбеҳ” маҷмӯаи нави ашъори шоираи хушзавқ Ноҳиди Фозил аст, ки сурудаҳои навашро дар бар гирифтааст. Хонанда тавассути он бо ҷаҳони андешаву тахайюли муаллиф, ки зебову дилнишинанд, ошно хоҳад шуд.

Валиев Султон · 20 ноябри 2024 · 15 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй ки чуз лаззати як лаҳза нигаҳ нагморӣ,

Роҳ бинмой, ки ёбам хабар аз бедорӣ.

Ишқ омад, ба қимори ҳавас аз даст бирафт,

Айби мо чист, агар шарти вафо нагзорӣ?

Дили моро задаӣ таъна ба кӯрӣ, ки надид

Хоҳиши коми туро як шаби меҳмондорӣ.

Ман зи дарёи лабе хӯрда басе оби ҳаёт,

Ҳақ надорам бихурам ҷуръа зи ҳар ҷӯборе.

Сидқи дил равшании дидаи сабзи ишқ аст,

Метавон фалсафаҳоро ба яқин биспорӣ.

Чӣ шабу рӯз дар ин қисса ба сар рафту дареғ,

Хатми оғози варо менатавон бигзорӣ.

Дар бозии ишқ сар фуровард ба зер

Ин дил, дили беҳавсалаву бетадбир.

Дасти мадад аз ҷавонияш чун хоҳам,

Бо ӯ чӣ кунам, ки дар ҷавонӣ шуд пир.

Эй абр, ба дашти хушку беҳосили бахт,

Аз ашки ману гиряи ту суде нест.

Аз дасти риёзати тааб дар раҳи бод

Бунёдгарӣ ба фикри мавҷуде нест.

Ман дасти дуо ба вусъати як даштам,

То рӯзи ҷазо ба рӯи олам накашам.

Гар лутфи Худо иҷобатам фармояд,

Бар ҳикмати худ раҳо кунад аз аташам.

Шарт аст, ки боварам ба созиш ояд,

Бо фикри ба такрор таваллуд гаштан.

Дар зинаи фаҳмише, ки бар марг афтам,

Он ҷо ба ҳаёт сар бибардорам ман.

Ин роҳ, ки дӯш сабқати қисмат буд,

Дар ҷисми дигар музаффараш паймоям.

Ишқе, ки ба иштибоҳ дар ман ҷон дод,

Бар ҳифзи абад муваззафаш фармоям.

Ман з-оташу боду обу хокам,

Андеша набошад аз ҳалокам,

Дар хумми дили ҷаҳони мозӣ

Бо ҷӯши нуҳуфта хуни токам.

Эй фалсафаи ту марги дилҳо,

Дар риштаи зиндагӣ чигилҳо.

Дил ёбу абас дари муҳаббат

Ангушт мазан ба зуҳду чилҳо.

Дар тавсани оташи висолаш,

Ҷуз сӯхтанам маро ҳавас нест.

Бе чашмаи чашми сабзгунаш,

Чун ман зи аташ фасурда кас нест.

Чун мӯр ба пои кӯҳи ишқаш

Густох нишастаам ба даъво.

Ё кӯҳ ба зарраам фазояд,

Ё худ гирам ба кӯҳ маъво.

Фонуси маҳ аст иштиёқаш,

Дар тирараҳи шаку тааққул.

Ҳар субҳ ки медамад зи чашмам,

Бо пайки абад кунад таҷаммул.

Ман з-оташу боду обу хокам,

Андеша набошад аз ҳалокам.

Дар хумми дили ҷаҳони мозӣ

Бо ҷӯши нуҳуфта хуни токам.

Иҷтимоъ омаду кушт ишқи ману ишқи ҳама,

Бовару дурнамои ману фардои ҳама.

Ҳама аз баҳри наҷоти сари худ мекӯшанд,

Ҳама бар бахти бади мову ту чашм мепӯшанд.

Ҳеч кас бар ғами имону ғами инсон нест,

Зӯрашон омадааст, ҷони ман, ин осон нест.

Хилъати одамӣ аз ҷаври замон пора шудаст,

Пора аз баҳри наҷоти дили кас чора шудаст.

Лошахорон ки агар зинда наёбанд туро,

Мурда бошӣ ҳам, аз ин роҳ бикобанд туро.

Бингар ин пода, ки аз Нил гузар мехоҳад,

Донӣ оё, ки туро хавфи хатар мекоҳад?

Ҳама по бар сари аҷсоди ману ту биниҳанд,

Ҳама бар хислати номардии худ арҷ диҳанд.

Мо ки роҳи ватани хешу Худо гум кардем,

Ҳам дар ин бодия бас қофилаҳо гум кардем.

Ҳама донанд, ки ин хок ба мо нест ватан,

Дар ватан аз чӣ сабаб нест касе ҳамдилу тан?

Кӯч бандем, биё, фикр бикун, фикри сафар,

Бозгардему ба ҳар манзили дил кӯфта дар.

Зи куноми баду дад дур бисозем ватан,

Ҳамдилу тан бишавем, ҳамдилу тан, ҳамдилу тан!

пешина
аз 15
навбатӣ