Зеҳн
Қиссаи “Имон”

Қиссаи “Имон”-и Матлуба Ёрмирзо, ки аввалин маротиба дар маҷаллаи “Садои Шарқ”№3 соли 2008 чоп шудааст, аз тарафи Азимов Мирзоалӣ моҳи июли соли 2024 ба шакли китоби электронӣ баргардонида шуд.

зеҳни сунъӣ · 21 ноябри 2024 · 16 саҳифа

Қисса

Имшаб хоб дидам. Хобе, ки андешаҳоямро тагурӯ карду водорам сохт, то андешаҳои зангхӯрдаамро ҷилои тоза бидиҳам. Море, ки рӯйи замин мехазид, тухме дар лонаи парранда бидид ва ба якборагӣ фурӯ бурд. Тухм дар шиками мор буду ман зери дарахти азим дар ҳавои хониши паррандаҳо арғушт мерафтам. Паррандаҳо оҳанге замзама мекарданд ва баргҳои шохаҳои дарахт ҳам навои шодӣ бар мусиқӣ зам мекард. Ҳай арғушт мерафтам. Дар зеҳнам манзарае ҷилва дорад, ки маро ҳамеша думболагир аст. Сонияе пас ман ҳам тухм шудам. Мор маро фурӯ набурд. Мор давра гирифту дар оғӯшаш паноҳам дод, вале тухм кафид, зеро борон борид, борон нею жола борид ва тухм дигарбора гӯиё шакл иваз кард. Тухм чашмҳои ман буд.

Бедор шудам. Худоё, чӣ қадар шаби гирифтаю тирае буд. Ҳузне, ки дар дилам пайдо шуда буду ашкрезон хобам бурдааст, ҳамоно мисоли сояи хира таъқибам мекард. Аммо намедонам барои чӣ мегирям.

Ҷарира ба ҳавлии Хусрав омад ва аввалин касе, ки дид, Хусрав буд. Худро ба оғӯши Хусрав ҳаво доду бо овози баланд гирист.

– Акоҷон, Нӯшин дигар нест, дугонаҳои наздик будем. Акнун бо кӣ дугонагӣ мекунам, чаро Нӯшин рафт? Наход шумо гузоштед, ки вай равад.

Хусрав Ҷарираро оғӯш карду бо овози гирифта гуфт:

– Тоқат кун, бачам. Тоқат...

– Акоҷон, боварам намеояд, ки Нӯшин дигар нест.

– Ҷарира, Нӯшинро рафта бин. Бори охир бин. Рав, бачам.

Ҷарира ба хонаи дарун даромаду Нӯшинро дид, ки бепарво, табассум дар кунҷи лаб «хоб» буд.

Худашро болои ҷасади Нӯшин партофту бо овози баланд гиря кард.

– Войи Нӯшинам. Маро танҳо партофта куҷо рафтӣ. Охир, ту зеби мурдан надоштӣ? Дилат ба ман насӯхт. Илтимос, чашмонатро кушо, кушо, ба дидорат ба хонаат омадаму «биё» намегӯйӣ...

Ҷарира мурдаи Нӯшинро оғӯш мекарду мегирист. Фарёд мекарду менолид.

– Войи Нӯшини ман. Маро ҳам ҳамроҳаш баред...

Мурдаи Нӯшинро шустанӣ буданд, аммо Ҷарира дугонаашро раҳо кардан намехост. Духтарро аз болои мурда кашола карданд, аммо вай маҳкам часпида буд ба Нӯшин.

– Намемонам, сар диҳед маро, - фарёд мезад духтар.

Хусрав бо ёрии Шаҳриёр базӯр Ҷарираро аз сари мурда кашола карданд. Ба берун бароварданд.

– Худатро ба даст гир, бачам, - гуфт Хусрав.

Ҷарира Хусравро оғӯш кард.

– Акоҷон, Нӯшин зеби мурдан надошт. Вай ҷавон буд. Намонед, ки ӯро баранд.

Сарбанди сиёҳи Ҷарира аз сараш фаромад. Хусрав сари Ҷарираро сила карду сарбандашро аз нав пӯшонд. Вақте Хусрав Ҷарираро оғӯш карда сарбандашро соз мекард, аз ин рафтораш якбора хории Ҷарира омад. Одами зиндаро дар кӯчактарин лаҳза паноҳ медиҳанд, ҳатто сарбандашро соз мекунанд, аммо дӯсти ғӯрамаргашро кӣ паноҳ медиҳад, худоё!

Ҷарира гирён-гирён болои хараке, ки дар рӯйи ҳавлӣ буд, нишаст. Модараш ба назди духтараш омаду ӯро оғӯш кард.

– Модар, ман равам айб мешавад?

– Чаро меравӣ?

– Ман дигар таҳаммул карда наметавонам. Ин ҷо ба ман зӯрӣ карда истодааст.

– Агар ҳозир равӣ айб мешавад, бачам. Камтар тоқат кун, мурдаро баранд, меравӣ.

Баъди марги Нӯшин Ҷарира тамоман тағйир ёфт. Духтар ҳамеша хомӯш буду мегирист. Чашмонаш аз гиряҳои бисёр варам кардаву сӯзиш дошт, аммо оби дидааш ҳамоно мерехту мерехт. Ҳис мекард, ки дилаш холӣ шудаву дарде онро мепечонад. Дилаш якзайл сӯзиш мекард. Гӯиё ана ҳозир аз қолабаш канда мешавад. Сараш болои миз буду зери лаб пичиррос мезад. Бародараш ба наздаш омад. Ҷарира Шаҳриёрро диду боз ҳам ба гиря даромад.

– Худатро ба даст гир, Ҷарира.

– Марг ин қадар даҳшатнок будаасту ман намедонистам. Рафтани Нӯшин бароям чӣ даҳшат аст, медонӣ? Таги хок рафтан осон аст? Пеши чашмонам фақат Нӯшинро мебинам. Фақат Нӯшинро мебинам. Хотираҳо аз гиребонам мегирад. Пеши Нӯшин худро гунаҳкор ҳис мекунам. Рафтанашро гӯё ҳис мекардам, аммо аз куҷо донам, ки вай ин қадар тез меравад. Хотираҳо, ёдҳо –

Нӯшин ин хел мегуфт, лаҳзаҳо, суханҳо, ҳаракатҳои Нӯшин чун пушаймониҳо маро таъқиб мекунанд. Ман дар ғафлат мондам, ако. Шояд ғафлат монданҳо ба хотири он бошад, ки фақат изҳори пушаймонӣ дошта бошӣ, аққалан охирин бор дида натавонистӣ, ҳарчанд имконият доштӣ.

Аммо чӣ ҳарфе аз ҷисми сард берун меояд. Фақат чеҳраи бароят ошноро мебинӣ, ё охирин лабханди гиреҳхӯрдаашро, ки гӯиё бо ҳамин табассум хайрбодат мегӯяд.

– Дӯсти хуба бой додан осон не. Туро мефаҳмам. Аммо фаромӯш накун, ки Нӯшин кӯдакашро танҳо монд. Хусрав яку ду кӯдакро надида бошад, вай мард.

Ҷарира гӯё якбора ба худ омад. Пеши чашмонаш Нӯшинро дид, ки илтиҷоомез сӯяш нигоҳ дорад.

Охир, баҳои ҷонаш буд кӯдакаш.

– Ҷарира, ақаллан як муддат ба Хусрав кӯмак кун.

Ҷарира якбора парида аз ҷояш бархосту тозон аз ҳавлӣ баромад. Вай шитобон рафт. Шаҳриёр аз паси хоҳараш то хеле вақт нигоҳ карду беихтиёр оҳ кашид. Ҳис кард, ки хоҳарашро чӣ қадар дӯст медорад. Дар ин ду рӯз хоҳараш пеши чашмонаш мисоли кундаи аланга гирифта месӯхту хокистар мешуд.

Ҷавон мехост ба хоҳараш кӯмак бикунад, аммо чӣ ҳарфе метавон гуфт, вақте ҷавоне меравад бебозгашт, гули орзу начиндаву хумори зиндагӣ нашикаста.

Нӯшин сари кӯдакашро сила накардаву бӯйи тифлашро нашамида, орзуи модарӣ накардаву суруди алла нахонда, шир надодаву ба гаҳвора набаставу рӯйи даст набардошта, ба гиряаш нагириставу ба хандааш нахандида рафт.

Омаду рафт. Рафт бебозгашт. Аммо рӯйи қабраш ду ваҷаб сабза медамад, чун кӯдакаш аввалин бор «бува» гӯяд. Сари по рост меистад дар манзилаш, вақте кӯдак қадамҳои нахустин мегузорад, охир дили модар меларзад, ки баногоҳ кӯдакаш нағалтад. Сари по рост меистад Нӯшин дар манзилаш, ки духтарчааш беозор роҳ гардад. «Бува» гӯяду модари кару гунгаш нашунавад, ки фарзанд модарашро фарёд дорад, зора дорад.

– Модар...

Хусрав мисли модари меҳрубон гаҳвора меҷунбонд ва суруди «Алла» мехонд. Аммо овозаш меларзид ва гоҳ-гоҳе гиреҳ мехӯрд, мисоли шире, ки замоне андаруни гулӯяш гиреҳ хӯрда буд.

Мард қандчой тайёр кард ва ба шишача андохту чочаки онро ба лаби кӯдак бурд. Вай ба духтарчааш қандчой менӯшонду нигоҳи пурмеҳр аз чеҳраи кӯдак намеканд.

«Хусравҷон, шумо ба кӯдакамон модар ҳам мешавед?» - мепурсид Нӯшин.

Модар... Нӯшин, медонӣ, вақте бори аввал кӯдакамонро ба даст гирифтам, эҳсос кардам, ки падарам. Аммо эҳсоси Модар будан бароям бегона буд, зеро дар шараёни ман хуни гарми падарӣ ҷорӣ аст, зеро ман ҳеҷ вақт наметавонам мисли ту меҳрубон бошам, мисли ту навозишаш бикунам. Нӯшин, чаро рафтӣ, ин қадар зуд рафтӣ, ки ҳатто натавонистам фосилаи дидорро эҳсос бикунам.

Дарахте будаму буридандаш аз решааш ва кундае аз ҳалқаҳои умрам сохтанд, ки барои теғи зарурат истифода барандаш. Ҷарира ҳам бедарак шуда рафт.

Куҷо бошад? Чаро дер кард? Офаринаш бод, Ҷарираро, ҷонаш ба ҳалқаш биёяд ҳам, механдад, ҳамин хел механдад, ки фикр мекунӣ, гӯиё аз кирду кори дунё тамоман бехабар бошад ва аз кори дунё фақат хандаро донад. Орзу мекунам, ки кӯдаки ман ҳам хандиданро омӯзад, хушҳолу беғам бошад. Тамоми оламро сел барад ҳам, ғам нахӯрад. Якеш Нӯшин буд, ба ҳоли гадо ҳам мегиристу ғами бефарзандии дороро ҳам мехӯрд. Ғам хӯрда менишаст, ки чаро як инсоне, Худо медонад, вай кию чикора, ин қадар бадбахт асту аз як нафаре шунидааст, ки гӯё дар як ҳафта як бор дег меҷӯшонидааст, бечора камбағал будааст.

Садои гиряи кӯдак баланд шуд. Кӯдак ғаш карда мегирист, ки Ҷарира ба ҳавлӣ ворид шуд.

– Чаро дер кардӣ, бачем? - пурсид Хусрав.

Ҷарира бе он ки сухане гӯяд, кӯдакро аз гаҳвора кушод. Дасту пояшро молиду оғӯш кард.

– Духтарчаи нағзакак, чаро гиря мекунӣ?

Шишачаро ба даҳонаш наздик бурду қандчой нӯшонд.

– Хусравако, бо хоҳише омадам, ки...

– Хонаамро холӣ мекунӣ?

– Охир ёди Нӯшин ҳаст-ку!

– Худат кӯдакӣ, охир.

– Кӯдакҳо забони ҳамдигарро тез мефаҳманд.

– Ба кӯдак чӣ мехӯронӣ?

– Дар ин ду рӯз шумо чӣ хӯрондед?

– Қандчой.

– Ман ҳам қандчой, ширчой медиҳам.

– Аммо кӯдак шири модар мехоҳад, бачем.

– Иҷозат медиҳед? - боз ҳам илтиҷоомез пурсид Ҷарира.

Нигоҳи Хусрав ба чашмони Ҷарира бархӯрд. Дар нигоҳи духтар ҳалқаи ашк бидид Хусрав. Ҳалқаи ашки духтар оинае, буд, ки онро чанги ғуборолуд печонда буд ва Хусравро хоҳише пайдо бишуд, ки кош метавонист чанги оинаи ашки Ҷарираро тоза бикунад.

– Ҷарира, ман ҳоло ба кӯдак ном нагузоштаам. Муносиб ба номи ту бигзор Ҷонона бошад!

Маъқул?

Чашмони Ҷарира аз шодӣ дурахшиданд. Духтар хурсандона бо меҳр ба Ҷонона нигоҳ дӯхт ва аз рӯяш бӯсид.

– Аз ростӣ Ҷонона аз ман мешавад?

– Аз они падараш ҳам ҳаст... Дар ин ҳавлии калон танҳо намемонам?

– Мо тез-тез хабаргирӣ меоем...

Ҷарира кӯдак дар даст ба ҳавлиашон омад. Шаҳриёр хоҳарашро пешвоз гирифт.

– Хоҳарҷони ширин, ман ҳамеша ҳамроҳат, ҳарчи лозим шавад, фақат як ишора. Ана, дидед, ки ҳозиру нозир шудаем, - бо ханда гуфт Шаҳриёр.

– Ба нияти кӯдаки ту ман дарахти тут мешинонам.

Ҷарира кӯдакро болои кӯрпача хобонд. Чанде пас тифл аз хоб бедор шуду гиря кард. Садои гиряи кӯдак баланд шуд. Ҷарира саросемавор кӯдакро ба даст гирифт ва ором карданӣ шуд, аммо кӯдак ғаш дошт. Ҷарира дасту по хӯрду ҳайрон-ҳайрон ба Ҷонона нигоҳ дӯхт ва беихтиёр пеши чашмонаш Нӯшинро дид, ки имдодҷӯёна сӯяш нигоҳ мекард. Дид, ки Нӯшин бо чӣ ормон ба духтарчааш нигоҳ дорад, аммо кӯдак дар талвоса буду беором ғаш мекард. Дар оғӯши Нӯшин кӯдак ором мешуд ва гурусна намемонд...Ҷарира ҳиққосзанон ба гиря даромад. Баробари кӯдак гиря мекард, ки модараш кӯдакро ба даст гирифту гуфт:

– Гиря накуну аз пайи шири кӯдак шав. Тез бош. Охир, ин кӯдак гурусна мондааст.

– Аз шиша намехӯрад, ҳарчанд кардам, нашуд, - гуфт Ҷарира. – Пистон мехоҳад.

Зан меҳрубонона кӯдакро навозиш мекард, аммо кӯдак ғаш дошт. Чашмони хурдакаки тифлак пӯшида буданд, аммо вай чизеро ҷустуҷӯ доштагӣ барин сарашро ба ҳар тараф меҷунбонд ва лабашро мемакид. Зан ин ҳолро диду ба риққат омад. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Хомӯш ба кӯдак чашм медӯхту фикр мекард, ҳарчанд лаҳзаи фикр кардан набуд.

– Ҷарира, ба ҳар ҳол камтар шир тайёр кун. Шояд хурад. Тезтар...

Ҷарира тозон ба ошхона рафт. «Малиш»-и ҷиянашро гирифту саросема барои кӯдаки Нӯшин шир тайёр кард. Онро хунук ҳам карду ба шиша андохт.

Ба даҳони кӯдак наздик бурд. Кӯдак ҳарисона чочакро ба даҳан гирифт ва ду-се бор ком заду ба гиря даромад. Кӯдак ғаш дошт. Ҷарира ҳам беилоҷ ашк рехт.

Кӯдак дар дасти модараш ҳамоно талвоса дошт. Парпечашро кушода буд, дасту пой мезад, гиря мекард.

– Иға, иға, иға.....

Модари Ҷарира ҳам кӯдакро ором карда натавонист. Ҷарира кӯдаки гирёнро ба даст гирифту аз модараш пурсид.

аз 16
навбатӣ