Абдуғаффори Партав. Кадхудо

Абдуғаффори Партав дар иншои ҳикоя, қисса ва роман сабку услуби бадеии хоси худро пайдо кардааст. Ӯ осори худро тавре ба қалам меорад ва аз печу тобҳои зиндагӣ мегузаронад, ки басо муассир, ҳаяҷоновар ва хотирмону ибратомӯз ба назар мерасанд.
Валиев Султон · 21 ноябри 2024 · 22 саҳифа
Ду нафар ҷавони 25-30 солаи силоҳбадаст вориди дафтари корӣ шуданд. Аз табассуми қаноатмандонаи онҳо ҳувайдо буд, ки аз иҷрои коре мужда расонданианд. Ҳар ду баробар салом гуфта, якбора яке ба дигаре нигариста, нихта карду гӯё гап гум карда бошанд, ҳар ду карахту хомӯш истоданд. Дар як мижа ба ҳам задан дигаршавии ин ҳолати онҳо нигоҳи бадхашмонаи Вакил сабаб шуд, ё пешакӣ чӣ гуна гап сар карданро маслиҳат накардан ва ё аз бими хабарҳое, ки қаблан шунида буданд: «агар Вакил сари ғазаб бошад бе пушт-пушт, бошасти даст ишора карда мегуфтааст: ба
«моҳиқапӣ!», «ҳавохӯрӣ!», «пеши тағош!». Ва ҳоло, онҳо «гӯем, нагӯем» андешида, ҳайкалвор меистоданд, ки Вакил таъкид кард:
– Ҳа?! Акнун ки омадед, ку гап занед!
Яке аз онҳо қадаме пеш гузошта, бе гапу ҳарфе шиносномаҳои пешакӣ дар даст гирифтаашро, ки даруни ҳар кадом чипта буд, ба
Вакил дароз кард. Вакил онҳоро гирифта, аз паси миз хеста қадам зада, рафту дар курсии дигари назди тиреза, ки ҷояш рӯшантар буд, нишаст ва по болои пои дигар гузошта, як-як шиноснома ва чиптаҳоро аз назар гузаронид. Силоҳбадастони ҷавон аз ҳар як ҳаракати ӯ чашм наканда, аз ваҷоҳаташ пай бурдан мехостанд, ки ӯ аз амали ба ҷо овардаи онҳо қонеъ аст ё не. Вале ҳеҷ нафаҳмида, ҳар ду кунду карахт дил ба умеди фаҳмидани оқибати кор, ки онҳоро чӣ мукофотест, нек ё бад, рост меистоданд. Вакил баъди шиноснома ва чиптаҳоро бо диққат аз назар гузаронидан андешаи зиёде кард, аз ҷой баланд шуд ва ба ҳардуи онҳо рӯ оварда гуфт:
– Кадоматон ин билетҳоро харидед?
Оне, ки шиноснома дароз кард, неву дигарӣ ба умеди таъриф шунидан ва ё, шояд ягон мукофот ҳам мегирад, қадаме пеш гузошта, андаке бо ифтихор, гӯё аз корнамоие дарак медода бошад, гуфт:
– Ҳазрат, аз кассаҳои гуногун сето ман гирифтаму сетои дигар ин, – ба рафиқи паҳлуяш назарногирона ба даст ишора кард ва боз қадаме пас гузошт.
– Бар падари ту ҳам лаънату аз ӯ ҳам! Рости гапа гӯед, шумо шипиони кистед?! Чанд вақт боз аз пайи ман гашта, харобкорӣ мекунед?! Гӯед! Гӯед, ки ҳозир пешонии ҳар дуятона бо хуни худатон рангин мекунам! Балки аз даҳонатон мепаронам! Ҳаромзодаҳо! Зудтар гӯед!
Навбатдори пушти дар овози баланд шунида, гумон кард, ӯро даъват доранд, дар кушода, гуфт: – Чӣ хизмат?
– Қассоба ҷеғ зан! Ҳардуи ина зинда пеши ман пӯст канад!
Яке аз онҳо беҷуръатона, ҳар калимаро мегуфтӣ мехоида бошад, гуфт: – Ҳазрат, ҳазрат, охи, ҳаму акаи Шарифзодаи Стратег ина ҳами шиносномаҳора ба мо дода, фармуд: «Рафта, аз кассаҳои гуногун чипта харед!» Мо фармудаи ӯ ба ҷо овардаем. Аз пеши худ коре накардаем. Дига, гуноҳе надорем, ки мора...
– Ҳе, бар падари Шарифзода ҳам…
– Навбатдора ҷеғ зан!
Навбатдори дар каминбуда зуд ҳозир шуда, ба ҳамон тартиби ҳамешагӣ гуфт: – Чӣ хизмат?
– Зуд Шарифзодаро ёб! Дар осмон ё зери замин бошад ҳам!
Сайдро аҷал расад, сӯи сайёд равад. Шарифзодаи ба ном Стратег, марди болобаланди таҳамтану бовиқор, лаҳзае пас, бехабар аз ин моҷаро бо табъи болида таги бинӣ мунга кашида, ҳозир шуду аз силоҳбадасти навбатдори пушти дар суол кард: – Ҷону ҷигар!
Авзои шеф чӣ хел?! Хурсанд аст ё хафа?
– Ба ин дараҷа ғазабашро то ин дам надида будам, – оҳиста гуфт вай. Аз шунидани ин шарҳи ӯ, дардам кайфи Шарифзода парид, «паронда шудани Умар» ёдаш омад, як навъ ҳангаш канд, мадор аз пойҳояш рафт, тахмини шуме барқсон аз дилаш гузашт ва тавре бемори вараҷа бошаду назди табиб медарояд, ларзида-ларзида дохили дафтари корӣ шуда, қошу қавоқи гирифтаи Вакилро дидан замон, бештар ошуфта гашт ва мисли он ки чӣ гуфтанашро намедониста бошад, оҳиста ин ҳарфҳо ба забон овард:
– Ҳазрат, ина ман. Ба хизмат омодаам.
– Ку, ту ба ман фаҳмон! Ту ба ин сағераҳои шум чӣ тавр гап фаҳмонда, чиптахарӣ фармудӣ?!
– Ман. Ман охи нағз фармудам. – аз ҳамон ҳолати ноҷур берун наёмада. – Хуб фаҳмондам. Баъди фаҳмондан, боз Худову ростӣ, пурсидам, ки фаҳмидед? Гуфтанд: Ҳо. Гуфтам: Агар фаҳмида бошед, зуд аз пайи иҷрои кор шавед. Хуб гуфта рафтанд. Дигар аз марги худ хабар дораму аз кору кочори инҳо не. – вай даме ба фикр рафта, бо худ чӣ андешид, ки афзуд: – Не ки Ҳазрат, пайташ омадаст, як рози дигар ошкор созам: инҳо гоҳо чапғалат дода, аз ҳамун ҳузури ҷон мезананд. Худову ростӣ, ин ҳунарашона баъди рафтан фаҳмидам. То ҳай гуфтам, ки аз пешам хато хурда, рафтанд. Худову ростӣ, агар пештар мефаҳмидам, Худо якаст, ин кори муҳиму масъула ба инҳо бовар намекардам. Лекин чӣ кунум, ки то ҳай гуфтана хато хӯрданд. Акун ин Худобехабарон ягон кори дигар карда бошанд. Ба ҷои салла, калла оварда бошанд, гуноҳи ман не…
– Мана гӯл назан! Гапа дигар сӯ набар, занғар! Гӯй, ки ту ба инҳо чӣ тавр фаҳмондӣ?!
– Охи, худашон гӯянд. О, худашон даҳан доранд. Ман даҳаншона нақапидам. Худашон гап зананд, ки аз гуфтаи ман чӣ нафаҳмиданд? Агар нафаҳмида бошанд, чува ҳамун вақт нагуфта, ҳолӣ притензия доранд?
– Притензия?! Притензия мегӯӣ?! Притензияро ман ба ту нишон медиҳам! Ман притензия дорам, на инҳо! Ту урусидониву қонунбозиатро дигар сӯ мон! Гапа дигар тараф набар! Худат гӯй! Зудтар гап зан! Ҳамин ҷа, ман ба ту чӣ гуфтам?! Ку такрор кун! Падарлаънат! Ту ҳамон вақт банг зада будӣ ё ягон балои дигар?! Ман ба ту гуфтам, ки обу нони Тоҷикистон ба мо, – вай даст фиррӣ тоб дода, ҳама ҳозиронро ишора кард, – ҳаром шуд!
Ҳаром! Фаҳмидӣ?! Дер ё зуд аз ин мамлакат хит шуданамон лозим! Бо ному фамилияҳои дигар! Чанд шиноснома ёбу рафта ба ҷойи аксҳои пешина аз моро часпон, дар шуъбаи шиносномадиҳӣ одам ёб, пула калон те! Мумсикӣ накун! Муҳр зан, қонунӣ кун. Баъде ки ҳамаро дуруст кардӣ, аз кассаҳои гуногун ба тарафҳои Сибир ё шаҳрҳои ба ҳамун тарафҳо наздик тайёра мепаридагӣ, чипта гиред. Шумо бошед, чӣ кор кардед?! Медонед, инҳо ба куҷоҳо билет гирифтаанд? Гӯё мо ба шаҳрҳои курортӣ истироҳат ё сайр мерафта бошем! Ку ин шиносномаҳоро бин! Боз мо ишона Стратег мегуфтем, дар ғоиб фахр ҳам мекардем, ки ҳамин хел маслиҳатгару мушовир дорем. Не, ту
Стратег набудаӣ! Балки як ҳилагари ниқобпӯши беимони урусидони қонунбоз будаӣ! Ман аз фарти содагӣ боз ба ту аз ҳама бештар эътимод доштам! Одами дилпурам гуфта, умед мекардам, ки дар рӯзи тангӣ дастгирам мешавӣ. – вай шиносномаҳоро аз рӯи миз гирифта, ба рӯи Шарифзода зад ва даври хона гашта, боз афзуд:
– Ин бечораҳако не! Ту шипион будаиву мани сода ҳамин қадар вақт нафаҳмида, розу ниёзи худ аз ту пинҳон намедоштум.
Бо дили пур мор дар бағал мегаштаам!.. Ту қадрношинос, ҳамун муаллимаки бадномшудаи побараҳнаи нимсери аз пушти ман соҳиби як даҳан нон шудаву «еву евич»-атро фаромӯш кардаву имрӯз шон! Зода! Шарифзода шуда, нестӣ?! Ту рӯйрост ба ману дигар дӯстонат қасди хиёнат доштаиву ман бехабар! Боз ман аз ту дилпур, ки нону намакхӯрдааст! Дар рӯзҳои тангӣ ёвару маслиҳатгару дастгирам мешавад! Ту бошӣ дар ивази ҳамун қадар меҳру боварии ман, чӣ кор кардӣ? Агар бо ин чиптаҳои шумо харида, бовар карда мерафтем, медонӣ чӣ мешуд?! Ҳолӣ ба тайёра нанишаста, туъмаи муфти коргарони амният мегаштем! Ин қадар хуни мардума рехта, сарвати ба ҳоли зор ҷамъовардаи мардума ба ғорат бурда, шаъну эътибори мардума паст зада, боз умеди тараҳҳум доред?! Чӣ?! Гумон мекунӣ, ман ё ту дар ин мулк душман надорем?! Не, ту гӯй, гуноҳи кам кардаӣ?! Гап зан!
Садрӯяи ҳилагар! Ин қадар ки дар сояи давлати мо ҷамъ кардӣ, бас набуд?! Аҷаб не, бо гург думба даридаву бо чӯпон майли гиря дорӣ? Бо дастаҳои дигар ҳам ҳамкорӣ мекунӣ?! Аз онҳо ҳам ҳаққи риё мегирӣ! – Вакил сари ғазаб худро нигоҳ дошта натавониста, беист таъна мезад, мегуфту мегуфт…
– Аз гуноҳам гузаред, Ҳазрат! Ҷонам фидои шумо. Чокаратон будам, акнун ғуломатон мешавам. Ҳар хизмате бошад, ҳозирам.
Хуни ман ҳалоли шумо…
– Ҳамин хел хизмат ба дарди касе намехӯрад! Наход ту то ҳол ба мо ҳамин хел хизмат карда бошӣ?! Э-э! Туя хунат ҳам ҳаром аст, забонат ҳам, афту андомат ҳам!
Лаҳзае чанд ҳама сокит шуданд.
– Ба инҳо ҷавоб диҳед, ҳазрат. – ҷониби он ду нафар силоҳбадасти ҷавон, ишора кард Шарифзода. Бо имои Вакил онҳо аз дар берун рафтанд. Шарифзода лаҳзае ба андеша рафт ва баъд мисли он, ки ба дарандаи ваҳшии ҳанӯз ромнашуда, наздик мешуда бошад ва сухани махфие дорад, бо эҳтиёт ва оҳиста ҷониби Вакил қадам бардошта илтиҷоомез гуфт: – Ҳазрат, як даҳан фикри маро ҳам фаҳмед. Хоҳиш мекунам.
Вакил ба маънии бигӯ, сар ҷунбонд.
– Ҳазрат, тавре худатон қаблан борҳо хеле оқилона ва дурандешона фармуда будед, – андаке кушода шудани чеҳраи Вакилро дида, акнун Шарифзода шеваи гуфтор дигар кард: – кори олам яксон намемонад. Хоҳу нохоҳ боз сулҳу салоҳ ва оштиву оромӣ мешавад. Ва баъдан мардум дар паи фаҳмидани ҳаққу ноҳаққи гузашта мешаванд. Дигар кардани ному шиносномаҳо кори саҳлу сода нест, ки бо як шасти даст шавад. Оқибати онро ҳаматарафа андешиданамон лозим…
Вай дид, ки суханонаш ба Вакил асар карданд, дам фурӯ баст.
Лаҳзае пас, Вакил гуфт: – Ҳамин хел ки будаст, мемурдӣ барвақттар мегуфтӣ?! Ақли кал баъди пешин медарояд, ту ку кал нестӣ!
Чува барвақт нагуфтӣ?!
– Баъд ақлам гирифт. Дар ин бора фикр карда, фикр карда ба қароре омадам, ки мо хомӣ карда, чиптахарӣ фармудем.
– Гапа бисёр накун! Шаф-шаф нагуфта, мақсада, хулосата гӯй!
Гӯй, ба чӣ ақлат гирифт?!
– Мо, чанд нафаре фирор карданием, бояд як ҷо нишаста фикр бикунем.
– Боз ин чӣ фикр аст?!
– Ин кор бе фикру андешаи амиқу ҳартарафа намешавад. Ҳатто фикри маро бигиред, хуб мешуд, як қонундони батаҷриба киро бикунем, то ки ба мо роҳаша нишон диҳад, бо назардошти талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ, маслиҳати дурусти қонунӣ диҳад, ки баъд аз борон гурехта, ба таранов наафтем. Ба андешаи ман, бояд барои ҳар як ном шаҷара фикр карда, бибофем.
Вай ба авзои Вакил нигарист, маълум буд, ки ӯ чизе нафаҳмидааст. Шарифзода ҷуръат накард пурсад, ки фаҳмидед ё не? Вакил ба даҳон об гирифта барин, лекин мулоимшуда метофт. Ин аст, ки
Шарифзода, маврид муносиб дида, барҳақ сазовори номи Стратег будани худро нишон доданӣ шуда, қисса кард: – Масалан, ман, барои худам ному фамил ёфтам. Шаҷара ҳам бофтам: номам Шафик Иззатулин мешавад.
Чеҳраи гирифтаи Вакил баъди чандин вақт якбора ғарқи табассум шуда, аз баланд хандидан базӯр худро нигаҳ дошт.
– Намедонам, медонед ё не, хушдомани ман тотор аст. Ман худама ва фарзандонама ба авлоди онҳо мепайвандам. Лекин Худову ростӣ, на худам ва на фарзандонам як даҳан тоторӣ намедонем. Барои санҷиш як-ду калима аз дигарон пурсида, ба занам гуфтам: мнда кеҳ!(Инҷо биё) чизе нафаҳмид. Зану хушдоманам ҳам тоҷики асил гаштаанд, тотор гӯӣ, мисле ки ҳақорат дода бошӣ, хафа мешаванд… Ана Худои накарда, ба даст афтему сабаб пурсанд, мегӯем: Бобою бибиҳои мо солҳои пеш ба Тоҷикистон муҳоҷир шуда, забон фаромӯш кардаву тоҷик гаштаем. Охир дар
Русия магар тоторҳои русшуда каманд? Мо ҳам мисли ҳамунҳо…
Вакил акнун ба таҳти гап расида, баваҷд омад:
– Ҳо балое, Стратег! Гапат аз рӯи ақл аст. Ба ростӣ, ба лақаби
Стратег сазоворӣ! Ҳамун хел мекунем. Лекин аз дили соф як чиз гӯям? Пуштат бе шубҳа зӯр будаст! Арвоҳот дастгир шуданд, вагарна кам монда буд, ба як тир пешонита рангин мекардам.
Ҳоло Вакил мошин канораи роҳ нигаҳ дошта, ба дастёронаш амр кард: – Шумо ҳамин ҷо истед. Бояд Шарифзода аз пайи мо биёяд, ӯро танҳо назди ман равон кунед, – ва худ ба тарафи баландии ағба роҳ пеш гирифт. Аз ин ҷо, на танҳо атрофи наздик, балки дуриҳои дур ва як қисмати аъзами шаҳри Душанбе бараъло менамуд.
– Худоё, сабаб чӣ бошад, ки «танҳо биё» гуфт? Ҷой дар ин гирду ваноҳ қаҳт задаст, ки боз сари ағба мулоқот таъин кардааст? – дар роҳ омада истода аз дил мегузаронид Шарифзода.
Ҳарчанд болову поин, гузаштаву имрӯза андешид, пай накард, ки барои чӣ ин сари ағба ҷойи мулоқот таъин кардааст, дар дилаш тахминҳое пайдо шуданд, ки ҳама рӯ ба бадӣ доштанд, бар асари онҳо ҳайяҷону изтироби дилаш дучанд гашт, суръати мошин суст кард, бо ин дилаш таскин наёфта, мошин нигаҳ дошт. Тапончаи напа-навро ки дар мошин пинҳон карда буд, кофта баровард, тирдонаш аз назар гузаронид, ханҷари туҳфаи писарашро, ки ягон бор ва ягон ҷо истифода накарда буд, ба даст гирифт, пуштурӯ карда дид, ба дамаш даст бурд ва буррогияшро санҷиданӣ шуда, ба ранги сартарош ба тани бозуяш расониданашро медонаду ғун шудани қабзаи мӯйро. Боз кордро пуфу пок карда, ба даруни ғилоф андохт ва ғилоф ба тасмаи шим, паҳлуи чапи камараш гузаронида, дилпур шуд ва мошин ба ҳаракат дароварда, суръат баланд кард.
– Омадӣ? Ҳай оҳиста ҳай мекардаӣ. – эрод гирифт Вакил.
– Мошин нав аст, ҳоли хуб омӯхта нашудаам, то роҳу равиша ёд мегирам… – каме ҳаял карданашро сабаб нишон дод Шарифзода.
– Медонӣ барои чӣ ин сари ағбаи Фақирободро ҷои мулоқот интихоб кардам? – пурсид Вакил дасти рост аз киса нагирифта.
Бовар дорам, намедонӣ? Инро надонӣ, ба суоли дигарам ҷавоб деҳ? Одам баъди чанд садд ва мушкил паймудан бояд паймони дуруст бандад, ҳаққи гапро гӯяд? – Шарифзода хомӯш дар дил ба ин амали ӯ ҷавоб меандешид: ин чӣ ният дошта бошад? Аз ин суолҳои бемаънӣ ва аҳмақона муродаш чӣ бошад?
– Баъди фатҳи куҳи баланд, гузаштани дарёи азим ва оташи сӯзон! Фаҳмидӣ?! Ба таҳти гапам расидӣ? – Шарифзода ҳеҷ нафаҳмида, кунду карахт сокит монд, ки Вакил афзуд: – Пеши мо ин се мушкили сахту сангину муҳиму азим истодааст!..
– «Худоё! На шӯхӣ карданаш маълуму на ҷиддӣ гуфтанаш.
Файзалӣ, сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бошад.» – дар дил аз кору кочори ӯ ҷавобе наёфта, вай худро дар ҳоли ба ҳама баду нек омодабош гирифт.
– Шиноснома гирифтӣ, ҷаноби Шафик Иззатулин?! Балки ҳоло ки дар Тоҷикистон ҳастем, рафиқи Стратег Файзалӣ Шарифзода гуфтанам беҳтар! Шояд аз дилат гузашта бошад: барои чӣ инҷойро, ҷои мулоқот интихоб кардам?! – боз такрор кард Вакил.
– Ин ҷо гапамон пухт, хуб, агар не, туъмаи ҳо ана ҳамунҳо мешавӣ! – тарафи осмон ишора кард, ки парандаҳо-каргасу дигар лошахӯрон инсӯву он сӯ дар парвоз буданд.
– Ҳо. Шиноснома гирифтам. Ҳамун хеле ки маслиҳат шуда буд, – Шарифзода шиносномаи муқовакабуди напа-навро тарафи
Вакил дароз кард. Вакил онро кушода, ба акс ва ному қайдҳои он, як сар-сарӣ назар андохту ба пастхамие партофт ва ҷониби
Шарифзода гашт. Вай аз ин кори Вакил дар ҳайрат шуда, маъние набардошта, як ларзиду дар худ печид, ҳайрон монд, ба роҳи омада нигарист, дастёрони Вакил мили автоматҳо ҷониби онҳо дар ҳоли омода бош, ба ҳар як ҳаракати онҳо назора карда, меистоданд. Вай ҷуръат накард, аз Вакил чизе пурсад, гӯяд ва ё коре кунад. Нағз медонист, дастёрони Вакил бо автоматҳо дар ҳоли омодагианд, аз ҷои тиррас, ҳар як ҳаракати онҳоро назора доранд. Ба онҳо як имои бурут ва ё сар такон додани Вакил кофист, ки тир кушоянд.
– Баъди он суҳбату маслиҳат, ман шаби дароз роҳу василаҳоро аз иёри андеша гузаронида, ба қароре омадам, ки ману ту ба ҳеҷ куҷои берун аз ҷумҳурӣ набояд биравем! Зиндаю мурдаи мо, бояд ҳамин ҷо монад! – гуфт Вакил ба чеҳраи пуркида, нигоҳи кунду карахти Шарифзода нигариста, дар назараш тавре намуд, ки ҷон кайҳо тани ӯро тарк гуфтааст. Вакил то хеле хомӯш истод, вале аз
Шарифзода ҳарфи неку баде нашунида, бадқаҳр гуфт: – Чӣ зунукат гирифтаст?! На ҳа мегӯӣ, на не? Ёдат ҳаст? Пештар чӣ гуфта будам?! Хоҳу нохоҳ, дер ё зуд сулҳу салоҳ мешавад. Пас, агар мову ту аз ин сарзамин як қадам берун по гузорем, гуноҳҳои кардаву нокарда ва он чӣ дигарон содир кардаанд, ҳамаро ба гардани мо мезананд ва як умр дар таърихи Тоҷикистон хиёнаткору ҷинояткор боқӣ мемонем. Набераву абераи мову ту миёни мардум таънасору зери маломат мемонанд: «Фалонибача!» гуфта, ангуштнамои мардум мегарданд, ба некӣ рӯз намебинанд!
Вай дам фурӯ баст, то фикри Шарифзодаро фаҳмад, вале ба ибораи маъруф аз санг садо меомаду аз ӯ не. Худ гуфт: – Мо бояд минбаъд боақлона аз он атои Худованд, ки дасти телехҳо мебинӣ, ва имрӯзҳо насиби мо гаштааст, – ба автомати Калашникови дасти дастёрон ишора карда, – дуруст истифода барем. Умарро ба асфаласофилин гусел кардам, акнун навбати онҳоест, ки аз корнамоиҳои мову ту огаҳӣ доранд. Ба толеат ҷанг боз давом кунад, вагарна капат дуд мекунад, Стратег! Мо бояд минбаъд бо роҳҳои гуногун бадхоҳонамонро аз миён бардорем, худро ба тоҷириву соҳибкорӣ бизанем, ун чизакое, ки ғанимат ба даст овардаем, василаҳои гуногун ба кор бурда ба гардиш дарорем, пули ғуншударо дар бонкҳои дохиливу хориҷи кишвар барои як рӯзи мабодо гузорем, вагарна он ҳама коло ва пулу пучӣ ба сари худ, ба ҷуз дарди сар ба мову шумо нафъи дигаре намебахшанд. Ғайр аз ин, хеле боэҳтиёт ва дурандешона ба онҳое, ки дар талоши сулҳу оштиянд, ба ҳар сурату васила наздик шавем, тавре кунем, ки дар
Ҳукумати наве, ки баъди ин ҳама хархаша, кушторҳо, кашмакашу маҳалбозиҳо таъсис мешавад, раҳ ёбем, намоянда, вакил дар
Маҷлиси Олӣ шавем. Бар замми ин, бо баҳонаҳои гуногуни ба мардуми боварибахш, ба назди «гурезаҳои сиёсӣ»-амон сафар карда, аз ҳолашон огаҳӣ ёбем, як навъ карда бо доираҳои сиёсии давлатҳои хориҷа робитаи дӯстиву ҳамкорӣ барқарор намоем, мавқеи сиёсии худро берун аз ҷумҳурӣ ҳам мустаҳкам бикунем.
Дигар мову ту роҳи халосӣ, шустани гуноҳ ва сафед кардани худ назди мардум надорем, фаҳмидӣ?! Ғами амалӣ кардани ин ҳама
«Куҳ!» набуда, чӣ буд?! – ва зери лаб замзама кард: «Ин ғам ки марост куҳи Қоф аст, на ғам!». – ҳар ду дар ҳоли ҳузнангез хомуш шуданд. Лаҳзае пас, Вакил бо як оҳанги навмедона афзуд: – Гоҳгоҳе аз ашки онҳое, ки аз дастамон ҷабр дида, азизони худро бой додаанд, пеши назарам аз қатра ба сел бадал мегарданд, кул ва дарё мешаванд... – ба ҳоле ба худ омада, авзои дигар гирифта, дилшикастагии худро бартараф карданӣ шуда, як навъ имдодҷӯёна, мисле ки дар ҳоли руъё аст, дониста-надониста ин калимот канда-канда бар забон овард: – …ин ҷаҳон… дарёест… киштие соз аз накукорӣ, то бад-он гузарӣ… Мо бояд минбаъд дар назари мардум ба беваю бечораҳо хайрхоҳӣ, кадхудоӣ кунем, дасти мадад дароз намоем, як чӣ, нимчӣ ёрии беғаразона расонем… Ҳо, аз гӯшаи ҳамун ҷамъовардаҳо, ғаниматҳо… хайр бикунем. Ана «киштӣ»-и мо ҳамун мешавад, фаҳмидӣ Стратег?! Ҳарчи бештар дил ба даст биоварем…
– Эй офарине! Ҳазрат, қоил кардӣ! – интизори идомаи сухани
Вакил нашуда, ба ваҷд омада, гуфт Шарифзода. – Ба ростӣ, ки на танҳо қумандони зӯри олиҷанобӣ, балки Вакили ҳақиқӣ ва сиёсатмадори зубдаи дурандешӣ. Ҷои ту аслан маснади Олист, лекин ба ин дунёи дун чӣ ҳам мегӯӣ?! Ҷои шерон рӯбаҳҳо кайфу сафо ва ҳукумравоӣ доранд. Бешак оқилона гуфтӣ! Ҳамин тавр мекунем.
Иҷоза бошад, як фикри тоза ба сарам задаро бигӯям? – беҷуръатона тану тӯш чанг кардаву ба ҳам кашида пурсид Шарифзода.
– Ку бигӯ!
– Ба ҳар ҳол аз миёни одамони ба мо содиқ, дӯстон ва хешу таборон чанд кас ба беруни ҷумҳурӣ, ягон давлати хориҷӣ: Русия, Эрон, Қазоқистон, Украина ва ё дигар ҷо, ҳамчун гуреза, гурезаи сиёсӣ бошад боз беҳтар, гурезонданамон лозим. Барои як рӯзи мабодо, ба мо почаспи дилпур мешаванд.
– О, ман ҳозир моҳияти ҳамина гуфтам ку?! Ҳушат дар куҷо буд?
– Бале! Дуруст гуфтӣ. Ман фақат дар тақвияти гуфтаҳои худат чанд калима афзуданиям: ба ҳамин васила мо метавонем аз набзи дохилу хориҷи кишвар бохабар шуда, дар ҳар кор қарори оқилона қабул карда, истем. Бохабарӣ кори зӯр аст, одам чӣ хел қадам мондану рафтор карданашро дониста мекунад. Ғайр аз ин, дар ноомади толеъ мо ҳам ҷон каҷ карда, метавонем статуси гурезаи сиёсӣ бигирем. Лекин хориҷиҳо ҳам он қадар гулу гаранг нестанд, барои статуси гурезаи сиёсӣ гирифтан, узви ягон ҳизбу созмони сиёсӣ будан лозим, лекин дастаи «Фидоиён»-и мо ақаллан муҳр надорад. Ё аз барои муҳр шуда, ба ягон ҳизб ҳамроҳ шавем? Коре карда илоҷашро ёфтанамон лозим.
– Ту бало! Стратег! Ин паҳлуи гапу кора ман аз мадди назар дур мондаам. Лекин ту ҳама гуна паҳлуҳо, ҳолату роҳҳоро андешидаӣ, то ки пиёда фарзин шавад! Офарин шоҳмотбоз! Гапат дуруст! Дар ин бора ҳам ҷиддӣ фикр карданамон лозим. Ту ҳам роҳи амалӣ кардану киҳоро гурезонданамонро андеша кун, ман ҳам. Ғами муҳра нахӯр! Барои ман дуруст кардани он ду карат ду аст! …Ҳолӣ, гапа кам куну пеш гузар! – вақте Вакил ба дуруштӣ инро гуфта, ишораи пеш гузар кард, ҷон ба гуфтае аз бадани Шарифзода мисли чарахсаи оташ берун ҷаҳид ва барқсон суханҳои зер аз дилаш гузаштанд: «Ин Худобехабар заррае раҳму шафқат надорад. Умарро ки дасти росташ буду борҳо аз шармандагиҳо, сахтиҳо раҳояш карда буд, аз чанд балои дигар «ҷонаша харид», раҳм накард, рафту пеш гузарам, яке аз пас ногаҳон паронад. Аз дасти ин бадбахт ҳар кор меояд». – Шарифзода лаҳзае дудила аз ҷой наҷунбид ва авзои беҷо, қошу қавоқи овезон, чеҳраи бадхашмонаи ӯро дида, чӣ гуфтану карданашро намедонист, то хеле беҳаракат истод ва баъд ноилоҷ худро бари Вакил гирифту ҳар ду бари бабар тарафи роҳи омада хомуш қадам бардоштанд. Шарифзода бисёр мехост пурсад: «Шиносномаро гашта гирам?». Вале боз ҳам ҳурбаи гуфтан накарда, базӯрӣ ба пеш қадам мебардошт. Лекин аз дил мегузаронид: «Бе шиноснома чӣ хел мешавад?» Авзои гирифта, қошу қавоқи Вакил ба ӯ имкони чизе гуфтану пурсидан намедод.
Баъди андешаи зиёде ба худ гуфт: «Хайр, ҳолӣ бе дарди сар равам, баъдтар омада мегирам».
Вақте ба назди мошинҳо баргаштанд, Шарифзода боз ҳам бо дили пуртаҳлука, зеро сабаби ин ҷо омадан, мақсади суҳбати ӯро нафаҳмид ва ба ҳамон ҳоли бечорагӣ маслиҳатомез арзи матлаб кард:
– Ин қадар роҳ омадем, ман дар ҳамин назаргоҳ(пост) як ҷӯра дорам, бо иҷозаи шумо ҳамуна хабар гирам. Як ҷойи мошинам чӣ бало дорад, гаранг мекунад, ку як бинад. – вай умед дошт дар бозгашт аз он ҷо, омада шиносномаро мегирад.
Вале баъди рафтани Шарифзода, Вакил худ баргашт, баргашт ба ҳамон ҷойе, ки ҳар ду суҳбат доштанд. Вай шиносномаро аз болои суфасанге зуд пайдо карда, ба ҷайб зада, худ ба худ ғурингид: – Рӯзаш меояд, ба ҳар мансабу мартабае ин ҳилагари донотарош бирасад, барои даҳанаш бастан, лозим мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё