Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.
Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа
ФАСЛИ V . ОДОБИ МУНОСИБАТ ДАР ОИЛА §12. ХУСУСИЯТҲОИ ОИЛАИ ҶABOH
Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки оилаҳои ҷавон дар бисёр ҳолатҳо аз волидон вобастаанд ва аз ин хотир ба таври бояду шояд наметавонанд мустақилияти худашонро нишон диҳанд. Ин вобастагии моддӣ ва маънавии оилаи ҷавон, пеш аз ҳама, ба волидон марбут мебошад. Аз ин хотир волидонро зарур аст, ки барои мустақилияти оилаҳои ҷавон шароит фароҳам оваранд, то ки онҳо дар амал ва қабули қарорҳои мустақилона масъулият ҳис намоянд. Яъне камолоти психологӣ ба даст оранд.
Бояд гуфт, ки ноилшавӣ ба камолоти психологӣ нисбат ба камолоти моддӣ душвортар сурат мегирад. Навхонадорон дар ҳалли якҷояи масъалаҳои оилавӣ таҷрибаи кофӣ надоранд. Ин аст, ки байни онҳо нофаҳмиҳо ба амал меоянд, зеро ҳар яке «Ман»-и худашро дар рафти муоширати оилавӣ баланд мегузорад. Онҳо бо баҳсу мунозираҳои мунтазам кўшиши азнавтарбиякунии якдигарро мекунанд, то ки ба симои психологии модар, падар ё дўстонашон монанд шаванд. Ҷавоне, ки бо дигар кардани шахсияти ҳамсараш машғул мешаваду ўро зери таъсири «сиёсат»-и худ қарор додан мехоҳад ва ё ба образи бофтааш мувофиқ кунониданӣ мешавад, бояд бидонад, ки ин амали бефоида аст ва аз назари психологӣ қобили қабул нест. Набояд фаромўш кард, ки ҳар як шахс фардияти такрорнашаванда буда, танҳо бо дарназардошти ин ҷиҳат ва ҷиҳатҳои дигар метавон муҳити солими оилавиро таъмин кард.
Ҳар як хонавода тартибу низоми хосси худро дорад, ки арўс ба аксари онҳо ошно нест. Дар ин хонавода шахси аз ҳама наздик шавҳараш мебошад, ки бояд ба ў барои зудтар ва ба осонӣ худро аъзои баробарҳуқуқи оила ҳис карданаш маслиҳатгару ёвар бошад.
Душвории асосӣ дар он аст, ки шавҳар ва зани ҷавон дар оилаҳои худ тарбияи гуногун гирифтаанд ва феълу рафторашон мухталиф мебошад. Тадриҷан бе мушкилӣ ворид шудан ба муҳити нави хонаводагӣ яке аз вазифаҳои муҳимми зану шавҳари ҷавон мебошад. Мувофиқ намудани одату рафтори худ ба шароити оила ва иҷро кардани вазифаҳои нави иловашуда, махсусан дар моҳҳои аввали оиладорӣ мушкил аст. Дар ин моҳҳо зану шавҳари ҷавон ҳамдигарро хубтар мешиносанд, ба вазифаҳои нави оиладорӣ шинос мешаванд. Муносибатҳо бо ҳамдигар ва бо хешу табори нав барқарор мегарданд.
Муносибати байни зану шавҳар бояд дар асоси баробарҳуқуқии пурра ба роҳ монда шавад. Муносибат дар оила дар асоси иззату эҳтиром, ғамхорӣ, рафтори дилсўзонаи ҳамдигар сохта мешавад. Тамоми корҳои оилавӣ бояд бо маслиҳат ва розигии аъзои оила ҳал карда шаванд.
Оиладорӣ кори мураккаб аст. Дар ҳаёти оилавӣ дар баробари шодию хурсандӣ ғаму ташвиш, носозӣ ва рўҳафтодагӣ низ ба вуҷуд меояд. Дар оилаи солим, ки аъзои он иззату ҳурмати ҳамдигарро медонанд, ҳар корро бо маслиҳат мекунанд, бартараф намудани душворӣ ҳам осон мешавад. Одобу эҳтиром байни зану шавҳар ва волидони ҳамдигар барои мустаҳкам шудани оила воситаи муҳимму зарурӣ аст.
Дар оилае, ки тифоқ, самимият ва иззату эҳтироми байниҳамдигарӣ вуҷуд надорад, кинаю ситеза, моҷарою рўҳафтодагӣ ба вуҷуд омада, ба пойдории он ва махсусан ба кўдакон таъсири манфӣ мерасонад. Aгap дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи муҳаббати падару модар, самимият ва ҳамкории онҳо дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мешавад. Бунёд кардани оилаи хушбахт ба муносибати самимонаи зану шавҳар вобаста аст.
Дар яке аз ҳикояҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш дар боби одоби оиладорӣ оид ба муносибати зану шавҳар чунин гуфта шудааст: «Мард бояд ки бо аҳли хеш чун кўдаке бувад дар лаъаб1 ва ба кадхудоӣ чун мардон бошад. Ba бояд ки хандон ба хона дарояд... Ba бояд ки мард чун табибе устод бувад, ки ҳар як илоҷе дар вақт нигоҳ медорад. Ba сабру эҳтимол (тоқат) бояд, ки ғолиб бувад бо қаҳру истило...».
Ин воқеият аст, ки агар мард бо чеҳраи кушод ба хона дарояд, бо аҳли оилаи худ хушҳолу самимӣ вохўрӣ кунад ва агар онҳо ўро бо чеҳраи кушод пешвоз гиранд, ин рафтори вай ба ҳамаи онҳо таъсири мусбат мерасонад ва шароити психологии оила муътадил мегардад. Албатта, ҳаёти оилавӣ бе камбудӣ намешавад ва мард бояд дар ҳар ҳолат норозигӣ, қаҳру ғазаби худро фурў нишонда тавонад. Aгap дар байни зану шавҳар ягон норизогӣ пайдо шавад, онҳо бояд ботамкин фикри худро ба якдигар баён кунанд, бо маслиҳат ба як қарори дуруст биоянд. Саъдии бузург дар ин бора чунин фармудааст:
Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр, Тарки ризои хеш кунад дар ризои ёр.
Зану шавҳари ҷавон барои осоишу саодати оила бояд ба ҳамдигар гузашт карданро омўзанд. Бо якравӣ гапи худро гузаронидан сабаби низои оилавӣ мешавад. Дар оилае, ки байни зану шавҳар ҷанҷол бошад, аҳли хонавода низ худро ноорому ноосуда ҳис мекунанд.
Зану шавҳар бояд маслиҳатгар ва дўсти наздики ҳамдигар бошанд ва камбудии якдигарро хайрхоҳона ба ҳамдигар фаҳмонда ба ислоҳи он кўшанд.
Баъзан, махсусан занҳо, агар аз ягон рафтори ҳамсарашон хафа шаванд, ба падару модар, дўст ё хешу таборашон шикоят мекунанд. Ин рафтори нодуруст аст, зеро пайдо шудани гапу овозаи зиёдатӣ сабаби дилхунукӣ байни зану шавҳари ҷавон ва бад шудани муносибати тарафайн мешавад.
Воқеаеро, ки ба шумо мисол меорем, дар яке аз деҳаҳои назди шаҳри Душанбе рух додааст: Мард аз кор ба хона бармегардад, ки занаш дар хона нест. Аз модараш мепурсад. Модараш мегўяд, ки аз пагоҳӣ баромада рафтааст ва куҷо рафтанашро ҳам нагуфтааст. Зан дар ин бора ба шавҳараш ҳам чизе нагуфта буд. Мард дар қаҳр шуда, интизори бозгашти ҳамсараш мешавад. Баъд аз муддате зан бармегардад. Мард худро идора карда натавониста, гапҳои бад мегўяд ва занашро як шаппотӣ ҳам мезанад. Зан ҳам дар сари қаҳру ғазаб доду фарёд мекунад ва ба хонаи падараш меравад ва шикоят мекунад, ки шавҳараш ўро задааст. Ce бародари зан бо хашму ғазаб ба хонаи домод омада, бе пурсиши сабаби моҷаро домодро чунон мекўбанд, ки ў ба беморхона меафтад. Мавзўи ин ҷанҷол ҳатто ба идораи маъмурӣ мерасад. Бародарон бо гуноҳи авбошӣ ба муҳлати гуногун ба ҳабс гирифта мешаванд. Дар натиҷаи ин моҷаро мард занашро талоқ медиҳад. Ҳамин тариқ, оилае, ки аз ташкилшавии он ҳамагӣ се моҳ гузашта буд, вайрон мегардад.
Дар ин моҷаро зану шавҳар ҳар ду ҳам айбдоранд, аммо зан бештар. Аввал ин ки аз рўйи одоб зан пеш аз рафтанаш ба ҷое бояд ба хушдоман ва шавҳараш хабар медод. Дар ҳар сурат барои осоишу оромии оила ҳама кор бояд бо маслиҳату машварат иҷро карда шавад.
Apўc ба оилаи шавҳар ҳамчун фарзанд дохил мешавад, волидони арўс ҳам домодро чун фарзанди худ қабул мекунанд. Аз ин pў яке аз сабабҳои мустаҳкам шудани оила ба ҷо овардани иззату эҳтироми волидони якдигар мебошад. Дар зарбулмасали халқӣ омадааст, ки «Ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд». Аз ин хотир дар хонадоне, ки корҳои оилавию рўзгор бо маслиҳату ризоияти тарафҳо анҷом ёфта, эҳтироми аъзои оила ба ҷо оварда мешавад, доимо хушбахтию оромӣ ҳукмфармост. Зану шавҳари ҷавон камбудию хатоҳои рафтори хешро бояд ҳамроҳ, дўстона ва хушбинона ҳал кунанд. Аҳмади Дониш дар ин бора дар маслиҳат ба зан чунин гуфтааст: «Аммо ҳаққи шавҳари хеш ҷуз накуӣ нагўяд ва айби шавҳари худро бипўшад ва густохие миёни ишон бувад, дар муошират ва мубошарат ҳикоят накунад. Ba дар ҳама корҳо бо муроду шодии шавҳар ҳарис бошад... ва шафқат нигоҳ дорад».
Падару модар дар оила ашхоси муътабаранд. Дар тўли зиндагӣ ва оиладорӣ таҷрибаи бузурги рўзгорро андўхтаанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба фарзандони худ бадӣ намехоҳанд ва мудом дар фикри хушбахтии онҳо мебошанд. Фарзандон ҳам бояд падару модарро маслиҳатгари аввалини худ донанд ва барои осон шудани ҳар мушкиле, ки рўзгор пеши онҳо мегузорад, барои маслиҳат ба онҳо муроҷиат кунанд.
Навхонадорон баъди бунёди оила соҳиби фарзанд мешаванд. Ба дунё омадани фарзанд дар оила мавқеъ ва нақши ҳамсаронро як андоза тағйир медиҳад. Онҳо бояд ба тарзи ҳаёти нав, ба илова шудани мушкилиҳои психологӣ ва ҷисмонӣ, маҳдудшавии вақти умумии фароғат ва ғайра мутобиқ шаванд. Ҳамсарон то таваллуди кўдак имкониятҳои баробари кор кардан, хондан ва муоширатро бо наздикон ва дўстон доштанд ва ин шароит акнун тағйир меёбад. Илова бар ин, тавлиди кўдак гўё ба ҳамсарон пешниҳод мекунад, ки имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва муоширатро ҷустуҷў кунанд. Ҳамаи ин метавонад дар рушди оила шароити мусоид ё номусоидро ба вуҷуд оварад. Агар ҳамсарон то таваллуди кўдак ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои якдигар, фаҳмидани ҳолатҳои равонии ҳамдигар ва якҷоя ҳал кардани масъалаҳои пайдошудаи оилавиро ёд гирифта бошанд, он гоҳ таваллуди кўдак бешубҳа муносибатҳояшонро боз ҳам мустаҳкамтар мекунад. Дар ин ҳолат тақсимоти нақшҳои ҳамсарон дучори дигаргунии сахт нашуда, балки он ба ташаккули умумияти оила мусоидат мекунад. Пас таваллуди кўдак омили устувории оила мешавад ва ба ин маънӣ чунин ҳикмати халқиро овардан бамаврид аст: «Навзод бо ҳастиаш атрофиёнро тарбия мекунад».
Мушоҳидаҳои психологӣ ба он далолат мекунанд, ки навхонадорони дар вазъияти буҳрони муносибатҳои оилавӣ қарордошта ба хотири кўдаки дар батни модараш буда ба созиш меоянд ва ба ин васила муҳити солими муошират дар хонавода аз нав барқарор мешавад.
Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» чунин овардааст: «Эй писар, чун зан хостӣ, ҳурмати худро наку дор. Aгapчанд чиз азиз аст, аз зану фарзанд азизтар нест ва чизи худ аз зану фарзанд дареғ мадор, аммо аз зани босалоҳ ва фарзанди фармонбардору меҳрубон. Ba ин корест, ки ба дасти туст, чунон ки ман дар байте гўям:
Фарзанд чу парварию зан чу дорӣ, Бояд ки ба гуфти оқилон гўш дорӣ.
13. МУҲИТИ ПСИХОЛОГӢ BA МУНОСИБАТҲОИ ШАХСӢ ДАР ОИЛА
Иттифоқи ду шахси болиғ – писар ва духтари бакамолрасида қадами аввалин дар роҳи бунёди оила буда, он дар асоси аҳду паймони ошиқона, бо риштаҳои беолоиши меҳр ва муҳаббати пок баста мешавад. Пойдории он, бақову вусъати вай ба ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмии тарафайн, ба машварату ризоияти онҳо вобаста аст. «Оила, – мегўяд психолог ва мутафаккири австриягӣ Алфред Адлер (18701973), – шакли минётурии ҷамъият буда, амнияти тамоми ҷамъияти бузурги башарӣ ба ягонагиву бақодории он вобаста аст».
Оила дар асоси муҳаббати тарафайн, ба таври ихтиёрӣ барпо карда мешавад. Ду шахси баркамол дар асоси умумияти фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, талаботу манфиатҳои якхела паймони оилавӣ баста, бо ҳамин ихтиёран уҳдадор мешаванд, ки минбаъд бо сулҳу салоҳ зиндагии якҷояи оилавиро ба роҳ монда, ба бақову пойдории ҷамъияти башарӣ саҳм мегузоранд.
Барои ин волидон дар ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ бо аъзои дигари оила – фарзандон, арўсу домод, набераю абераҳо ибрат нишон дода, бояд ҳар корро бо мулоҳизаву машварат ва ба нафъи умум оғоз кунанд, ба он роҳ надиҳанд, ки шаъни касе коста ва манфиати он сарфи назар гардад. Ҳангоми маслиҳату машварат фикру дархости ҳар узви оиларо бо сабру таҳаммул шунида, ҳусну қубҳи онро оромона фаҳмонанд. Ҳангоми аз тарафи волидон зоҳир намудани заррае дағалӣ боиси ранҷиши фарзандон, коҳиши муҳити оила ва ҳатто низоъ ва нифоқ шуда метавонад. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик чунин мисолҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Масалан, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Калила ва Димна» фармудааст: «Марди хирадманд бояд таҷрибаро пешаи худ созад ва бо таъбиру тааннӣ (сабр) кор карда, аз таъҷили сабукборӣ худдорӣ намояд».
Ҳар аъзои оила чун коллективи хурдтарин хулқу атвор, рафтору кирдор, афзалияту камбудӣ, арзишу фаҳмиши зебоӣ, назокату кароҳати (нафратангезии) худро дорад. Ҳангоми оғози ин ё он фаъолият ва амалиёт ҳамаи ин хислатҳоро ба эътибор гирифтан лозим аст. Манфиати якеро бар зарари дигаре ба ҷо овардан нашояд, ки боиси халалдор гардидани муҳити психологӣ дар оила шуда метавонад.
Чун қоида, оила аз ҷинсҳои мухталиф: зану мард (зану шавҳар, писару духтар, арўсу домод) иборат буда, ҳар яки онҳо хусусиятҳои ҷисмонӣ, яъне хусусиятҳои хосси мардона ва занона доранд. Аксар вақт тақсимоти меҳнат ва вазифаҳову уҳдадориҳои оилавӣ низ вобаста ба ҳамин хусусиятҳои ҷинсӣ тақсим карда мешавад. Ҷинси латиф вазифаҳо ва уҳдадориҳои анъанавии занона – рўзгордорӣ, тарбияи тифлон ва наврасон, пухтупаз, рўбучин, шустушўй; ҷинси тавоно – мардҳо – киштукор, хариду фурўш, сохтмон ва таъминоти оиларо ба уҳда мегиранд.
Як қатор хусусиятҳои занон бо вазифаҳои хосси модаронаи онҳо алоқаманд буда, ба самти манфиатҳо, вазифаҳои ҷамъиятии истеҳсолӣ ва оилавию маишии онҳо алоқаманд аст. Аз ин рў ин хусусиятҳоро нуқсони онҳо ҳисобидан, бо ин ё он кори заифона дахолат кардан шаъни занҳоро паст мезанад, ки оқибати он барои муҳити психологии оила номатлуб аст, ба муносибати аъзои оила таъсири бад мерасонад.
Муҳити психологӣ гуфта чиро дар назар дорем? Муҳити психологӣ (рўҳӣ) ин вазъият, ҳолати рўҳӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии одамони як коллектив, гурўҳ мебошад. Оила, чунонки гуфта будем, гурўҳи хурдтарини ҷамъият мебошад, ки дар он якчанд кас хоҷагӣ ва рўзгори умумӣ дошта, ҳамроҳ умр ба сар мебаранд. Неку бад будани муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо ба муҳити психологии оила таъсир мерасонад.
Тасаввур кунед, ки оилаи ҷавон бо падару модари шавҳар зиндагӣ мекунад. Падару модар бо ҳамдигар моҷарое карданду чанд рўз боз бо ҳам гап намезананд. Дар сари дастархон нишаста бо ҳамдигар нигоҳ намекунанд. Ё ин ки падар аз кор бо табъи хира бармегардад. Бо баҳонае бо завҷааш ё дигар аъзои оила моҷаро мекунаду ба хонаи хоби худаш медарояд ва дарашро сахт мепўшад. Дар ин ҳолатҳо вазъияти психологии оила номуътадил мегардад. Аз рафтори падар табъи ҳамаи аҳли оила хира мегардад. Чун ин вазъият дар оила гоҳо чандин рўз давом мекунад, ин ба асаб, феълу рафтори аъзои оила, махсусан, ба кўдакон таъсири бад мерасонад.
Омили дигаре, ки ба муҳити психологии оила таъсири бад мерасонад ва онро номуътадил мегардонад, майнўшии мард мебошад. Баъзе мардон май нўшида, ба хона омада бо ҳар баҳона ҷанҷол мекунанд. Aгap ин одати бад пешгирӣ нашавад, ба ҳамаи аъзои оила таъсири бад мерасонад. Самимият, эҳтироми аҳли оила нисбати падар аз байн рафта, оқибат ба вайроншавии оила оварда мерасонад. Аз ин сабаб ашхосе, ки ғазаби худро фурў нишонда наметавонанд ё шаробро аз меъёр зиёд хўрда, ба худ бадахлоқиро раво мебинанд, бояд дар ҳолати оромию ҳушёрӣ дар бораи аҳли оила, фарзандон ва ояндаи онҳо хуб андеша кунанд. Чунонки Муҳаммад Ҳиҷозӣ гуфтааст: «Аҳволи рўҳӣ ва вазъи зиндагонии ҳар кас намудори ақлу тадбири ўст», яъне ҳар кас хонаи бахти хешро худаш обод мекунад. Оилае, ки дар он самимияту меҳрубонӣ, дўстию қадрдонӣ ҳукмрон аст, муҳити психологии он хонадон муътадил аст. Аз хонае, ки садои ханда меояд, аҳли он хонадон хушбахтанд.
Дар оилаҳои солиму хушбахт барои тарбияи фарзандон муҳити рўҳӣ муътадил аст. Фарзандон дар чунин оилаҳо ҳалиму инсондўст ба воя мерасанд. Фахриддини Гургонӣ дар ин бора чунин гуфтааст:
Ба шодӣ дор дилро, то тавонӣ, Ки афзояд зи шодӣ зиндагонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё