Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

16. МУНОСИБАТИ ЗАНУ ШАВҲАРИ ҶАВОН

Вақте ки ду ҷавон оила барпо мекунанд, хуб мешавад агар онҳо дар асоси муҳаббати тарафайн якдигарро интихоб карда бошанд. Дар ин ҳолат онҳо барои дарки ҳамсари худ вақту қувваву иродаи худро сарф намекунанд. Дар ҳолати баръакс, яъне агар ду навҷавон дар асоси пешниҳоди волидон оила барпо намоянд, он гоҳ маҷбур мешаванд, ки шахсияти якдигарро дуру дароз биомўзанд. Онҳо бояд донанд, ки шахсияти ҳар як инсон аз хислатҳои мусбат ва манфӣ иборат аст. Одам бе камбудӣ намешавад. Ҳар як инсон камбудие дорад, вале на ҳар кас хислатҳои манфии худро медонад. Бинобар ин ҷавонон дар лаҳзаи ошкор намудани камбудии ҳамсари худ бояд донанд, ки ин хислат ислоҳшаванда аст. Шахс хислати манфии худро дониста, иродаи хешро муқобил гузошта, метавонад камбудии худро бартараф созад.

Дар рафти оиладорӣ ҷавонон камбудии якдигарро дида, набояд ба якдигар сухани дурушт гўянд, балки баъзан гузаштҳо намоянд. Масалан, мард хўроки сернамаки занашро хўрда истода, боз таъриф намояд, ки «Азизам, чӣ хел хўрокҳои бомаза мепазӣ!». Чунин сухани хуш ба занаш таъсир расонида, ўро маҷбур менамояд, ки таъми хўроки пухтаашро бичашаду аз камбудиаш огоҳ шавад ва дар оянда бо тамоми маҳорат хўрок пазаду шавҳарашро хурсанд кунад.

Дар ҳолати баръакс, яъне агар шавҳар камбудии занашро дида, суханҳои сахт гўяд, муносибаташон вайрон шуда, зан дар оянда наметавонад ва ҳатто намехоҳад, ки хубтару беҳтар рафтор ё амал намояд. Тадқиқоти равоншиносон исбот намудаанд, ки таъсири сухани «ширин» хубтар ва нишонрас мебошад. Барои гуфтани хислати манфии ҳамсар мебояд дар танҳоӣ аввал се-чор хислати мусбати ўро номбар карда, баъд хислати манфиашро бигўед. Масалан, «Азизам, ниҳоят қади зебо, рафтори хуб дорӣ ва зани хушрў ҳастӣ, вале як камбудии ночизе дорӣ, ки каме хўрокҳои мепухтагиат сернамаканд». Аз чунин тарзи баёни камбудӣ ҳамсар намеранҷад. Ҳатто баръакс, ҳимматбаландии ҳамсарашро дида, кўшиш менамояд, ки минбаъд мувофиқи табъи ҳамсараш хўрок пазад.

Шарти асосии хушбахтии оила ишқу муҳаббат ва эҳтироми байниҳамдигарии зану шавҳар мебошад ва хеле муҳим аст, ки ин муҳаббат дар ҷараёни зиндагӣ бо рафтори нек, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва хайрхоҳӣ таҳким бахшида шавад. Аз ин рў ба навхонадорон зарур аст, ки дар интихоби ҳамсар ботаҳаммул бошанд. Оиларо дар заминаи ишқу муҳаббати тарафайн, бошуурона ва огоҳона ташкил кунанд.

Бақои умр ва зиндагии оилаи навташкил, хушу хурсандии волидон ва хушбахтии наварўсон ба бисёр омилҳои объективӣ ва субъективӣ вобаста аст. Оё наварўсон соҳибихтиёрона, аз рўйи меҳри поку беғаш ба висоли ҳамдигар расидаанд? Оё волидони онҳо аз тўй розӣ ва тарафдори аҳду паймони наварўсон буданд? Оё дар рафти тўй ва издивоҷ касе норозӣ ва ба чизе даъвогар намондааст?

Aгap ҳангоми бастани ақди никоҳ ҳамаи ин омилҳо риоя шуда, ҷиҳатҳои психологию маънавӣ ва ҷисмонӣ табъи дил бошанд, бешубҳа, зиндагиашон хушу хуррам ва рўзгорашон гуворо мегузарад. Онҳо як умр барои ҳамдигар маҳбубу писандида, содиқ, якдилу якмаром мемонанд. Kace меҳри онҳоро коста ва садоқату тинати покашонро шикаста наметавонад.

Вале зиндагӣ қоидаву қонун ва талхию шириниҳои худро дорад. Aгap андаке фориғболиву бепарвоӣ зоҳир гардад, ба сари одам моҷароҳои зиёде омаданаш мумкин аст. Бинобар ин волидон бояд чун маслиҳатгар ва омўзгори писандида ба фарзандон садоқати пок, хоксорию бурдборӣ (сабр), одамдўстиву ростқавлиро талқин карда, онҳоро ба эҳтироми тарафайн, ҳурмат ва посдории хешовандони арўсу домод ва риоя кардани анъанаҳои миллии оиладорӣ – шарму ҳаё, иффату покдоманӣ даъват намоянд. Касе, ки ин анъанаҳои аҷдодиро риоя мекунад, бегумон, як умр ҳаёти хушбахтона ба сар бурда, шахси азизу писандидаи халқ мегардад.

Инак, якчанд маслиҳатро пешкаши ҷавонон менамоем, ки дар ҳолати амалӣ гардидани онҳо дар муносибатҳои занушавҳарии онҳо самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳр меафзояд ва ҳаёти оилавиашон пурсаодату беғубор мегардад.

Дар китоби «Ҳазор ҳадис» чунин омадааст: «Чун зан ва мард бо якдигар бо чашми меҳру муҳаббат назар кунанд, Парвардигор ба сўйи онҳо ба назари раҳмат нигоҳ мекунад ва байнашон улфат пайдо гашта, ҷамъи гуноҳони эшон аз миёни ангуштон бирезад. Яъне ҳамсарон бо якдигар дар зиндагӣ он қадар наздику марбут (вобаста) бошанд, ки байни онҳо барои шахси савум ҷой набошад. Aгap дар миёни зану мард чунин муҳаббат пойдор бошад, фарзанде, ки аз онҳо ба дунё меояд, соҳиби ҳусну одоби ҳамида мегардад».

Шарти дигари нигоҳ доштани муносибатҳои неки байни зану шавҳар даст кашидан аз усулҳои фармонфармоӣ дар оила мебошад. Маълум аст, ки ҳар узви оила, зан ё фарзандон дар ин ё он масъала ақидаи худро доранд ва фикри онҳоро ба инобат нагирифтану ҳама вақт ҳукми худро гузаронидан вайрон кардани одоби оилавӣ мебошад. Мард, ки сарвари оила дониста мешавад, дар ҳолати мухталиф будани ақидаҳои аҳли оила бояд бо маслиҳат роҳи беҳтарини ҳалли масъаларо ёбад. Дар ин ҳолатҳо обрўйи сарвари оила коста намегардад, балки эҳтироми аҳли оила нисбат ба ў зиёд мегардад.

Агар сарвари оила бо дуғу пўписа гапи худашро гузаронад ва аҳли оиларо бо ҳукми раднопазир кор фармояд, дар байни вай ва аҳли оила дилхунукӣ пайдо мешавад. Дар ин вазъият ҳурмат аз байн меравад. Нисбат ба сарвари оила тарс пайдо мешавад. Tapc омили аз ҳамдигар дур гаштани одамони наздик мебошад. Дар чунин оила зану фарзандон бечунучаро амри сарвари оиларо иҷро менамоянд, фармонбардоранд, аммо дар байни онҳо самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонию дилсўзӣ вуҷуд надорад. Таҳқири доимии аъзои оила ба ҷудоӣ меорад. Зан аз чунин шавҳар ва фарзандон аз чунин падар дурӣ меҷўянд, азоби рўҳӣ мекашанд.

Ин гуна рафтор ба одобу ахлоқи фарзандон таъсири бад мерасонад. Аз хона гурезону хонабезор мешаванд. Баъд аз мустақил шудан фарзандон кўшиш мекунанд зудтар алоҳида зиндагӣ кунанд. Ба аёдати падару модар аҳён-аҳён меоянд, риштаҳои меҳру вафо канда мешавад. Баъзан падару модарон шикоят мекунанд, ки фарзандонашон ба аёдаташон кам меоянд, бехабар аз он ки дар тарбияи фарзанд худашон гунаҳкоранд. Ба ин муносибат Носири Хусрав гуфтааст:

Ба нармӣ гар сухан ронӣ, ҳамерон, Ки аз тезӣ ба ранҷ ояд дилу ҷон.

Ҷавонон баъд аз ақди никоҳ, ки зану шавҳар мешаванд, дар зиндагии оилавӣ бояд яктану якдил, яъне дар ғаму хурсандии ҳамдигар шарику ғамхор бошанд; муносибатҳои онҳо дар асоси боварии комил ба ҳамдигар бунёд гарданд ва аз ҳамдигар рози пинҳоне надошта бошанд. Aгap марду зани ҷавон розеро аз ҳамдигар пинҳон доранду он роз ба воситаи каси дигар ба гўши онҳо расад, боварӣ ба ҳамдигар аз байн меравад ва сабаби бад гаштани муносибатҳои заношўйӣ мегардад, ки барқарор намудани он ранҷу заҳмати зиёдеро талаб мекунад.

Панди Хусрави Деҳлавӣ дар ин ҷо бисёр бамаврид аст, ки гуфтааст:

Ба ростӣ маъруф шав, агар вақте

Дурўғе аз ту равад, ҷумла рост хонандаш. Ha дар дурўғзанӣ шуҳра шав, ки дар ҳама ҷо Aгapчи рост бигўӣ, дурўғ донандаш.

Равоншиноси маъруфи итолиёӣ Пол Турине дар ин бобат чунин мегўяд: «...Ҳамсарон набояд сирру асрореро аз ҳамдигар пинҳон доранд, ки оқибати он зиндагонии заношўйии худро ба мухотира (хатар) андохтан аст.

Пинҳон сохтани корҳо, ҳатто агар бо беҳтарин ният анҷом гирад, бадтарин самаротро дар бар дорад».

Аз ин хотир дар муносибати заношўйӣ ростию ростқавлӣ бояд пешаи амал интихоб шавад. Ба ин муносибат донишманди тиб Закариёи Розӣ дар китоби «Тибби рўҳонӣ» гуфтааст: «Аммо одами оқил худро ба чизе, ки оқибати он хавф дорад, чаро гирифтор кунад. Бинобар ин одами оқил ҳамеша чи дар сухан ва чи дар ирода ҳақгўю ҳақпараст бошад».

Чизи дигаре, ки ба муносибати неки заношўйӣ рахна мезанад ва оқибат метавонад ба ҷудоӣ анҷом ёбад, рашк аст. Унсурулмаолии Кайковус дар «Насиҳатнома» дар бораи рашк навиштааст:

«Ba бикўш, то вайро ғайрат (рашк) нанамоӣ ва агар рашк хоҳӣ намудан, зан нахоҳӣ беҳтар бошад, ки занонро рашк намудан ба ситам то порсоӣ омўхтан бошад ва бидон, ки занони бадрашк мардонро бисёр ҳалок кунанд ва низ тани худро ба камтарин касе диҳанд, аз рашк ваҳмият ва бок надоранд. Аммо чун занро рашк нанамоӣ ва бо вай дукиса набошӣ... вайро неку дорӣ, аз модару падару фарзанд бар ту мушфиқтар бошад ва хештанро аз вай дўсттар касе мадон ва агар рашк намоӣ, аз ҳазор душман душмантар бувад ва аз душмани бегона ҳазар тавон кард ва аз вай натавон...».

Моҷароҳои беасоси шавҳар ё зани бадрашк қадру қимати инсониро паст мезанад. Аз рашк мард ё зан бо дўстон, ҳамкорон ва ҳатто хешу табори худ гоҳо метарсанд, ки суҳбат кунанд ё ба ҷое меҳмонӣ раванд. Моҷароҳои доимӣ оқибат ба вайронии оила мерасонад.

Чунонки Фахриддини Гургонӣ гуфтааст:

Набошад ҳеҷ занро рашк бар шўй, Ки шўйи рашкбар бошад балоҷўй.

Мард ё зан хоҳанд, ки оилаи худро ба вайронӣ набаранд, бояд ҳиссиёташонро идора карда тавонанд ва аз рўзҳои аввал рашкро аз дил дур карда, ба ҳамдигар эътиқод пайдо намоянд.

Омили муҳимме, ки барои мустаҳкамии оила ва пойдории муносибатҳои дўстонаи зану шавҳар зарур аст, ин меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳ зоҳир кардан нисбат ба якдигар мебошад. Aгap зану шавҳари ҷавон нисбат ба кору бор, саломатӣ ва авзои рўҳии ҳамдигар бепарво бошанд, ин боиси кандашавӣ ва суст шудани муносибатҳои дўстона ва муҳаббату садоқати онҳо мегардад.

Вакте ки зану шавҳар ба ғаму андуҳ, ноомадҳои кору зиндагӣ ва хурсандии ҳамдигар шариканд, ин шаҳодати устувории меҳру муҳаббати онҳост. Ba замоне зану шавҳар мебинанд, ки мавриди муҳаббату таваҷҷуҳи ҳамдигаранд, риштаю пайвандҳои ишқу муҳаббат ва дўстии онҳо боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Олими итолиёӣ Пол Турине дар ин бобат мегўяд: «Касе, ки муҳаббат дорад, дигаронро мефаҳмад ва касе, ки мефаҳмад, нисбат ба дигарон муҳаббат дорад. Оне, ки муҳаббати дигаронро нисбат ба худ эҳсос мекунад, мутмаин эҳсос хоҳад кард, ки миёни ў ва дигарон тафоҳум (ҳамдигарфаҳмӣ) вуҷуд дорад».

Фаридуддини Аттор низ ба ҳамин масъала ишора намуда гуфтааст:

Гap туро ҳар кас, ки ёри ғам бувад, Рўзи шодӣ ҳам бипурсаш, зинҳор!

Дар зиндагӣ ҳолатҳое рух медиҳанд, ки инсонро болида ва ё рўҳафтода мегардонанд. Дар эҷоди муносибати сазовор бо аъзои оила, таъмини фазои орому осуда ва баланд гузоштани ҳурмату эҳтиром нақши асосиро падару модар ва зану шавҳар мебозанд. Муносибат ва рафтори наку беҳтарин роҳ барои хушбахтӣ, эҳтироми волидону зану шавҳар, бартараф намудани муноқишаю моҷароҳои оилавӣ аст.

Бо меҳру муҳаббати хосса арҷ ниҳодан ба хирад ва кирдорҳои шоистаю накуи ҳар аъзои оила падидаи хуб аст. Масалан, олим Хун Тсзичен сабаби асосии ҳаёти солимро дар хирад ва хирадмандӣ медонад: «Хирадмандон ба ҳама дилписанданд. Инсони бохирад муноқишаро боақлона рафъ месозад. Донишмандон ҳавобаланд намешаванд. Ин гуна инсонҳо монанди асаланд, ки дар хўрок меъёри кифоя доранд».

Вале, мутаассифона, дар бархе аз оилаҳо нофаҳмӣ, беҳурматӣ, нофармонии зан ё шавҳар ба насиҳату суханони пандомези волидон мушоҳида мегардад.

Дар рўзҳои аввали зиндагии навхонадорон ба ҳар узви оила ҳиссиёти нави меҳрубонӣ, ғамхорӣ, шавқ, ҳисси кунҷковӣ ва майли дўстдорӣ ба якдигар пайдо мешавад. Ин ҳиссиёт хуб аст, вале агар бо низоъ омехта гардад, он ба якдигарнофаҳмӣ, норозигии рўйирост, эродҳо ва пичингҳо табдил меёбад. Чунки ҳар шахс бояд як муддати муайяни ба ҳам мутобиқшавиро паси сар кунад. Ин аз масъулият, хоҳиш ва маҳорати ҳал кардани ҳолатҳои низоъ ва кўшиши ҳамдигарфаҳмӣ вобаста мебошад.

Дар бисёр ҳолат занон сабабгори ба вуҷуд омадани муноқишаҳо мегарданд. Зеро дар баробари пайдо шудани баҳси зану шавҳар садои худро ба шавҳар боло мекунанд, ки ин усули муносибат, махсусан барои мардонитоҷик,писанднест.Зеродархонадони тоҷик падарсолорӣ ҳукмрон аст. Аз ин рў аз ҷониби занон зоҳир гаштани беҳурматӣ нисбат ба мард дар ҳар маврид маҳкум карда мешавад.

Муносибати самимонаю эҳтиромона ва мусолиҳатомезу хушбинонаи зану шавҳар ва бо ризогии ҳамдигар кору амалеро анҷом додан асоси хушбахтии хонадон ва тарбияи хуби фарзандон аст.

пешина
аз 24
навбатӣ