Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.
Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа
ФАСЛИ VI. ОИЛА ВА ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
22. ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНД ВА ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТ БАРОИ РУШДИ КЎДАК
Ҳар як падару модар орзуи фарзанддор шуданро дорад, зеро фарзанд ширинтарин меваи умри инсон, нишоне аз падару модар ва давомдиҳандаи насл мебошад. Таваллуди фарзанд дар оила боиси шодмонии падару модар ва хешу ақрабо мегардад. Фарзандро гули умеди волидон мегўянд. Аз ин рў падару модар шудан бахти бузургест. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин бора хеле хуб мефармояд:
Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест, Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест. Ҳосил аз фарзанд бошад коми мард, Зинда аз фарзанд монад номи мард.
Хабари таваллуди тифлро шунида, шодиёна додан одати қадими мардуми мост. Маънои он чунин аст, ки аз ба дунё омадани тифл тамоми хешу ақрабо хурсанд буда, орзу доранд, ки чунин шодию фараҳ ва бахту саодат насиби ҳар хонадон гардад.
Оила аввалин маконест, ки шахсияти кўдак дар он инкишоф ёфта тарбия мегирад. Ҳар гуна беназмӣ ва мушкилиҳои ахлоқӣ дар оила бевосита ва бавосита дар рафти тарбияи кўдак таъсири манфӣ мегузорад, зеро «кўдакон мисли оина ҳама чизи дидаашонро қабул карда, инъикос менамоянд». Тадқиқоти яке аз равоншиносони машҳури рус Л. Б. Шнайдер, ки дар мавриди оила ва муносибатҳои оилавӣ асарҳои пурарзише таълиф намудааст, собит менамояд, ки «ҳатто дар батни модар ҷанин ба ғамхорӣ ниёз дорад». Модар баъзан ҷунбидани ҷанинро эҳсос карда, «барояш ҳаво намерасад», «магар сайру гашт мехоҳад» гуфта, бо ҷанин «муошират» мекунад. Бояд қайд кард, ки «ҷанин нисбат ба садоҳои баланд садоҳои пастро беҳтар дарк мекунад. Бинобар ин ҷанин ба суханони ороми меҳрангези модар гўш медиҳад ва вобаста ба ҳолати рўҳии модар ўро низ ҳамин хел ҳолат фаро мегирад. Агар модар дар ҳолати тарсу ғаму андуҳ қарор дошта бошад, пас ин ба рушди ҷанин бетаъсир намемонад».
Кўдакон дар синну соли гуногун талаботи гуногун пайдо мекунанд. Агар талаботи онҳо мавриди диққати волидон қарор нагирад, мумкин аст дар рафти ҳаёт дар рафтори онҳо мушкилот мушоҳида гардад.
Фарзанди инсон, ки ҳамчун ҷисми заиф ба дунё меояд ва ҳанўз мустақилият ба даст наовардааст, ба тарбияю оғўши гарми модар, меҳру шафқат ва навозиш ниёз дорад. Тифл одат, рафтор, феълу атвор ва хислатҳоро тавассути шир ва меҳри модар аз худ мекунад. Ҳамин тавр, ба тарбияи кўдак аз нахустин рўзҳои тавлиди ў машғул шудан зарур аст. Баъди тавлид рафтори кўдак дар асоси рефлексҳои ғайришартӣ (макидан, доштан, худмуҳофизатӣ ва ғ.) ба низом меояд.
Тифл бе ёрии калонсолон ягон талаботи худро қонеъ карда наметавонад. Аз ин рў қонеъ кунонидани талаботи кўдак ва рушди ў дар рафти муносибати ў бо калонсолон сурат мегирад ва дар ҷараёни муошират дар кўдак аввалин рефлексҳои шартӣ ҳосил мешавад. Масалан, агар модар ба кўдак аз рўйи реҷаи муайян хўрок диҳаду ўро хобонад, ҳамин рефлекси шартӣ дар кўдак пайдо мешавад. Яъне баъди сер шудан хоҳиши хоб рафтан пайдо мекунад. Дар рафти муошират бо калонсолон дар кўдакон нишонаҳои инкишоф ёфтани нутқ ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, дар охири яксолагӣ кўдак маънои калимаҳоеро, ки ба қонеъгардонии талаботаш вобаста аст, мефаҳмад ва дар рафти муошират дар нутқи худ истифода мебарад.
Дар айёми тифлӣ, кўдакӣ ва наврасӣ нақши оила ва муносибатҳои оилавӣ дар рушди фарзанд ниҳоят калон аст. Дар сурати мавҷуд будани муносибатҳои хуби оилавӣ ҷараёни рушди кўдак ба таври бояду шояд ба роҳ монда мешавад. Мутаассифона, на дар ҳар як оила муносибатҳои лозимаро нисбати якдигар ва фарзанд мушоҳида карда метавонем. Вайрон шудани муносибатҳои оилавӣ боиси халалдор гардидани рушди кўдакон мешавад.
Ҳамин тавр, муносибатҳои оилавӣ дар ташаккули рафтор ва шахсияти кўдак нақши бузургро мебозанд. Олимон чунин хусусиятҳои муайяни оиларо, ки ба пайдоиши мушкилиҳо дар рафтори кўдакон мусоидат менамоянд, тадқиқ кардаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои олими равоншиноси рус Л.С. Алексеев намудҳои зерини оилаҳои номусоид ошкор гардиданд: низоангезанда, зиддиахлоқӣ, аз назари педагогӣ салоҳиятнадошта ва зиддиҷамъиятӣ.
Масъалаи таъсири оила ба рушди кўдаконро мавриди таҳқиқ қарор дода, равоншинос Г. П. Бочкарева оилаҳоро чунин тасниф кардааст:
1. Оилаҳо бо муҳити номусоиди эмотсионалӣ, ки дар онҳо волидон ба талаботу эҳтиёҷоти кўдак ҳангоми созгор будани муносибатҳо ҳисси таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
2. Оилаҳо бо муҳити носолими ахлоқӣ, ки ба кўдакон шавқу ҳавас ва талаботи номатлубро мепарваранд ва дар натиҷа онҳо ба ҳаёти бадахлоқона ҷалб карда мешаванд. Психолог В. Бауренас вазъи рушди кўдаконро дар оилаҳои носолим таҳқиқ карда, зуҳуроти каҷрафториро бо чунин вазъиятҳои тарбиявӣ дар оила алоқаманд менамояд:
1.Мавҷуд набудани таъсири бошууронаи тарбия ба кўдак.
2.Дараҷаи баланди фишор ва ҳатто зўроварӣ дар тарбия.
3.Аз рўйи тасаввуроти худбинонаи аз будаш зиёд баҳо додан ба мустақилии кўдак.
4.Бенизомию бетартибӣ дар тарбия бо сабаби носозии волидон.
Умуман, муҳити иҳотакарда ва пеш аз ҳама, муносибатҳои оилавӣ ба рушди кўдакон ҷиддан таъсир мерасонад. Агар падару модар дар зеҳни фарзанди худ ҳамчун риёкор, ваъдахилоф, дурўғгў, фиребгар, бадкор, золим ва бевиқору ҳазлпеша нақш банданд, минбаъд кўдак аз онҳо дарси дуруст намеомўзад. Бахусус, агар волидон дар ҳузури кўдак ба амалҳои бад даст зада, ўро ҳам ба ин корҳо ҷалб кунанд, онҳо бовариву эътимоди кўдакро нисбат ба худ ба пуррагӣ барбод медиҳанд.
Ҳодисаҳои хушу зебои муҳити атроф мисли ҳама кас ба кўдак ҳам хуш менамояд, аммо ҳодисаҳои нохуш ба ў таъсири манфӣ мегузорад. Бинобар ин кўдак, ки бо ҳодисаҳои атроф муносибати доимӣ дорад, завқманд ва ё ошуфтаҳол шуданаш мумкин аст. Кўдак ба ҳар кору ҳодиса ҳамроҳ шуда, бо узвҳои нозуки биноӣ ва шунавоияш барои худ маълумоти нав мегирад. Кўдак бо ин роҳ ҳар чизи дида ва шунидаашро таҳлил карда, маълумоти навро дар хотирааш ҷой мекунад.
Ҳамин тавр, ахборе, ки пайваста ба хотираи кўдак роҳ меёбад, дар оянда дар ташаккули шахсияти ў нақш баста, аз тарафи дигар, рафтору кирдори ўро муайян ва ба самти мусбат ё манфӣ равона мекунад. Набояд фаромўш кард, ки кўдак ҳама вақт рафтори аҳли оилаашонро назорат мекунад ва дидаву шунидаашро аз рўйи фаҳмиши худ баҳо медиҳад. Пас, аҳли оила ҳар гунае, ки тарбия ёфтани кўдакро мехоста бошад, бояд худашон ҳамон гуна рафтор кунанд. Хулоса, равиши ҳаёт дар муҳити оилавӣ ба ҳаёти ояндаи кўдак алоқамандии зич дорад.
Муносибатҳои оилавӣ ба рушди кўдак таъсири бузург мерасонанд. Муҳити носолим, низоангез ва пуршиддат дар оянда кўдакро асабонӣ, гирёнчак, якраву бадхашм мегардонад. Мухолифат, одатан, ба кўдак осебҳои рўҳӣ расонида, боиси рафтори ношоистаи кўдак мегардад.
Агар волидон хоҳиши онро дошта бошанд, ки фарзандашон боодоб ва хушгуфтору хушрафтор бошад, мебояд худашон намунаи ибрат шаванд. Рафтору гуфтори волидон бояд ҳамеша рост ва холӣ аз дурўғ бошад. Агар нахоҳем, ки фарзанди мо суханони қабеҳ ба забон орад, бояд ҳеҷ гоҳ дар ҳузураш сухани қабеҳ нагўем, то ки дар хотираи ў ҳарфҳои нохуб асло сабт наёбад. Агар хоҳем, ки фарзандамон баномусу шарафманд ва ростқавлу боиффат бошад, чунин муҳити муносибро бояд дар оилаи худ барқарор намоем.
Волидон бо рафтору кирдори худ бояд намунаи ибрат шаванд. Кўдак ба кору гуфтори калонсолон диққат дода, онҳоро меомўзад ва ба онҳо тақлид мекунад. Пеш аз ҳама фарзанд ба волидони худ тақлид мекунад. Волидон он вақт дар тарбияи фарзанд муваффақ мешаванд, ки агар дар миёнашон иттиҳод ва иттифоқ вуҷуд дошта бошад ва дар ин раванд бо ҳам ҳамкорӣ намоянд. Саволҳо
1.Ғамхории волидон нисбати фарзанд чӣ гуна оғоз мегардад?
2.Муносибатҳои оилавӣ ба фарзанд чӣ таъсир расонида метавонанд ?
3.Чӣ тавр нутқи кўдакро инкишоф додан беҳтар аст?
4.Таъсири муҳити иҷтимоӣ ба рушди фарзанд чӣ гуна зоҳир мегардад?
5. Волидон ба ояндаи фарзанд чӣ гуна таъсир расонида метавонанд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё