Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

24. АҲАМИЯТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ТАШАККУЛИ ТАФАККУР ВА ШАХСИЯТИ КЎДАК

Таълим ва тарбияи кўдак ҳеҷ гоҳ барвақт нест. Рўҳу равони тифл монанд ба навори суратгирист, покизаву дастнозада, ҳар гуна таассурот дар он ба таври ҳамеша нақш мебандад. Аз ин рў агар волидон ё омўзгор ин нуктаро ба инобат нагиранд ва аз рўзҳои нахуст ба тарбияи тифл машғул нашаванд, бузургтарин имконро аз даст медиҳанд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин маврид чунин менависад: «Фарзандонро аз хурдӣ ҳусни ахлоқ таълим кунанд ва ба зинати дунё нафиребанд. Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбият кунанд, вақте ба ҳадди балоғат расад, баракати он ба зоҳиру ботини ў зуҳур кунад. Агар ҳамчунин кардӣ, наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ...».

Дар тарбияи тифл қоидаи муҳимме ҳаст, ки набояд фаромўш шавад. Кўдакро бояд як нафар ё ҳама бо як усул тарбия кунанд. Хатои бузург аст агар дар оила ҳама ба тарбияи тифл бо усулҳои гуногун даст зананд. Ин дар тарбияи кўдак мушкилӣ эҷод мекунад. Ҳар кас ба кўдак таъсири хос мерасонад, ки аз якдигар тафовут дорад.

Баъзе волидон ба тарбияи кўдак аҳамият намедиҳанд. Онҳо гумон мекунанд, ки кўдак дар ин давра монанд ба бозича аст, яъне лўхтак асту ҳар кас метавонад ўро ба даст гирад, бозӣ кунад.

Тифлро кӣ бояд тарбия кунад, падар ё модар? Маълум аст, ки дар тарбияи кўдак модар нисбат ба падар имконоти бештар дорад. Танҳо модар метавонад дар рўзҳои нахустин тифлро ором кунад, зеро оҳанги рўҳи модар бо оҳанги рўҳи навзод ҳамвазн аст. Падар дар ин айёми зиндагӣ метавонад танҳо ба модар ёрӣ расонад. Баъдтар дар зиндагии кўдак замоне фаро мерасад, ки ба таъсиру нуфузи падар ниёз ба миён меояд, вале на дар давраи тифлӣ. Ҳамин тавр, устоди аввал модар, устоди дуюм падар ва устоди сеюм омўзгор аст.

Дар ҷараёни таълим ва тарбияи кўдак се усулро истифода бурдан мумкин аст: авторитарӣ (тавассути зўрӣ ва тарсонидан), демократӣ (тавассути меҳру дўстӣ) ва либералӣ (бепарвоӣ). Ҳар яке аз ин усулҳо натиҷаи гуногун медиҳад. Оқибати усули авторитарӣ кўдакро ба ғулом табдил додан аст. Кўдак тарсончак, сархам ва хушомадгў ба воя мерасад, вале дар сурати қаҳру ғазаб метавонад, ки волидонашро лату кўб намояд. Дар усули либералӣ кўдак бетарбия, беилму беҳунар мемонад. Ба воситаи усули демократӣ кўдак бомеҳру муҳаббат, мустақил ва содиқ тарбия меёбад. Умуман, бо усули авторитарӣ аз кўдак ғулому бо усули демократӣ аз кўдак шоҳро тарбия намудан мумкин аст.

Ҳар усулеро, ки шумо дар таълиму тарбияи кўдак истифода мебаред, набояд беҳадаф бошад. Вагарна ҳама зиндагии вай бемақсад мешавад.

Оғози зиндагӣ барои одам нисбат ба бахши ояндааш муҳимтар аст, зеро пайроҳае, ки вай ҳама умр аз он меравад, маҳз дар кўдакӣ сохта мешавад. Роҳҳоро омўзгор барои кўдак месозад. Агар роҳ сохта нашавад ва омўзгор вазифаашро иҷро накунад, дар калонсолӣ ўро душвориҳои зиёд пеш меояд. Омўзиш дар оила, дар мактаб ва дар донишгоҳ барои шахс бисёр муҳим аст.

Дар сурати якравӣ ё гиря кардани кўдак бояд ба ў ширинӣ ва ё чизи писандидаашро ваъда диҳед, меҳрубонию дастгирӣ кунед. Агар навозишу меҳрубонӣ натиҷа надиҳад, пас сарзаниш бояд кард. Сарзаниш бояд кўтоҳ бошад ва аз оҳанги овозу лаҳни сухан ошкор шавад. Сарзаниш набояд тунд ва бадхашмона бошад. Оҳанги хоссе даркор аст, то кўдак зуд дарёбад, ки ўро сарзаниш мекунанд. Усули нодурусти тарбия тарсонидани кўдак аз чизҳои ваҳмангез аст, ки волидон истифода мекунанд. Агар ў гиря кунад, ўро бо ҷину париву албастиву чизҳое ба ин монанд метарсонанд. Ин аз бадтарин амалҳоест, ки дар тарбияи кўдак раво медонанд. Зеро чунин тарсдиҳиҳо ба рўҳи кўдак таъсири манфӣ гузошта, рушди сифатҳои шуҷоатнокӣ ва далерии ўро бозмедорад.

Хуб мешуд, ки ба кўдак афсонаҳои дар бораи ҷину парӣ нақл накунем. Онҳо ба кўдак таъсири манфӣ мерасонанд.

Барои ташаккули тафаккури кўдак бояд бештар аз бозича ва бозиҳои конструктивӣ истифода кард. Бигузор кўдак дар асоси нақша аз ҳар гуна маводди гуногун (секунҷа, чоркунҷа, сутунча ва ғайра) шакли биноро бисозад. Хуб мешавад, ки кўдак шарти бозиро нағз аз худ карда, бештар ба бозиҳои муаммогӣ, ки қобилияти фикрии ўро инкишоф медиҳанд, машғул шавад. Масалан, вобаста ба шакл ва ранг сохтани ашё ё бино барои кўдак машғулияти ҳам муфид ва ҳам басо шавқовар аст.

Бозичаҳои писаронаро набояд ба духтарҳо дод ва баръакс. Агар писарҳо бо бозичаҳои духтарона одат намоянд, ақлашон ба самти дигар рушд мекунад, духтарон низ инчунин. Писарон ва духтарон бояд бозичаҳои хосси худро дошта бошанд.

Барои бо ҳамсолонаш бозӣ кардани кўдак вақти муайянро ҷудо бояд кард. Волидон бояд муайян кунанд, ки кўдакашон чанд муддат ва бо кадом ҳамсолонаш бозӣ намояд, зеро ҷамъияти ҳамсолонаш барои ояндаи кўдак таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бо ҳамсолони бадрафтору бадгуфтор ҳамроҳ бозӣ кардани кўдак боиси пайдо шудани хислатҳои манфӣ мешавад. Чунонки мегўянд: «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ».

Волидон набояд фаромўш кунанд, ки таълиму тарбия дар мактаб бе таълиму тарбия дар хона самари хуб намедиҳад. Бисёр волидон ба таълиму тарбия камтар диққат медиҳанд ва гумон мекунанд, ки ин танҳо вазифаи мактаб аст. Ҳол он ки таълиму тарбияи хуб дар хона минбаъд барои таълиму тарбияи кўдак дар мактаб заминаи боэътимод мегузорад ва барои рушду такомули тафаккури ў хеле муҳим аст.

Равоншиносон исбот кардаанд, ки барои рушди ягон хусусияти равонии кўдак ҳар як давраи синну сол мусоидат мекунад. Масалан, барои кўдакони синну соли томактабӣ рушди нутқ ва забономўзӣ мувофиқ аст. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия дар кўдакон имконияти то 5 забони хориҷиро аз худ кардан пайдо мешавад. Ин корро бо забонҳои гуногуни хориҷӣ тавассути намоишномаҳои хурди ба завқи кўдак мувофиқ метавон ташкил кард.

Дар баробари рушди босуръати нутқ дар кўдакони синну соли томактабӣ хусусияти кунҷковӣ ва шавқу завқ барои дарки олами атроф бештар мешавад. Барои дар бораи олами атроф бештар маълумот пайдо кардан кўдакон бо саволи «Чаро?» ба волидонашон муроҷиат мекунанд. Ба мисли «Чаро барф меборад?», «Чаро барф сафед аст?» ва монанди ин. Дар ин ҳолат ба волидон зарур аст, ки ба саволҳои бешумори кўдакон эътибор дода, аз рўйи фаҳмиш ва ҷаҳонбинии онҳо ҷавоби мувофиқ диҳанд. Афсўс, ки дар бисёр оилаҳои серфарзанд, волидон аз кору ташвишҳои бисёри зиндагӣ на ҳама вақт имкон пайдо мекунанд, ки ба саволҳои бешумори кўдак ҷавоби зарурӣ бидиҳанд. Ҳатто баъзан барои саволҳои бисёру ноҷо додаашон ўро сарзаниш ҳам мекунанд. Чунин рафтори волидон метавонад боиси нобуд гардидани ҳисси кунҷковӣ ва бозмондани рушди тафаккури кўдак гардад.

Дар ҷараёни таълиму тарбия дар оила ва мактаб имконияти зиёди рушди шахсияти кўдакон пайдо мегардад. Онҳо тавассути таҳсили муваффақона дар мактаб тадриҷан мустақилона ба омўзиши асарҳои афсонавӣ ва дар синфҳои болотар – 5-7 ба хондани асарҳои саргузаштӣ завқ пайдо карда, ҷаҳонбинии худро васеъ мекунанд.

Дар рафти таълиму тарбия барои рушди шахсият ва тафаккури кўдак боз зарур аст, ки волидон ва омўзгорон ба онҳо чунин саволҳое бидиҳанд, ки кўдакро ба фикр маҷбур созад. Масалан, саволи «Абўабдулло Рўдакӣ қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро кай навиштааст?» аз кўдак чандон фикру мулоҳизаро тақозо намекунад. Вале саволи «Чаро Абўабдулло Рўдакӣ асари «Шикоят аз пирӣ»-ро навишт?» кўдакро маҷбур месозад, ки оид ба ин масъала фикр карда, ақидаи худро баён созад ва маҳорати фикррониашро ташаккул бидиҳад.

Бояд гуфт, ки бархе аз кўдакон имконияти муҳокимаронӣ карданро доранд ва бархе надоранд. Вале маҳорати муҳокимаронӣ кардан дар ояндаи онҳо зарур мешавад. Ин қобилияти муҳимми шахсиятро метавон тавассути пурсишу посух ташаккул дод. Ба мисли: агар ин бояд чунин бошад, чаро бояд чунин бошад; ва агар набояд чунин бошад, чаро набояд чунин бошад ва ғ. Агар кўдак бигўяд, ки «Ин дуруст аст» бояд пурсид, ки «Чаро дуруст аст?» ва агар гўяд, ки «Нодуруст аст», бояд пурсид, ки «Чаро нодуруст аст?».

Омўзгор ва волидон бояд зинаи инкишофи тафаккури кўдакро донанд ва тавассути саволи «Чаро?», ки ҳамеша дар нўги забонашон аст, маҳорати фикрронии кўдакро инкишоф диҳанд. Ҳар кўдаке, ки қобилияти муҳокимарониаш хуб аст, ояндааш дурахшон хоҳад буд. Саволҳо

1.Кӣ ва кадом вақт бояд кўдакро тарбия намояд? 2.Чӣ тавр рушди кўдакро тезонидан мумкин аст? 3.Ба саволҳои кўдак ҷавоб додан чӣ моҳият дорад?

4.Тафаккури кўдакро чӣ гуна инкишоф додан мумкин аст?

5.Беаҳамиятӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд чӣ оқибатҳо дорад?

6.Оё тарбия ба синну сол алоқаманд аст?

7.Барои инкишофи нутқи кўдак кадом амалҳоро бояд иҷро намуд?

пешина
аз 24
навбатӣ