Зеҳн
Маърифати оиладорӣ

Хонандаи азиз! Китоби «Маърифати оиладорӣ» аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2015 сарчашма гирифта, ба муносибати Соли оила эълон гардидани соли 2015 дар кишвар ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун китоби таълимӣ ворид карда шудааст.

Зеҳн · 23 ноябри 2024 · 24 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

8. МУОИНАИ ТИББИИ ИЗДИВОҶКУНАНДАГОН

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал масъалаи аз муоинаи тиббӣ гузаштани издивоҷкунандагон муқаррар карда шудааст. Мақсади чунин тадбир, пеш аз ҳама, ташкил кардани оилаи солим ва пешгирии таваллуди кўдакони носолим мебошад. Барои ҷомеаи солим рўҳи солим ва ҷисми солим лозим аст ва агар оила солим бошад, ҷомеа низ солим гашта рушд меёбад.

Тибқи моддаи 14-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рўҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст, байни шахсоне, ки яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нўшокиҳои спиртӣ ё маводди нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст, манъ карда шудааст. Ҳамчунин мувофиқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқомати онҳо танҳо бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад. Муоинаи тиббии издивоҷкунандагон сирри махфӣ ба ҳисоб рафта, онро ҳеҷ кас бе розигии шахси муоинашуда ба каси дигар дода наметавонад.

Тибқи муқаррароти моддаи 23-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсон сирри махфӣ мебошад ва бе розигии ў истифода ва паҳн кардани он манъ карда шудааст. Аз муоинаи тиббӣ гузаштани издивоҷкунандагон дар як қатор қонунҳои давлатҳои хориҷӣ низ муайян карда шуда, ҳатмӣ ҳисобида мешавад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифторони бемориҳои венерикӣ ва ВНМО қайди никоҳро манъ накардааст, вале агар яке аз никоҳкунандагон аз дигаре ба бемории венерикӣ ва ё Вируси норасоии масунияти одам ва бемории муҳассали норасоии масуният мубтало будани худро пинҳон карда, тарафи дигарро огоҳ накунад, тарафи дигар метавонад ба суд муроҷиат карда, беэътибор донистани никоҳро талаб намояд (моддаҳои 28-31-и ҳамин Кодекс).

Ҷавонон ва издивоҷкунандагон бояд донанд, ки бемориҳои венерикӣ ва ВНМО ба воситаи алоқаи ҷинсӣ сироят мекунанд ва дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барангезандагони чунин бемориҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 18 ҳазор кўдаки бемори синни мактабӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зиёда 6,5 ҳазор нафари онҳо баробар бо кўдакони солим ва теъдоди муайяни онҳо дар мактабҳои махсус ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Бояд қайд кард, ки на ҳамаи кўдакони имконияти маҳдуддошта дар мактаб таҳсил мекунанд, як қисми онҳо ба таълими хонагӣ низ фаро гирифта шудаанд. Вале баъзе волидон аз доштани кўдаки маъюб дар оилаашон ба мақомоти дахлдор маълумот намедиҳанд. Бояд донист, ки кўдаке, ки аз модар маъюб ба дунё меояд, гунаҳкор нест. Ў ҳаргиз намехост, ки бо иллатҳои гуногун ва норасоии равонию ҷисмонӣ ба дунё биёяд, вале ҳолатҳое ҳастанд, ки баъзан дар оилаҳо нисбати таваллуди фарзанд беэътиноӣ зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа кўдак аз модар бо нуқсон ба дунё меояд.

Ба дунё омадани кўдаки бемор дар оила на танҳо барои худи кўдак, инчунин барои тамоми аъзои оила ва ҷомеа мушкилӣ меорад. Кўдаки аз никоҳи хешутаборӣ бемор таваллудшуда умри дароз намебинад ё гирифтори касалии табобатнашаванда мегардад. Масалан, дар оилаҳое, ки аз никоҳи хешутабории наздик ба вуҷуд омадаанд, кўдакон бо бемории Даун хеле зиёд таваллуд мешаванд, ки дар тарбияи чунин фарзанд мушкилӣ ба миён меояд. Дар оилае, ки кўдаки бемор аст, на танҳо худи бемор, балки тамоми аъзои оила низ азоби рўҳӣ мекашанд. Ҳамин ки волидон ба кўдаки бемор менигаранд, дилашон ба дард меояд; чун ҳамсолони фарзанди худро солим мебинанд, боз ҳам аламашон зиёдтар мегардад.

Таваллуди кўдаки солим дар оила хурсандию фараҳ меорад ва барои боз ҳам мустаҳкам шудани оила замина мегузорад. Оила бо кўдакони худ макони шодиву фараҳ ва роҳати волидон аст, зеро табассуми фарзанд, сухани аввалини ў, қадами аввалин ва ба мактаб рафтанаш барои падару модар шодмонӣ мебахшад. Барои он ки оилаҳои ҷавон аз чунин лаҳзаҳои нотакрор ва хуши зиндагӣ бебаҳра намонанд, дар бунёди оила аз никоҳи хешу табори наздик (писарони амаку тағо ва аммаю хола) бояд худдорӣ намоянд.

Барои пешгирӣ намудани чунин ҳамл ва насл машваратҳо доир ба масъалаҳои тиббию генетикӣ ва солимгардонии оила аз тарафи муассисаҳои тандурустии макони зист бо розигии издивоҷкунандагон тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешавад. Чунин муқаррарот бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб ва бадбахтиҳои минбаъдаи оила (таваллуди фарзанди носолим, ҷудошавии оила, бегонашавии хешу таборони наздик) муайян карда шудааст. Дармонгоҳҳои ноҳиявию шаҳрӣ, машваратхонаҳои занона, шуъбаҳои табобатгоҳҳо, марказҳои тиббӣ ва ҳамаи муассисаҳои тиббии давлатӣ, ки мутахассисони хуби соҳа доранд, метавонанд издивоҷкунандагонро муоинаи тиббӣ кунанд ё ба онҳо маслиҳату тавсияҳои зарурӣ диҳанд.

Барои он ки дилпурона ба ақди никоҳ розӣ шавед, бояд пеш аз никоҳ масъалаҳои пешомадаро ҳаллу фасл намоед. Масалан, нафаре мепурсад: "Маро ба касе ба шавҳар доданианд, ки ў муддати зиёд ба Русия барои кор рафта буд, меҳоҳам ки аз вазъи саломатии ў бохабар шавам".

Ҷавоб: Муоинаи тиббии шахс фақат бо розигии шахсони издивоҷкунанда гузаронида мешавад. Дар чунин ҳолат шумо аз ў ҳоҳиш мекунед, ки аз муоинаи тиббии касалиҳои венерикӣ ё СПИД гузарад. Дар мавриди аз шумо пинҳон доштани касалиҳои сирояткунандааш шумо метавонед никоҳи худро бо дахолати суд бекор намоед. Бе розигии домод ё арўс ҷамъ намудани маълумот оид ба вазъи саломатии онҳо манъ аст.

Падару модар ба кормандони мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат менамоянд, ки мо духтарамонро ба шавҳар додем. Пеш аз никоҳ ба мо як ҷавонеро нишон доданд, ки қоматбаланд ва зебою хушандом буд. Пас аз никоҳ ва маъракаи тўй маълум гашт, ки домод на он ҷавонест, ки ба мо нишон дода буданд. Саломатии ин ҷавон на он қадар хуб буд ва дар симои зоҳириаш низ нуқсонҳои модарзодӣ дошт. Ба мо маълум гашт, ки тарафи домод моро фиреб додааст. Мо духтарамонро ба хонаи худ баргардондем.

Агар ҷавонон пеш аз ақди никоҳ аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд ё ҳамдигарро мешинохтанд, он гоҳ чунин ҳодиса рўй намедод. Дар ин ҳолат қонунгузор муайян мекунад, ки никоҳ бо роҳи фиреб баста шудааст ва бо пешниҳоди ариза никоҳи ҷавононро ғайриқонунӣ ҳисобида, онро бекор мекунад.

пешина
аз 24
навбатӣ