Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
— Боз кӣ? –мепурсӣ. — Ҳа, фаромўш кардам. Хуршеди ҷаҳоноро. Офтобе, ки оламрою рўи ошиқонро шуъо дода гўё мегуфт: «Бахти шумоён ҳам, илоҳо, монанди ман ҳамеша дурахшон бод»! Бале замин, модари модарҳо, маънои ин нигоҳҳо фаҳмо буд.
Чанд рўзи боқимонда тез ва номаълумакак гузашта рафт. Бегоҳӣ Ситора корро як соат пештар бас кард. Ў тракторашро назди чайла ронда омаду пасу пешашро тоза намуд. Аз систерна як-ду сатил об гирифта, ба оинаҳояш зад. Бо ин кораш ў гўё бо ҷонвари безабони дўстдоштааш, ки чашми корро дар он ёд гирифта буд, хайру хуш мекард.
Дере нагузашта, трактори Назирҷон ҳам аз ғурриш монд.
Ў бо табъи гирифта фаромада омад.
— Тайёрӣ будааст-дия?
— Тайёрӣ, -ҷавоб дод Ситора. — Тоза карда монам охир, боз ягон кас биёяд, нагўяд, ки... — Танҳо шумо ин корро мекунед. Рафиқи ман Алиқул бошад, дар ин бора фикр ҳам накард. Ҷонварро оҳанпора барин дар мобайни замин партофту рафт.
— Ҳоло мо нав-дия? Кўзаи наву оби хунук барин гап. Корзада шавем, кӣ медонад аз он кас бадтар мешавем.
— Не, Ситора, ҳар кор аз аввал. Аз аввал, ки меҳр бастед, то охир нағз рафтан мегиред.
— Кошкӣ ҳамин тавр мешуд. Назирҷон ба замин нишаст. — Хуллас, меравам гўед.
— Равам-мӣ, охир?
— Ба рафтан-ку меравед, лекин намедонам ман чӣ кор мекарда бошам. Ба шумо одат карда мондам.
— Чаро палосро монда ба замин нишастед?
— Э, дода, як лаҳза, ки дили шумо сўзад. Пагоҳ, фардо ин гапҳоро кӣ мегўяд? Сонӣ, бовар кунед, Ситорахон, замин аз кўрпача ҳам мулоим барин.
— Ин тавр бошад, ман ҳам як дам шинам.
— Марҳамат. — Назирҷон, гўё, ки ҷой танг бошад, андаке ҷунбида ба Ситора ҷой дод.
Ситора сўи Назирҷон ним нигоҳ кард.
— Чӣ кор мекунем, ягон гапи қатъӣ нагуфтед?
— Чӣ гўям? Ин ба шумо вобаста
— Ба ман?! — Назирҷон гўё аз хоб як қад парида ҳушёр шуда, хеста бошад, ба рўи аз гармо сиёҳчатоб шудаи Ситора чашм дўхт. Ба ман? -боз такрор намуд ў.
— Ҳа, ба Шумо. Метавонед ба ҳавлии мо биёед. Ман шуморо ба модарам «устоди ман, дасти маро ҳамин кас рост карданд» гўён шинос мекунам. Баъд он кас, албатта мепурсанд: кӣ дорад, аз куҷо? Боварӣ дорам, ба он кас ҳам маъқул мешавед.
— Хуб шудааст, меравам. Хонаатонро ёфта мебиёям.
— Деҳаи мо он қадар калон нест, ки наёбед. Рост ба поини деҳа равед, як хонаи гилин мебарояд. Айвонаш ба офтоббаро нигоҳ карда истодааст. Девори гирди ҳавлиамон аз пояи писта. Дар ҳамин вақт мошини хизматии омўзишгоҳ омад. Дар болои вай чанд нафар ҷавононхонандаҳо буданд. Ду нафарашон ба бардору зани мошини холӣ нигоҳ накарда, ду даст дар киса рост меистоданд.
— Хайр, Назирҷон-ако ба хизмат розӣ шавед.
— Чӣ хизмат кардем, ки. Барои шумо хизмат ҳоло дар пеш.
Мошин ба ҳаракат даромад. Вай чангу хоки роҳро ба ҳаво бардошта, аз назар ғоиб шуд. Назирҷон дер гоҳ аз оқиби мошин нигоҳ карда, «хайр, азизам, хайр. Ситораи умедам, хушу хаёлам, диламро ҳамроҳат бурдӣ, хайр!» гуфт.
Дар дашт торикӣ фаромад. Атроф хомўш. Ҳар замонҳар замон чир-чири малахҳою қур-қури ғукҳои хокӣ ба гўш мерасид. Бод ба димоғ бўи хоки гармро мерасонд.
Назирҷон гарчанде баъди рафтани Алиқул шабҳоро танҳо рўз карда бошад ҳам, мисли ҳозира маъюс набуд. Ў дилпур буд, ки пагоҳ Ситора меояд. Аммо танҳоии имшаба барои ў гаронтар афтод. Ба назараш гўё гирду атрофро сел шуста рафтааст. Ў ду дасташро харпанҷа карда, зери сараш гузошту чашмонашро калон-калон кушода ба Ситораи дуродури осмони нилгун чашм дўхт. Рўзҳои якҷояи кориаш бо Ситора, суханҳои охирини ўро ба хотир овард.
— Ту дар ҳақиқат Ситора будӣ. Ба монанди ҳо, ана ҳамон ситорае, ки ҳоло тамоми вуҷудоти маро ба худ кашида, сўям чашмак мезанад, аз дигарон фарқ доштӣ, -ҳуд ба худ пичиррос зад ў. — Ту ситораи ман, ситораи бахти ман...
Назирҷонро бевақтии шаб хоб бурд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё