Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
— Майлаш, ба розигиашон нигоҳ кунед, модарҷон. — Ситора ду нони танўринро «ҳамроҳи танҳо» гўён ба Назирҷон дароз намуд. — Мебахшед Олимҷон, хеле маҳтал кардам.
— Ҳеҷ гап не.
— Ин нон ба Шумо.
— Ин нонро Сабоҳат-апа ба шумо додагӣ. Вайро ба ҳар кӣ надиҳед, -гуфт Олимҷон.
Назирҷон дигар чизе нагуфт. Вай худро ҳушёр гирифта, ҳар як ҳаракати ҳампаҳлўяшро бо диққат мушоҳида мекард, гуфтаҳои чанд дақиқа пештараи ўро таҳлил менамуд:
— Ин нонро Сабоҳат-апа ба шумо додагӣ. Вайро ба ҳар кӣ надиҳед. Дар таги гапҳо гап будагӣ барин. Эҳтиёт кардан даркор. Душман, ки худро дўст гирифт, макреро ба кор мебарад.
Назирҷон дар чунин андешаҳо буд, ки қасд кардагӣ барин мошин нохост истода монд.
— Ҳа, чӣ шуд, -гуфт Назирҷон якбора аз оринҷи Олимҷон дошта. Арақи хунук аъзои баданашро пахш кард.
— Ба шумо чӣ шуд, Назирҷон-ако, -хайрон шуда пурсид Олимҷон аз андешаҳои ботинии ҳамроҳаш бехабар. Аз чизе хавф бурдагӣ барин дасти маро доштед.
— Не, не, маро аллакай хоб бурдааст, -дурўғ гуфт Назирҷон.
— Рўзона ҳаво гарм буд, хаста шудед-дия. — Олимҷон ҷаста аз кабина фаромад. Сарпўши болои моторро кушода сарашро ҳам карда, муддате ҷунбуҷўл намуд, баъд бо дасташ ҷунбонда диду «нағз» гўён аз нав сарпўшро маҳкам карда, боз ба кабина даромад.
— Ҳа, Назирҷон-ако, зиқ нашудед-мӣ, -гуфта пурсиданаш ҳамроҳашро аз туғёни хаёлот берун овард.
— Ин ягон ҳилаю найранг кор фармуданӣ. Набошад мошинро дар ин торикӣ намедошт. Наход маро шармандагӣ интизор бошад. Наход пагоҳ (агар зинда монам) дар ҳабсхона шинам. Баъд гуфтаи одамон «дашт ҷои аз таги дор гурехтагон» рост мебарояд. Ҳоли модарам чӣ мешавад? Вай бо сад умед роҳ мепояд. Аслан айби худам. Ба таклифи кадомрўзаи модарам розӣ нашудам. Ин-ку падар дорад, вай сарвари бригада. Ҳама рўи вайро мегўянд. — Назирҷон-ако, -гуфт Олимҷон вақте мошин ба ҳаракат даромад, -як гапро пурсам, хафа намешавед?
— Ман?!
— Ҳа, шумо.
— Не, чаро хафа мешудам. Тавонам ҷавоб медиҳам.
— Чаро фақат хаёл мекунед? Охир, як соат пештар хеле кушодадилу чақ-чақӣ менамудед. Ҳозир баракс, ё ягон кас шуморо тарсонд?
— Дар бораи кӣ?
— Умуман-дия, фарқ надорад дар бораи кӣ буданаш?
— Не. Гуфтед-ку, ба фикрам хаста шудам.
— Росташро нагуфтед. Лекин ман медонам.
— Чиро медонед?
Ҳамин вақт мошин ба маркази совхоз дохил шуд.
Чароғҳои ҳар ҷо-ҳар ҷо дар симчўб гузошта шуда роҳ, майдон, даромадгоҳҳоро мисли рўз равшан мекард. Мошин дар назди бинои бо шакли харфи «Т» сохта шуда омада истод.
— Марҳамат, -гуфт Олимҷон бо табассум сўи Назирҷон нигариста.
— Миннатдор. Дар ҳақиқат дўстигариро исбот кардед. Акнун фароед, дар хонаи муҷаррадии мо чой менўшем.
— Не, раҳмат, бевақт шуд, равам, дар хона хавотир нашаванд. Ҳа, саволи ман беҷавоб монд. Агар аз ҳамин рўз мо ҳар ду акою уко гўед, ба саволам ҷавоб медодед. Лекин, шумо нагўед ҳам, бовар кунед, худам медонам.
— Донед, канӣ гўед рост бошад, тасдиқ мекунам.
— Шуморо Сабоҳат-апа тарсонданд. Гуфтанд, ки ба мошини ман нишастанатон хавфнок. Эҳтиёт шуданатон даркор. Сабабаш ба духтари он кас падари ман хостгор монда буданд. Сабоҳат-апа розӣ шуданд, аммо духтарашон нахост. Гапам дуруст ё не, -пурсид Олимҷон.
— Ба хаёлам аз паси дар гўш карда ситода будед, -бо ханда тасдиқ намуд Назирҷон. — Не, ако, бовар кунед, ман аз рўи фаросати худам мегўям. Давомашро гўш кунед: модоме, ки Ситора «не» гуфт, хафа нашудам. Фаҳмидам, ки ягон каси дигарро дўст медорад. Охир, худатон фикр кунед. Бо зўрӣ духтари касро зан карда мешавад?! Сонӣ, шавад ҳам, марг ба ин хел ҳаёт, зиндагӣ. Рости гап, имрўз шуморо дида ҳасад не, балки ҳавасам омад. Худатон медонед: сар бошад, тоқӣ ёфт мешавад. Аммо шумо беҳуда дар роҳ азоб кашидед. Мардигарӣ ин хел не. Мард он кас ки тан диҳад: ба зўр, ба оқил, ба донишманд, ба ҳунарманд, ба муҳаббати пок. Албатта, хавотириатон ҳам дуруст буд. Ҳастанд баъзе номардҳо. «Ба ман фалончӣ нарасид» гўён ҳаёти ҷавон ё духтареро хушк мекунанд.
— Раҳмат, додарам, бо чунин ақлу фаросот боварӣ дорам, ки ҳамсари шумо аз Ситора ҳам зеботару ботамизтар мегардад. Ман бошам, ба тўятон рафта, якпоя истода хизмат мекунам.
Ду ҷавон мисли ду ситораи шаб аз ҳамдигар ҷудо шуда, ҳар яке бо фикру хаёли хеш ба ду тараф рафтанд. Роҳи яке андаке дуру дигаре ҳамагӣ понздаҳ-бист қадам буд.
Ташаббус
Ҳаво якбора сахт гарм шуд. Ин кори пахтакоронро душвор гардонд. Ҳоло чигит дар аксар қитъаҳо саросар неш назадааст. Танҳо бо зўрии об, яъне нам гирондан чигитро рўи хок баровардан мумкин. Барои ин қувваи кор намерасад. Охир, ҳар бригада, агар ёрдамчиёни аз омўзишгоҳ омадаро ҳисоб накунем, чор, шаш, ҳашт нафарӣ одам дошт. Онҳо кадом корро ба сомон расонанд, намедонистанд.
Ҳеҷ гап не, аз сари фарзанди инсон ҳамааш мегузарад. Беобу бечароғ дар дашти бегиёҳ зиндагӣ карда мўямонро сафед намудем, гузашт, ин рўзҳо намегузарад чӣ? Ин мушкилӣ не. Оби тайёрро ба ҷўякҳо равона кардан, чӣ душворӣ дорад, гуфта чанд нафар пирони Чашма ба саҳро баромаданд. Роҳбарон онҳоро дастгирӣ карданд. Махсусан, директор намедонист ба ин ришсафедон, ба ин пирони барнодил, ба ин файзу нури ҳар хонадон чӣ хел миннатдорӣ баён кунад.
— Раҳмат падарон. Шумо дили пур, болу пари мо ҳастед. Деҳқони асил, ки ҳастед, ором нишаста наметавонед. Беҳуда пир ҳаст, тадбир ҳаст нагуфтаанд. Бинед, тадбири ҳалли мушкилотро нишон додед. Дар чанд рўз тамоми майдон аз об баромад. Дасти шумо, ки расид, боварӣ ҳаст ҳосил ҳам фаровону бобаракат мешавад...
Пахтаи онсола бо хуни деҳқон парвариш меёфт, гўем хато намешавад.Табиати сернозу нуз имтиҳонашро давом медод. Агар ҳамин тавр намебуд, тобистон ин қадар гарм намеомад. Баъзе рўзҳо ҳарорат чунон баланд мебаромад, ки гунҷишкон даҳон кушода, худро ба об зада, оббозӣ мекарданд.
Ниҳолҳои пахтаи як-якуним ваҷаб қад кашида дар ҳар хел вазъият буданд. Баъзе қитъаҳо аз камобӣ сипсиёҳ, баргҳояш пажмурда шуда бошад, қитъаи дигар интизори тоза кардани алаф меистод. Обро неъмати бебаҳо медонистанд дар ин ҷо. Гарчанде канали калони бетонӣ сохта шудааст, гарчанде даҳҳо километр қубурҳои зеризаминӣ ба истифода додаанд, вале аз чӣ бошад, ки ҳоло ҳам об кам.
Сабабаш маълум. Дар гармо зироат бештар об талаб мекунад. Охир, танҳо ин ҷо як совхоз не-ку. Обро аз саргаҳ, аз насос кам кардаанд. Ба болои ин замини нав мисли одами ташна бештар об мехўрад. Ба як ҷўяки он саҳарӣ об кушоӣ то бегоҳ ба поёнаш намерасад. Дар вақти ҳосилбандии ниҳолҳо обро давондан мумкин нест. Оби калон ҷўякҳои хокаш бешираро шуста меравад.
Чашм нарасад, пахтаи бригадаи Назирҷон ҳаваси касро меоварад. Аз дигар қитъаҳо фарқ карда меистод. Баъзе майдонҳо аллакай гул карда буд. Ниҳол, ки аз тагаш гул кард, ҳосилаш барака медиҳад.
— Росташро гўям, -гуфт боре Назирҷон ба Оқилов нимшўхию нимҷиддӣ, — ҳосил нағз шавад ҳам намешудааст. — Чаро ин тавр мегўӣ. Баракс, фахр карданат даркор. Меҳнат кардию зироат чор кас медидагӣ шуд, боз норозиӣ?.
— Фикратон дуруст, лекин ҳоло ин ниҳолҳо чӣ қадар ҳосил медиҳанд, маълум не. Аммо рўз дар миён комиссия. Аз ноҳия ояд ҳам ба ин ҷо, аз болотар биёяд ҳам ба бригадаи мо. Ин қадар комиссия бисёр будаасту? Аз омаду рафти онҳо чӣ фоида? Ҳама аз паси онҳо овора. Директор, шумо, бригадирҳо...
— Фикрат дуруст. Назирҷон, вале бе онҳо ҳам намешавад. Ба шарофати омад-омадашон баъзе корҳо иҷро мегардад. Камбудиҳои мо надидаро нишон медиҳанд.
— Мумкин, -нобоварона гуфт Назирҷон.
— Ҳа, исто, ки ту рўзномаи дирўзаи вилоятиро дидӣ? — пурсид Оқилов.
— Канӣ, наовардед-ку, аз куҷо мебинем.
— Тоза ҳам туро ба осмони ҳафтум бароварданд. Боз кадом рўз «Назирҷон, ташаббусат кирои паҳн кардан» гўям, «Не монед, одамро номус накунонед. Бе ёрдамчӣ парвариш кардан ҳам ташаббус-мӣ?» гуфта хоксорӣ кардӣ. Ба мухбир бошад, ҳамаашрро нақл кардӣ. Дар рўзнома гапҳое навиштаанд, ки мо бехабар. Суратат ҳам хушрў баромадааст. Оқилов ҳам шуда аз соқи мўзааш рўзномаи чорқатшударо гирифта ба Назирҷон дароз кард.
— Канӣ? — Назирҷон газетаро кушода дар саҳифаи якуми он чашмаш аввал ба сурат, сонӣ ба сарлавҳаи мақола, ки «Ташаббускор аз замини навкорам» ном дошт, афтод.
— Ҳамин рўзнома азони ту, гир. Ба ёру дўстат нишон медиҳӣ.
— Вай чӣ будааст, мо ҳам бинем? — Ситора, ки аз даруни пахтазор имову ишорати Оқиловро дида буд, фаҳмид, ки дар газета дар бораи совхозашон хабар ё мақолае чоп шудааст. Бинобарон механизмашро сари замин дошт ва худро аз кабина ҳаво дода, давида омад.
— Назирҷонро табрик кун, Ситора. Ҳа, табрик. Ба шустан меарзад. — Табрик, -гуфт Ситора аз асли воқеа бехабар.
— Раҳмат, шуморо ҳам табрик. — Назирҷон рўзномаро ба Ситора дароз кард. — О-ҳо, кори калон-ку. Қариб ним саҳифа? — Ситора гаштаю баргашта ба сарлавҳаю сурат менигарист. Назирҷон дар болои механизмаш байни пахтазор акс ёфта буд.
— Суратгири зўр будааст, -таъриф кард Ситора.
— Мақолааш ҳам хуб навишта шудааст, илова намуд Оқилов
— Ҳозир хонам ё бегоҳ? — пурсид Ситора.
— Ман овардам, ихтиёратон. Хоҳ ҳозир хонед, хоҳ бегоҳ дар байни аъзоёни бригада.
— Ҳозир вақти кор, беҳтараш бегоҳ мехонем, таклиф кард Назирҷон.
— Набошад, ин ба ман истад, майлаш? — пурсид Ситора.
— Марҳамат, марҳамат. Тамоман гиред ҳам ман розӣ, -ҷавоб дод Назирҷон.
Ситора трактор меронду хаёлаш банди рўзнома буд. Мехост, ҳарчи тезтар бегоҳ шаваду мақоларо хонад. «Чиҳо нависта бошанд он кас, номи ман ҳам будагист. Охир, бе ҳамин ҳам ҳар сари қадам номамро мегиранд. Ба модарам рўзномаро нишон дода, баланд-баланд мехонам. Бигузор, он кас кӣ будани Назирҷон-акоро дурусттар фаҳмида гиранд.
— Э, муре, беақл, -якбора худро коҳиш намуд ў, он кас фаҳмида ҳам чӣ кор мекунанд. Як не, ду-се маротиба диданд. Худашон таъриф карданд. Кадом рўз гуфтанд-ку;
— Духтарам Ситораҷон. Аз омаду рафти ин ҷавон фаҳмидам, ки ба ту дилаш кашол. Майлаш, духтарам, нону насибат, тақдири якҷоягӣ бошад, ман розӣ. Фақат аз гап-гапи мардуми деҳа эҳтиёт бошетон. Ман намегўям, ки Назирҷон ба хонаамон набиёяд. Не, биёяд, нури дида. Аммо мегўянд-ку «Дарвозаи шаҳрро бастан мумкин, даҳони мардумро не. Ба ту, духтарам ҳоҷати ақл ёд додан не. Коратон сабук шавад, фаҳмон, аз рўи расму русуми худамон одамашро монад. Туро бе гапу калоча ба соҳибат супорам, хушбахтию забондарозии ман ҳамин.
Аслан айби худи Назирҷон-ако. Ба хонаи мо мераванд, ба ман гапҳои нағз мегўянду тамом. Гапҳои модарам дуруст-дия. Духтар даркор бошад, хостгор фиристанд. Он кас бошанд, ҷим. Кӣ духтари беҳуда дорад, ки бароварда мепартояд».
Ситора бегоҳӣ аз ҳама барвақт корро бас кард. Лаби ҷўи обаш мусаффо омада, хоки либосҳояшро афшонда, дасту рўяшро шуст, мўи чамбаракмонандашро ба тартиб овард. Ҳатто оиначаи мудаввари кисагиашро бароварда, рўяшро дида, чашмонашро бо панҷаҳояш тоза намуд. Сипас, чанд қадам дуртар аз сурфачаи лаби ҳавз рафта, ба болои майса мисли ҷавонмардҳо якпаҳлў зад. Ҳоло дар ин наздикиҳо касе наменамуд. Танҳо аз замини поён ғурроси трактори Назирҷон шунавида мешуд. Аз дигар аъзоёни бригада дарак нест. Онҳо, одатан ҳар бегоҳ дер ба хўрокхўрӣ мебароянд. Охир, кори саҳро мисли фабрика ё завод нест, ки ҳама дар як вақт барояд. Яке дар саргаҳи замин дигар дар поёни он кор мекунад. Хатто баъзан мешавад, ки то овоз бароварда «Ҳо-о-о! Обед шуд, обед! Бароед» нагўед, кор гуфта, шикамро фаромўш мекунанд. Дар корхона дастгоҳҳоро хомўш карда, хотирҷамъ нишастан мумкин. Дар саҳро бошад, ин тавр нест. Оброн ҳар лаҳза хавосаш парешон. Хусусан, агар Чашма барин замини нав бошад.
Об ҷўякро шустанаш мумкин. Об ягон ҷои холӣ ёфта, соатҳои дароз ба як сўрохӣ даромада рафтанаш мумкин. Умуман, бесоҳибу беназорат мондани кори саҳро мумкин нест.
Ситора газетаро кушода, бори дигар тамошо кард. Назирҷон дар сурат каме табассум мекард. Аз чӣ бошад, якбора дили Ситора гум зад. Дили духтар-дия. Ба балоғат, ки расид... Газетаро, ба монанди дилдодае, ки номаи ягон маҳбубаашро солҳои сол интизорӣ мекашаду омадан замон пурра нахонда, мебўсад, оҳиста ба сандуқи синааш зер кард. Саҳл монд, ки бўсад. Ба назар чунин менамуд, ки агар дар чунин лаҳза рўзнома нею Назирҷон мебуд, вай беихтиёр ба оғўш мегирифт. Мегирифту мегуфт: «бас ҳамин қадар ҷим-ҷим гаштан. Хайр, гўед, мо аз кӣ кам, аз кӣ метарсем? Чӣ, магар дўст доштани якдигар гуноҳ аст? То кай аз одамҳо шарм мекунед? Фаҳманд, фаҳмидан гиранд...»
Ситора рўзномаро сар то по хонда баромад. Мухбир муболиға карда буд. Қариб, ки тамоми кори совхозро бригадаи Назирҷон иҷро карда бошад.
— Шояд ин гапҳо барои бригадаи мо қарз бошад. Шояд мухбир баъзе корҳои дар дигар хоҷагиҳои вилоят дидаашро пеши назар оварда, нависта бошад. Вале ҷони гап ҳаст. Ташаббускор гуфтанаш рост. Ба қувваи худамон тамоми ҳосилро парвариш карда, чида мегирем, ин ҳам дуруст. Шаш бор коркард мегузаронем, обдиҳии шабонаро ба роҳ мемонем, ин ҳам дуруст.
Ситора ҳар ҷумларо гўё таҳлил мекард. Дар ҳамин асно касе омада аз паси сараш ду чашми ўро бо дастонаш пўшид. Ситора аввало як қад парид. Хост бо қаҳр дастони шахшўлро аз чашмонаш дур кунад, вале якбора ба майнааш дигар фикр омад:
— Боз Назирҷон-ако набошанд? Дигар кӣ ҷуръат дошт бо Ситора ин тавр шўхӣ кунад.
Ситора дастонашро болои дастони Назирҷон гузошта, бо овози ларзон, гўё, ки худро дар оғўши ёри азизаш дида бошад. «Нағз не, Назирҷон-ако, нағз не» гуфт.
Назирҷони содда «боз мабодо каҳраш наояд» гуфта даррав чашми Ситораро сар дод. Духтарак, ки дигар чизро умедвор буду хатто нияти муқобилият надошт, ноумед гашт. Дар дилаш ҳатто «якто бўса ҳам накарданд» гуфт.
Дили модар
Фазилат –апа ин дафъа писарашро хеле пазмон шуд. Дили модар ба сад кўча рафт. «Чаро аз Назирҷон дарак не. Аз ҳад гузаронд. Не, агар бетоб намебуд, албатта омада хабар мегирифт. Ё кораш бисёр бошад. Дина шаб хобҳои ким-чӣ хелин дидам. Майлаш, танаш сиҳат-саломат бошад, кор карда гардад, ман розӣ» Модар бо ин фикру хаёлҳо назди раиси колхоз рафта арз кард.
— Ҳеҷ гап не, модарҷон. Ман мошин диҳам, майда-чуйда карда дида биёед. Бо ҳамин баҳона аз деҳа баромада, даштро тамошо карда мегиред. Одаму оламро мебинед. Чӣ гуфтед?
— Майлаш, писарам, аз фарзандҳоятон бинед.
Фазилат-апа ба хона омада, аз фатири баҷаззаи дирўз пухтааш панҷ-шашто гирифт. Аз замини назди ҳавлияш як рўймол бодиринги каб-кабуд чинда баромад. Ҳамаашро якҷоя карда, ба як дастурхони чорсу баст ва дарҳои хонаашро шириқ-шириқ қулф карда, назди саҳни чойхона рафт.
— Туро ташвиш медиҳам-дия, писарам, -гуфт модар ба ронандаи раис Солеҳҷон.
— Не, апа, ин хел нагўед-а. Канӣ, ҳоло мо хизмат кардагиамон. — Ў тез фаромада дари оқиби «Вилюс»-ро кушод ва дастурхони модарро аз дасташ гирифта, барои баромадан ёрӣ расонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё