Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Ҳосил
Ҳаво ҳамоно метафсид. Кўракҳои пухта расида якбора ба хандидан даромаданд. Дар мобайни як ҳафта дар аксар қитъаҳои замини бригадаи Назирҷон панҷшаш кўраки таги ниҳолҳо шукуфт. Ин вазъият сарвари ҷавон ва роҳбарони хоҷагиро ба ташвишу тараддуд андохт.
— Модоме, ки дар бригадаи ту имрўз ин қадар кўракҳо шукуфта бошад, фардо-пасфардо дигар қатъаҳо ҳам сап-сафед мешаванд, -гуфт Мўсо Шодиев ахбороти Назирҷонро шунавида. — Маслиҳат мекунем. Мумкин ҷамъомади механизаторонро гузаронем. Тайёрии мошинҳоро санҷидан даркор. Ягона умедамон техника. Сонӣ мумкин баъзе ронандаҳо бо ташаббус баромад кунанд. Исто, Назирҷон, ту худат чӣ? Нияти бо техника чӣ қадар пахта чидан дорӣ?
— Ният нағз ҳаст, раис.
— Бисёр хуб. Нияти нағз — ними давлат... Назирҷон ҳамроҳи модар ба деҳа нарафт. Аз ин ҷиҳат ҳоло вақташ бисёр. Ў ба ҳавлии Сабоҳат-апа рафт. Ситораро ба маҷлис хабар кард.
— Ин тавр бошад, ҳамроҳ меравем, -Ситора бо ишораи «як дақиқа» паи тағйири либос хонаи дигар даромад.
— Модаратон ба ман хеле маъқул шуданд, -сухан сар кард Ситора дар роҳ, — худи худатон. Бача чигуна, оча намуна.
— Модарро ба ман баробар карданатон хато, Ситора. Модар-модар асту фарзанд фарзанд. Он кас кўҳу мо гиёҳем, он кас дарахту мо меваем.
— Модаратон худою шумо бандаи он кас, соф шудам? — Ситора нағзакак хандид.
— Ин ташбеҳатон дуруст. Модарон барои фарзандон худо, давлати бекамӣ мебошанд. — Хайрият, -гуфт Ситора хандида, -халос шудаме. — Истед, ки Ситорахон, маслиҳат чӣ шуд?
— Бо ман маслиҳат накарданд. Ҳал шудагист-дия, чӣ хавотирӣ мекашед. Модаратон чизе нагуфтатон?
— Таъбашон хурсанд буд, бўи некӣ барин.
— Ду рўз шуд, ки ман ба участкаамон нарафтам, ҳоли пахта чӣ хел?
— Мисли пештара, шукуфта истодааст. Аз пагоҳ дору мепошанд. Панҷ-шаш рўз нагузашта дидед, ки ниҳолҳо баргашонро партофтанд. Баъд ҳама серкор мешавем.
— Ҷамъомади имрўза масъалаи пахтачинӣ будагист?
— Тайёрӣ ба он, баъд ўҳдадориҳо қабул мекунанд.
— Кӣ ўҳдадорӣ қабул мекардааст? — пурсид Ситора.
— Одамон, механизаторон.
— Шумо чӣ?
— Ман ҳам, шумо ҳам.
— Дар соли аввал ўҳдадорӣ, -гуфт Ситора. — Пахтаро намехўрем-ку. Бе ҳамин ҳам то иҷрои нақша маҷбур чинем.
— Дуруст-куя, -тасдиқ намуд Назирҷон, -лекин баҳсмабаҳс кор кардан нағз.
— Шумо бо кӣ баҳс мабаҳс пахта чиданӣ?
— Бо кӣ мешуд?
— Албатта бо мани бечора будагист? —. Ситора
табассум намуд. — Чӣ, дигар одам наёфтед? Бо ягон ҷавони худатон барин бўзбала мусобиқа кунед, намешавад? Ман одами нав бошам.
— Мешаваду лекин хаёлам бо шумо якҷоя кор кунам.
— Беҳтараш маро ёрдамчӣ гиред.
— Не, Ситорахон, шумо бояд пахта чинед. Маслиҳат шудагӣ. Як мошини напа-нав азони худатон.
Ҷамъомади онрўзаи механизаторон руҳи идона дошт. Директор Мўсо Шодиев маҷлисро кушода бори дигар азобҳои тўли сол барои рўёнидани ҳосил кашидаи аҳли хоҷагиро хотиррасон кард. Дар охир гуфт: — Мо бояд ба умеди ягон кас нашавем. Ҳосилро рўёниданаш душвор. Оши тайёрро бояд худамон кашида хурем. Иҷрои ин кор ба зиммаи шумо-механизаторон гузошта шудааст. Ҳар қадар тоза, босифат, сари вақт чинед, ҳосил ҳамон қадар баракат мекунад. Мо намегўем «фалон тонна чинед. Мо мегўем «тоза ва босифат чинед».
Баъд чанд нафари дигар баромад кард. Байни онҳо бригадир ҳам буду механизатор ҳам. Хама қариб гуфтаҳои директорро дар дигар шакл такрор мекарданд.
Инак, он рўзи мурод фаро расид. Ғалберро аз об бардоштанд. Ҳама аз самараи меҳнаташ хурсанд. Дар соли аввал илова ба нақша дусад тонна зиёд «тиллои сафед» фурўхтанд. Ин ҳамааш оғози кор. Бале, оғоз. Оғозе, ки замин-модари боигарӣ фарзандҳояшро дар чунин соли душвор ноумед накард...
Ба идора хабарнома омад. Дар он ҳамроҳи муҳаррир номи ман ҳам буд. «Мўҳтарам... шуморо ба тўи хонадоршавии ҷавонон-Назирҷон ва Ситорахон, ки рўзи панҷшанбе 16 октябр, соати шаши бегоҳ барпо мегардад, таклиф менамоем».
— Дар он ҷо (муҳаррир деҳаи Чашмаро дар назар дошт) назар ба ман туро нағзтар мешиносанд. Дар бораи ин ҷавонҳо чанд лавҳаю очерк навишта, чоп кунонида будӣ. Бинобар он ба тўи онҳо иштирок карда, табрик намуданат шарт.
— Ин номҳо ба ман шиносанд, -гуфтам ба даъватнома чашм давонида. — Ситора-ин ҳамон подабондухтарест, ки пиджаки маро дўхта буд. Дар бораи Назирҷон Боқиев бошад, бо номи «Хонаи умед» очерки панҷсаҳифагӣ таълиф карда будам.
Саҳни васею барҳаво. Мизу курсиҳои зиёде ба шакли ҳарфи «П» чинда шудааст. Болои он нозу неъматҳои фаровон. Одамони бисёр дар хизмат. Директор, гўё соҳиби тўй бошад, таги дар истода одамонро қабул мекард. Дере нагузашта, арўсу домод, дугонаю ҷўраҳо аз боло ҷой гирифтанд.
Шабнишинӣ то бевақтӣ давом кард. Одамони бисёр баромад карда, дар ҳаққи «гунаҳкорон»-и оншаба суханҳои нек гуфтанд. Директор ҳам: Рафиқони азиз, — Мўсо Шодиев сухани табрикиашро ҳамин тавр сар кард, — ин бегоҳ дар ин ҷо тўи калон мегузарад. Шумо медонед, ки совхозамон супориши солонаашро барзиёд иҷро намуд. Ин натиҷаи меҳнати ҳалоли падарону модарон, хоҳарону додарони дар ин ҷо нишаста мебошад. Раҳмат ба ҳамаатон!
— Дигар, ин тўи хонадоршавии Назирҷону Ситора. Дашти беканори тоҷикон ба одамон на танҳо ризқу рўзии фаровон медиҳад, онҳоро мехуронаду мепўшонад, балки ба онҳо бахт меоварад. Ин ду ҷавон бахти хешро дар ҳамин ҷо, ҳамроҳ дар меҳнат ёфтанд. Фаҳмиданд, ки танҳо бо меҳнат хушбахт шудан мумкин аст. Ин, рафиқон, оғози кор аст. Дар оянда ҳазорҳо нафар ҷавонон дар ин диёр бахташонро хоҳанд ёфт. Хонаи умедашон пурнур, бахташон мисли кўҳҳои пахтаи тоҷикон баланду сафед мегардад. Биёед, қадаҳҳоро барои ободии хонаи умеди наврўзгорон, барои модарони онҳо ва умуман модари тоҷик бардорем, ки чунин фарзандҳоро таваллуд карда, ба воя расонданд. Раҳмат, ба модари тоҷик!
— Садоҳо: «Раҳмат! Раҳмат!»
— Ана ба шумо хона, мана ба шумо ҳавлӣ. Акнун бо дасти худам мекушам. Ҳавлию хона аз саратон сабил, ҳайрону сарсон мемонад. Ҳоло ман истода ҳавлиро ба акоям медодед? Чӣ, ман аз модари ўгай?
— О, мардум, ҳамсояҳо! Ёрдам кунед! Ин ҷаллод падарашро мекушад... Илоҳо дасти мезадагиат сўзад ту барин фарзанда! Кадом фарзанд падари мўйсафедаша ин қадар бераҳмона задааст?! — Сабоҳат-апа боз омада худро болои мўйсафед партофт. — Мезадагӣ бошӣ, ба ҷои падарат маро зан! Ҳардуямонро баробар куш, якҷоя гўр кун. Медонам, ба дили ту ҳар дуи мо задагӣ. Бас, бас мегўям. Бас кун, дастатро гир, оқ мешавӣ, медонӣ, оқ?! Магар, ки дигар оби ин деҳаро нахурӣ. О, падаратро куштия, медонӣ куштӣ? Наход аз падару акоят ҳавлӣ ширин бошад, ҷувонимарг!? О, ҳамсояҳо! Чаро ин қадар мардуми мо бепарво? Наход касе нашунавад? Ёрӣ диҳед! Дунёю охиратат сўхт, бача! Медонӣ!? Дунёю охиратат сўхт. Ин нангро чӣ хел бардошта мегардӣ?
— Мон, занак, ин қадар доду вой нагўй, мон то дилаш хунук шудан занад. Ман умрамро дидагӣ. Мурам садқаи сар. Дод нагўй, боз як кас ним кас аз ҳамсояҳо нашунавад. Ин нанг ба мо ҳам мерасад.
Аммо Сабоҳат-апа ба гапҳои Қосим-амак гўш накарда бо тамоми овозаш дод мезад:
— Ягон одами зинда ҳаст? Наход ҳама аз якдигар безор шуда бошад? Мўъмин бародари мўъмин гуфтаанд, охир, ёрӣ диҳед, ин ҷаллод падарашро мекушад! Ба чашмонаш хун давидагӣ. Як пиёла нўшида омаду ба гапи занаш даромада оламро вайро карда истодааст. Гўр ин хел келин шавад. Аз рўзе, ки ба ин даргоҳ омад, фарзанди худамон душман шуд. Ин бори чандум аст, ки вай падарашро мезанад. Наход дунё охир шуда бошад? Наход раҳму шафқат намонда бошад? Баро аз хона, баро! Ҳоло ки ҳамсояҳо наомадаанд, аз ҳавлӣ баро! Ту, охир, кўр нестӣ? Бин, сару рўи падаратро пури хун кардӣ?
Ҳамин вақт чанд нафар ҳамсоя, кўчагузарон вориди ҳавлии Қосимамак шуданд:
— Ҳа, тинҷӣ-мӣ? Чӣ шуд? Ин қадар овозатон баланд буд, Сабоҳат-апа? Э, ҳа, Қосим-амак, чаро сару рўятон кандагӣ? Ягон кас зад чӣ?
— Қодир бо асо сару рўи падарашро зада хуншор кард. Чанд лагад ба миёнашон ҳам зад. Хамин қадар кунам, зўрам нарасид. Мо фарзанд не, саг калон карда будему бехабар. Мўйсафеди нимҷонро қариб кушад.
— Даҳанатро пўш, набошад туро ҳам... Гумон мекунӣ онҳо туро ҳимоя мекунанд? Агар хоҳам дар як лаҳза ҳардуятонро ба он дунё мефиристонам.
Қодир хост ба модараш ҳамла кунад, ўро мисли падар зери лагад гирад.
— Ту киро мезанӣ?... Э, фарзанд нашуда мур! Садқаи одам шав. Бар падари калон кардаат лаънат! Боз тарафи модар ҳамла мекунад-е? -Ҳамсояи Сабоҳатапа Мардонқул Қодирро аз дасташ дошта сахт сўи худ кашид.
— Бас кун! Чунон мезанам, ки дигар аз ҷоят намехезӣ. Қуввататро нигоҳ дор. Дар вақти пириат боз даркор мешавад. Туро ҳам мезананд, бача! Агар бандае назанад худо мезанад!
— Шуморо кӣ ба ин ҷо даъват кард? Кӣ хўҷаину далол намуд? Бароед аз ҳавлӣ? Рафта ба падару модари худ хўҷаинӣ кунед? — Қодир ба омадагон ҳамлавар гашт.
— Ҳоло ҳамин тавр? Мо монем, ки ту боз бечора, мўйсафедро кўбӣ?! — Мардонқул аз қаҳр як торсакӣ ба рўи Қодир зада ўро ба худ овард. — Ту ҷиндӣ-пиндӣ шудӣ? Набошад, одами сиҳат ин хел рафтор намекунад. Ин нангро баъд чӣ хел бардошта мегардӣ, аҳмақ! Дар куҷо шунавидӣ, ки писар падарашро задааст? Баро, берун баро! Ҳоло ҳам вақт ҳаст. Одамҳо бисёр нашуда, худатро ба ягон гўр гир, ки баъд пушаймон мешавӣ! Мо чанд нафар дидем, ҳама азони худӣ. Сари кафида зери тоқӣ барин гап. Ўй, аҳмақ, сухани маро шунавида истодаӣ ё не? Ё боз ду-се торсакӣ занам? Ин шармандагия, медонӣ шармандагӣ? Кори дар таърих нашудагиро кардӣ.
— Шумо чиро мефаҳмед, Мардонқул-ако?! Гумон мекунед ман аҳмақам? Ба ҷонам расид. Аз ин рўз мурданам беҳтар. Монед, оқ шавам, дунёю охиратам сўзад. Ман ба ҳамааш розӣ.
Ба хона дароям, падарлъанати келин ғидӣ-ғидӣ. Назди инҳо биёям, ғидӣ-ғидӣ. Вай инҳоро ганда мекунад, инҳо вайро. Решааш як хонаи лаънатӣ. То ҳамин хонаю ҳавлиро алов сар дода, халос нашавам, ба фикрам ғидӣ-ғидӣ тамом намешавад. Ё ягонтои инҳоро куштанам лозим.
Аз хона овози Қосим-амак шунавида мешуд:
— Охир, худо ҷонамро нагирад, чӣ кор кунам? Худамро кушам гўям, ҳаром мемурам. Ин фарзанд шуда истода то ҳол як бурда нон ёфта надода бошад. Ба болои ин намемонад, ки дар ҳавлии худам ба рўзи худам мурам. Гапи ёфтагиаш «Ҳавлию хонаро холӣ кун!» Канӣ гўед, ҳавлиро холӣ карда мо-чолу кампир бо ин аҳвол ба куҷо равем? Ба дари кӣ равем, ки моро қабул кунад. Сарам сахт будааст, худоҷон. Ҷонамро тезтар гир, ки аз дунё безор шудам.
Қосим-амак ларзида-ларзида оби чашм мерехт. Дурусттараш мисли кўдакҳо мегирист. Хуни рўяшро пок мекарду ашки талх мерехт.
«Инро бинед, инро бинед» гўён ба ҳамсояҳо пораҳои асои шикастаашро аз замин чинда нишон медод. Бо асоям қимма кард-е.
Қосим-амак ҳар куҷо, ҳар куҷои ҷисми майдаяки худро даст карда, даст карда «Эй, войе, аз ин рўза сад бор мурдан беҳтар. Акнун чӣ хел рўи одамонро мебинам? Шармандагӣ. Донистагӣ вайро, надонистагӣ маро айб мекунад. Худоҷон, агар қудратат бошад, тезтар ҷонамро гир. Бас будагист ҳамин қадар шармандагӣ». Мўйсафед боз мисли мусибатзадаҳо ба гиря даромад. Гиряи ў дилҳоро обу реш-реш мекард. Раҳми кас меомад ба ҳоли мўйсафед... Дар деҳа овоза паҳн шуд: «Писари Қосимбой падарашро задааст». Ин хабарро ҳар кӣ ҳар хел, аз рўи фаҳмишаш шарҳ медод. Лекин аксарияти одамон писари Қосимбойро айбдор мекарданд: «Ҷавони хуб набаромад. Агар падарашро зада бошад, дунёю охираташ сўхт. Оқ шуд. Охир, дар дунё «Падар ризо, модар ризо, худо ризо» гуфтаанд. Агар дунё охиру қиёмат наздик нашуда бошад, кадом писар падарашро задааст?
Додою оча бо сад умед бача калон мекунанд, ки дар пиронсолӣ асо гардад, дасташро гирад. Мўҳтоҷи дигарон шудан намонад. Агар Қосимбой медонист, ки писараш калон шуда «қассоби» худаш мешавад, дар кўдакиаш аз баҳри ин хел фарзанд мебаромад. Ба кӣ даркор чунин фарзанд?
Махсусан занҳои деҳаро намегўед. Барои онҳо, ки чанд вақт ин ҷониб ягон гапи нав набуд, ин ҳодиса дастаки хуб шуд. Ба шунидаҳои хеш як бар даҳ зам намуда, ба қавле болохонадор карда, ҳодисаи нангинро, ки дар ҳақиқат дар тўли умри баъзеҳо навтарин буд, шарҳу эзоҳ медоданд:
— Эъ, гўр ин хел писар шавад. Номаш аз дунё гум шавад. Наход омада-омада падарашро занад. Дигар одам набуд-чӣ? Боз ҳамин хел задаст, ки футбол кардааст. Чандкаса базўр халос кардаанд, мегўянд. Ҷувонимарг боз ба ҳамсояҳои халос кардагӣ ҳуҷум кардааст, мегўянд. Ин хел фарзанд, худо хоҳад, дасту пояш дар оташи дўзах месўзад. Канӣ давлат бошаду қонун бошаду ба ҳамин хел фарзандҳо ҳукмашро нишон диҳад. Бурда аз даҳону забонаш парронад. Ҳа, парронад, ки ба дигарҳо мактаб шавад. Ҳурматро ёд гиранд. Аз забонаш овезад ҳам мо розӣ. Машоихҳо гуфтанд: «Падарат хук бошад, хукбонӣ кун». Ҳол он ки аз рўи донистани мо Қосимбой ин қадар одами бад нест. Ҳамин тавр не?
— Дуруст дугонаҷон, бечора одами бад не. Ба кору бори камбағалиаш доим овора. Як умр азоб кашида дар хонаҳои камбағалӣ фарзандҳояшро ба воя расонд. Хайр, фарзанди қобил бошад, бафаҳм бошад, ба гапи падару модараш дарояд-дия. Ҷавони пухта ҳам дили падару модарро меёбад, ҳам дили занашро. Чӣ гуфтед, дугонаҷон?
— Дуруст, дуруст. Ҳама як хел намешудааст. Номи деҳаро ҳаром кард. Ба бадӣ баровард, як гўсолаи ганда...
— Гандааш ганда будааст-дия, -мегуфт сеюмин. — Эрка гўӣ, эрка ҳам не. Чанд фарзанду аз якдигариаш якдигариаш бадтар. Ин қадар одам ба падару модар бемеҳр мешудааст-у? Мегўянд, ки дигар писарони Қосим-амак ҳам дер-дер ба хонаи падарашон омада хабар мегирифтанд. Ё, айби мўйсафеду кампир ҳам бошад? Сонӣ, бачаҳои эрка ҳам нестанд-мӣ, дугонаҷон. Писари Нишонбойро бинед. Худаш танҳо, дар ҳамин хел оилаи тинҷу бекамӣ ба воя расида бошад ҳам, боз сари хамашро боло намекунад. Илоҳим ба пешонии падару модараш то охир ғунҷад, онҳоро болои ҳафт қабат кўрпача мешинондааст. Намемондааст, ки дасташонро ба оби хунук зананд. Аз забони келинашон ҳам ширу шакар мерехтааст. «Додоҷон», «модарҷон» гўён номи хушдоману қайнитошро бе бисмиллоҳ ба забон намегирифтааст. Ҳамааш аз тарбия-дия, дугонаҷон. Дар кадом оила набошаду чанд нафар фарзанд набошад, ба падару модар вобаста. Аз аввал «балом, бўтам» гуфта насиҳат кунанд, роҳи дуруст нишон диҳанд, нағз шуда рафтан мегирад...
Чанд рўз аст, ки дар чашмонам хоб нест. Баъди он ки ҳодисаи нангинро дидам, ҳар лаҳза сару рўи хуншори Қосим-амак пеши назарам ояд, таъбам хира, хаёлам парешон мегардад. Бештар фикр мекунам. Ҳатто вақтҳои охир аз нишастан дар назди падару модар шарм мекунам.
Гўё, ки ман падарамро зада бошам, гўё, ки ҳодисаи нангин дар ҳавлии мо рух дода бошад. Ё тавба, илоҳо ба ҳафт пуштамон ин охиратсўзиро нишон надеҳ.
Инак, имрўз ҳам дар туғёни хаёлотам. Чанд дақиқа хомўш, таҳлили он манзара мекунам. Ғами бештар на аз он мехўрам, ки Қосим-амакро писараш задааст. Маро чизи дигар азоб медиҳад. Ин ҳам бошад, тарбияи нодурусти фарзанд. Кӣ ниҳол шинонд, кӣ онро рост накард, каҷу килеб, аз рўи хоҳиши худаш ба кадом тараф, ки майл кунад, ба воя расонид? Магар худи Қосим-амак не? Пас, аз кӣ бояд гила кард? Бача лой, падару модар кулол, гуфтаи халқ. Агар онҳо лойро нағзакак пазонида, зарфи хубе месохтанд, мисли маҳсулоти кулолӣ серхаридор мегардид.
Дунёи бевафоро бинед. Ҳамсолоне дорам, ки аз дидори падару модар сер нагаштаанд. Имрўз ҳам ба ёдашон мегирянд, афсўс мехуранд, ки роҳати меҳнаташонро надида, аз дастурхони фарзандонашон як бурда нон нахўрда аз дунё гузаштанд. Умри кўтоҳ ба ин даст надод. Аз ин ҷиҳат ҳамсолонам ҳар як мўйсафедро бинанд, оғўш кушода, рўяшонро ба риши барфосои онҳо гузошта, гарм-гарму самимӣ вохўрдӣ мекунанд. Гўё аз онҳо бўи падарашон меомада бошад.
Аммо ин нохалаф падарашро «футбол» кард. Ин ҳамааш аз шикамсерӣ. Қодир аз дидори падар бисёр сер шуд. Онҳо, ки зиёда аз ҳафтод сол умр диданд, ба дили Қодир заданд. Шояд аз ин ҷиҳат дилбазан гашта бошанд? Шояд Қодир барин нохалафон хоҳанд, ки падару модарашон тезтар ҳавлию хонаро холӣ кунанд?
Ҳар кас рисқашро мехурад. Магар ин кор бо зўрӣ мешавад? Худо медонад, пиру кампир боз чанд сол умр мебинанд. Боз чӣ қадар рисқу рўзӣ доранд? «Як камон сад тирро бар хок пинҳон кардааст» фармудааст шоире.
Ё, шояд ин тавр гуфтан ҳам хато бошад? Дар деҳа садҳо нафар падару модар ҳастанд, ки синнашон ба ҳаштод расидаю аз он гузашта. Онҳо ҳам фарзанд доранд. Боре, нашунавидам, ки сўи падару модар бадбад нигоҳ карда бошанд...
— Ту, писарам, ин қадар фикр мекардагӣ шудӣ. Пеш ин хел набуд-ку? Ҳар кас бад ё нек мекунад, ба худ мекунад. Натиҷаи корашро мебинад. Баъд дар ҳаёт ин хел ҳодиса нав не. Дуруст, ки Қодир беақлӣ кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё