Неъмат Бобоҷон. Зиндаятим

Дар маҷмўа қиссаҳои «Хонаи умед», «Зани аскар», «Зиндаятим» ва ҳикояҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф ҷой дода шудааст. Дар қиссаи «Хонаи умед» ҷавонон, ки қаҳрамони асосии асаранду аз душвориҳо наҳаросида, дар аз худ намудани даштҳои ташналаб ва ба бўстон табдил додани як гўшаи Тоҷикистони азиз меҳнат мекунанд, тасвир ёфтаанд.
Валиев Султон · 25 ноябри 2024 · 29 саҳифа
Гап-гапи мардум рост баромад. Дар яке аз моҳҳои зебои фасли баҳор, моҳи май ҷанг тамом шуд. Ин воқеа дар рўзе ба вуқўъ пайваст, ки каландии ток дар участкаи Боғи Миёна дар авҷ буд. Чанд нафар колхозчиён раисро, ки тез асп давонда меомад, дида «боз чӣ воқеа рўй дода бошад? О, ягон маротиба раис ин қадар шитоб намекард-ку? Ё, ягон гапи зарураш бошад» гуфта ҳайрон шуданд.
Ёфтед, фарзандони деҳаи ман Бунафша! Раис дар ҳақиқат гапи зарур, хеле зарур дошт. Ў мехост хушхабарро ҳарчӣ тезтар, ҳо бале, тезтар ба гўши шумоён расонаду шодиёна гирад. Хотиратонро ҷамъ кунад. Охир, шумо ин муждае, ки раис оварда истодааст, ҳар дақиқаю соат, шабу рўз, моҳу сол итизораш будед. Инак, он рўз фаро расид. Хушхабарро аз ҳама пеш раиси ба қавле ба пою қадам шунавидаасту мехоҳад гўшраси шумоён кунад.
Раис аз муждаи нек кўдаквор шодӣ мекард, куртакурта гўшт мегирифт. Ба худ ҷои нишаст намеёфт. «Ҷанг тамом шудааст, ҷанг тамом шудааст» гўён аз ҷои худ хеста, дасташро бардошт, дар кабинети холӣ ҳатто рақс карда гирифт. Радио бори дигар хабар дод. Ҳотам Ҳоҷиев муждаи некро ин дафъа ҳам то охираш пурра шунавид. Баъд гўшаки онро тоб додаю хомўш намуда ба шаст аз ҷояш хеста саҳни идора баромад. Раисро дар ин лаҳза шинохтан душвор буд. Вай роҳравон тасмаи миён, остини холии аз таги вай гузаронидаашро ба тартиб гирифта, бари куртаи аскариашро ба қафо кашида, мисли командирон таранг намуда, сўи аспаш омад. Асп по кўфта сарашро ҳар замон, ҳар замон болою поён бозӣ доронда, думи заб-зарди сермўро гоҳ ба чап, гоҳ ба рост зада меистод, соҳибашро дида шинохт магар, ки шиҳа кашид. Ҳотам Ҳоҷиев аз рўи одат рўи аспро сила карда, ба дасташ фўки вайро, ки ба рўяш хеле наздик оварда бўй карданӣ мешуд, дур намуда гиреҳи тасмаро аз танаи дарахт кушод. Қашқа фаҳмид, ки соҳибаш азми сафар дорад, худро наздиктар овард. Раис ҳар дафъа ҳангоми саворшавӣ бисёр азоб мекашид. Ду-се маротиба ҳаракат намуда, сипас савор мешуд. Ин дафъа баръакс, бо як ҷастан, бо осонӣ худро болои зин гирифта, лаҷоми ҷонварро сўи участкаи Боғи Миёна тоб дод. Ин, албатта, сабаб дошт. Дар ин ҷо ҳашарчиёни бисёре аз ҳамаи бригадҳо ток каланд мекарданд. Токкаланд яке аз корҳои вазнинтарини колхоз аст. Вайро ба таъхир мононда намешавад. Дар ҳолати аз вақташ гузаштан ревоҷҳо парида, ҳосил нобуд шуданаш мумкин. Бинобар он ҳар сол бо қувваи ҳашар ин кор то даҳрўзаи дуюми моҳи май ба охир расонда мешавад.
Ҳотам Ҳоҷиев лаҷоми аспашро суст намекард. Ў ба мардум ба ҷои салому алейк танҳо як гапро такрор ба такрор, бо овози баланд мегуфт: «Шодиёна диҳед, шодиёна! Ҷанг тамом шудааст! Ҷанг!!! — Мефаҳмед, ҷанг тамом шудааст, тамом, шодиёна диҳед!!!»
Овози раис баланд садо дода, аксаш аз дуродур шунавида мешуд. Баробари шунавидани хушхабар ҳашарчиён корро партофта сўи якдигар давида, ҳамдигарро ба оғўш гирифта, табрик менамуданд. Мардон мисли бачаҳо тоқиҳояшонро ба осмон ҳаво дода, «Ура, ҷанг тамом шудааст. Ура, ура» мегуфтанд. Занҳо якдигарро канор гирифтаю бўсида «муборак бошад, ҷанг тамом шудааст, муборак бошад» мегуфтанд. Шодии бачаҳои ҳангоматалаб ҳадду канор надошт. Онҳо баробар «Ура, ура, ҷанг тамом, ҷанг тамом» гўён гирд-гирди калонсолон, қад-қади марза болою поён медавиданд. Як лаҳзаи хурсандӣ гўё тамоми ҷароҳати панҷсолаи мардумро табобат карда буд. Танҳо як нафар ба хурсандии аъзоёнаш дида дўхта, чизеро ба хотир овардагӣ барин ашк мерехт. Ў Заррина буд. Оре, ашки сўзони бригад ҷой дошт. Гарчанде ҷанг тамом шуда бошад ҳам, вале вай барои Заррина бардавом аст. Дурустараш, ҷанг барои бисёр оилаҳое, ки ҷигарбанди онҳоро ба доми худ фурў бурдааст, то имрўз давом дорад...
Баъди чанде фарзандони деҳа як-як баргаштан гирифтанд. Вале ҳоло кори саҳроро ба онҳо супоридан аз рўи одобу инсоф набуд. Якеро пой набошад, дигареро даст нест, сеюминро тир аз сина зада аз тахтапушт баромадааст. Ҳоло ҷароҳати на ҳамаи онҳо сиҳат шудааст. Лекин, на ҳамаи баргаштагон умри дароз диданд. Дар ҷанг намурда бошанд ҳам, тири душман онҳоро ба азоб мононда, охиру охирон ба хок бурд. Ҳайфи ҷавонҳои барноят, деҳаи азизам Бунафша.
Ҳотам Ҳоҷиев дар колхоз бисёр наистод. Ўро, гўё ки барои алобгирӣ фиристода бошанд, дере нагузашта ба дигар кор гузарониданд. Аниқтараш дар конференсияи кумитаи ҳизби ноҳия муншии якум интихоб намуданд. Ба ноҳия калон шуда рафтани раисро мардуми деҳа чанд ҳафта пештар байни худ гапгап карданд, вале ба кадом вазифа касе аниқашро намедонист. Ҳар кӣ аз худ ҳар чӣ мебофт. Ба раис ҳар мансабро муносиб медонистанд.
— Раис дар кадом кор набошад, ўҳда мекунадмегуфтанд одамҳо, -қадду қоматаш омадагӣ, сиёсат дорад, бамаънӣ, ақли расо худо ато кардагӣ. Ба арзу шикояти мардум бо тамкин гўш мекунад. То аз дасташ омадан ёрӣ мерасонад. Арақ нахурад, ба зану фарзанди мардум бо чашми бад нигоҳ накунад. Гап ҳамин, ки раис оянда одами хеле калон шуда меравад. Халқ тарозу аст. Ҳар касро даррав бар кашида, ба чигунагии ў баҳо медиҳад. Мўйро аз хамир ҷудо мекунад халқ. Некро таърифу тавсиф, бадро зери тозиёна мегирад, халқ.
Инак, то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад гуфтагӣ барин миш-миши одамон рост баромад...
Ҳоло бошад, онҳо тахминҳои дигар мекунанд. Кӣ раиси колхозашон мешуда бошад? Оё мисли Ҳотам Ҳоҷиев боз раиси хубро медида бошанд? Аз он рўзе, ки котиби ҳизб кас монда, ҷеғ зада омада дар ҳуҷрааш сўҳбат намуд, фикри аъзоёни бюроро гуфт, дар деҳа овозаи нав паҳн гардид, ки раис Заррина мешудааст.
— Не-не, боварии кас намеояд, — мегуфтанд баъзеҳо. — Кадом занак раис шудааст, ки Заррина шавад. Бригадирӣ кори дигар. Роҳбарии як хоҷагии калон вазнин. Одамҳоро кор фармудан даркор. План буд кардан даркор. Даромад-баромад, ҳисобу китобаш ҳаст.
— Хайр, чӣ, раис шавад айбу аҷоиб-мӣ? Чанд сол боз бригад. Планҳояш доимо пур. Ба одамҳо забон ёфта метавонад. Ду раис қати кор карда, чашми корро ёд гирифт, -фикри гурўҳи дигар буд.
— Як маротиба аз моён ҳам калон шавад-дия. То кай мардҳо «мо роҳбариро метавонем» гуфта забондарозӣ мекунанд. Аз занҳо роҳбар шавад, баракс, мардҳо аз худашон шарм карда кор мекунанд. Ин қадар ба сари оилаҳояшон дағ-даға намуда, чормағз намешикананд, -ин фикри занҳои деҳа буд.
Ҳотам Ҳоҷиев гапро мухтасар намуд: мақсад аз шуморо, Заррина, ҷеғ зада овардани мо ҳамин. Ба колхоз роҳбар лозим. Ман бо ъзоёни бюро маслиҳат намудам. Онҳо ҳам розӣ. Агар шумо зид набошед, ба раисӣ худатонро пешбарӣ кунам.
Заррина чашмдошти чунин таклиф набуд. Ў ҳайрон шуд.
Агар «не, наметавонам, ман ҳамин бригадириро бо як азоб ўҳда карда истодам. Ман чию раисӣ чӣ? Маълумотам набошад. Касб надошта бошам» гўяд, обрўи Ҳотам Ҳоҷиев рехтанаш мумкин. Аъзоёни бюро аз ду сар «бин, ба як занак чанд вақт ҳамроҳ кор карда, имрўз гапат нагузашт» мегўянд. «Ҳа» гўяд роҳбарии як хоҷагии калон кори осон магар? Чашми мардум ҳоло аз нон сер нашудааст. Ҳизб бошад, то як вазифаро супоридан. Ба гарданат, ки бор кард, интихоб, ки шудӣ мард ё зан нагуфта кор, план талаб мекунад. Хайр, фарз кардем, як-ду маротиба ҳам мадад расонд, баъд чӣ? Рафта коратро карда намедиҳад-ку?
— Чӣ гуфтед? — пурсид Ҳотам Ҳоҷиев риштаи хаёли Зарринаро дар ҳамин ҷо канда.
— Раҳмат барои боварӣ, лекин...
— Нафаҳмидам, барои чӣ лекин? Наметавонам мегўед, маънои гапатон ҳамин будагист? Кумитаи ҳизбӣ ҳаст. Наход, ки кори шумо, ҷамъият дар роҳ монад. Мо ҳамаашро нағз мефаҳмем. Ҳеҷ кас модарзод раис таваллуд нашудааст, намешавад ҳам. Дастгирӣ мекунем. Намояндаҳо рафта ёрӣ мерасонанд. Вақту соаташ расад, маълумот ҳам мегиред. Баъд дидед, ки об ба лаби ҷўй баробар шудааст. Барои ҳамин бо дили пур, агар интихоб кунанд, ба кор сар кардан даркор.
Аз суханронии раис Заррина далер гашт...
Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии колхоз худи Ҳотам Ҳоҷиев иштирок намуд. Котиби ташкилоти ҳизби колхоз, ки муваққатан вазифаи раисро дар ўҳда дошт, дар бораи фаъолияти садороти колхоз ҳисобот дод. Чор-панҷ нафар баромад карда, аз хусуси муваффақияти хоҷагиашон, ҳиссаи бригадҳои пешқадам, кори хуби раиси собиқ гап зада, ба фаъолияти садорот баҳои қаноатбахш доданд.
Садри маҷлис аз рўи масъалаи ташкилӣ ба котиби аввали кумитаи ҳизби ноҳия Ҳотам Ҳоҷиев сухан дод. Ҳозирон бо чапакзанӣ раиси собиқашонро пешвоз гирифтанд. Котиб дар бораи бурду бохти хоҷагӣ, захираҳои истифода нагардида, роҳҳои боз ҳам баланд бардоштани иқтисодиёти колхоз, ободонии деҳот ва бисёр масъалаҳои дигар гап зада, сонӣ сари мақсад омад.
— Рафиқон, -гуфт ў, маҷлиси имрўзаи шумо дар як вақт бояд раиси колхозро интихоб намояд. Аъзоёни бюрои кумитаи ҳизби ноҳия ба ин вазифа номзадии Заррина Одиловаро ба муҳокимаи шумо ҳавола мекунад. Ба ин шумо чӣ мегўед?
— Маъқул!
— Ҷудо боб!
— Фикри хуб!
— Мо розӣ, -аз зол садоҳо баромаданд.
Садри маҷлис фикри котибро ба овоз гузошт.
Ҳама бо як овоз Зарринаро раис интихоб намуданд. Ҳотам Ҳоҷиев дар охир боз сухан гирифта:
— Ба фикри ман, шумо Зарринаро раиси худ интихоб намуда бурд кардед. Дар ҳар куҷое зан сарвар бошад, кор пеш меравад. Ба фаъолияти меҳнатии Заррина ҳамаатон аз ман дида хубтар шинос. Ў аз мушкилиҳо наҳаросида дар солҳои мудҳиши ҷанг роҳбари бригада шуд. Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда дили ҳар як аъзои бригадаашро ёфт, онҳоро кор фармуд. Албатта, рафиқон, кори колхозро як ё ду нафар пеш бурда наметавонад. Кумитаи ҳизби ноҳия боварӣ дорад, ки шумо, мардуми деҳаи Бунафша, ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои баланд бардоштани обрўи хоҷагии худ, бо як нафар зани ҷавон, ки имрўз ба зимааш вазифаи хеле мушкил гузошта шуд, монда нашуда меҳнат мекунед. Мо ба шумо раис, ба деҳқонони колхоз дар иҷрои нақшаҳои ҳизб комёбиҳо орзу мекунем...
Рўзҳои аввал ба Заррина мушкил буд. Вай намедонист корро аз куҷо, чӣ тавр сар кунад. Ба колхоз барои кишт тухмӣ намерасид. Техникаи асосӣ чанд сар навбаст, нақлиёт аспу ароба буд. Дар назди раиси ҷавон бисёр масъалаҳои ҳалталаб меистоданд: баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагӣ, шиками халқро аз нон сер кардан, ободонии деҳа, зиёд намудани шумораи роҳбарон аз ҳисоби занҳо. Вале ин корҳо танҳо бо хоҳиш иҷро намешаванд. Кўшишу ғайрат, дастгирии умум, сонӣ қадри арзандаю сазовор лозим. Заррина бегоҳӣ ба хонааш омада, дар болои нақшааш бори дигар фикр ронд. Дуруст барин. Ба ҳар ҳол ба кор сар кардан даркор. Бахор омада монд. Барвақт киштӣ, бурдӣ гуфтанӣ гапҳо ҳаст. Ҳамаро ҷамъ намуда, поруи дар молхона бударо ба сари замин кашондан даркор. Пору хамиртуруши замин аст. Вайро мерасонад, бақуввату ҳосилхез мекунад. Баъд чаро, ёнаю тепаҳои Мунору Оби Аҳмадшоҳ ҳар сол бекор мехобад. Ҳамин қадар заминҳои нағзро подаҷо карда мондаанд. Магар уболаш намегирад. Имсол файзи зимистон дигар. Барф борид. Нам нағз. Ғаллаи баҳорӣ коридан мумкин. Дар воқеъ масъалаи тухмӣ чӣ? Шояд аз нарасидани тухмӣ ин заминҳо то ҳол бекор мехобанд?
— Шояд, -худ ба худ такрор намуд ў. — Дар ҳақиқат дар ин шароит тухмӣ ёфтан амри маҳол. Ба худат, ки нест, дар олам нест. Колхозҳо хароб. Давлат ҳама чизро ба ҳисоб медиҳад. Заррина хеле майна об карда ду роҳи ин масъаларо ёфт: Роҳи якум ёрдами кумитаи ҳизб. Роҳи дуюм, ҳеҷ набошад дастгирии вай. Тухмӣ диҳад-ку нуран ало нур. Рафту надиҳанд рухсат мепурсам, ки ба ивази аспи раис ғалла гирем. Ба қашқа ҳоло ҳам харидор бисёр. Фардо ба назди Ҳотам Ҳоҷиев рафта фикрамро мегўям. Агар ёрдам кунад, таваккал, корида мепартоям. Ҳаво ҳиммат карда ду-се борон диҳад, хирман-хирман ғалла гирифтан мумкин. Баъд одамон ҳам серу ҷону ҷонварҳо ҳам. Бигузор аз план берун гуфта, ба давлат насупорем. Давлат кӣ-одамон, халқ.
Раис пагоҳии барвақт ба идора омада корҳояшро тахт намуда, сонӣ як сари қадам ба райком омад. Фикри Зарринаро дар бораи кишт намудани ёнаю теппаҳои Мунор, Оби Аҳмадшоҳ Ҳотам Ҳоҷиев маъқул донист, ҳатто таъриф кард:
— Ман медонам, заминро хор кардан даркор не. Заминҳои он ҷо бошад ҳосилхез. Дуруст мегўед, ки вақти кишт карданаш расидааст. Коҳу дони фаровон гирифтан мумкин. Аммо масъалаи тухмиро чӣ кор мекунед?
— Барои ҳамин назди шумо омадам. Илоҷаш бошад, аз ягон ҳисоб ёрдам расонед. Хеҷ набошад, қарз дода истед.
— Мушкил. Ба фикрам ҳамаи фонди тухмиро ба хоҷагиҳо тақсим карда доданд.
— Ҳотам Ҳоҷиев... Заррина мақсадашро нагуфта чанд сония хомўш монд.
— Шумо, рафиқ Одилова, ба фикрам ягон чиз гуфтанӣ. Агар ягон нақшаатон бошад, беибо гуфтан гиред.
Заррина далер гашт.
— Аз ин ҷо, ки ёрдам нашавад, ман як фикри дигар дорам.
— Канӣ фаҳмем?
— Аспи шумо буд-ку?
— Аспи ман? Кадом аспи ман? — Ҳотам Ҳоҷиев
ҳайрон шуд. — Ман дар колхоз ягон аспи шахсӣ надорам.
— Мебахшед, аспи савор шуда мегаштагиатон буд-ку.
— Ҳа, қашқа!? Хўш?
— Ҳозир ҳамон бекор. Худатон медонед, ки ба ман асп лозим не. Ба қашқа бошад, талабгор бисёр. Аспбоз будааст. Одами ба худаш тинҷ. Гуфтааст, ки чӣ қадар ҷаву гандум даркор бошад, ёфта медиҳам.
— Охир, вай моли ҷамъият. Чӣ хел мешавад? Колхозчиён чӣ мегўянд? Боз «раис аспро фурўхта хўрд» нагўянд.
— Ҳотам Ҳоҷиев, мо аспро намефурўшем, балки ба ғалла иваз мекунем. Баъд ҳосил, коҳи ин заминҳоро ба колхозчиён тақсим карда медиҳем.
— Гапатон дуруст, раис, аммо андешаи ман дигар аст. Оё шумо, рафиқ Одилова, сад фоиз бовар доред, ки аз он заминҳо дар соли аввал ҳосили фаровон мегиред. Метарсам, ки тухмии ба ивази асп гирифтаатон беҳуда нест шуда наравад. Ин масъала хеле нозук. Бисёр эҳтиёт шуда, амал кардан даркор. Баъзан одам некӣ мекунам гуфта ба тўҳмати хушк монданаш мумкин. Рости гап, раис, дар ин масъала ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Дар масъалаи аз нақша берун будани ғалла бошад, хотирҷамъ. Мо рухсат медиҳем.
Заррина аз ҳуҷраи котиб баромада роҳравон ба туғёни хаёлот фурў рафт. «Аспро ҳам иваз намекунам. Модоме, ки моликияти ҷамъият бошад, даркор нест. Халқро ҷамъ карда фаҳмонидан лозим. Мегўянд-ку халқ як буридагӣ нон диҳад сер мешавӣ, як муштӣ занад мемурӣ. Одами бисёр. Ҳар як хонавода як пудию ним пудӣ ғалла диҳад, амбор пур мешавад. Кушоду равшан мегўям: Ғаллаю коҳашро баъди пухтан худатон мегиред.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Раис барои маҷлис не, балки маслиҳат сардорони бригада, оилаҳоро даъват намуд. Фикрашро гуфт. Одамон ҳангоми муҳокима ба ду гурўҳ тақсим шуданд. Аксарият мегуфт, ки фикри хуб, барои манфиати худамон будааст. Таваккал шеру андеша рўбоҳ. Кишт кунем, ризқи халқ, мешудагист. Наход, ки худо ноумед кунад. Ҳар кас бозёфти бечорагиаш, аз рўи инсоф доштагӣ бисёртар, надоштагӣ камтар ёрдам кунад, нағз мешавад.
Гурўҳи дигар, ки байнашон Ҳодӣ-пучуқ, ҳамон Ҳодӣ-пучуқе, ки раиси собиқ Ҳотам Ҳоҷиев кафшашро пеши пояш гузошта буд, ба ҳалли масъала халал мерасонд. Ў ду пояшро ба як мўза тела дода, «намешавад. Ин кори дар таърих нашудагӣ. Худи мо ба як бурда нон зору боз ҷаву гандум диҳем будааст. Дар соли ҷанг ин хел маҷбур накарда буданд. Мо аҳмақ нестем, ки ба гапи зан даромада ба теппаи қоқ дон бурда партоем. Ҳозир чашми ҳама гурусна. Ду рўз нагузашта дидед, ки зоғу замбўр хўрда рафтааст. Ў, халоиқ, шумоён чаро гўсфанд барин ҷим-ҷим мешинетон. Медонед вай ин корро барои чӣ карда истодааст? Шояд бисёриҳо надонанд. Лекин ман медонам. Барои обрў, шўҳрат. Ҳа, шўҳрат. Мехоҳад мисли Ҳотам Ҳоҷиев ба райком ба кор равад. Калон шаваду ҳамаро ҳамин хел, ҳозира барин як бурда нонашро аз даҳонаш кашида гирад. Худаш, ки заиф калон шуд, корро бало задагияш ҳамон, -бо овози баланд аз ҷояш хеста мегуфт Ҳодӣ-пучуқ. — Додашро ба оллоҳ гўяд. Дораш бошад, бурда кашад, аз дасташ ояд аз деҳа кўчонад, лекин як грамм ғалла намедиҳем. Коҳу гандумаш сарашро хурад».
— Шуд, амаки Ҳодибой, охир ин ҷо як худи шумо не, монед дигарҳо ҳам гап зананд. Ба як каф ғаллаи медодагиатон колхоз зор шуду боз нозу нуз карда истодаед. Ҳурмататонро нигоҳ доред. Шумо надиҳед, дигарҳо ҳастанд.
— Чӣ, ман аз гап задан маҳрум-мӣ? Аслаш медонӣ туро кӣ калон кард, курсинишин намуд? Ана ҳамин мани ганда. Набошад, ба як бурда нон зор шуда, дар хона нишаста будӣ. Имрўз раис шудам гуфта тамоми вазниниро ба гардани халқ бор накун-дия. Дунё дунёи наркушу модапарвар шуда монд. Ба шумо баринҳо форид. Набошад, ҳамин қадар ҷавонҳои барно, бўзбалаҳои мўйлабдор нест шуда, ту баринҳо хўчаини мулк мешудӣ?
— Таъна назанед, амаки Ҳодибой. Дили мо ҳам намехост, ки шавҳарамон қурбони ҷанг гардаду аз шумо баринҳо гап шунавида шинем. Боз такрор мекунам: ман ба хонаи худам не, барои давлат не, барои халқ дону коҳ шавад гуфта ин корро карда истодам. Шумо мўйсафед, аз ман нағзтар медонед, ки замин бекор истад, убол. Дуояш мегирад. Замин ҳам модар аст. Касе, ки хор мекунад, рўзи некию нони сериро намебинад. Дигар нишастагиҳо ҳам беҳтар медонанд.
— Дуруст, дуруст, -овози чанд нафар аз ҳар тараф шунавида шуд. — Ҳодибой надиҳанд, не-дия. Боз-боз карда мешинед.
— Раис ду даҳан гап занам мумкин, -гуфта бобои Даврон аз ҷояш хест:
— Ҳодибой, дўстам, мард шудан даркор. Ин хел нашудааст-дия. Як муштипарро дирўз таъриф карда раис интихоб намудем. Имрўз бошад, худама кушу бузамро не гуфта ду поятонро ба як мўза андохта гапгардонӣ мекунед, андеша чизи хуб. Халқ шумо кӣ, духтарамон Заррина кӣ, медонад. Нону намаки колхозро шукр шумо ҳам кам не, мўл не, чанд сол хўрдед. Дунё ҳамин хел. Меоянд, ҷои ману шуморо мегиранд. Пир шудед, тан диҳед. Ба кори ҷавонҳо халал нарасонед. Агар тавонед, маслиҳати хуб диҳед.
— Шумо маслиҳат дода истодаед, бас-дия, аз дасти мо ин кор намеояд, -пичинг парронд Ҳоди-пучуқ. — Ҳе, дода, ба ин мардум нағзӣ кунӣ, ба бало мемонӣ. Рав, ба маҷлисат нашинам халос мешавам, гўён аз ҷояш хеста аз зол баромад. Ў аз чӣ бошад, ки танҳо рафт. Ҳамфикронаш ба вай пайравӣ накарданд...
Модари модарҳо, Бунафша. Ман ҳамеша ба як чиз шукр мекунам. Хайрият, ки дар дунё аз бадон дида мисли бобои Даврон некон бисёранд. Онҳо ҳамеша тарафдори кори хайранд.
— Хислати фарзанди одами хирадманд чунин аст: шукр кардан, дастгири кори хайр будан, манфиати умумро хостан. Касе бо ин роҳ рафт, кам намешавад, хор намегардад. Бале, модари азизам, Бунафша. Зарринаро бин. Аз рўзи аввал мақсадаш пок, ғамаш ғами ҷамъият. Аз ин ҷиҳат баҳор сербориш ва барои кишт, махсусан, ғаллаҳои лалмӣ хеле мувофиқ буд. Ғаллаи дар ёнаҳо корида то миён қад кашиданд. Саракҳояшон ғўта-ғўта. Ба ток ҳам офате нарасид. Дар вақти гули ангур борон нашуд, жола наборид.
— Ба ин наздикиҳо ин хел соли серҳосилро надидаем, -мегуфтанд пирони деҳа. — Ҳамааш бахти Заррина. Ба пою қадам омад. Дилаш, ки соф аст, худо хоҳад кораш барор мекунад. Набошад як раисҳои «манман» мегуфтагиҳо омада рафтанд, ки... Колхозамон танҳо дар давраи ду нафарҲоҷиеву Заррина як нав қоматашро рост кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё