Зеҳн
«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.

Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, хонаи ободи ман,

Маҳди ман, манзилгаҳи аҷдоди ман,

Реша дорад нахли меҳрат дар дилам.

Саҷда меорам ба хокат,

Саҷда меорам ба обат.

Аз гилу оби ту аст обу гилам.

Эй макони гулфишон,

Зодгоҳу маскани мардони кор.

Аз дилу ҷон

Дуст медорам туро!

Тоҷикистон,

Сарзамини бостон,

Духтари кўтоҳдастат як замон,

Ҷои пайғоме равон кард аз барои ошиқаш

Коҳу ангишти туро.

Бе сухан мехост ў гўяд ба ёр:

Бе ту, эй ёри азиз,

Зардрў гаштам чу коҳ,

Дар фироқат он чунон ҳам сўхтам,

Гаштам охир ҳамчу ангиште сиёҳ.

Тоҷикистон,

Меҳри ту

Ончунон дар сина беандоза аст,

Ман намедонам чи сон

Бо сухан гўям варо?

Бе ту ман ҳам мешавам чун коҳ зард,

Аз ғаму аз сўзу дард

Мешавам ман бе ту ангишти сиёҳ.

Тоҷикистон, хонаи ободи ман,

Гўшаи зебою сарсабз, эй Ватан,

Бар танам меҳри ту бо шир омадаст,

Меравад бо ҷони ман!

ҲАДИСА

СУРУДИ ВАҲДАТ

Тоҷикему мо аз ин сайёраем,

Офтоби зарфишонро пораем,

Дар раҳи ваҳдат ба ҷон сар мекашем,

Парчаматро ҳофизу ғамхораем.

Кишвари овозадорам, зинда бош,

Тоҷикистон, ифтихорам, зинда бош.

Ваҳдатат–ин субҳи истиқлоли мо,

Ваҳдатат–ин мурғи зарринболи мо,

Мепарад аз мулк бар мулки дигар,

Ў диҳад овои истиқболи мо.

Тоҷикистон, ваҳдатат поянда бод,

Нури хуршеди раҳи оянда бод.

Тоҷикему мо аз ин сайёраем,

Офтоби зарфишонро пораем,

Дар раҳи ваҳдат ба ҷон сар мекашем,

Парчаматро ҳофизу ғамхораем.

Кишвари овозадорам, зинда бош,

Тоҷикистон, ифтихорам, зинда бош.

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, бо ҳама кўҳдоманӣ,

Боз мебинам, ки бопаҳно туӣ.

Мазраҳоят мазраи иқболи ман,

Ин чӣ иқболе, ки побарҷо туӣ.

Чеҳраи ту қурси хуршеди фалак,

Зарфишон аз рўи ту ҳар барзанат,

Рўдҳои ту ғазалхонӣ кунанд,

Ҷо шуда ҳулди барин дар доманат.

Ту сари сабзи ман астӣ дар ҷаҳон,

Сабзтар бошад сари болои ту,

Зери гардун ту бимонӣ бегазанд,

Нангу номус аст сар то пои ту.

Саҷдагоҳам домани паҳноварат,

Ман ба номи ту ҳамеорам суҷуд.

Дар замин бе синаи гарми ту ман

Як нафас, як лаҳза кай дорам вуҷуд?

Тоҷикистон, эй сафобахши ҷаҳон,

Тоҷикистон, чашмаи ҷонам туӣ.

Шукр мегўям, ки дар рўи замин

Тоҷикам ман, Тоҷикистонам туӣ!

ЭЙ ДУШАНБЕ

Эй Душанбе, дўст медорам туро,

Бо ҳама ин хонаҳои пасти ту,

Қасрҳои ту ба боло сар кашад,

Мерасад то чархи гардун дасти ту.

Дўст дорам ҳар ниҳолатро ба ҷон,

Ҳам суруди рўди хушхони туро,

Растаҳои гулфишони равшанат,

Боғу роғи сабздомони туро.

Дўст дорам ҳайкалони барқадат,

Рўдакӣ, Фирдавсиву Сомоният,

Нури яздонӣ бирезад бар сарат,

Бар тамоми ҳастии яздоният.

Дўст дорам бо ҳама буду набуд,

Як дамам ман бе навоят бенаво,

Ҳар садоят лаҳни булбул оварад,

Бе садои ту ман астам бесадо!

Дўст дорам ёлаҳову барзанат,

Дидаи ту дидаи бинои ман.

Рўи ту хуршеди тобон дар назар,

Паҳнаи ту паҳнаи дунёи ман.

Ҳусни ту офоқро тасхир кард,

Як хасатро ман набидҳам бар касе,

Эй Душанбе, ту садои меҳри ман,

Бар ҳама ақсои дунё мерасӣ.

пешина
аз 63
навбатӣ