«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ШАҲРИ РОҒУН
Эй чашми пурнур,
Эй қалби пуршўр,
Эй лутфи наздик,
Эй ҷони раҳдур,
Бар шаҳри Роғун
Боре сафар кун,
Равшан зи ҳуснаш
Нури басар кун.
Рўи заминаш
Чун қуллакўҳ аст,
Ҳар қуллаи кўҳ
Бас пуршукўҳ аст.
Мўъҷиза ин ҷо,
Афсона ин ҷо.
Сар то ба гардун
Ҳар хона ин ҷо.
Нақшу нигораш
Дил мерабояд.
Хушбў канораш
Ҷон мефизояд.
Фаввораи нур,
Фаввораи об,
Бар дида ояд
Чун ширмаҳтоб.
Ҳар чашм ин ҷо
Саршори барқ аст.
Ҳар чашм гўӣ
Хуршеди шарқ аст.
Эй чашми пурнур,
Эй қалби пуршўр,
Эй лутфи наздик,
Эй ҷони раҳдур.
Бар шаҳри Роғун
Боре сафар кун.
Дар шаҳри Роғун
Як шаб саҳар кун.
Нозирҷон БОҲИРӢ
ДУР АЗ ТУ ЯК ШАБИ ДИГАР САҲАР
ШУД, ЭЙ ВАТАН
Дур аз ту як шаби дигар саҳар шуд, эй Ватан,
Боз як рўзи ҷудоӣ пушти сар шуд, эй Ватан.
Гарчи буд аз умри ман ин рўз, шукри он ки рафт,
Боздиди мову ту наздиктар шуд, эй Ватан.
Вақт бозистод оё, ки чу умре тўл ёфт,
Ҳар нафас, ҳар дам, ки бе ту даргузар шуд, эй Ватан.
Тўшааш меҳри ту буду матлабаш иҷрои қарз,
Дил ба амри ту даме ки дар сафар шуд, эй Ватан.
Дидаам ҳар ҷо, ки бе ту бар зару зевар фитод,
Пеши чашмам гарди хокат ҷилвагар шуд, эй Ватан.
Гулсифат дил ҳар куҷо гарчи рухи хандида дошт,
Лоласон аз ҳаҷри ту хуни ҷигар шуд, эй Ватан.
Ашки ҳиҷрон буд зиндонии чашмам рўзҳо,
Узр, агар пинҳон зи ман шабҳо бадар шуд, эй Ватан.
Меҳри ту дар боғи дил буд гар ниҳоли наврасе,
Берун аз хокат дарахти пурсамар шуд, эй Ватан.
ВАТАН-ИН АҲЛИ БАЙТУ
ХОНАИ МАН
Ватан–ин аҳли байту хонаи ман,
Саропои Ватан–кошонаи ман.
Ватан бар ман фақат обу замин нест,
Ватан–ин мардуми фарзонаи ман.
Ватан–панди падар, уммеди модар,
Ватан–ишқи ману ҷононаи ман.
Ватан–ин суфраи пур, дидаи сер,
Ҳаёти ҳамчунон афсонаи ман.
Манам чун мурғи хушболупари бахт,
Ватан–обу ҳавою донаи ман.
Ғуруру сарбаландии ман аз ўст,
Ватан–зўри миёну шонаи ман.
Ватан–минбар, Ватан–овози бурро,
Ватан–ин ҳарфи озодонаи ман.
Паи ободиҳояш ҷонфишонӣ–
Ватанро ин бувад шукронаи ман.
Шикасти ў шикасти нанги мардист,
Ватан–паймони ман, паймонаи ман.
Чӣ бахти олие, мурдан ба роҳаш
Бувад гар қисмати пешонаи ман.
Ба бадкешон куҷо, охир, диҳам роҳ,
Уқобам ман, Ватан–ин лонаи ман.
Ба дунё зиндагӣ бе бахт марг аст,
Ватан–ин бахти ҷовидонаи ман.
Ҳикмат РАҲМАТ
РОҲИ ҚАЛБИ АНЗОБ
Паси сар карда рўди шўхи Варзоб,
Гузар дорем мо аз қалби Анзоб.
Чунин мўъҷизаро марди мусофир
Надида на ба бедорӣ, на дар хоб.
Кунун, эй ағба, садди мо наӣ ту,
Ту мондӣ дар қафою мо равонем.
Зи Ақраб то ба Ҷавзо зери барфӣ,
Вале мо ҳеҷ гаҳ дар раҳ намонем.
Ҳазорон сол бо садҳо машаққат
Гузар аз қуллаҳоят гаштем ҷўё.
Миёни селу сангу барфу борон
Ба каф бигрифта ҷон раҳ мекушудем.
Ҳазорон сол монда сар ба поят,
Раҳи қалби туро мекоф тем мо.
Ба даврони Эмомалии Раҳмон
Чӣ хуш, ки ёфтем имрўз онро.
Гузар дорем акнун аз дили ту,
Раҳи мо чун кафи мо гашта ҳамвор.
Ту, ки роҳ аз дилат додӣ, насозем
Сукути қуллаҳоятро халалдор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё