«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ДУБАЙТИҲО
Рамузи Ваҳдат аз наврўз омўз,
Ва ё аз тифли навомўз омўз.
Зудудан дудаҳои осмонро
Ба зери осмон аз рўз омўз.
Рамузи Ваҳдати олам ҳамин аст,
Нумўи сабза аз лутфи замин аст.
Гаҳе борону гоҳе санг борад,
Чӣ чархишҳо, ки дар чархи барин аст.
Замини ташна рўзе об ёбад,
Чу ринде, ки шароби ноб ёбад.
Зи чархишҳои сар ё чархи ахзар
Саҳар хуршеду шаб маҳтоб ёбад.
Замин чархад, ҳамечархад сари ман,
Ки меафтад зи дастам соғари ман.
Замин ҷому ҳама дарёст дар он,
Нарезад қатрае з-ин ҷоми гардон.
Ту ваҳдат аз дили бекина омўз,
Намуди ростӣ з-ойина омўз.
Нигаҳдории ойини ҳақиқат
Зи бишкан-бишкани порина омўз!
Зи Миррих табли ҷанг ояд ҳамеша,
Зи Зўҳра ною чанг ояд ҳамеша,
Аё Симурғ, Золи нав куҷо шуд,
Зи кўҳи Қоф санг ояд ҳамеша.
Раҳи ваҳдат зи санги пора бигзашт,
Баланду пастро ҳамвора бигзашт.
Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,
Ки ҳар кӣ з-он гузашт, овора бигзашт.
Абдуҷаббор ҚАҲҲОРӢ
ВОПАСИН АБЁТ
Дўстон, ваҳдат намеомад, агар ҳиммат намешуд,
Маҳв мегаштем, моро гар чунин қудрат намешуд.
Ақлҳоро гар намеовард ин мўъҷиз ба ҷунбиш,
Тоҷики сарсахт ҳаргиз соҳиби нусрат намешуд.
Гар хирадмандӣ намеомад ба имдоди халоиқ,
Мардуми мо бемуҳобо соҳиби давлат намешуд…
\* \* \*
Чанд рўзи хуш агар то зиндагонӣ дидаем,
Аз камоли якдилию якзабонӣ дидаем…
\* \* \*
Ҳаббазо сулҳу сафо! Шукронаи ваҳдат кунем,
Хонаи дилро бадал бо хонаи ваҳдат кунем1
…
Ин абёти парешон, ки манзури хонандагони соҳибзавқ мегардад, аз зумраи охирин таълифоти устод Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ буда, онро ду рўз пеш аз фавташ навиштааст.
Абдумалик БАҲОРӢ
ДИЛҲОИ ПУРҲАРОРАТ
Мо, бинокорони дунёи навин,
Ошиқони меҳнати ҳаққу ҳалол.
Мениҳем андар раҳи ваҳдат қадам,
Роҳи фикру мақсади мо безавол.
Дўст медорему хизмат мекунем
Бо садоқат мо ба мулки меҳрубон.
Гаштаю баргашта даъват мекунем,
Халқи оламро ба сулҳи ҷовидон.
Сулҳ–ҳусни боғҳои рўҳбахш,
Нозу неъматҳои дастархони мост.
Сулҳ–нури барқи Норак, нури Вахш,
Сулҳ овози дили ҷўшони мост.
Сулҳҷўёни ҷаҳонро ёварем,
Зидди душман мавҷи обу оташем.
Халқ фармояд, ба ҷо меоварем,
Гар Ватан даъват кунад, саф мекашем!
Убайд РАҶАБ
ВАТАНИ ВАҲДАТ
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мулки мардони сарафроз,
Ман агар кўтоҳумрам,
Умри ту бодо дароз.
Шукр гўям, аз ман астӣ,
Бо ман астӣ, модар астӣ,
Аз барои ман ягона
Дар ҳама баҳру бар астӣ.
Шукр гўям, шукри беҳад,
Ки ду чашми сери худро
Боз кардам, боз кардам
Дар канори ту ба дунё.
Устухонам сахт гардид
Аз ҳавою обу хокат,
Ҷони ман дорад ҳузуре
Аз ғубори хоки покат.
Дар барат чун арчаи ту
Саркашонам, қадкашонам,
Дур гардам аз ту, мирам,
Зист бе ту чун тавонам?
Шукр гўям, шукри беҳад,
Ки надидам рўи зардат…
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Ман набинам доғу дардат!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё