«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ПАДАРОН
Қулласон рўи кўҳи меҳани мо,
Дар урўҷу шукўҳи меҳани мо,
Ҷумла собит чу рўҳи меҳани мо,
Бо Ватан ҳамтананду ҳамтани мо,
Монда барҷову ҷовидон мани мо.
Чун зи ҳафтод пушти чусту матин
Пушташон рўи худ надида замин,
Кўҳ тан дода бар ватандорон,
Тор бар пудашон танида замин.
Ҷуз ба рўи Ватан ба пеши касе
Ҳеҷ зону намезаданд, яқин!
Хоки мо то ки арзи ҳастӣ дошт,
Ҷумла азми ватанпарастӣ дошт,
По ниҳода ба арсаи ҳастӣ
Ҳар як онро, чу сарпарастӣ дошт.
Қадри хокам баландтар бурданд,
Даҳр гарчи зиёда пастӣ дошт.
Баски хоки Ватан зи ҷуд намонд,
Дар вуҷудаш басо сууд бимонд.
Дудмоне чи чангу дуд бимонд,
Ҳар чи бар даст дошт, зуд бимонд,
Ҳар киро ҳар чияш, ки буд намонд,
Бар Ватан арсаи вуҷуд бимонд!
Ҷуз падарҳои мо ба амри сиришт,
Кас ба хокам дарахту тухм накишт,
Рўи девору бораҳои Ватан,
Кас набигзошт хишт рўи хишт,
Ғайри ҳар шоири бузургаш кас
Баҳри ў ҳарфи ҷовидон нанвишт!
Раънои МУБОРИЗ
БА ҲАМЗАБОН
Эй ҳамзабон, эй ҳамзабон, рўзи хушат фархунда бод,
Эй вориси озодагон, рўзи хушат фархунда бод.
Эй як нишон аз дурҳо, аз мулки нуру ҳурҳо,
Эй насли неки ориён, рўзи хушат фархунда бод.
Эй ҳамхудову ҳамрасул, эй ҳамсадову ҳамусул,
Эй бо Авасто ҷовидон, рўзи хушат фархунда бод.
Поянда бо Зардушти худ, поянда бо сад пушти худ,
Сомонии пуршаъну шон, рўзи хушат фархунда бод.
Насли Каюмарсу Курўш, эй аз нажоди Дориюш,
Эй Ардашери Бобакон, рўзи хушат фархунда бод.
Эй Хусрави Парвизи ман, эй Рустами рўинатан,
Эй Ҳурмузу Нўширавон, рўзи хушат фархунда бод.
Эй чашми бози Рўдакӣ, эй чангу сози Рўдакӣ,
Эй чун Бухоро роздон, рўзи хушат фархунда бод.
Бо «Маснавии маънавӣ» олам ба олам мезанӣ,
Эй орифи шаҳномахон, рўзи хушат фархунда бод.
Қонуни Синоям туӣ, имрўзу фардоям туӣ,
Эй хаста аз ину аз он, рўзи хушат фархунда бод.
Чун Носири Хусрав биё, аз нав биё, аз нав биё,
Эй Айние аз Ғиждувон, рўзи хушат фархунда бод.
Сарсабз шуд иқболи мо, сарсабз истиқлоли мо,
Эй ҳамдилу ҳамормон, рўзи хушат фархунда бод.
Дар рўзи нав, эй меҳрубон, Раъно ба лаҳни булбулон
Бо меҳр гўяд ҷони ҷон, рўзи хушат фархунда бод!
ТОҶИКИСТОН, ВАТАНАМ!
Тоҷикистон, Ватанам, боғу баҳору чаманам,
Мулки хуршедии ман, кишвари гулпираҳанам.
Бишкуфӣ ҳар нафасе тозаву сабз андар сабз,
Бишкуфад васфи ту оҳанги нафису суханам.
Шодрўзони накўи ту фаровон бодо,
Чор фаслат ҳама гулбезу гулафшон бодо.
Сабзу обод Душанбеву Бадахшону Ҳисор,
Суғду Хатлону ҳама водии Раштон бодо.
Рўзи имрўзи саиди ту муборак бошад,
Субҳи саршори навиди ту муборак бошад.
Хуш шукуфон шудаӣ, бош шукуфон доим,
Эй Ватан, шодиву иди ту муборак бошад!
НУРИ ВАҲДАТ
Ҷамоат зўр шуд аз нури ваҳдат,
Балоҳо дур шуд аз нури ваҳдат.
Замона пур шуд аз оҳанги тавҳид,
Садоҳо ҷўр шуд аз нури ваҳдат.
Тамоми ҳамхудоён бо ҳам омад,
Риёҳо ур шуд аз нури ваҳдат.
Ба кулли аҳриманкории дунё
Фалак мансур шуд аз нури ваҳдат.
Замин шуд сабз аз гармии дидор,
Само пурнур шуд аз нури ваҳдат.
Шабони тор рафта боз аз нав
Саҳар манзур шуд аз нури ваҳдат.
Фидои номи ваҳдат, ай азизон,
Ҷаҳон пурсур шуд аз нури ваҳдат.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё