«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ИФТИХОР
Мо савти як тарона, гулҳои як баҳорем,
Аз Суғду аз Бадахшон, аз Рашту аз Ҳисорем,
Мо файзи хоки Хатлон, зархокаи Зарафшон,
Дилдодаи Душанбе, гулдастаи диёрем.
Мо сарсупурдагони ин мулку ин маконем,
Фарзанди кўҳсори пурганҷи тоҷиконем.
Пирем агар чу кўҳаш, чун рўди ў ҷавонем,
Бар сўйи бахти миллат бо завқи дил равонем,
Моро мадад намояд арвоҳи Оли Сомон,
Ҳамсанги халқи олам, ҳамрози ин замонем.
Мо насли сарбаланди имрўзи Тоҷикистон,
Дорем дўст аз ҷон ин мулки хуштар аз ҷон!
ТОҶИКИСТОНИ МАН АСТ
Ин диёри кўҳсорон Тоҷикистони ман аст,
Ин макони сабздомон Тоҷикистони ман аст.
Ифтихори миллати ман қуллаи Боми Ҷаҳон,
Махзани лаъли Бадахшон Тоҷикистони ман аст.
Кишвари манро набошад эҳтиёҷи посбон,
Сангдевори кўҳистон Тоҷикистони ман аст.
Дар талоши оби ў сад фитна барпо мекунанд,
Мавҷи кони чашмасорон Тоҷикистони ман аст.
Суғду Хатлону Ҳисору Рашту Вахши гулчакан,
Бо Зарафшони зарафшон Тоҷикистони ман аст.
Бебаҳо ганҷ аст ҳар фарзанди бономуси он,
Сарзамини родмардон Тоҷикистони ман аст.
Пешдодону Каёнон, Оли Сомон тухмаам,
Вориси девони Сомон Тоҷикистони ман аст.
Обу хокаш саҷдагоҳам, санги роҳаш тоҷи сар,
Ин ҳама дунёи Султон Тоҷикистони ман аст.
Равшани ҲАМРОҲ
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, зинда бодо ҷашни истиқлоли ту,
Хушдиливу хуррамӣ ояд ба истиқболи ту!
Бо ҳаловат, бо саодат рўз бинӣ, кишварам,
Пок бодо аз мусибат номаи аъмоли ту!
Аз самои нилгунат бахт борад бар сарат,
То абад хуш бигзарад ҳар рўзу моҳу соли ту!
Дўстонро тоҷи сар кардан туро ойин бувад,
Сар барорад ҳар куҷо душман, шавад помоли ту!
Ман ба ҳусни беназират то қиёмат ошиқам,
Нест маскан дар биҳишти адн ҳам тимсоли ту.
Чашм бикшодам қатори чашмасоронат зи кўҳ,
Ҳаст парвози сурудам аз пару аз боли ту.
Кишвари ман, равшании дидаи ман аз ту бод,
Бар сарам тобанда бодо ахтари иқболи ту!
ПАРЧАМ
Ҳар ҷо қадам гузорам дар зери Парчами ту,
Умре шарик бошам дар шодиву ғами ту.
Дар санги ту тапад дил, ҳар хори ту кунад гул,
Мурғи дилам сарояд бо зеру бо бами ту.
Ман дўстат бидорам, эй кишвари мунаввар,
Тўфони ишқ ҷўшад дар чашми шабнами ту.
Дар дил намедиҳам раҳ куфрони неъмататро,
Шукронаи пури ту, шукронаи ками ту.
Хоки туро физояд як мушт хоки Равшан,
Рўҳам бимонад аммо ҳамрозу ҳамдами ту.
Файзи АШЎР
АСРҲО
Асрҳо, асрҳои қисматсоз,
Аз раҳи умрҳо гузар карданд.
Сабт бошад, ки асрҳои қадим
Бар сари одамӣ чи оварданд.
Шодмон он яке зи файзи ишқ
Дигаре хуррам аз паёми малак.
Он яке буд асри кашфи замин,
Дигаре буд асри кашфи фалак.
Гар яке хунталаб гузашт, гузашт,
Дигаре ҷон ба лаб гузашт, гузашт.
В-ар яке буд рўзгоршинос
Дигаре мисли шаб гузашт, гузашт.
Асрҳо, асрҳои қисматсоз–
Қисмати обу хоку оташу бод,
Ҳама рафтанд як дуо бар лаб:
–Асри нав беш шодиовар бод!
Бар сари боду хоку оташу об,
Ки ба қолаб фитод инсон аст,
Гардиши чарх асри нав овард,
Асри нав-асри Тоҷикистон аст.
РОЗИ БУНЁДГАР
Кўҳсори Тоҷикистон,
Осмонбўсӣ, ки дорӣ ганҷ дар дил.
Парчами бахти маро ҷо додаӣ чун тоҷ бар сар.
Бар саломат мерасад аз осмонҳои мусаффо
Офтоби чеҳрахандону мунаввар.
Кўҳсори Тоҷикистон,
Мечашӣ аз ҷоми беҳамтои хуршед
Бодаи анвори гарму рўшани як умр тобонро.
Дар раҳи ташрифи наврўзу баҳор эҷод месозанд
Пиряхҳоят ҳазорон рўду дарёи ҷавонро.
Кўҳсори Тоҷикистон,
Мўҳташам, тамкинқарину сарбаландӣ.
Ҳамчу фарзанди накўноми ту ман ҳам
Нанг дорам, сарбаландам.
Сарбаландиро чу мақсуди бузургони диёрам меписандам.
Кўҳсори Тоҷикистон,
Вақти он омад, ки наврўзу баҳори тозаро
Ман ба коми хеш созам ром бо азми ҷадид.
Балки созам дар канори ин баҳор
Як баҳори дигаре,
Рангинтаре, рўшантаре.
Пас, дар ин роҳи муқаддас
Бозувонамро диҳам ташбеҳ бар бозўи ту,
Нерўямро қувва бахшоям ман аз нерўи ту!
ТОҶИКИСТОН
Кишвари бехазон–Тоҷикистони мо,
Нурбахши замон–Тоҷикистони мо.
Парчами сулҳро ҷилваҳо медиҳӣ,
Ҷовидон дар ҷаҳон–Тоҷикистони мо.
Тахти ту арҷманд, ифтихорат баланд,
Эътиқодат қавӣ, эътиборат баланд.
Обу хокат даво, осмонат азиз,
Рўзгори ту чун кўҳсорат баланд.
Эй Ватан, ҳомии фазлу илму ҳунар,
Боғи эҷоди мо бо ту орад самар.
Аҳди мо пойдор, азми мо устувор,
Рўҳи мо безарар, роҳи мо бехатар.
Ориёнзодаем, Тоҷикистонием,
Чеҳрабикшодаем, Тоҷикистонием.
Бар хирад, бар адаб, бар ҳунар, бар зафар
Ҷону дил додаем, Тоҷикистонием.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё