«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ
Файзи истиқлоли мо аз Ваҳдат аст
Ин ҳама иқболи мо аз Ваҳдат аст.
Хони мо аз файзи истиқлол пур,
Сарзамини мо шуда лабрези нур.
Нораку Сарбанду Роғун ҷилвагар,
Шоми мо гардида монанди саҳар.
Кишвари мо гашта машҳури ҷаҳон,
Дар ҷаҳон донанд акнун тоҷикон.
Миллати бо нангу номусем мо,
Соҳиби фарҳангу қомусем мо.
Дода истиқлол бар мо болу пар,
Дар ҷаҳон шуд парчами мо ҷилвагар.
Мо ба дунё сози Ваҳдат мезанем,
Ҷанг бо миқрози Ваҳдат мезанем.
Сулҳу ободӣ шуда бар мо шиор,
Кишвари мо мешавад овозадор.
Сулҳу ваҳдат ин шиори миллат аст,
Обрўю эътибори миллат аст.
Миллати мо миллати олинажод,
Гашта сарҷамъу намуда иттиҳод.
Гирди раҳбар раҳбари воломақом,
Раҳбари бономусу бо эҳтиром.
Покҷон, покизатан, покизадин,
Мешиносандаш ҳама рўи замин.
Раҳбари мо раҳнамои миллат аст,
Раҳнамою раҳкушои миллат аст.
Роҳи мулки мо кушод аз чор сўй,
Дорад ў хушбахтии мо ҷустуҷўй.
Рўзу шаб ў дар талоши зиндагист,
Дар пайи ободию созандагист.
Ў Ватанхоҳу Ватанпарвар бувад,
Пуштибони миллату кишвар бувад.
Миллаташро дўст дорад раҳбарам,
Раҳбари бонангу меҳнатпарварам.
Файзи истиқлоли мо аз бахти ўст,
Ин ҳама иқболи мо аз бахти ўст.
Аз Худо хоҳам набинад рўзи сахт,
Дар ҷаҳон поянда бодаш тоҷу тахт.
Чашмаи иқболи ў зоянда бод!
Тоҷу тахту бахти ў поянда бод.
Муродалӣ СОБИР
ТАЗМИНИ ҒАЗАЛИ РЎДАКӢ
Бўи ҷўи Мўлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Рўдакӣ
Бар диёри мо баҳор ояд ҳаме,
Рўзгори мо ба бор ояд ҳаме.
Марди деҳқон сўи саҳро бо ҳавас
Шод бо ҷуфти сипор ояд ҳаме.
Дар чаман булбул ба бўи гул хуш аст,
Ҳамчу ошиқ беқарор ояд ҳаме.
Оби ҳар як чашма бо сад печутоб
Бар канори марғзор ояд ҳаме.
Боз Варзоби биҳиштосои ман
Гулфишону гулнисор ояд ҳаме.
Тири чашми духтарони масти ишқ
Бар дили мо ҷоншикор ояд ҳаме.
Ваҳдати мо ҳар қадар боло равад,
Дўстии мо ба бор ояд ҳаме.
Мардуме аз файзи Истиқлолият
Баҳри Меҳан ҷоннисор ояд ҳаме.
Чун муроди мо муроди мардум аст,
Шеъри мо беихтиёр ояд ҳаме…
Ҳамроҳ УСМОН
ТАЛОШ
Санги туро болин кунам, эй мулки ман, эй мулки ман,
Меҳри туро таҳсин кунам, эй мулки ман, эй мулки ман.
Бо панҷаи худ барканам ҳар буттаи хори туро,
Боғат кунам, гулчин кунам, эй мулки ман, эй мулки ман.
Ҳамчун баҳори ҷовидон бинам туро умре ҷавон,
Рўи туро бечин кунам , эй мулки ман, эй мулки ман.
Бар марраҷоят то расам, чун гулгуни дарё расам,
Аз мавҷи дарё зин кунам, эй мулки ман, эй мулки ман.
Эй тахтаи шаҳмоти ман, аз ҳар пиёда дар барат
Бо ҷаҳди дил фарзин кунам, эй мулки ман, эй мулки ман.
Бо хуни поки синаам, бо ранги поки хомаам
Ҳусни туро рангин кунам, эй мулки ман, эй мулки ман!
ҶАВОБИ КИШВАРАМ
Рўзгорамро кунад гарм офтоби кишварам,
Рўшанӣ бахшад шабамро моҳтоби кишварам.
Рўди ў андар шитобу кўҳи ў андар сукут,
Рамз дорад ҳар сукуту ҳар шитоби кишварам.
Бобҳо бикшода меҳраш дар дилу дар ҷони мо,
Сад ҳазорон маънӣ ояд аз китоби кишварам.
Чашмааш аз чашмаи меҳру муҳаббат сар шавад,
Ташнаҷоно, нўш кун аз оби ноби кишварам.
Бадгумоно, некдил шав аз накўиҳои ў,
Пургуноҳо, баҳра бардор аз савоби кишварам.
Эй ки хоҳӣ маънии дунё аз ў созӣ суол,
Дўстиву ростӣ бошад ҷавоби кишварам.
Маликаи АВАЗ
ТОҶИКАМ
Эй ки пурсӣ, аз куҷоям?—тоҷикам,
Бо дили дардошноям тоҷикам.
Шукри обу хоки меҳан мекунам,
Маскани меҳру вафоям тоҷикам.
Ҳастиям аз хуни поки тоҷик аст,
Ифтихор аст аз бароям, тоҷикам.
Ҳарзагўён ҳарза мегўянд чанд?
Ҳафт пушти муттакоям тоҷикам.
Зодаи домони покат, эй Ватан,
Ҳомии сулҳу сафоям, тоҷикам.
Гар ғаразгўён гаҳе лофе зананд,
Бисмиллаҳ, сар то ба поям, тоҷикам.
Ҳар ваҷаб хокат маро пайванди ҷон,
Риштаи ҷонӣ бароям, тоҷикам.
Гар ғазал гўям ва ё савту суруд,
Бо ҳама савту садоям тоҷикам.
Лутфу илҳоми баланди ман туӣ,
Шарҳи ҳуснат месароям, тоҷикам.
Эътибору ифтихори ман туӣ,
Бе ту сарсону гадоям, тоҷикам.
Бобоназар ШАМСИДДИНЗОДА
ВАСФИ ВАТАН
Офтоби шўълаафкан ҳар саҳар
Муждаи файзи диёр орад ба кўҳ.
Доманашро ҳам такида мисли абр,
Симу зар ҳам бешумор орад ба кўҳ.
Мезанад гўш аз сари кўҳи баланд
Чашмасору рўди софи беғубор.
Ҳам уқобони баландидўстдор,
Дар фазои беғубораш беқарор.
Оҳувони тездав бо майли том,
Нўш месозанд з-оби чашмаҳо.
Кабки хушрафтор ҳангоми саҳар
Месарояд шеъри кўҳӣ бехато.
Рўдҳо аз байни соҳилҳо равон,
Рафта-рафта обашон ҷамъ мешавад.
Ё ба уқёнуси даҳри беканор,
Рафта-рафта обашон зам мешавад.
Шўхию шодии боди кўҳро
Дар сухан пардохтан мушкил бувад.
Мисли он, ки рўди шўхи беқарор,
Ҷовидонӣ бандии соҳил бувад.
Бо садои шаршара ҳар шоире
Рўи коғаз н-оварад шеъре агар.
Кўҳ домангири он шоир шавад,
Кабки масти он хурад хуни ҷигар.
Офтоби шўълаафкан ҳар саҳар,
Бо зиёрат кўҳро гирад хабар.
Тоҷикистонрост гар «Боми Ҷаҳон».
Ман намехоҳам ба сар боми дигар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё