«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
ХОНАИ ИНСОН
Бахти ту ҳамхонаи мову ман аст,
Хонаи мо зери фалак равшан аст.
Хонаи он зода, ки обод нест,
Лаҳзае аз зиндагӣ дилшод нест.
Ҳифз бикун хонаи инсонро,
Маншаи афсонаи инсонро.
Одам агар нийяти хасмона дошт,
Рўйи заминро ҳама вайрона дошт.
Одам агар нийяти ёрона кард,
Рўйи ҷаҳонро ҳама ҷонона кард.
Ҳифз бикун хонаи инсонро,
Маншаи афсонаи инсонро.
Мон, ки чароғи ману мо зинда бод,
Бому дари мову ту поянда бод.
Мон, ки замин – хонаи уммеди мо –
Пур шавад аз тантанаи иди мо.
Ҳифз бикун хонаи инсонро,
Маншаи афсонаи инсонро.
Аскар ҲАКИМ
ТОҶИКИСТОН АСТУ ИСТИҚЛОЛ…
Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.
Ман қадам чун мениҳам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.
Гар касе як гарди ту дар баҳру бар гум мекунад,
Ў на гарди хоки покат, балки сар гум мекунад.
То забон бикшоям аз ишқат, маро бикшо забон,
То ба деҳқон чун замини пахта бахшоям сурур.
То ситоям кўҳу водият чу дарёи равон,
Карда гардон парраҳоро, к-он шавад дарёи нур.
Ишқи ман набвад ба ту ҳаргиз фақат ҳарфу сухан,
Баски ишқи ту дамида ҷои ҷонам дар бадан.
Бодҳо дар пуштаҳо аз меҳри ман хонад суруд,
Мавҷҳо дар рўдҳо аз ишқи ман хонад ғазал,
Офтоб аз қуллаҳо аз сидқи ман гўяд дуруд,
Тоҷикистон, баҳри ту, ишқи азизи бебадал.
Ман баландам аз само, то зери гардуни туам,
Дар рагу шарёни ту як қатраи хуни туам.
Достони нусрати ту дар замину осмон,
Ахтарон рўйи ливоят карда аз гардун нузул.
Гарчи ҳамчун Тоҷикистон арзу тўли ту аён,
Лек ҳамчун хоки тоҷикон надорӣ арзу тўл.
Решаи тоҷик равад аз хиттае бар хиттае,
Бо ҳама илму фанаш аз қитъае бар қитъае.
Аз азал ин кўҳсорон ҳамчу боми тоҷик аст,
Боми ҳар як тоҷике бошад ба гардун ҳамҷавор.
Аз ниёгон ёдгори мо чу номи тоҷик аст,
Тоҷикистон асту истиқлол аз мо ёдгор.
Сабз бошӣ, хоки тоҷик, ҳамҷавори осмон,
То зиям андар канорат ҳамканори осмон.
БА ЮМНИ СУБҲИ ИСТИҚЛОЛ
Биё бо ман,
Агар дар осмони синаат хуршед пайдо нест,
Ҳавои хотират абристу буғзе ба дил дорад.
Вале борути раъде нест, то тарконадаш як бор,
Ки чашмонат шавад равшан,
Ҳаво борад.
Биё бо ман, агар дашти дилат аз лолаҳо холист
Ва мавҷи нарми гандумзорҳо аз ёди ту рафта.
Дигар ин дашт як саҳрои сўзонест,
Ки хокаш регу регаш тобаи тафта,
На ёди ҷўйбораш мондаву обе,
На дар бедориву хобе.
Биё бо ман, агар дар дашти ту оҳу ҷуз оҳе нест
Ва ё дар пеши чашми ошиқат оҳунигоҳе нест
Ва ё дар арсаи мардони размовар, ки ҷойи пештозиҳост,
Далерию далератро саманду пойгоҳе нест.
Биё бо ман, ки набвад ҳеҷ ҷойи шикваву афсўс,
Ки ин як лаҳзае, онест,
Ки ҷовидон дурахшад бар сарат як осмон хуршед,
Ки дашти лолаҳоят зери по қолии алвонест
Ва оҳуҳои чашми ошиқи Лайло
Ба ду паҳлўйи Маҷнуни хиёбонест.
Ту худ, к-аз Хоҷаи Ҳофиз наӣ ҳаргиз ба ҳиммат кам,
Ба холи тоҷикии пушти лаб ин ёри моро ҳам,
Чӣ мушкил, гар бубахшӣ яксара Порису Ланданро,
Ки ҳоло рафтааст аз даст, сад ҳайфо,
Самарқанду Бухоро ҳам.
Биёву тоза ҷон бахшой расми ҳадя карданро.
Биё, к-ин соҳати сабзи Замин дар зери пойи туст,
(Чу он гирд аст чун гирду),
Ба ҳар ҷояш қадам бардорию монӣ,
Ту андар маркази онӣ
Ва ё худ меҳвар астӣ ту.
Биё, як осмон истораҳову моҳтоб аз туст,
Шабе зеботар аз ҳар шеъру афсона,
Ки ин шаб ғайри парвозат набошад чорае дигар,
Ки кай гунҷад дили парвозият дар синаву хона?!
Биё, к-имшаб туро ҷашни арўсӣ асту домодӣ,
Агар шодӣ ҷаҳон дорад, бигир, аз туст ҳол ин як ҷаҳон шодӣ,
Ба юмни субҳи истиқлолу озодию ободӣ!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё