Зеҳн
РЎБОҲ ВА ПАЛАНГ

Афсона барои хурдсолон

Ахбор · 16 сентябри 2024 · 1 саҳифа

Афсона

Буд набуд як паланге

Бо як рўбоҳи ланге,

Дар як беша ҷо доштанд,

Бо ҳам муросо доштанд.

Якҷоя кор мекарданд,

Ҳарду шикор мекарданд,

Вақти шикор ҳамеша Рўбоҳи пурандеша,

Ҳилла мекарду найранг,

Пеш мегардид аз паланг.

Сайде агар шуд пайдо,

Рўбоҳ истода дар ҷо,

Думашро меҷунбонид,

Палангро мефаҳмонид.

Паланг, ки наздик омад,

Ба ғурридан даромад,

Рўбоҳ мегуфт: – Андак ист,

Акнун пашму ёлат хест,

Чашмат сурху ало шуд,

Думу гўшат боло шуд,

Дандонҳоро ханҷар кун,

Акнун ҳуҷумро сар кун!

Паланг ҳам тайёр мешуд,

Дар иҷрои кор мешуд,

Аввал мекард ў маҳмез,

Пас якбора мезад хез,

Сайдашро мехобонид,

Дилашро медарронид,

Баъд якҷоя мехўрданд,

Ба хона ҳам мебурданд.

Гурбае бо як харгўш

Мекофтанд хонаи муш,

Ногаҳ ғавғо шуниданд,

Палангу рўбоҳ диданд,

Кофтанашонро монданд,

Пинҳон шуда гўш доданд.

Гапҳошонро шуниданд,

Шикорашонро диданд.

Гурба гуфто ба харгўш:

– Ҳамаашро гир дар гўш! Дидӣ рўбоҳи лангро,

Чиҳо мегуфт палангро,

Палангро ў далер кард,

Ўро чӣ гуна шер кард.

Аммо ту бошӣ, харгўш,

Аз қафои ман хомўш,

Лиқинг - лиқинг мегардӣ,

Росташ, ҷўра, номардӣ.

Акнун дигар дар беша

Пеш рав аз ман ҳамеша.

Ҳар сайдеро, ки дидӣ,

Ё овозаш шунидӣ,

Даррав хабардорам кун,

Чун рўбоҳ ҳушёрам кун!

Дидӣ, мисли палангам,

Тезтар аз ўст чангам,

Зўрам беш аз паланг аст,

Паланг наздам гаранг аст...

Аввали моҳи Наврўз,

Харгўшу гурба як рўз

Сўи саҳро давиданд,

Ба бешае расиданд.

Ногаҳ ба чашми онон

Як тойча шуд намоён.

Гурба гуфт: – Дар ҷоят ист,

Канӣ бин, ёли ман хест?

Чашмам сурху ало шуд?

Думам андак боло шуд?

Харгўш гуфто: – Не, тақсир,

Наёфтед ҳоло тағйир.

Гурба гуфто: – Шав хомўш!

Набошад монанди муш

Мехўрамат, эй харгўш!

Харгўш гуфто: – Мебахшед! (Меларзид монанди бед.)

Андак чашмам хира шуд,

Пеши поям тира шуд,

Шояд тарсида мондам,

Рўтон надида мондам.

Ана, думтон боло шуд,

Чашматон ҳам ало шуд,

Дандонҳотон шуд ханҷар,

Зуд ҳуҷумро кунед сар!

Гурба гуфто: – Тайёрам, ҷонашро мебарорам!

Ин зўри бозуямро

Овоза кун дар дунё!

Ногаҳ давиду парид,

Дар думи тойча часпид,

Той, ки ҷаҳид аз ҷояш,

Гурба афтид дар пояш.

Баъд аз он тойи ширмаст,

Бо тамоми зўру шаст

Гурбаро мисли тўб кард,

Тоза ҳам лағадкўб кард.

Харгўш гуфто зери лаб,

Аҷоиб шуд, воаҷаб,

Паҳлавон зери по шуд,

Ана, думаш боло шуд!

аз 1