Зеҳн
СИЁҲ ВА САФЕД

Воқеа дар як шаҳраки яке аз штатҳои ҷанубии Амрико рух додааст.

Зеҳн · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Санъат
Аз аввал хондан

ЛИЗЗИ. Дигарҳояшро ҳам мепарронӣ. Писари сенаторро бубинӣ, кўшиш кун, ки тират хато нахўрад: ҳама корро ҳамун ташкил кардааст. Аздусар ҳоламонро чунон танг кардаанд, ки роҳи дигар надорем: агар туро дар ин ҷо биёбанд, ман ҳам мурдам. Мурдан, ки бошад, сазовор мурдан беҳ. (Таппончаро сўи ў дароз мекунад.) Маҳ, бигир! Бигир, мегўям.

ҲАБАШ. Наметавонам, хонум.

ЛИЗЗИ. Барои чӣ?

ҲАБАШ. Сўи сафедҳо тир андохта наметавонам.

ЛИЗЗИ. Аз ростӣ? Лекин онҳо метавонанд!

ҲАБАШ. Онҳо сафеданд, хонум.

ЛИЗЗИ. Хайр-чӣ? Сафеданд гуфта, ҳақ доранд, ки туро гўспанд барин сар бизананд?

ҲАБАШ. Сафеданд онҳо.

ЛИЗЗИ. Ландаҳур! Маълум мешавад, ки ҳардуямон аз як хокем, ту ҳам як сода будаӣ. Лекин, агар дунё ҳама қасди ҷони мо кунад...

ҲАБАШ. Барои чӣ худатон намепарронед, хонум?

ЛИЗЗИ. Гуфтам, ки ман ҳам як ландаҳури дигар. (Дар зинаҳо садои по баланд мешавад.) Ана, омаданд! (Писхандомез) Аҳволамон бад не, ҳа?

(Сукут.) Ба ванна дарову наҷунб. Нафас набарор.

Ҳабаш мутеъона дар паси дар ниҳон мешавад. Лиззи интизор аст.

Занги дар. Лиззи салиб мекашад ва, дастмонаашро аз фарш бардошта, дарро мекушояд. Се милтиқдор медароянд.

Саҳнаи сеюм

Лиззи ва се милтиқдор.

МИЛТИҚДОРИ ЯКУМ. Мо ҳабашкобӣ омадаем.

ЛИЗЗИ. Чӣ хел ҳабаш?

МИЛТИҚДОРИ ЯКУМ. Ҳамоне, ки дар поезд ба номуси зане таҷовуз кардаву ба ҷияни сенатор теғ кашидааст.

ЛИЗЗИ. Худоҷон, о наход ўро дар хонаи ман бикобед! (Сукут.)

Маро нашинохтед?

МИЛТИҚДОРИ ДУЮМ. Шинохтам! Шинохтам! Парер, ҳангоме ки аз вагон мефаромадед, дида будаматон.

ЛИЗЗИ. Дуруст. Охир, ў ба домани ман даст дароз карда буд, ба домани ман, фаҳмидед?

Дар паси саҳна – ғавғо. Ҳарсе ба Лиззи нигоҳи шаҳватбор ва ҳамзамон тарсомез медўзанд. Ва беихтиёр худро ақиб мекашанд.

Дар ин ҷо пайдо бишаваду бубинад! (Ба таппонча ишора мекунад.

Ҳарсе механданд.)

МИЛТИҚДОРИ ЯКУМ. Намехоҳед, зеби дор шуданашро бубинед?

ЛИЗЗИ. Ёфтедаш, огоҳам кунед.

МИЛТИҚДОРИ ЯКУМ. Қариб омад, ҷонам: ҳама медонанд, ки дар ҳамин кўча пинҳон шудааст.

ЛИЗЗИ. Барори кор.

Ҳарсе мераванд. Лиззи, дарро қулф карда, таппончаро рўи миз мемонад.

Саҳнаи чорум

Лиззи, баъд – ҳабаш.

ЛИЗЗИ. Баро. (Ҳабаш мебарояд ва, ба зону зада, домани пироҳанашро мебўсад.) Гуфтамат, ки ба ман нарас. (Ба ў менигарад.) Ту, аз афти кор, чандон бегуноҳ ҳам нестӣ, вагарна як шаҳр муқобилат намебаромад.

ҲАБАШ. Ман ягон гуноҳ надорам, худатон инро медонед.

ЛИЗЗИ. Онҳо мегўянд, ки ҳабаш ҳамеша гунаҳкор аст.

ҲАБАШ. Ман дар умрам ягон кори бад накардаам. Дар умрам!

ЛИЗЗИ (Дасташро ба пешонии хеш монда). Тамоман гаранг шудам.

(Сукут.) Чӣ дунёи ҳаром! Чизе намефаҳмам.

ҲАБАШ. Ҳақиқат ҳамин аст, хонум.

ЛИЗЗИ. Ту ҳам худатро гунаҳкор ҳис мекунӣ?

ҲАБАШ. Оре, хонум.

ЛИЗЗИ. Лекин, дар ҳақиқат, ягон кори бад накардаӣ?

ҲАБАШ. Не, хонум.

ЛИЗЗИ. Барои чӣ онҳо ҳақ менамоянд?

ҲАБАШ. Чунки сафеданд онҳо.

ЛИЗЗИ. Ман ҳам сафедам. (Сукут. Дар зинаҳо садои по шунида мешавад.) Рафтанд. (Беихтиёр ба ҳабаш наздик мешавад. Ҳабашро ларза мегирад, вале, бо вуҷуди ин, даст ба китфи ў мемонад. Садои по сокит мешавад. Хомўшӣ. Зуд аз ҳабаш дур мешавад.) Оҳ, чӣ танҳоем мо! Ду ятимак барин. (Занги дар. Лиззи ва ҳабаш хомўшона гўш медиҳанд. Занг такрор мешавад.) Дар ванна пинҳон шав! (Дарро мекўбанд. Ҳабаш пинҳон мешавад. Лиззи дарро мекушояд.)

Саҳнаи панҷум

Фред ва Лиззи.

ЛИЗЗИ. Ту, чӣ, ақлатро хўрдаӣ? Барои чӣ дари маро мекўбӣ?

Намедароӣ, палид, намедароӣ! Ҳамин кори кардаат бас. Гум шав аз назарам, гум шав! (Фред, Лиззиро тела дода, медарояд ва дарро аз паси хеш маҳкам карда, ўро ба оғўш мекашад. Хомўшии бардавом.) Ха-а-й-р?

ФРЕД. Иблис.

ЛИЗЗИ. Зада даромадӣ, ки ҳаминро бигўӣ? Афташа бину... Аз кадом гўр омадӣ? (Сукут.) Бигў, охир.

ФРЕД. Ҳабашро қапиданд. Лекин на он ҳабашро. Бо вуҷуди ин, дораш кашиданд.

ЛИЗЗИ. Баъд чӣ?

ФРЕД. Ман ҳамроҳи онҳо будам.

ЛИЗЗИ (ҳуштак мекашад). Фаҳмо. (Сукут.) Шамоли доркашӣ асарат кардааст.

ФРЕД. Хумори туям гирифт.

ЛИЗЗИ. Чӣ?

ФРЕД. Иблис. Ту маро ҷоду кардаӣ. Дар байни онҳо будам ман, таппонча дар даст меистодаму ҳабаш дар шохаи дарахт алвонҷ мехўрд. Чашмам ба ў буду баногоҳ ҳис кардам, ки туро мехоҳам.

Нотабиист ин ҳолат, нотабиӣ, лекин маҳз ҳамин хел шуд.

ЛИЗЗИ. Маро ба ҳоли худам бимон. Намешунавӣ, сар бидеҳ, мегўям!

ФРЕД. Чӣ хел фаҳмидан мумкин ин ҳолатро? Чӣ кор кардӣ бо ман, ҷодугар? Чӣ кор кардӣ, ки ба ҳабаш нигаристаму туро дидам?

Дидам, ки чӣ хел дар рўи оташ алвонҷ мехўрӣ, дидаму... тир холӣ кардам.

ЛИЗЗИ. Сар бидеҳ маро, палид! Сар бидеҳ, қотил!

ФРЕД. Чӣ кардӣ бо ман? Чӣ кардӣ, ки ҳар куҷое бошам, туро мебинаму халос.... шиками туро мебинам, шиками қанчиқонаи туро...

Кафи дастонам алов мебарорад, пайваста гармии бадани туро эҳсос мекунаму накҳати мўи туро мешамам... Ин сў метохтаму намедонистам, ки мекушамат ё зўран ба коми дил мерасам. Акнун медонам. (Баногоҳ сараш медиҳад.) Барои як фоҳиша ҳаётамро намесўзам. (Боз назди ў меояд.) Гўш кун, ин саҳари гуфтӣ, ки шаби олиҷаноберо гузарондӣ бо ман, рўта сиёҳ накардӣ?

ЛИЗЗИ. Чӣ?

ФРЕД. Маъқулат шудам ман?

ЛИЗЗИ. Маро осуда бимон.

ФРЕД. Қасам бихўр, ки рост гуфтӣ. Қасам бихўр! (Аз банди дасташ гирифта, дастонашро тоб медиҳад. Аз ванна садое ба гўш мерасад.) Кист он ҷо?

ЛИЗЗИ. Девона шудаӣ ту. Касе нест.

ФРЕД. Киро дар он ҷо пинҳон кардаӣ? (Сўи ванна равон мешавад.)

ЛИЗЗИ. Надаро.

ФРЕД. Яъне, дар он ҷо касе ҳаст.

ЛИЗЗИ. Меҳмони имрўзаам. Аз муштариёне, ки пул медиҳанд.

Фаҳмидӣ? Дилат қарор гирифт?

ФРЕД. Муштарӣ? Ту дигар ҳаргиз муштарӣ нахоҳӣ дошт! Ту аз манӣ фақат, аз ман! (Сукут.) Ўро дидан мехоҳам. (Дод мезанад.) Ку, баро!

ЛИЗЗИ (дод мезанад). Набаро. Фиребат мекунад.

ФРЕД. Ҷодугар! (Дағалона телааш дода, дари ваннаро мекушояд.

Ҳабаш мебарояд.) Ана, кӣ будааст муштариат!

ЛИЗЗИ. Барои он пинҳонаш кардам, ки мекобандаш.

Напарронаш. Хуб медонӣ, ки ягон гуноҳ надорад ў.

Фред таппончаро ба даст мегирад. Ҳабаш, чолокона ўро тела дода, мегурезад. Фред аз пасаш медавад.

ЛИЗЗИ (Давида назди дар меояд ва, чун мебинад, ки аз ҳарду дараке нест, дод мезанад.) Ў бегуноҳ аст! Бегуноҳ!

Ду овози тир мебарояд. Лиззи бармегардад, чеҳрааш оташин аст, назди миз омада, таппончаро ба даст мегирад. Баъди лаҳзае Фред медарояд. Лиззи, таппончаро дар пушташ пинҳон карда, ҷониби ў рў меорад. Акнун пушташ ҷониби тамошобинон аст. Фред таппончаашро ба рўи миз мепартояд.

ЛИЗЗИ. Чӣ шуд? Паррондиш? (Фред ҷавоб намедиҳад.) Хуб. Акнун

– навбати ту. (Таппончаро ба Фред рост мекунад.)

ФРЕД. Лиззи! Ман модар дорам!

ЛИЗЗИ. Даматро бигир! Кўр асояшро як бор гум мекунад!

ФРЕД (оҳиста ба ў наздик мешавад). Кларки якум бо дастони худаш як ҷангалро каллакану решакан кард; пеш аз он ки дар муҳосира ҳалок бишавад, як худаш шонздаҳ ҳиндуро ба замин хобонд. Писари вай дар худи ҳамон ҷо шаҳре барпо кард; ҳамшинухези Вашингтон буд ў ва дар Йорктаун, дар мубориза баҳри истиқлолияти Штатҳои муттаҳида ҳалок шуд. Бобокалонам пешвои вижиллантҳо буд ва ҳангоми обхезии бузурги Сан-Франсиско бистуду нафарро наҷот дод. Бобоям ба ин ҷоҳо баргашту муқимӣ шуд. Губернатори ин штат буд ў. Канали

Миссисипи аз шарофати вай бунёд ёфт. Падарам сенатор аст; баъд аз ў ман – ягона ворису охирин Кларк – сенатор мешавам. Ин кишварро мо бунёд кардаем. Таърихи он таърихи мост. Дар ҳама ҷо ҳастанд

Кларкҳо – дар тамоми Амрико. Наход ту ҷуръат бикуниву Амрикоро бипарронӣ?

ЛИЗЗИ. Наздик бишавӣ, мепарронам!

ФРЕД. Бипаррон! Барои чӣ намепарронӣ? Бипаррон, охир!

Наметавонӣ! Духтарчае чун ту ман барин одамро парронда наметавонад. Ту худ кистӣ? Чӣ арзиш дорӣ? Дар ин дунё чӣ кор кардаӣ? Медонӣ, бобокалонат кӣ буд? Ман бояд зиндагӣ бикунам, ман ҳақ надорам бимирам. Дар зиндагӣ ҳоло кори бисёре дорам, мардум аз ман бисёр чизҳо интизоранд. Бидеҳ таппончаро! (Лиззи таппончаро сўи ў дароз мекунад. Таппончаро ба ҷайб андохта) Агар аз ҳабаш бипурсӣ, бисёр чолок будааст, тирам хок хўрд. (Оғўшаш мекунад.) Қарор додам, ки туро бонуи қасри зебои канори боғи кўҳдомани он тарафи дарё бикунам. То сер шудан метавонӣ дар боғ сайругашт бикунӣ, лекин берун набаро, ки бисёр бадрашкам. Ҳафтае се шаб наздат меоям.

Ҳабашҳо хизматат мекунанд. Пулат ҳадду ҳисоб нахоҳад дошт. Лекин ба як шарт: хама нозу нузи маро мебардорӣ. Нозу нузи ман, медонӣ, ки бисёр аст. (Батадриҷ Лиззи дар оғўши ў дунёро фаромўш мекунад.) Бигў акнун, рост гуфта будӣ, ки он шаб маъқулат шудам? Росташро бигў – рост гуфта будӣ?

ЛИЗЗИ. Ҳа, рост.

ФРЕД (навозишкорона ба бари рўи ў мезанад). Ин хел бошад, нағз.

(Сукут.) Номи ман – Фред.

Парда.

Тарҷумаи Низом Қосим

пешина
аз 9